Главная / Гуногун / ДИН ВА ЭЪТИКОДХОИ БОБИЛИЁНИ КАДИМ

ДИН ВА ЭЪТИКОДХОИ БОБИЛИЁНИ КАДИМ

Байни солхои 5300 то 4000-ум т.м. дар водии Байнанахрайн дар як вакт ду тамаддуни бузург: сумерй (шумерй) ва акодй ба вучуд омада буд. Сумер нохияи чануби ё Байнаннахрайн кисмати поёнии онро дар хамсоягии Халичи Форс ишгол карда буд. Ин кавм зиёда аз 3 хазор сол пеш аз мелод дар он нохия сукунат доштаанд ва дорои тамаддуну фарханги кухансоле будаанд. Дар натичаи кофту ковхо- хафриёти бостоншиносон осори гаронбахое аз тамаддуни бостонии ин сарзамин ба даст омадааст. Нохияи акод дар шимоли Байнаннахрайн, водии Фрот вокеъ.

vavilon-drevniy-gorod-1

Бобил*(ё Бобилистон- Вавилон) яке аз марказхои тамаддуни бостони ба шумор меравад. Чун дар Миср, дар Бобилистон низ меъмори, алалхусус сохтмони маъбадхои азим расм шуда буданд. Бурчи Бобил (вавилонская башня), ки дар Таврот ва Куръон низ ёдовари мешавад ва инчунин касру маъбадхои маъруфи зиёде дар ин давра бунёд карда мешавад. Дар киссахои исломи тамаддуни бобили ва сохтани бурчи номбурдаро бо шахсияти Намруд (Нимруд) марбут донистаанд.

Байнаннахрайн дар замони подшохии Хаммурапи(1792-1750 т.м.) ба як кишвари ягонаи Бобилистон муттахид карда мешавад. Маъруфтарин ёдгории хаттии давраи хокимияти Хаммурапи « Мачмуи конунхо»-и уст, ки аввалхои а.ХХ. бостоншиносон хангоми хафриёт сутуни сангие пайдо карданд, ки ин конунхо дар болои он навишта шуда буданд

Бобил аз мачмуи давлатшахрхое, ки хар кадом хокимияти мустакилу худмухтор доштанд ташаккул ёфта буд. Хусусияти мухими фархангию мадании давлатшахрхо дар тамаддунхои мисри, бобили ва Амрикои Лотин аз он иборат будааст, ки дар маркази он одатан маъбадхои азими мазхаби бунёд мекарданд ва ин анъана аз хусусиятхои мухими динхои милли-давлати буд. Ин гуна маъбадхои азим дар маркази давлатшахрхо хам азамату шахомати хокимияти давлати ва хам шухрату макоми ичтимоии динхои миллиро тачассум мекарданд. Маъбадахо на танхо марказхои мазхабию маънави балки марказхои иктисодию хочаги, амонат- нигахдори сармояи мардум низ будаанд.

Аз таърихи тамаддун маълум аст, ки дар Шумеру Бобил илм ва фарханг дар нихояти рушд ва таракки будааст. Шахрсозию меъмори, суратгари, хайкалтароши, таърихнигориву адабиёт, тиб(б), риёзиёту хандаса, маъданобкуни, сохтани дастгоххои бофандаги, сохтани плугхо, чархаробахо, асбобхои мусики дар Бобилистон ба пояхои баланди тараккиёти худ расида буданд. Дар сохаи иктисоди рушди кишоварзи ва тичорат, ба вучуд омадани унсурхои муносибати сармоядори аз мухимтарин дастовардхои ин тамаддун аст.

Бо вучуди хамаи ин пештозихо навъи парастиши шумерхо ва бобилиён бисёрхудои буда, бар пояи маросимхои обшинаги бунёд шуда буд.[1] [2]

  • «Бобил» аз ду асли умуми дар забонхои соми: «боб» дар , «Ил»Худо= ба маънии «дар ё дарвозаи Худост».

[2]  История Всемирной литературы: Афанасьева В.К. « Литература Древнего Двуречья».-С.86.

  • пантеон ( юн.рап-хама+&ео8-худо)- ба се маъни аст: 1-маъбадест дар Руму Юнон бахшида ба хама худоёни ин кишвархо; 2 мачмуъ ё анчумани хамаи худоёни ин ё он дин; 3оромгохи шахсиятхои бузург.

Дар борамон

Инчунин кобед

Israel-Western-Wall

МАРОСИМХОИ ЯХУДИЯ (Чухудхо)

Дар китоби дуввуми Таврот ( «Хуруч. 23: 12-17 ) омадааст: «Шаш руз корхоятонро кунед, ва …