Главная / Гуногун / ДИНИ НАСРОНИ

ДИНИ НАСРОНИ

Дини насрони ё масехи (христиани) [1] яке аз динхои чахонии тавхидии соми ба шумор меравад, ки дар огози солшумории мелоди (эраи нав) ба вучуд омадааст. Солшумории нав, яъне мелоди, аз рузи таваллуди Эсои Масех (Исус Христос) огоз мешавад. Ин дин дар ибтидо хамчун як фирка аз дини яхудия зухур кард. Аз ин ру, асоси таълимоти яхудиро, ки дар Тавроти Мусо ва дигар китобхои пайгамбарон ва шохони яхудия омадааст, кабул дорад ва худи китоби мукаддаси насрониён- Библия аз ду китоб: «Ахди кадим» ва «Ахди чадид» иборат аст.

ПАЙДОИШИ ДИНИ НАСРОНИ

Сарчашмахои асоси барои шархи хол ва таълимоти Эсои Масех чор китоби Инчил: Матто, Маркус, Луко ва Юханно мебошад. Мундаричаи ин инчилхоро асосан шархи хол ва таълимоти Эсои Масех ташкил мекунад. Замони навишта шудани Ичилхо чунин аст: Инчили Матто ва Маркусро худуди 62-70-и мелоди ва Инчили Луко худуди 75-85 м. ва Инчили Юханно аз хама охиртар, дар поёни садаи аввали мелоди ё ибтидои садаи дуюм.

isoi-masehГайр аз сарчашмахои мазхаби боз сарчашмахои масехии гайриинчили, асархои таърихии гайринасронии яхудиву руми ва бозёфтхои таърихи хастанд.

Дини насрони дар шароите ба вучуд меояд, ки Фаластин дар тахти салтанати румиён карор дошт. Дар соли 63 то мелод сарлашкари руми Помпей пас аз фатхи Шом (Сурия) аз муборизахо ва задухурди дохилии яхудиён истифода намуда, Иерусалимро забт намуд. Як кисмати ахоли, ки намехост зери бори хокимияти истилогарони Рум дарояд, дар маъбади Иерусалим зарфи се мох муковимат мекунад. Вале нихоят румиён муковиматро шикаста, ба маъбад дохил гардида, муковимонро нобуд мекунанд. Дар натича яхудия ба хайати давлати Рум дохил ва ба хокими Шом тобеъ карда мешавад. Вале бо вучуди ин Яхудия то андозае истиклолияти худро хифз мекунад. Дар охири асри як то мелод дар Яхудия шохи золиме бо номи Хирод ( Ирод) хукумат мекард.

Дар худуди замони таваллуди Эсо подшохи номбурдаи Яхудия Хироди Кабир аз чахон чашм пушид, ва мулки Фаластин байни се писараш таксим карда мешавад. Яке аз ин нохияхо, ки Эсо дар он чо таваллуд ёфт, Чалил буд. Хукумати онро Хирод ба писари дуввумаш Хирод Антипус ё (Антипа) месупорад.

Дар соли 6-уми эраи нав хокими руми Криниюс, ки пойтахташ дар Шом буд, дастур дод, ки мардуми Фаластинро саршумори намояд, то маъмурони империя бехтар битавонанд аз онхо бочу хироч бигиранд. Эсо дар ин хангом 12-сола буд ва ин вазъияти мустамликави, норизояти мардум ва тугёну исёни оммаро бо чашми худ медид.

Дар ин давра фиркахои мазхаби ва ахзоби сиёсие барои мубориза бо вазъияти зикршуда ташкил мешуданд. Яке аз чунин фиркахои мазхаби, ки тавассути Яхудо ташкил шуда буд, маъруф бо номи фиркахои «гайратмандон (зеалот)-буд, ки даст ба аслиха бурда, бо шиорхои «Хеч маъбуде гайр аз Яхво нест ва хеч боче чуз ба маъбад набояд пардохт» киём намуданд. Маркази амалиёти ин фирка шахри Сафурияи нохияи Чалил буд. Онхо баъд аз тасарруфи анбори аслихаи ин шахр даст ба шуриш заданд. Ин шуриш ба кадре барои румиён хатарнок буд, ки хокими Шом Квинтилий Вар барои саркубии он мачбур шуд ду легион сипохи румиро ба он шахр равона кунад. Дар асари он шахри Сафурия хароб ва туъмаи оташ гардид. Зиёда аз ду хазор аз тарики ба салиб кашидан, чун хафтод сол пас аз шуриши Спартак, махкум ва халок гардиданд. Ин вазъияти системаи империяи гуломдори, холати истибдодию мустамликави, шикасти паёпаи шуришхо, катлу хунрезихои зиёд, наёфтани рохи халоси аз тарики муборизаву шуришхо, ки ба натича намерасиданд заминаро барои боварии мардум ба расидани масехиначотбахш хамвор карда буд.

Дар чунин як вазъияти мудхиши равони мубалигони зиёде пайдо шуданд, ки навидхои аз базудди расидани масех («машишах»)-и начотбахш, фиристодаи Худо медоданд, ки мардумро халос мекунад ва «шохи вокеии яхудия» мегардад.

Табиист, ки ин хама шароити ичтимоию маънави ва мазхаби заминаро барои пайдоиши дини насрони мусоид карда буданд.

Яке аз мухимтарин ходисаи таваллуди Эсо он аст, ки Марям модари у, на аз шавхараш Юсуф, балки аз «Рухулкудс»- рухи мукаддас, яъне Худо хомила мешавад. Дар Инчили Матто омадааст: мавлуди Эсои Масех чунин буд: «Вакто ки модари у Марям ба акди Юсуф даромад, пеш аз он, ки хамбистар шавад, маълум гардид, ки вай аз Рухулкудс хомиладор аст.» (Матто.1 : 18).

Аз худи хамин боби Инчил маълум мешавад, ки чунин эътикоди байни яхудиён дар заминаи пешгуии Таврот аст. Ва ин пешгуи чунин будааст: «Инак бокирае хомила хохад шуд ва писаре хохад зоид ва уро Имонуил хоханд номид, ки маънояш «Худо бо мост».» Чунин пешгуиро дар «Инчил» муначчимон низ хабар додаанд. Бояд гуфт, ки дар замони пайдоиши дини насрони Худо номидани инсонхо (одатан императорон) ва ба тарзи истиори писарони Худо хондани хамаи инсонхо ва хамчунин бовари ба хомила шудан ва таваллуд кардан аз Худо ходисаи ягона набудааст. Ба мо маълум, ки императори машхури Рум Юлий Цезар худо эълон шуда буд ва валиахди у, писархондаш Октавиан (Август) низ писари Худо дониста мешуд. Дар бораи модари Октавиан Атия овозае пахн карда буданд, ки вай гуё то таваллуди Октавиан барои ибодат ба маъбади Аполлон омада, он чо дар тахти равони худ хобида аст ва дар он хангом ба багали у море мехазад, ки он худи Аполлон буда; пас аз нух мох Атия императори баъди (яъне Октавиан)-ро таваллуд кардааст. Хамин тавр, вай писари Аполлон эълон шуда буд. Гузашта аз ин, бисёр маврид дар Ахди Кадим ва кисматхои кадими Ахди Чадид хамаи инсонхо писари Худо номида шудааст. Чунон ки дар боби Буддоия ва Зардуштия низ гуфта шуд, чунин бовари дар динхои дигар низ чой доштанд.

Эсо мувофики ахбори Инчил дар айёми Хирод дар Байт-Лахми Яхудо таваллуд ёфтааст. (Мат, 2. 1. ) Таърихи таваллуди Эсо низ мисли таърихи таваллуди Иброхим ва Мусо мебошад. Чунки подшох Хирод вакте аз муначчимон хабари таваллуди «Шохи Яхудиён»- Эсоро мефахмад, дар фикри нобуд кардани ин кудак меафтад. Таваллуди Эсо мусодиф бо маъракаи саршумории ахолии Фаластин буд,[2] ки Юсуф барои номнависи аз Носирия бо номзадаш Марям ба Яхудо ба шахри Довуд, ки Байт-Лахм ном дошт, меравад. Дар хамин сафар Эсо дар шафати кутани рамаи чупоне таваллуд мешавад. Дар хамин чо уро муначчимоне, ки аз Шарк барои дидорбинии у омада буданду ба Хирод хабари тавлиди уро доданд, ба дидори у мушарраф шуданд, уро парастиш карданд ва барояш ганчина ва хадяхои хешро такдим намуданд.

Мувофики ахбор, чун Юсуф ва Марям аз таъкиби подшох Хирод хабар ёфта буданд, бо кудак ба Миср фирор мекунанд ва Хирод фармон медихад, ки дар Байт- Лахм ва атрофи он тамоми кудакони аз дусола камтарро ба катл расонанд. Эсо ва волидайнаш аз Миср баъд аз марги Хирод ба сарзамини Исроил ба шахри Носира бармегарданд.

Дар таърих нисбат ба овони кудаки ва чавонии Эсо маълумоти дакик мавчуд нест. Хаминаш маълум аст, ки хонаводаи у аз табакаи миёнаи ахоли буда, хело мумину диндор будаанд. Юсуф ба касби наччори машгул будааст, Эсои Масех низ дар овони чавони мисли у наччори карда, бо розигии хонаводааш дар калисо ба ибодат ва мутолиаи китобхои мукаддас машгул шуда, дар хамон чо тахсили илм низ кардаст. Аз овони кудаки ба масоили мазхаби алокаманд будани Эсоро аз Инчили Луко метавон дарёфт.

Хулоса, ровиёни таърих давраи зиндагии уро то хаждахсолаги солхои «сукут ва хомуши» гуфтаанд.

Яхудиён интизори зухури шахсияти начотбахш-масех будаанд. Ин бовари ва умедвори баробари афзудани истибдоди мустамликави ва зулми шохони махалли кавитар мешуд, шикасти шуришхову чунбишхои мардуми ва ба хуну хок кашидани онхо, афзудани фасод ва зулму истибдод, умедвориро ба рузи чазо бештар мекард. Дар чунин як шароите набие бо номи Яхёи таъмиддиханда (поку омурзишдихандаи гунохон бо об) зухур кард, ки мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки малакути осмон наздик аст». Яхё тамоми ахли Иерусалим ва Яхудо ва музофоти Урдунро таъмид медихад ва бар онхо эълом медорад: «Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медихам, вале он ки пас аз ман меояд, (Эсо- А.Ш) аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли уро бардорам, у шуморо бо Рухулкудс ва оташ таъмин хохад дод». (Мат.3:11.)

Эсо аз Чалил ба Урдун омада, бо Яхьё вомехурад ва ба воситаи у таъмид меёбад ва дар хамин чо рухи худои ба у нозил мегардад. «Ва Эсо таъмид ёфт, дархол аз об баромад ва инак осмон ба руи у кушода шуд ва рухи Худоро дид, ки чун кабутаре нозил шуда, бар у карор мегирад. Ва инак овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст ПисариМахбубиМан, кихусни таваччухиМан бар Уст». \Мат.3:17

Эсо низ чунд дигар пайгамбарони соми мавриди озмоишу имтихон карор мегирад. Иблис дар биёбон рухи Эсоро дар чан маврид меозмояд. Аз хамин лахзахо таълимоти Эсо огоз мешавад. Асоси таълимоти Эсо рухониахлокиву маънавист ва он гох ошкоро ва гохе рамзи баён шудааст.

Таълимоти Эсо дар мавриди Худо чандон рушан аст. У аз Худо хамчун Падар ёд мекунад. Падари осмон дар матни Ахди Кадим ва Ахди чадид ба маънии танхо падари Эсо нест. Харчанд насрониён баъдан чунин махдуд фахмидаанд. Худо Падари истиории тамоми инсоният аст. Аз ин ру «Падар» хам ба маънои васеъ – хамчун мазхари бузургвори ва хам ба маънои танги калима, яъне падари табии, хамон падари вокеии хаётбахш ба кор рафтааст. Масалан, у бо мурочиат ба мардум (инсонхо), ба маънии васеъ мегуяд: «…то ки фарзандиПадарихуд, кидар осмон аст, гадед,.. ёхуд «Пас комил бошед, чунонкиПадаришумо, ки дар Осмон аст, комил аст». (Матто 5:45-48). Эсо ба муъминон чунин мефармояд: «…Падаришумо тамоми эхтиёчи шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад. Пас ба ин мазмун дуо гуед:

«Эй Падари мо, ки дар осмони!

Исми ту мукаддас бод;» (Мат. 6:8-9).

Хамчунин дар Инчилхо Эсоро гох «Писари Одам» (Мат.8: 20) гох « Писари Худо» мухотаб мекунанд. (Мат.8: 29, 9: 6). Ва худи Эсо бо иборатхои «Падари Худ», «Эй Падар», «Падарам» ба Худо мурочиат кардааст: «Пас хар ки маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ уро дар назди Падари Худ ки дар осмон аст, эътироф хохам кард» (Мат. 10:32).

Дар Инчили Юханно, киохирин Ичил, зиндагиномаи Эсо аст бештар калимаи «Падар» ва «Писар» дар маънии хосаш омадааст: «.Худо чахонро чунон дуст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то хар ки ба у имон оварад, талаф нашавад, балки хаёти човидони ёбад.» (Юх. 3:16).

Пас метавон гуфт, ки худошиноси дар дини насрони як давраи тахаввулро аз сар гузаронидааст. Дар аввал- дар Ахди Кадим ва Инчилхои аввал Худо аксаран хамчун Падари хамаи инсоният шинохта шудааст ва хамаи инсоният писарони У, вале баъдан Худо танхо Падари Эсо ва Эсо Писари ягонаи У ва дар нихоят худи Эсо Худо ба калам дода шудааст. Дар идомаи ояти фавкуззикр омадааст: «.Худо Писари худро ба чахон барои он нафиристодааст, ки бар чахон довари кунад, балки барои он ки чахон ба воситаи у начот ёбад».( Юх. 3: 17).

Як маънии тозае, ки дар Инчили Юханно пайдо мекунем ташбехи истиории Эсо ба нур аст. Эсо мефармояд: «Маннур хастам, ки ба чахон омадаам, то хар кй ба Ман имон оварад, дар торикй намонад». (Юханно 12: 46). Дар огози хамин китоб Эсо чун нури хакики муаррифй мешавад: «Он нури хакикй, ки хар одамро мунаввар мегардонад, ба чахон омаданй буд», «у дар чахон буд ва чахон ба воситаи у ба вучуд омад ва чахон уро шинохт», (Юханно 1: 9,10).

Эсо таълимоти худро дар бораи малакути осмон ва ахкоми Худо аксаран дар шакли рамзу истиора ва мисолхои аёнй баён мекунад. Муборизаи у асосан бо рухониён (фарисиён)-и яхудия мебошад. «Онхо,- ба кавли у ,- куроне хастанд, ки ба курон рахнамой мекунанд, ва хар гох куре ба кури дигаре рохнамой кунад, хар ду дар чох хоханд афтид».(Мат.15:14)

Душмании рухонияти яхудй нисбат ба Эсо шиддат мегирад ва дар нихоят саркохонон ва пирони кавми яхуд уро ба хоким Понти Пилати Румй таслим мекунанд. Бо исрору дархости онхо Пилат Эсоро ба катл махкум кард. Уро аз тарики ба салиб кашидан катл мекунанд, вале пас аз дафн, рузи дигар дармеёбанд, ки У дар кабр нест ва фариштаи Худо хабар медихад, ки У эхё шудааст. Нихоят баъд аз ин ходиса дар рузи чихилум Эсо дар Чалил бо ёздах шогирдонаш мучаддадан вомехурад ва ба онхо васият мекунад, ки халкхоро ба дини у даъват кунанд ва «…ба исми Падар ва Писар ва Рухулкудс таъмид диханд». (Матто 28: 19).

[1]   Дар адабиётхои форсию исломии классикии муродифхои дигари ин ном- масехи, исави, тарсои истифода шудааст.

[2]   Ин чо дар мавриди замони номнависи ва ё саршумори ахоли дар сарчашмахо ихтилоф аст, чунонки дар боло гуфта шуд хангоми ин саршумори дар соли 6-уми эраи нав дар 6-солагии Эсо буда, вале дар сарчашмахои дигар онро мусодиф бо таваллуди Эсо медонанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

mazdak

ТАЪЛИМОТИ МАЗДАК

Мони таълим медод, ки чахон натичаи асорати нур /равон/ дар зиндони зулмат /модда/ ба вучуд …