Главная / Илм / ДИНИ СИНТО

ДИНИ СИНТО

Дини Синто (ё Шинту – Синтоизм) дини миллию давлатии Жопун, яке аз се дини маъруфи Ховари Дур мебошад. Ин динро «мазхаби ватанпарасти» номидаанд. Чунки дар он мухаббату эхсосоти бепоён нисбат ба хоки Ватан ва императори худ тачассум ёфтааст.

sintoКалимаи Синто аслан аз калимаи хитои (Шин-Тао) буда ба маънии «Рох ё тарики худоён» тарчума мешавад. Тамоми тасаввуроти космогонию таърихи ва эътикоди бостонии мардуми жопуни бо асотири синто вобастаги дорад. Мувофики он чазирахои Жопун хосаофаридаи худоён аст. Мувофики асотири синтои, ки дар ахбори таърихии жопунии асри УП-УШ м. «Кодзики» ва «Нахоне» омада аст, дар ибтидо олами вучуд сурату вазъи ошуфтае дошта, омехтаву дар хам бар хам будааст. Бо гузашти тули замон осмон ва мухити он аз хам чудо гашта, аз мобайни кайхони тираву туманолуд чандин худоён намоён гаштаанд. Худоёни мутааддид бо кадом сабабе ба тадрич аз байн мераванд, то саранчом дар сахнаи хасти, беш аз духудое, ки яке муаннас, яъне олихаи занона, бо номи Изонамй ва дигаре музаккор- худои мард бо номи Изонагй боки намемонанд.

Ин ду худо пуле байни Замин ва Осмон месозанд. Изонаги аз фарози осмон бо он пул фуру омада, найзаи чавохирнишину мурассаи худро дар шуробае, ки мухитро фаро гирифта буд, фуру бурда, онро он кадар ба хам меомезад, ки он ба хамираи гализу сахт табдил мешавад ва вакто ки найзаро аз он бурун мекашад, чакрахои моеъе, ки аз нуки он фуру мерехт, руи хам гирд омада, ба сурати чазирае дармеоянд. Он ду худои нару мода бар фарози он чазира маскан ихтиёр мекунанд. Чанде пас худои мода Изонамй дар он чо таваллуд мекунад ва аз шиками вай хашт чазираи дигари Жопун ба дунё меоянд. Хамчунон аз он олиха аввал худоёни дигар ба дунё меоянд ва охирини онхо Кагу-Тасуги-худои гармо ва оташ буд. Вай хангоми вилодат модари худро бо шуълаи вучуди хеш месузад.

Худомард Изонагй аз ин сабаб дар газаб шуда Кагу-Тасугиро бо зарбаи шамшер аз пой дароварда пора-пора мекунад ва дар натича аз хар пораи часади у дар руи бахр чазирахои дигар ба вучуд омаданд. Пас аз марги олиха Изонамй ба олами пойин, ки онро сарзамини «Яоми» гуянд, меафтад ва чанде пас худомард Изонагй ба чустучуи олиха Изонамй ба олами зери замин фуру рафт, то уро ба олами аъло бозгардонад. Вале вакто ки олиха Изонамиро пайдо мекунад, хеле дер карда буд ва пайкари у пусида, кирмхо ва хазандахо тани уро фаро гирифта буданд, ва сурати зиште дошт. Ин аст ки Изонамй уро аз нигаристан ба сурати худ манъ карда, Вале пас аз он, ки Изонагй аз шонаи чубини худ оташ равшан карда, уро дид, Изонамй фарёдзанон ба у дар меафтад, ки ту маро шарманда кардй.

Дар он олами зулмонй байни Изонагй ва Изонамй задухурд ба вучуд меояд. Изонамй аз пайкараи зишти худ худои сойикаро ба вучуд оварда, аз паси шавхараш паё-пай мефиристад. Бо ин низ каноат накарда, як хазору понсад рухи шайтонии сифларо ба чанги у мефиристад. Изонагй бо хамаи онхо чангида, шикаст медихад. Дар охир Изонамй худ бо он пайкари зишт ба чанги у меояд, вале дар ин хангом Изонагй аз олами чахханами сифли гузашта, ба олами боло расида буд. У бо санги бузурге дари он чахханамро мебандад. Сипас барои тахорат ва пок шудан либосу камарбанду асояшро дар оварда, ба бахри мухит фуру меравад. Хар яке аз порчахои либоси вай ба сурати худое даромадаанд.

Дар китоби «Кузики» омадааст, ки чун Изонаги дар бахр фуру рафта ба расме, ки то хануз назди Жопунихо маълум аст гуслу тахорат кард, аз гушаи чашми чапи у бузургтарин ва мухимтарин худои Жопунихо Аматерасу олихаи Офтоб ба вучуд омад. Чун бори дигар гусл кард, аз гушаи чашми рости у худои дигаре ба номи Туки- Ями ё худ олихаи Камар (мох) пайдо шуд ва бо хамин нахва худои туфон бо номи Сусо-но-ву ва г-ра ба вучуд омаданд ва хар яке дар осмон ба маснади худ нишастанд.

Дар ин асотири космогонии Жопунихо факат сахнаи офариниши инсонро намебинем. Маълум мешавад, ки инсон аз худи худоён ба вучуд омадааст ё худ ачдоди инсон худи худои Аматерасу будааст. Чанде, пас аз вукуи ходисаи фавкуззикр, худои Офтоб Аматерасу аз фарози фалаки осмон бар замини хоки назар афканд ва дид, ки фарзандони худои туфон дар руи у хукумат намуда, вазъи он чазираро хело ошуфтаву хароб кардаанд. Аз мушохидаи ин сахт гамгин шуда, пас набераи худ «Ни-ни-ги»-ро амр намуд, ки аз осмон фуру омада, ба он чазоир равад ва аз номи у хукмфармои кунад. Он суханоне, ки у ба наберааш фармуда то имруз чузъи дуои мардуми Жопуни мебошад ва такрибан чунин аст; «Дар ин сарзамини борвару сабз ва дар он мазрааи биринчхо (шоли) -и тоза бояд фуруд омада ва кори он чоро ба сомон овари». Ни-ни-ги фармони модарбузурги худро итоат кард ва нахуст ба чазираи «Касоти» фуруд омад. Дар он чо рузгоре бизист ва фарзанде зоид бо номи

Жимму Теннуон- авалин худое мебошад, ки дар пайкари одами мучассам гашта ва у нахустин императури Жопун аст. У баъдан чазираи Хондаро ба тасарруфи худ дароварда, пойтахти худро ба он чо мукаррар кард. Аз ин ру мардуми Жопун на танхо императори худро писари худои Офтоб (Аматерасу) медонанд, балки муътакиданд, ки хамаи чазоир ва мардуми ин сарзамини офтоби (дар парчами Жопун курси Офтоб мунъакис аст) аз мабдаи илохи сарчашма гирифтаанд. Ин нуктаро бисёр вакт хукком ва императори Жупон барои барангехтани рухияи милли ба кор бурдаанд.

Жопунихо асосан бисёрхудопараст (политеист) мебошад. Онхо худоёни худро ба хаштсад гурух, ки хар гурухе шомили хазорон худо мебошад таксим кардаанд. Ин анчумани бешумори худоёнро Худои Офтоб Аматерасу сарвари мекунад. Маъбади у дар шахри Иза аз мукаддастарин ибодатгохи он кишвар ба шумор меравад. Дар дини синтои худоёни мазохири табиат чун: Яматсуми (худои куххо), Вататсуми (худои бахрхо), Микумариноками (худои чашмахо) ва инчуни арвохи нихон дар рустанихову хайвонот ва омили камол ва хатто мафхумхову куввахои гуногун чун: акл-омоикане, неки-наоки, бади-маготсух, кувахои мармузи ирфони- ихахи мавриди парастишу ситоишанд. [1]

Имрузхо аксаран жопунихо дар чавоби саволи ба кадом дину мазхаб муносибат доштанашон, худро буддои мегуянд. Хамчунин аксари жопунихо синтуро на хамчун дин балки, мачмуи маросиму суннатхои миллии худ медонанд. Хеле кам шахсоне пайдо мешаванд, ки дину мазхаби худро синто хисобанд.

Дар асри шашуми мелоди дини буддои дар сарзамини Жопун ворид гардида, нахуст он дар байни табакоти ашроф пайравони зиёд пайдо карда, ба тадрич бо дини синто омезишу таркиб меёбад. Яке аз роххои синтез-таркибёбии дини буддои талкини худоёни жопуни хамчун мазхари Буддо дар таваллуди дубора мебошад. Аз чумла Амотерасу (худои Офтоб)-ро хамон зухури комили Буддо дар кишвари Жопун ба калам додаанд. Ба хамин тарик, хар яке аз худоёни дигарро низ Буддои дигар шуморидаанд. Хулоса, равияи махаянаи буддизм аз тарики Чин ба Жопун нуфуз намуда, барои инкишофи фарханг ва давлатдории ин кишвар таъсири зиёде гузошт.

Аз фиркахои нисбатан нави буддоия дар Жопун Дзедо-сю асосгузораш Хонэн (1133-1212), дар Чин(Хитой) Тсизинту- («Замини пок»), ва фиркаи Нитирэн- сю ( ё Хоккэ-сю) бо номи асосгузораш Нитирэн (1222-1282) номида шудааст ва нихоят яке аз фиркахои маъруфи буддизми жопуни Дзэн – буддизмро ном бурдан мумки аст, ки дар асри VII- VIII ба Жопун аз Чин ворид гардидааст.

Ногуфта намонад, ки дар инкишофи маданияти миллии Жопунхо накши Дзэн хеле бузург аст. Эстетикаи Дзэн шинохту фахмиши зебои буда, аз дидгохи Дзэн дар тамоми сохахои зиндагонии Жопунихо, аз чойнуши ва мехмондори то мусобикоти самурайи (чавонмарди), хузур дорад.

Дар баробари буддизм ба хаёти маданию мазхабии жопунихо таъсири дину оини конфутсий низ кам нест. Алалхусус дар асри XVII дар давраи хотимаи парокандагии сиёси ва огози марказиятёби ва мутахидшавии кишвари Жопун таваччух ба дини конфутсий меафзояд.

Вале дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ дини синтои идеологияи расмии давлати ва асоси меъёрхову арзишхои ахлоки мегардад.

[1] Г.Е.Светлов, Путь богов (Синто в истории Японии) М: Мысль, 1985.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222