Главная / Илм / ДИНИ БАХОИЯ

ДИНИ БАХОИЯ

Бахоия яке аз чунбишхои мазхабии нимаи дуюми асри XIX дар Эрон аст, ки баъдан худро дини нав эълон намуд. Дар мавриди чигунагии пайдоиши ин чунбиш мо дар кисмати исломшиноси сухан кардем. Ин дин низ дар заминаи фарханги эрони ба вучуд омада, даъвати динии чахони гардид. Асосгузори ин дин Мирзо Хусайн Али- Бахоуллох (1817-1892) дар ибтидо яке аз пайравону муридони Мирзо Али Мухаммади Шерози (1820-1850) мулаккаб ба Боб буд.

7_resize

Мирзо Али Мухаммад дар 25 солаги худро имоми Махди каламдод намуд. Фикри махдавият аз замоне дар зехни у пайдо шуд, ки дар синни 17 солаги дар Бушахр, яке аз шахрхои чануби Эрон, бо яке аз пайравони мазхаби шайхи мулокот кард ва сипас ба шахри мазхабии Карбало рафта, ба чумлаи шогирдони Козими Рашти, яке аз пешвоёни шайхия пайваст. Козими Рашти дар дарсхояш доиман ба наздикии зухури Махди[1] таъкид мекард. Гохо хангоми васфи Махди изхор медошт, ки Махди хам акнун дар миёни мост. Ин буд, ки баъд аз марги Рашти Мирзо Али Мухаммад худро ноиб ва мукаддимае барои зухури Махди эълом кард ва ба «Боб» (арб. дарвоза) маъруф гашт ва мазхаби вай ба номи «боби» шинохта шуд. У баъдтар аз ин хам поро фарохтар гузошт ва худро шахсан Махди эълон кард ва хамчунин иддао кард, ки Худо дар вай халл шуда ва вай рохест барои зухури Мусо ва Эсо. Боб китобе навишт бо номи «Баён» ва онро ба чои Куръон ва шариати ислом_муъаррифй кард ва изхор дошт, ки баъд аз китоби у инхо бекор (мансух) шудаанд. Уро бо фатво ва фишори рухонияти шиъа соли 1892 баъд аз муддате зиндони ва ба дор овехтанд. Пас аз кушта шудани Боб ду нафар аз шогирдони уро бо номи Субхи Азал ва Мирзо Кусайн Алй (Бахоулло) аз Эрон табъид карданд. Субхи Азал Кибрис (Кипр) ва Мирзо Хусайн Али шахри Ака дар Фаластинро махалли зисти худ ихтиёр карданд. Субхи Азал хамон тарикаи Бобро идома дод ва пайравони вай бобия ном гирифтанд. ,

Аммо Мирзо Хусайн Алй по фарохтар ниход ва макоми Мирзо Али (Боб)-ро ба худ нисбат дод ва зухури Мирзо Алиро мукаддимае барои зухури худ иддао кард. У эълом дошт , ки Худо дар у халл шудааст. Бахоуллох китобе нигошт бо номи «Китоби Акдас» ва онро вахйи илохи эълон кард. Хамчунин изхор дошт, ки он чи у ба суи он даъват мекунад, ислом нест, балки дини навест, гайр аз ислом. Ин бар хилофи даъвати Боб буд, чуки Мирзо Али мучаддид буд, у мегуфт, ки омадааст исломро тачдид ва ислох намояд.

Шахсияти дигаре, ки бахоиён ба у эътикод доранд, писари Бахоуллох Аббос Эффенди мулаккаб ба АбдулБахо мебошад.

Асоси таълимоти бахоияро таркибе аз таълимоти ислом, насрония ва баъзе акоиди зардуштия ташкил мекунад. Бахоуллох дар илохиёт чун ислом тавхидист, вале худро бахотачаллии Худо, яъне зухури Худоро, монанди Эсои Масех дар шахси худаш эълом медорад. Из ин ру бахоиён ба унвони Худо уро бояд парастанд. « Бахои, -менависад яке аз мухакикони ин дин Эсслемонт Ч.Э.,- на ба табиати инсонии Бахоуллох, балки ба шухрати Худованд, ки ба воситаи ин шахс зухур намуда, таъзим мекунад. Вай ба сифати расулони Худо хама Расулони гузашта: Кришна, Зардушт,Мусо, Буддо, Эсо, Мухаммад, Бобро эътирофу эхтиром мекунад, вале у БахоУллоро, хамчун Расули Пайгоми Илохи барои эраи Нав, он ки мо зиндаги дорем, хамчун Муаллими Бузурги Чахони, ки барои идома ва анчом додани кори гузаштагони Худ омадааст эътироф мекунанд.»[2] Аз ин ру бахоиён ба нубувват ва пайгамбари эътикод доранд ва зарурати уро чун восита байни муъмин ва Худо эътироф мекунанд. Замони рисолати БахоУллохро аз замони зухураш то хазор сол баъд мешуморанд ва пас аз он замони зухури Бахои дигар аст.

Мафхуми охират ва растохез ва ба хамин вобаста зухур ва бозгашти Эсои Масех низ назди БахоУллох маънии дигар дорад. Бахоиён абадияти рухро эътироф намуда, эхё ва растохез дар чаннатро, ба маънии эхёи рухони, хамзамон бо кабули рисолати пайгамбари хар давре ва ё хамчун дохил шудан ба «чаннати ишки илохи» таъбир мекунанд ва дузахро боки мондан дар «оташу», «дузах»и куфру беимони медонад. Ба ибораи дигар, чаннат хамчун дарёфти «наздики», «курбат» бо Худованд ва дузаххамчун дур шудан аз У фахмида мешавад. « Тибки таълимоти бахоия «киёмат» хеч умумияте бо зинда шудани тани табии дагал надорад. Чун тан ё чисм, ки мурд, дигар хеч бозгашту ба хам пайвастане, ба чуз фасод шудану ба ачзо муталоши шудан, надорад. Киёматин таваллуди инсон дар хаёти рухони ба шарофати неъмати Рухул Куддус аст, ки тавассути БахоУллох ирсол гашта аст.» [3]

Дини бахоия вахдати инсоният ва вахдати асли гоявии динхоро эътироф ва баробарии марду зан дар хама умурро таргаб менамояд. Дар масъалаи таносуби илму дин мегуянд, дин бояд мутобики акл ва илм бошад. Онхо хамохангсозии илм ва динро таргиб мекунанд.

Дини бахоия дар баробари эътикод ба масоили ичтимои ва ибодати низ таваччухи хосе медихад. Бахоия зухду гушанишиниро мазаммат, худдори аз истеъмоли афъюн ва машруботи алкхули, таълимоти хамагонии хатми, хизматгузори ба инсониятро таргиб намуда, эълом дошта, ки бахоиён шахрвандони чахонанд. Яъне бахои махдудиятхои милли, ватани, мазхабию дини ва акидавиро асли ихтилофу зиддиятхо ва низоъхои чамъият мешуморад ва Ватани худро тамоми чахон эълон карда. Бахоия барои пайравони худ ичрои касбии маросимхои мазхаби, бозихои кимори, зино, дузди, куштор, лавоти, хушунат нисбат ба хайвонот, кабохатгуию бадгуйи, икрори гунохон, тухмат, сузондани майит, оташзадан, гадои, рахбоният, гуломфуруши ва дастбусиро манъ кардааст. Мухимтарин усули бахоия итоат ба хукком ва манъи иштирок ба умури сиёси мебошад. Дар бахоия дастгохи рухоният бархам дода шудааст, аз ин ру вазифаи хар диндор интишори ойини бахоия мебошад. Хондани намоз дар аввали субх ва бегох барои хар бахои фарз аст он ба гайр аз намози чаноза инфироди аст. Намоз, тибки таълимоти бахоия, «забони ишк» аст- ишку мухаббати банда ба Худованд. Хамчунин доштани руза аз 2 Март то 21 Март -19 руз (таквими бахоия аз 19 мохи 19 рузи иборат аст) барои онхо фарз шудааст. Иди Наврузро иди руза низ мегуянд.

Бахоия дар охири нимаи аввали асри XIX дар Эрон, ба вучуд омада, имруз ин дин зиёда аз 120 000 чамъият дар 177 кишвари сохибистиклол ва дар 48 нохияхои вобаста дорад. Адабиёти бахои ба зиёда аз 800 забон тарчума шудааст. Кибла ва «Каъба»-и бахоиён « Хонаи чахонии адл»( дар ш. Хайфа, Исроил) мебошад.

Дар осиёи Маркази аввалини пайравони бахоия охири асри XIX дар Ишкобод пайдо шуданд ва дар хамон чо соли 1902 аввалин Ибодатгохи бахоиён сохта шуд, ки то соли 1938 амал мекард, баъдан он ба музей ва соли 1963, дар катори бисёре аз дигар ибодатгоххо нест карда шуд. Холо дар хамаи чумхурихои Осиёи Маркази чамъиятхои бахоия расман фаъолият мекунанд. Дар Точикистон низ зиёда аз 2000 пайравони ин дин фаъолият доранд ва чамъиятхои бахоиён дар хама шахру нохияхои бузурги чумхури расман фаъолият доранд.

[1]   Махди – имоми двоздахуми ахли ташаюъ(Имоми Мунтазир- Махдии Сохибуззамон)- касе, ки Худованд уро ба суи Хакк хидоят намуда. Махдавият дар ислом хам монанди масехият(месси) дар дини насрони аст ва дар таърихи ислом иддае даъвии махдавият кардаанд.

[2] Дж. Э. Эсслемонт. Баха-улла и новая эра.-Алматы: Национальное Духовное Собрание Бахаи Казахстана, 1996.- С.73-74.

[3] Дж.Э.Эсслемонт Баха-улла.-С.220.

Дар борамон

Инчунин кобед

ДИНХОИ ГАЙРИСУННАТИ

Аз нимаи дуюми асри XIX то имруз дар чахон чандин динхои ба истилох гайрисуннати ба …