Главная / Илм / ДИНИ КОНФУТСИЙ

ДИНИ КОНФУТСИЙ

Ин дин номи худро аз номи асосгузори он мутафаккир ва файласуфи чини Кунфутсзи, ки шакли юнонии он Конфутсиюс аст, гирифтааст.

Конфутсий дар соли 551 т.м. таваллуд шудааст. Дар хурдсолии у падараш вафот кард, аммо дар натичаи фидокори ва кушиши модар тарбияву таълими хуб гирифта буд. То понздахсолаги вай пурра вакти худро ба талаби илм ва мутолиъа сарф карда, аммо дар 17 солаги мадрасаро тарк кард ва машгули кор шуд. Дар аввал амбордор буд, дар синни бистсолаги шугли давлатиро ба вай супурданд. Дар хамин сол хонадор мешавад. Дар 22 солаги мактаби худро мекушояд. Баъд аз вафоти модараш муддати 27 мох (се соли чини) аз кору бори умуми канорагири кард ва ба сугвориву мотам нишаст.

konfuciy

Ин рафтори у баъдан барои мардуми Чин сармашку дарси мухаббат ва эхтироми фарзанд нисбат ба падару модар мебошад. У дар панчохсолаги ба шугли вазорат мерасад ва дар корхои сиёси ва идори обру ва мувафакияти зиёде касб мекунад, вале бо дасисаи ракибон ногузир тарки кори девон намуда, муддати сездах сол дар атрофи кишвари Чин мусофират мекунад. У доимо дар фикри амали сохтани назарияи сиёсиву ахлокии худро будааст, вале дар хама чо хокимони замон уро харчанд бо адабу эхтиром кабул кунанд хам, аз кабули таълимоту дастуроти сиёсии у худдори мекардаанд. Танхо дар 67 солаги, соли 484 т. м. у ба ватанаш баргардад. Бакияи умри худро у ба чамъоварии маводу усули таълиму тадриси худ пардохт сарф кардааст. Аз у ду асар бо номи «Панчкитоб (У-тзин)» ва ва «Чоркитоб» («Сушу») боки мона_аст. У дар соли 479 т.м. аз чахон чашм пушид ва таълимоти уро шогирдонаш идома доданд.

Дар сарчашмахои динию фалсафии конфутсия «Панчкитоб» на хама чи дорои мазмуни дини мебошад, балки кисмати зиёди онро ахбори таърихию таквими, мачмуи осори бадеию классикии чини ташкил кардааст. Аз ин панч китоб чахортои аввал мачмуе аз мунтахаботи хикматхо ва гуфтахои гузаштагон буда ва танхо панчумин эчоди шахсии уст.

«Чахоркитоб» низ тафсирхо ва таъвилхои шахсии Конфутсий аз осори гузаштагон ва гуфтахо ва навиштахои худи у, ки баъдан шогирдонаш гирдовари ва тадвин кардаанд.

Бузургтарин хатар ба сари конфусия дар давраи хукумати хокони бузург кишвари ЧинДук Чинг аз сулолаи Чинг омада буд. Ин хокон тамоми сарзамини васеъи Чинро дар соли 221 т.м. ба зери фармони худ дароварда, худро аввалин хокон (Ши Хуанг.ти) лакаб дод. У низоми феодалии кадимаро бархам дода, девори бузурги Чинро бино ва Чинро ба сию шаш иёлат таксим карда буд. Дук Чинг уламо ва пайравони дини Конфутсиро яке аз мухолифони сарсахти худ пиндошта, соли 213 т.м. амр кард, ки тамоми китобхову осори кадимаро бисузанд. Онхое, ки чунин китобхоро пинхон мекарданд, бо охани тафсон баданашонро дог мекард ва муддати чахор сол ба корхои мачбури дар сохтумони девори Бузурги Чин ба кор мегузошт. Мувофики ахбор худуди чахорсад тан аз уламо ва фузалои олимартабаро, ки пайрави аз фалсафаи Конфутсий мекарданд, зинда дар гур мадфун кард.[1] Хушбахтона китобхои номбурда, ки дар хазинаи хоси салтанати махфуз монда буданд, аз нав дар давраи салтанати Хон пайдо ва интишор ёфтанд.

Конфутсий хеч гуна иддаое дар бораи илхому вахй будани мазмуну мундаричаи сарчашмахои номбурда накардааст ва шахсияти Конфутсий ба чуз муаллими мазхабию ахлоки бештар нест,

Таълимоти Конфутсий асосан масоили ахлоки, сиёси ва тарбияи инсони комилро фаро мегирад. Конфутсий пеш аз хама муаллими ахлоки аст. У дар ахлок ва умуман дар хеч масоиле навовари накардааст, балки риояи дакики суннати гузаштагонро талаб кардааст. Усули ахлокии у бар пояи коидаи умуми «Ли» устувор аст. У истилохи «Ли»ро ба маънои гуногун истеъмол кардааст. Аз чумла, он ба маънии покиву тахорат, адабу инсоният, ташрифот, расму одатхои ибодат истифода шудааст.

«Ли»- хамчун асоси назму тартиби корхо ва хусни робитаи инсони иборат аз панч асл аст: робитаи султон бо раият, падар бо фарзанд, шавхар бо зан, бародари бузург бо бародари хурд, дустон бо дустон аст.

Бояд куллияи одобу ташрифоти ичтимои, тибки усули «Ли», мутобики расму одатхо, суннатхои гузаштагон анчом пазирад ва дар он эхсон нисбат ба волидайн- падару модар ва арвохи гузаштагон макоми хос дорад. Конфутсий таълим медихад, ки «ба волидайн дар давраи хаёташон, мутобики суннатхову русуми ниёгон хизмат кунанд ва вакте ки ин дунёро пидруд мегуянд, бар асоси анъанавурусум гуронанд ва мувофики нишондодхои маросимию мазхаби курбони оранд[2]

«Ли» хамонвакт амалимегарданд, кидар саросаримамлакат эътидол бошад;

Чавхари таълимоти ахлокии дини конфутсия инсондусти ва одамият аст. Асоси чавонмардиро у дар инсондусти мебинад. Чавонмард дар хар холат хатто дар сурати нокоми низ бояд инсондустиро тарк накунад. Афкори ичтимоию сиёсии конфутсия чустучуест барои ислохи сиёсии чомеаи онрузаи Чин. Аз ахбори тарихи маълум мешавад, ки замони зиндагии Конфутсий- замони ноороми ва пур аз зиддиятхо ва кашмакашхои сиёси будааст. Нуктаи асосии таълимоти сиёсии Конфутсий он аст, ки барои ислохи давлат ва суботи он бояд пеш аз хама шахси аввали макоми давлати – шох, хокон, амир шахсияти шоиста бошад ва дар мансабхои давлати ашхоси шоистаро гузорад. Аз у пурсидаанд:

–«Чи кор бояд кард то халк итоат кунад?»

Конфутсий чавоб додааст:

–«Агар одамони одилро пешбари ва ноодилонро сабукдуш кунанд халк итоат мекунад. Агар ноодилонро пешбари ва одилонро сабукдуш кунанд, халк итоат намекунад.»[3]

Конфутсий ба суннату маросимхо макоми баланд дода шудааст. Ба акидаи Конфутсий мухимтарин омил дар хифзи суботи сиёси ва давлатдори бовари ва имон аст.

Конфутсий, чунон ки худаш борхо таъкид кардааст таълимоти мазхабии тоза наовардааст, балки у талаб мекунад, ки акидахои мазхабии гузаштагон ва суннатхои онхо бо чиддият ва дакик риоя ва ичро карда шаванд .

Дар таълимоти мазхабии Конфутсий «Осмон» (Тян) мехвари асоси аст. Он хам як чузъи табиат ва хам кувваи олии рухони мебошад, ки такдири табиат ва инсонро муайян мекунад. Манбаи ахлокии инсон низ аз Осмон (Тян) аст. Инсон бояд мувофики он сифати ахлокие, ки ба у ато шудааст, амал кунад, худро бо рохи омухтан такомул дихад.

Фалсафа ва таълимоти мазхабии Конфутсий инсонмехвар (антропотсентрист)-и мебошад. Дар маркази таълимоти у назарияи инсони комил- «Марди начиб» («Тсзюн-Тсзи»’) ва Жен (жень) – одамият ё худ инсондусти карор дорад. Жен дар адолат, вафодори, садокат ва г. зохир мешавал. Яке аз аслпояи таълимоти Конфутсий назарияи «Сяо», эхтироми фарзандон ба волидайн, кухансолон мебошад. Инсони комил (Тсзюн-Тсзи) он инсонест, ки усули «Ли»: одоб, (эътикод), эхтиромро нисбат ба халк, эхсону икром ба волидайн ва мудоро бо болодастонро риоя мекунад.

Хамин тавр барои пайравони Конфутси хамагуна хидмат дар рохи барпо доштани хаёти ахлоки ва зиндагии шарафатмандонаи халк ибодат барои худои Осмон (Тян) мебошад.

[1] Ниг. Чон Б. Нос. Таърихи чомеи адён.- С.248.

[2]  Конфутсий. Лунь Юй.- \\ Древне китайская философия. Т. 1.-М.: Мысль 1972.- С.143.

[3]  Чон Б.Нос. Таърихи чомеъи адён.- С. 257.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222