Главная / Илм / ДИНИ РУМИЁНИ КАДИМ

ДИНИ РУМИЁНИ КАДИМ

Нимчазирае ба шакли як пои муза дар чануби Аврупо, дар гарби нимчазираи Балкан карор дорад, ки онро Апеннин ва кишваре, ки дар он чойгир шудааст холо бо номи Итолиё маъруф аст. Юнониён дар гузашта, вакто ки ба як кисмати хурди чанубии ин нимчазира, ки сарзамини сарсабзу серчорво буд, шинос шуданд, аз тахайюр дар мукоиса бо сарзамини камалафи худ, ин номро ба ин нохия гузоштанд, ки маъниаш «мамлакати гусолахо» мебошад. Баъдан дар худуди асри аввали мелоди ин ном ба тамоми нимчазира тааллук гирифт.

roman-god-jupiterАммо номи Рум дар ибтидо ( ва имруз низ) номи шахрест, ки дар хафт теппаи сохили поёноби дарёи Тибр дар асри VIII т.м. ба вучуд омада буд. Дар яке аз теппахои рост баромада калъаи шахр Капитолий бунёд шуда буд, дар хангоми хучуми душманон мардум дар пушти деворхои он панох меёфтанд. Баъдхо дар асри аввали мелоди тамоми кишвар Рум ва хар шахрванди он дар кучое таваллуд нашавад, руми номида мешуд. Ахолии ин шахрро лотинхои патриций ташкил мекарданд, батадрич дар атрофи шахр аз чойхои дигар одамон омада чойгир шуданд, ки онхоро плебейхо номиданд.

Нимчазираи Итолиё низ дар нимаи хазораи дуюми пеш аз милод, чун нимчазираи Юнон мавриди хучуми кабилахои ориёни, махсусан сельтхо карор мегирад. Онхо бумиёни ин сарзаминро танг намуда, пойдевори тамаддуни чадидро дар он сарзамин мерезанд. Он кабоили ориёи, ки нимчазираи Итолиёро тасарруф намуданд, лотин ном доштанд. Хамин лотинхо дар асри VI кабл аз милод байни ду кувваи мухочим: атрусканхо аз шимол ва юнонихо аз чануб карор гирифтанд. Тахаввули дини руми дар таъсири мутакобилаи ин се тоифа сурат мегирад. Сарчашмахои дини румиёни кадим хамон аст, ки дар дини юнониён зикр намудем. Дини румиёни бостон низ дини миллию давлати ва эътикодоташон бисёрхудоии навъи ориёни будааст.

Кадимтарин эътикодхои мазхабии онхо иборат аз як ришта боварихои омехта ба хурофот, сехру сохири, фолбини афсунхо будааст. Онхо барои арвох ва худоёни худ хеч шаклу шамоил, робитахои оилави ва гайра коил набудаанд.

Куллияи тасаввуротхои динии румёнро ба се: оинхои хонаводаги, сахрои (кишоварзи) ва дину мазхаби давлати таксим кардан мумкин аст. Дар кешу оини сахрои бовари ба арвохи кишту донпоши Сатурн, ба рухи нашъунамои галла ва сабзиши тухми – Серес, рухи дарав – Конус ва гайра. умуман хар як амали марбут ба зироаткори ва хаёти дехкони арвоху худои худро доштанд.

Хамчунин дар хона ва хонавода низ румиён ба як силсила арвох, масалан, ба арвохи дару дарвоза Чонус[1], худои оташдон ва оташ Весто ва арвохи хофизу нигохбони анбори озука Пенотхо боварию эхтиром доштаанд.

[1] Дар огозу шуруъ ба хар копе аз у баракат мехостанд, соати аввали руз махсуси зикри у буд, ва аввалин рузи хар мох махсуси иди у ва мохи аввали хар сол ба номи у ихтисор дошта ва калимаи чанвия (Январ), ки мохи аввали соли аврупоихост, аз номи ин худо гирифта шудааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222