Главная / Илм / ДИНУ ОИНХОИ ОРИЁНИ – ЭРОНИ

ДИНУ ОИНХОИ ОРИЁНИ – ЭРОНИ

Сарчашмахои асосии динхои хинду ориёи ки маълумоти имрузаи диншиносон оид ба эътикоди кавмхои эронинажод ба онхо асос ёфтааст иборатанд: китоби мукаддаси хиндуия Ведхо, ва китоби мукаддаси зардуштиён Авесто ва тарчумахо ва тафсирхои пахлавии он, ва осори дигари пахлави- Бундахишн, Дотастони диник, Гузидахои «Зодаспарам», Менухирад, Ардавирнома, Динкард, Бахман Яшт, Хайоткори Зомоспик, Пандномаи Зардушт хамчунин «Шохнома»-и Хаким Абулкосим Фирдавси ва шохномхои манзуму мансури пеш аз у:Масъуди Марвази, Абумуайяди Балхи, Абумансур ва Дакики ва баъзе катибахои мазхабию таърихи, ки охирон кашф гардида ва хамчунин маълумоти муаррихону мутафаккирони юнониву руми: Херодот, Ксенофан, Фукидид, Плутарх ва Жустин ва бозёфтхои бостоншиносон асос ёфтаанд.

zoroastrizm-zoroastrismДинхои эрони як сарчашмаи умуми бо дину ойинхои хиндуаврупои доранд. Масалан, номи худои юнониён Зевс ва калимаи лотини деус (худо) ва хиндуи дайва ва эрони дев ё див аз як асли хиндуаврупои-дайва гирифта шудааст. Чунин умумият байни мафхумхои авестои ва ведои ва забони хиндуии кадим чун: конуни умуми, чони чахон-аша (авес, аша; форсии кадим-арто; хинд. кад.-рта) ва мафхуми курбони (овест.-йаза; форс. кад.- йаза) истилохи муъбад (авес. –заутар; хинд. кад.- хотар) ва шираи сархушкунанда (авес. хаума; хинд. кад.- сома) дида мешавад, ки худ вахдату хешовандии тамаддуну дину оинхои ориёнихои хинди,эронию аврупоиро дар гнесиз (холати ибтидои)-и онхо нишон медихад.

Дар ин давра худоёни мавриди эътикоди халкхои хинду ориёи ба ду даста чудо мешаванд: як гурухро дайва (хинду. кад. дева) ва гурухи дигарро асура (авест-ахура; хинд.кад.асура) меномидаанд. Инро низ бояд гуфт, ки имкон доштааст хатто як кабила, хам ба дайва ва хам ба асура эътикод дошта бошанд, ё якеро парастанд, ибодат кунанд ба дигаре хусумат варзанд.[1]

Ниёгони мо дар ибтидо табиат: офтоб, мох, ситорагон, хок, оташ, об ва бодро мепарастидаанд. Мохиятан динхои ин давраро динхои табиии кабилави-авлоди номидан равост. Эътикоди эрониён бисёрхудои (полетизм) ва гохе санави будааст. Хосатан парастиши Хуршед бо номи Мехр (Митра) ва Мох бо номи Афродит роич будааст. Мехр худои рушнои, худои хакикат аст, танзимкунандаи корхои олам, хомии мазлумон, худои чангу набардхо будааст, ки тамоми кабоил ва тавоифи ориёни бостони дар хар чо ва хар кишваре уро мешинохтанд ва месутуданд. Номи ин худо дар Ригведа низ зиёд омадааст.

Оини мехрпарасти (митраизм) таълимоти худро дар асоси фалсафаи начоти фарди ё инфироди бунёд нихода буд. Яъне хар фард бояд дар фикри начоти худ, аз тарики тай намудани мархилахои муайян бошад.

Дар мехрпарасти шахси муъмин бояд имтихони сахтеро мегузашт, ки иборат аз: 1) гусли таъмид, 2) маросими пок кардани гуноххон 3) маросими масрафи об, нон ва шароби мукаддас, 4) маросими ниёиш, 5) риёзат, 6) курбони кардан.

Оини Мехрпарасти, баъд аз ислохоти мазхабии Зардушт низ таъсири зиёде дар Эрони бостон доштааст. Митра натанхо дар Эрони бостон, балки байни халкхои соми низ бо номи «Шамас» машхур буда аст. Уро хамчун дихандаи шукух ва азамат ба шохон мешинохтанд. Аз ин ру пас аз Ахуромаздо у олитарин макомро дар дарбори шохони эрони доштааст.

Мехрпарасти бо номи «митраизм» дар империяи Рум то худуди асри IV мелоди дар Осиёи Хурд, Африко, Аврупо нуфузи зиёд пайдо карда буд. Ин дин ба гностикхои юнони, динхои монави ва насрони, тасаввуфи исломи таъсир гузошта аст.

«Каюмарсия» ва «Зарвония»

Сачашмахо аз вучуди ду ойини дигари эрони: «Каюмарсия» ва «Зарвония» пеш аз дини Зардушт маълумот додаанд.Ин ду оини бостони бар пояи муборизаи нур ва зулмат устувор будаанд. Дар харду яздон (худои таъоло) офарандаи хам нур ва хам зулмат аст. Зарвон-хам як навъ дин ва хам як навъ фалсафаи илходи муаррифи кардаанд.

Дар матни зарвония омадааст, ки Зарвон интизори таваллуди фарзанде бо номи Хурмузд буд, аммо ба шакку шубха рох дод. Аз он шакку шубха нутфаи Ахриман низ хамчун дугоники Хурмузд дар шиким пайдо шуд. Зарвон гуфта буд, хар кадоме пеш таваллуд шавад подшохиро бар у хохад дод. Аз ин хабар Ахриман огох шуд ва пеш аз маврид шиками модарро дарида берун омад. Зарвон онро ба даст гирифт, ки хеле зишту бадбуй буд. Уро рахо карда гуфт , писари у набояд чунин зишту бадбуй бошад. Пас Хурмуз таваллуд шуд. Зарвон мехост подшохии оламро ба у супорад, вале Ахриман суханони уро ба хотираш оварда, гуфт, «кавлу паймон набояд шикаст». Зарвон лоилоч ба Ахриман 9000 сол ичозати хокимиятро дод ва пас аз он даврони хокимияти Хурмузд огоз мешавад. Ин устура аз навъи устурахои хинду эронист, аз ин ру таърихи пайдоиши зарвония низ пеш аз ислохоти Зардушт бояд бошад.

Ногуфта намонад, ки Озарпарасти(худои «Агни» дар Ведау аз расму одоби кадими эрониён будааст. Барои онхо оташ дорои ахамияти хосе буд. Онро бо ташрифот ва маносику маросими муайяне парастиш мекардаанд. Партофтани шохаи хушбуи барсума ва нушидани нушобаи хаумо дар хангоми ибодати оташ низ аз маросимхои тозардуштии эрониён будааст.

[1] История Таджикского народа, Т.1 под ред член.кор.АН СССР. Б.Г. Гафурова и М: Наука, 1969.-С.168-169

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222