Главная / Илм / ДИНИ МОНАВИЯ

ДИНИ МОНАВИЯ

Монавия динест, ки дар асри III мелоди дар давраи салтанати хонадони сосони, дар заминаи ислохи зардуштия ба майдон омад. Асосгузори ин дин Мони (216-276)[1] буд.

Мухаккикон падари уро аслан аз ахли Хамадон мешуморанд, ки баъдан ба Бобил мухочират карда, дар дехкадае низдикии Тайсафун зиндаги кардааст. Мони дар хамин деха ба дунё омада, дар чавони тахти сарпарастии падараш тахсили хуб мекунад. У куллияи илмхои замонаш, аз чумла фалсафа ва адабиёти юнони, мусики, наккошиву суратгари, ситорашиноси ва тиббро аз худ карда, баъдан дар мадрасаи рузгор дарси зиндаги омухта буд.

monaviyaДар синни 25- солаги Мони худро хамчун навовар ва як муслих (реформатор)-и ичтимои ва мазхаби муаррифи мекунад. Таълимоти монавия фушурдае аз унсурхои динхои зардуштия, насрония, ва таълимоти гностики юнони ва зухди хиндуиву буддоия ташаккулёфта аст. Аз ин ру, низоми динии Монавия низоми омехта (эклектики) мебошад. Мони акида доштааст, ки динхои зардушти, насрони ва буддоия хама хамон як дини ростинанд, ки ба иллати нафахмидани одамон тахриф шудаанд.

Таълимоти Мони ба зиддияти сахти муъбадони зардуштия ру ба ру мешавад ва нихоят у мачбур мешавад аз Эрон гурезад. Ин дар ахди шох Шопур буд. У аввал ба Хиндустон ва баъдан ба Осиёи Маркази (Туркистон)-у Хитой хичрат карда, чанд соле дар он чойхо монда, ба таргиби дини худ пардохтааст. Образи Мони дар адабиёти форсу точик хамчун «суратгари дебои Чин» васеъ истифода шудааст.

Мони танхо пас аз вафоти Шопури I, дар замони салтанати Хурмузи Аввал ба Эрон мурочиат мекунад. Пас аз вафоти Хурмузи Аввал, ки ба Мони мухолифате надошт, Бахроми Чахорум ба чояш нишаст. Бахром бо тахрику дассисаи муъбадон ба саркубии Мони дастур медихад. Мониро дар шахри Чундишопур, вокеъ дар шимоли Шуш дастгиру зиндони мегардад. Уро дар он чо бо шиканча куштанд.

Таълимоти динию фалсафиимонавия аз ду кисм: илохиёт ва низомот иборат аст. Мони бовари дорад, ки олами мавчуд мураккаб аз ду асли кадим: нур ва зулмат аст ва ин ду асл абадию азали -беогозу анчоманд. Зиндагии ин чахони омехташавии мачбурии рух бо модда аст. Равони одами бояд саъй кунад, то худро аз асорати модда ва нафси аммора бадар оварад.

Мувофики таълимоти монавия, метавон гуфт, худое, ки чахонро офаридааст шайтоне беш нест ва махлуки у хама бад хастанд.

Ахурамаздо ва Ахриман (нур ва зулмат) ду иродаи мустакил ва ду нахуст- асли чудогона хасти ба шумор мераванд. Мони акида дошт, ки хама ашё аз омехтани ду асли човидон- нур ва зулмат фарохам меоянд.

Дар андаруни зулмат, ки асли модинаи табиат аст, аносири шарр таракки мекунад ва ба мурури замон марказият меёбанд ва сабаби по ба арсаи вучуд ниходани шайтон мешаванд. Ин шайтон, ки нахустин парвардаи зихдони оташини зулмат аст, ибтидои фаъолияти олам ё худ такондихандаи он ба шумор меравад. Ин шайтон аз он лахзае, ки ба вучуд омад, ба каламрави подшохи рушнои хамлавар шуд. Подшохи каламрави рушнои, барои он ки балогардоне биёбад, нахустинсонро офарид. Пас аз ин байни нахустинсон ва шайтон задухурди шадиде ба вукуъ мепайвандад ва дар он инсон комилан шикаст мехурад ва дар натича шайтон панч унсури зулматро бо панч унсури нурони меомезад.

Хулосаи калом, инсони нахустин ба хотири он ба вучуд омад, ки кори душвори дифоъ аз олами рушнои ва зафар бар модда / зулмат /–ро анчом бидихад, вале дар ин талош у маглуби торики гардид ва дар натича олами рушнои як бахш аз нури худро аз даст дод ва ин нур дар зулмат чазб ё худ омехта шуд ва боиси пайдоиши чахон гардид. Ба хамин нахва метавон гуфт, ки зулмат дар натичаи тамос гирифтан бо нур ром ва фаъол гардид. Вале аз суи дигар нур кисмате аз нури худро аз даст дод ва дучори ташвиш ва изтироб гардид. Максади « падари рушнои» аз таслим кардани як хиссаи хурде аз нури худ он буд, ки аз пешрафти бештари зулмат дар каламрави нур пешгири карда, охиста-охиста нури махбусшударо озод намояд.

Мони ин матлабро ба воситаи овардани як тамсиле тавзех медихад. У мегуяд, ки чуноне ки чупон барои начоти рамаи худ аз гург чохе канд ва дар он бузеро рахо кард. Вакте ки гург бузро дид, худро ба чох афканд ва шубон хам фурсатро ганимат шуморида, фавран бузро аз чох берун кашид ва гургро дар чох рахо кард, то дар он чо чон супорад. Ба хамин тарик, як хиссаи хурду ночизе аз нур дар ин чохи чахон рахо шудааст, то моддаро бахуд чазб кунад. Аз ин ру, хадафи зиндаги начот додани рухи махбус аз шарри модда аст[2] Мони, мафхуми «начот»-и масехиро густариш дода, ба шеваи мантики, чахонро зотан бадсиришт медонист ва ин худ заминаи даъвати уро ба зухд ва риёзат ташкил кардааст. Инчунин акида хаст, ки майл ба зухду риёзат доштани таълимоти Мони дар заминаи таъсири падараш аст, чунки у мувофики маълумоти баъзе мухакикон дар халкаи тарикати зохидон будааст.[3]

Мувофики таълимот Мони одам асосан тасвире аст аз як хастии бартару болотар. У олате аст дар дасти падари рушнои, ки ба воситаи у нури зиндонишударо озод менамояд. У олами асгар ва оинаи куллияи кудратхои замин ва осмон аст. Дар у рух рушнои аст ва тан торики. Вакто, ки хамаи равонхо аз куллияи танхо озод шуданд, чахон ба поён мерасад.

Мазхаби монавия (ба номи манихей) аз Бобул то Самарканд, аз Африко то Туркистони Чин ва аз Хинду Тибет то Аврупо интишор ёфта буд ва таъсири зиёде ба масехият ва ислом гузоштааст. Он дар баробари мехрпарасти (митраизм) аз динхои чахонии гузашта мебошад.

[1]  Баъзе мухакикон соли вилодати Мониро 215 ва 217 низ нишон додаанд.

[2]    Аббоси Мехрин. Фалсафа ва ойини Эрони бостон, сах . 24– 25.

[3]  Мэри Бойс. Зороастрийцы:с.136

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222