Ба пешвози 30-солагии Истиклоли давлатии Чумхурии Точикситон дар пойтахти малакат-шахри Душанбе аз чониби ЧДММ «Анас Аврупо-Осиё» корхонаи истехсоли махсулоти канноди ба фаъолият огоз намуд, ки дар он 46 нафар бо чойи кор таъмин гардиданд.
Тавре аз макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитохи корхонаи мазкур муовини аввали Раиси шахри Душанбе Амирхон Курбонзода иштирок намуда, зикр кард, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шахри Душанбе мухтарам Рустами Эмомали дар пойтахт корхонахои гуногун ба истифода дода мешаванд, ки дар онхо барои кору фаъолияти занону духтарон шароити мусоид фарохам меоранд.
Корхонаи мазкур бо шароитхои замони муосир таъмин буда, дар он мутахасисони ботачриба фаъолият мекунанд.
Тибки иттилои масъулин, коргохи мазкур махсулоти худро на танхо дар худуди пойтахт, балки берун аз он низ тибки фармоиши муштариён пешниход менамояд. Солхои охир бо максади рушди минбаъдаи фаъолияти сохибкори дар чумхури як силсила ислохоти мухим ва чидди амали карда шуданд, ки максади асосии онхо, пеш аз хама афзоиши мунтазами тавлиди махсулоти ватани, мухайё сохтани чойхои нави кори, истифодаи самараноки захирахои мавчуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли мебошад. ЧДММ «Анас-Аврупо-Осиё» хам бо хамин максад бунёд шуда, барои бо махсулоти хушсифати канноди таъмин кардани сокинони шахри Душанбе ва берун аз он замина мегузорад.