Главная / Илм / ДИНИ ДАО (Даотсизм)

ДИНИ ДАО (Даотсизм)

Даосизм нахуст хамчун як мактаб ё системаи фалсафи ва баъдан хамчун яке аз дин ва мазхабхои чини ба арсаи таърихи ом мегузорад. Асосгузори он хаким-файласуфи маъруфи Хитои кадим Лао-Тсзи ё Лао-Тан мебошад, ки тибки ривоятхо дар иёлоти Чу соли 604 т.м. ба чахон омада. У аз худ китобе бо номи «Дао-де-тсзи> боки мегузорад, ки он то ба мо расидааст.

daoДаосизм таърихан дар се шакл зохир мешавад: а) дар шакли фалсафй, ки шомили таълимоти ирфонии кавию нерумандест; б) сехру чодугарй ё шакли хурофотиву мазхабии он; в) динирасмй-хамчун мазхабирасмии хоконхои Чин.

Мафхуми марказии даосизм Дао аст. Дао-мохият, хакикат ё он асли нихой аст, ки дар хамаи ашё нуфуз дорад. Дао хамон кувва ва неруест, ки сохибидрок буда, коинот ва тамоми оламро бо ашёи он ба назму тартиби хоси онхо офаридааст.

Дао хам ба маънии роху тарикат аст ва хам солик-рохрави ин рох. Аз ин ру, Дао инчунин шомили масоили зиндагй, давлатй ва сулуку рафтор ва одобу ахлоки инсонист. Худи Лао-Тсзи Даоро ба истилохоти печидаву рамзии ирфонй баён кардааст. Аз чумла у мегуяд: «Дао монанди як зарфи холй аст, ки бо он ки холист, метавон аз он об даровард. Дао монанди зарфест, ки мухтавояш тамомнашуданист ва умкаш бенихоят аст. Дар Дао хар гуна дурахшандагй, дурахшандагии худро аз даст медихадва харчи сахт аст, нарм мешавад».[1]

Агар ба матни боло дуруст таваччуху диккат кунем ин чо як асли умуми ва равиши ягонаи тахаввули динхоро мебинем.

Таълимоти фалсафии Лао-Тсзи аз бисёр чихат монанд ба таълимоти барахмания мебошад ва Дао низ дар ин таълимот хам монанди худои Брахмо Чони Чахон аст. Дар фалсафаи даосизм Дао хам иллат аст ва хам маълул (хам сабаб ва хам натича) . Хама ашё аз Дао ба вучуд омадаанд ва ба Дао боз мегарданд. Хулоса, дар маркази таълимоти фалсафии даосизм таълимот дар бораи Даои Бузург, конуни умумй ва куллии хастй карор дорад.

Дао дар хама чо, хамеша ва доимо хукумат мекунад. Вайро касе наофаридааст, вале хама чиз аз вай манша ва сарчашма мегирад.

Вай диданашаванда, шуниданашаванда, ба хеч як аъзои хис дастнорас, доимй, беохир, беному нишон аст, вале ба хама ибтидо, ному шаклу сурат мебахшад. Ин чо низ шабохати зиёд байни худошиносии исломй ва алалхусус тасаввуф ва дао дида мешавад.

Хадафи як инсони вокей тибки ин таълимот дар омехтан, як шудан бо Дао мебошад, вале ин хадафе нест, ки ба дунболаш биравем ва барои расидан ба он ранч ва захмат кашем, балки бояд харчи аз табиат ба даст меоварем ба сурати писандида аз он истифода кунем ва ба касбу тахсили чизхои зиёдатй ва гайрилозими кушиш накунем, монанди Дао тихй бошем, то дар хакикат пур бошем.[2]

Таълимоти Лао-Тсзи чунон, ки гуфтем дар рисолаи «Дао-дэтзин» (аср. 1У – 111 т.м.) баён шудааст ва ин чанд хикмате аз он :

«Бехтарини хукуматхо он хукуматест, ки хукумат накунанд ва бехтарини фармондор он фармондорест, ки бар шахвати худ фармон биронад.

Агар колохои гаронкиммат аз арзиш биафтанд, дигар на дузд пайдо мешавад ва на дуздй ба вукуъ мепайвандад.

Касе ки дигаронро бишносад, окил аст, вале окилтар аз у он касест, ки худро бишносад.

Зохиди вокей харгиз тазохур ба зухд намекунад.

Окил харгиз фарёд барнамеоварад, ки ман окилам.»[3]

ДАОЦИЗМ ХАМЧУН ДИН

дар худуди чахор аср (аз 206 т.м.221 м.) ташаккул меёбад. Аммо ташаккули даосизм хамчун дин асосан дар давраи яке аз императорони сулолаи дуюми Хон ба номи Хван (Ниап) соли 165 м. сурат гирифтааст.

Мархилаи нав дар масири ба дин табдил додани даосизм замони хокимияти хокони Чин Чен-Тсунг(СЬеп-Тзипд) аз сулолаи шохони Сунг мебошад. Уро мудаббиру поягузори даосизм хамчун дини илохй дар худуди соли 10051008м. меноманд.

Дастгирии хокони чини ба даосизм имконият дод, ки дар баробари фишори дини хокими конфутси истодагари кунад. Вале дар рафти ин муковимат даосизм сахт тагйири мохият кард. Аз тарики канор гузаштани таълимоти фалсафии мобаъди табии (метафизики) дар мавзуи Дао ва даст кашидан аз гушанишиниву зухд ва инчунин гояи у-вай (фаъолият накардан) мубалигини даосизм тавонистанд фаъолияти худро дар байни мардум густариш ва бо рохи омехтан ва таркиб додани гояхои фалсафии Лао-тсизи бо эътикодоту боварихо ва хатто хурофоти оммаи кишоварз онхоро ба ин дин чалб намоянд.

Яке аз омилхои ба дин табдил ёфтани даосизм таълимоти он дар бораи дарозумри(аз 800 то 1200 сол)ва намирандаги буд. Дар ин замина мубаллигони Даосизм устурае дар бораи олихаи човидият Сиванму, ки дар богаш хар 3000 сол як бор шафтолуи човидият гул мекунад ва устураи нахустодам– Пан-Курап-Ки)- ро эчод кардаанд, ки дар бисёр маврид шабехи устураи Каюмарс дар дини зардуштия ва Брахма дар дини хиндуия мебошад. Гайр аз ин дар ин дин ба хашт нафар равони човид, ки аз одамиён буданд ва дар асари риёзат ва зухд ба макоми абади расидаанд, бовари доранд.[4]

Устураи нахустинсон ПанКу аз назари мукоиса бо таълимоти адёни дигар чолиб аст. Ин кисса ё устура дар заминаи як хикмате , ки дар рисолаи «ДаоДэтзен» (п,42) омада, бунёд шудааст. Ва он хикмат чунин садо медихад: «Дао якро таваллуд мекунад, як дуро таваллуд мекунад ва ду серо таваллуд кард, се хамаро». Аз баски маънии амики фалсафии ин хикмат ба мардуми одди дастнорас буд, уламои даосизм онро дар шакли устураи Пан-Ку тафсир кардаанд, ки чунин аст: Дар аввал харачу марачи нахустин буд, аз ин харачу марач ПанКу худ аз худ таваллуд мешавад (яъне Дао якро таваллуд мекунад). Хаждах хазор сол мегузарад ва кайхон ба пайдоиш шуруъ мекунад, хамагуна унсури сабук ва тозаву соф- ян-тсй ба боло меравад ва Осмон ба вучуд меояд ва баръакс, хамагуна унсури вазнину касиф ба поён менишинад ва заминро ба вучуд меоранд (як дуро тавлид мекунад). ПанКу байни Замин ва Осмон мемонад ва хеле тез рушд мекунад (аз ду се тавлид меёбад).

Хангоме, ки Пан-Ку бузург шуд, аз чашмони у Офтоб ва Мох пайдо шудаанд, аз танаш хок, устухонхояш куххо, муйхояш алафу рустани, нафасаш бодхо, аз ришаш ситорахо ба осмон падид омаданд ва аз паразитхои танаш инсонхо ба вучуд омаданд– (се хамаро таваллуд кард).[5] Чунин аст космогонияи даосизм, ки ба равшани наздикии он бо космогонияи хиндуия ва зардуштия дар он дида мешавад.

АНЧУМАНИ ХУДОЁНИ ДАОТСИЗМ.

Чунон ки гуфтем, даотсизм эътикоди ягона набуда, дар худ маросимхову хурофот, эътикодхо, хама гуна худоён ва арвохи ачдодон, кахрамонон ва човидонро чазб кардааст. Дар ин дин худоёни зиёде хастанд, аз чумла асосгузори сулолаи чиниён императори Чини бостон Хуанд, олихаи Гарб Сиванму, нахустинсон ПанКу, худоёни Тайчу (Ибтидои Бузург) ё худ Тайтзи (Нихояти Азим) . Ба гайр аз ин сарлашкарон, кахрамонон, устокорон ва гайра парастида мешаванд, ба ифтихори онхо маъбадхои зиёде бунёд шудааст. Арвоххои мукаддас ба акидаи онхо дар хар рудхона, сахро ва кух маскани рухиву равони, чой дорад. Хар синф ва хар касбу хирфа худои мукаддаси худро дорад, ки аз онхо химоят мекунанд. Хамчунин худои тандурусти, худои некбахти, худои наботот ва хайвоноти гуногунро мепарастанд.

[1]  Мехрдоди Мехрин. Фалсафаи Шарк. С. 154.

[2]  Хамон чо

[3]   Ин чо низ бо назарияи сиёсии исломй хамсадост, чун дар ислом низ хеч банда хакки хокимият бар инсони дигар надорад, балки вазифаи хоким рахбарй ва назорати ичрои конуншариати илохист.

[4]    Ниг.:Чон Б.Нос. Таърихи чомеи адён. С.241.

[5]   Васильев Л.С. История религии Востока.С. 286.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222