Главная / Гуногун / Дар Москва мулокоти вазирони корхои хоричии Точикистон ва Киргизистон баргузор шуд

Дар Москва мулокоти вазирони корхои хоричии Точикистон ва Киргизистон баргузор шуд

mulokoti-vaziron

1 апрел дар шахри Москва дар чахорчуби чаласаи Шурои вазирони корхои хоричии кишвархои узви ИДМ мулокоти Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин бо Вазири корхои хоричии Чумхурии Киргизистон Руслан Казакбаев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корхои хоричии Точикистон хабар дод.

Дар рафти мулокот чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои густариши муносибатхои Точикистону Киргизистонро дар самтхои сиёси, иктисоди ва фархангию гуманитари мавриди барраси карор дода, перомуни муносибатхои дучониба дар сохаи наклиёт ва истифодаи захирахои обии дарёхои фаромарзи табодули афкор намуданд.

Таваччухи махсус ба масъалаи таъйини худуд ва аломатгузории хатти сархади давлати зохир шуд. Вазирони корхои хоричи зарурати истифодаи пурсамар ва фарогири имконоти Комиссияи байнихукумати оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хатти сархади давлатии Точикистону Киргизистонро таъкид намуданд. Дар ин росто, чониби Точикистон бар зарурати идомаи музокирот дар ин самт танхо дар асоси санадхое, ки тамоми мархилахои конститутсиониро гузаштаанд, инчунин риояи мукаррароти мувофикашудаи пушиши иттилоотии натичахои вохурихо дар ВАО дар асоси Низомнома доир ба ташкили кор ва тартиби бурдани гуфтушунидхо доир ба таъйини худуд ва аломатгузории хатти сархади давлатии Точикистону Киргизистон таъкид кард.

Бо дарназардошти набудани заминаи меъёрию хукукие, ки масъалахои душахрвандиро байни Точикистону Киргизистон ба танзим дарорад, Вазири корхои хоричии Точикистон масъалаи ба тартиб даровардани раванди додани шахрвандиро, пеш аз хама ба ахолии сокини минтакахои наздисархади ба миён гузошт.

Дар поёни мулокот вазирони корхои хоричи ахаммияти хифз ва густариши бештари робитахои чандинасраи дусти, хусни хамчавори ва бародарии байни Точикистону Киргизистонро таъкид карданд.

2-m-02-04-20213-m-02-04-2021

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222