Главная / Илм / ДИНИ САЕНТОЛОГИЯ (ДОНИШИДОНИШ)

ДИНИ САЕНТОЛОГИЯ (ДОНИШИДОНИШ)

Калисои донишидониш (саентология) соли 1954 дар ИМА арзи вучуд кардааст. Калимаи саентология ( аз кал. лотини Со дониш ва калимаи юнони лодоз – таълимот таркиб ёфта), дар тарчумаи тахтуллафз “дониш дар бораи он, ки чигуна дони” аст. Асосгузори ин дин файласуф ва нависандаи амрикои Лафайет Рон Хаббард (1911-1986) мебошад, ки бисёрихо уро бо осори оммавии адабиаш мешиносанд.Муваффакияти нависандагии худро у барои маблаггузории тахкикоти илмии табиати инсон истифода кард. У амалан аз тарики тачриба исбот кард, ки инсон вакти зиёде иштибохан фикр мекард, дорои рух аст, дар сурате, ки у мавчуди рухониест, ки дорои акл ва чисм аст. Саентология чунин мешуморад, ки инсон чизе бештар аз аклу чисм аст, вай худ рух аст, ки метавонад хам аклу хам чисмро назораткунтрол кунад. Рух аз назари Хаббард сарчашмаи хама хубихо, асли рости ва эчодии олам аст.

l-ron-hubbardДар саентология мафхуми Худо хамчун (хаштумин динамика) Вучуди Оли, Холики чахон вучуд дорад. Мафхуми Худо дар ин дин ба дарачаи олии бакои хастии олам аст. Чунон ки Л.Рон Хаббард дар “Илми бако” (“Наука выживания”) навиштааст “ Хар як тамаддун дар таърихи чахон, ба истиснои тамаддунхои комилан фосид ва пусида, хастии Вучуди Оли (Худо)ро эътироф кардаанд. Тачрибави исбот шудааст, ки одамон бидуни эътикоди мустахкам бар вучуди Олитарин Вучуд Худо камкобилият, каммаънавият ва камарзиш хам барои худ ва хам барои чомиа ба бор меоянд.” Бар акси динхои сарчашмаи яхуди -намрони дошта, калисои саентология хеч гуна чазмия (догма), нисбат ба Худо мукаррар накардааст. Саентологхо эътикод доранд, ки хар инсон дар натичаи гузаштан аз хашт зинаи худсози (динамика) худаш ба фахмиши беохир ва Худо мерасад. [1]

Аввалин ва асоситарин сарчашмаи донишидониш китоби “Дианетика”-и Хаббард мебошад, ки соли 1950 ба табъ расидааст. Ин китобро илми муосир оид ба саломатиирух номид. Ин китоб ба забонхои зиёд тарчума шудааст ва доимо бо тирожхои калон нашр мешавад. Танхо дар 56 соли охир дар СНГ тиражи он ба 700 хазор нусха расидааст. Баъд аз ин асоси таълимии дини саетологияро осори чопи, наворхои сабти овоз ва наворхои тасвирии лекцияхои Л.Рона Хаббард оид ба дианетика ва саентология ташкил мекнад. Ин хама руи хам зиёда аз ним миллион сахифаи чопи, зиёда аз 3 хазор сабти лекцияхо ва наздик ба 100 филм мебошад. Л. Рон Хаббард хеч иддаои Масех будан, пайгамбар будан ё хулули руи илохи дар худро накардааст. Баръакс, худ таъкид кардааст, ки инсоне мисли дигарон буда, чизе бештар аз муаллим ва дусти мухиб нест.

Асоси таълимоти саентологияро омехтае аз гояхои буддизм ва кашфиётхои наздик ба равонпизишкии Хаббард ташкил мекунад. Л. Рон Хаббард ба таносухи арвох эътикод дорад ва рухи фарди-индивидуалиро бо истилохи “тетан” ( аз кал. юнони “тэта”- фикр, рух)ифода кардааст. Тетан ба акидаи у такрибан 300 млн. сол аст, ки вучуд дорад. Хар як вучуди каблии тетан дар колаби модди тачрибаи муайяне меандузад, ки “инграм” номида шуда. Хамин инграм аст , ки дар шароити дар холи хозир барои пурра имконоти худро зохир кардани инсон мамониат мекунад ва асабиятхо ва холатхои фавкулоддаи рухи эчод мекунад. Аз ин ру, барои расидан ба саломатии акли (маънави) зарур аст, ки инграмро пайдо ва онро пушти сар бояд кард ё худ бар он пируз бояд шуд.

Дар имруз мувофики маълумоти саентологхо зиёда аз 3 хазор калисохо, марказхои таблиги( миссияхо) ва ташкилотхои фаръии он дар 107 кишвари чахон ва зиёда аз си забон пайрави аз ин дин ва машгули интишори он мебошанд. Дар баъзе чумхурихои Осиёи Маркази калисохои ин дин амал мекунанд, вале дар Точикистон хануз пайравони ин дин нестанд ё хадди акал ба кайд гирифта нашудаанд.

Дар мисоли хамин чахор дину калисои нав баррасии дину оинхои гайрисуннатиро хотима дода, хаминро кайд кардани хастем, ки аксари ин динхо дар заминаи ин ё он дин (динхо)-и суннати руидаанд ва аксар хусусияти омехта (эклектики) ва даъвии оламватани- чахони доранд. Омили пайдоиши ин чунин динхо аз як су инкирози маънавию ахлоки ва ичтимоии кишвархои мутараккии сармоядори бошад, аз тарафи дигар, ба сатхи шуур, ниёзхои имрузаи кисмате аз афроди чомиа чавобгу набудани динхои суннати, аз даст додани кобилияти инъитофпазири ва тахаввул тибки талабот, муктазои замон аз тарафи онхост.

[1] Ниг.: Что такое саентология? Всесторонний справочник\\основано на работах Л. Рона Хаббарда. \Е\Е-ЕК. А риЬЬ 1п1ег Ар8/ г. Твер:1998.

Дар борамон

Инчунин кобед

ДИНХОИ ГАЙРИСУННАТИ

Аз нимаи дуюми асри XIX то имруз дар чахон чандин динхои ба истилох гайрисуннати ба …