Главная / Илм / Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионии корхонахои хурд

Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионии корхонахои хурд

Равандхои инноватсиони дар пешрафту тараккии сохибкори ахамияти асосиро доро мебошанд. Сарчашмаи асосии идеяхои инноватсиони илм махсуб мегардад, ки тамоми сохахои фаъолияти хаётии инсон, аз он чумла ташкили сохибкории хурдро таъмин менамояд. Хар гуна давлат ба пешрафту рушди фаъолиятхои инноватсиони, ки дар онхо сохибкории хурд накши назаррасеро ифода менамояд, манфиатдор мебошад.

Талаботи объективии гузариш ба иктисоди бозори ва таъмини иктисодро, ки хар чи бештар дар даврони феъли дар Чумхурии Точикистон эхсос мегардад, наметавон бидуни гузариш ба навъхо ва шаклхои пешрафтаи фаъолияти инноватсиони ба амал баровард. Дар амри тезонидани ин раванд бояд сохибкории хурди инноватсиони накши мухимеро ичро намояд.

tika-i-alif-akademijaРаванди эчоди навоварихои инноватсияхои илми-техники, илм, техника, сохибкори ва идораро бо хам муттахид месозад. Хадафи раванди инноватсиони ба даст овардани навовари буда, он аз пайдоиши акида (идея) то аз нигохи тичорати амали шудани онро дар бар мегирад. Хамин тавр, раванди инноватсиони мачмуи хамаи муносибатхо, тавлидот, табодул ва истеъмоли навоварихоро дар бар мегирад.

Навовари (инноватсия) раванди илми-техникии иктисодиёт мебошад, ки аз ихтироот ба эчоду ба даст овардани бехтарин махсулот, хизматрасонхо ва технологияхо оварда мерасонад. Дар сурате, ки он ба хотири дарёфти манфиатхои иктисоди равона шуда бошад, натичааш фоидаи изофи махсуб мегардад. Навовари, инноватсия раванди мураккаб, гуногунсоха ва бисёрмархилави буда, тамоми чанбахо ва пахлухои фаъолиятхоро аз тадкикот ва коркард то бозорёби (маркетинг), фаро мегирад. Махз хамин нукта ба шаклхои мухталифи бизнеси хурд имкон медихад, ки дар он чои муносибати худро ишгол намояд.

Ширкату корхонахои хурд дар истифодаи тичораткунонии онхо, густариши онхо дар сохахои гуногуни тавлидоту истехсолот накши умдаеро ичро менамоянд, чунки сохибкории бузург (калон) дар амри  суръатбахши ва натичагирию азхудкунии иктисодии навоварихо ва пешниходи онхо дар бозор аз ширкатхои хурди аз нигохи технологи пешрафта сахт кафо мондаанд. Ба гайр аз ин, пайдоиш ва рушди босуръати ширкатхои хурди ширкатхои хурд накши кашшофон ва тавлидкунандагони махсулоти бозорхои навро ичро менамоянд. Ширкатхои бузурги тичорати бошанд, вазифаи ташкилотчигии тавлидоти васеъ ва таъминоти саривактии бозорро бо махсулоту хизматрасонии нав барои худ хифз менамоянд. Ин раванд акидаи алокамандии сохибкории хурду бузург ва такомули мутакобили онхоро тасдик менамояд, ки хар кадом дар раванди инноватсиони мутаносиб ба хусусиятхои худ чойи муайянеро ишгол менамоянд.

Рочеъ ба ахамияти фаъолиятхои инноватсионии ширкатхои хурд натичахои иктисодии кишвархои пешрафта шаходат медиханд. Дар ИМА аз чониби ширкатхои хурд 35%, дар Британияи Кабир ва Олмон бошад-мутаносибан 23% ва 26% навоварихо, ки дар истехсолот амали мешаванд, аз чониби ширкатхои хурд эчод гардидаанд.

Рушду тараккии сохибкории хурди инноватсиони унсури ногузири эчоди иктисоди бозори махсуб мегардад. Метавон самтхои асосии таъсиррасонии низоми корхонахои хурди инноватсиониро ба рушди босамари навоварихои илми-техники чудо намуд:

якум-бартараф намудани монополизми иттиходияхои бузург, корхонахо ва созмонхо дар сохаи коркарду тавлидоти навъхои муайяни техника ва технологияхо ва самтгарои ба конеъсозии манфиатхои истеъмолкунандагон, ки ба дарёфти техникаву технологияхои харчи сифатнок ва нисбатан арзон манфиатдор мебошанд;

дуюм-истифодаи харчи пурратари комёбихои илми, натичахои тадкикоти фундаментали ва амалии илми. Корхонахои хурд метавонанд дар заминаи сохторхои ташкилотхои бузурги илми-техники барои самаранок аз худ кардани натичахои каблан анчомдодашуда таъсис дода шаванд;

сеюм-тезонидани раванди коркард ва амали сохтани навоварихои илми-техники мутаносиб бо самтхои ояндадори раванди инноватсиони. Ширкатхои хурди илми-тадкикоти, ки ба амали сохтани лоихахои «таваккалона», хавфи ё зиёд дошта машгул мебошанд, чи тавре ки тачрибаи кишвархои мутаракки нишон медихад, метавонанд сахми арзандаеро дар пешрафти самтхои ояндадору стратеги амали сохтани навоварихои илми-техники ворид созанд.

чорум-саривакт конеъ намудани корхонахо ва ахоли бо махсулоти илми-тадкикоти;

панчум-рушду тараккии ташаббусхои хочагидори, корчалони, боло бурдани накши хавасмандгардонии моддии кормандон, соддаги ва осонии нисбии эчод ва таъсиси корхонахои хурд, дарачаи баланди худмухторият ва мустакилияти онхо барои зохир намудани ташаббус ва корчалони дар сохаи татбики навоварихои илми-техники имконияти васеъро пешниход менамояд;

шашум– истифода ва густариши шаклхои пешкадами ташкилотчиги ва хавасмандкунии мехнат барои нишондихандахои баланди самаранокии иктисодии фаъолияти корхонахои хурд боис мегардад ва мусоидат менамояд;

хафтум – ру овардан ба конеъсозии талаботи ахоли ва корхонахои минтака, истифодаи захирахои махалли ва партовхои истехсолот. Корхонахои хурд аксаран зимни ру овардан ба истеъмолкунандагони дохили минтака ба халли мухолифати байни талаботи корхонахо ва ахолии минтака ба махсулот ва хизматхо, инчунин ба самтгароии як катор корхонахо ба робитахои иктисоди дар чахорчуби сохаи мушаххас мусоидат менамоянд. Дар робита ба ин холат макомоти махаллии идоракунандаро лозим аст, ки сиёсати пуштибонии корхонахои хурди илми-тадкикоти, инчунин корхонахои хурди барои минтака афзалиятнокро, ки ба бозори дохилиминтакави марбут мебошанд, максадноку босамар амали созанд.

Масъалаи фаъолсозии амалиётхои навоварона, бо мушкилоти чиддии назариявию амалии таъсирпазирии инноватсионии иктисодиёт марбут аст. Зери мафхуми таъсирпазирии инноватсионии иктисод омодаги ва кобилияти иктисодиёт ба азхудкунии дастовардхои илму техника дарк карда мешавад. Таъсирпазирии иктисодиёти ин ё он кишвар ба навоварихо дар навбати аввал, аз мавчудияти бозор ва механизмхо сохторхои бозори, ки кобилияти тавлидот ва фуруши махсулотро таъмин карда метавонанд, вобастаги дорад. Дар ин холат ракобати байни тавлидкунандагони донишхои нави илми, истехсолкунандагони   навоварихо  ва ракобати  байни истеъмолкунандагон, ки дар байнашон навоварихо пахн карда мешаванд, накши фавкулодда мухимро ичро менамояд.

Зухур ва густаришу тараккии васеи сохибкории навоваронаи венчури дар мамлакатхои Гарб марбут ба комилан пур кардани бозорхои маъмули, ки боиси ракобати шадиди сохибкорон барои истеъмолкунанда (харидор) мегардад, мансуб аст. Кафо мондан аз навоварихо маънои худро бо муфлисиву варшикастаги ру ба ру сохтан аст. Аз ин ру, хар чи ракобат шадидтар мешавад, хамон кадар барои фардои истехсолкунандагон идеяхои илми ва халномахои техники боки мемонад. Сохахое, ки сатхи баландтарини тараккиёти инноватсиониро доро мебошанд, маъмулан аз руи мачмуи васеи истехсолкунандагон фарк мекунанд.

Дар ин сохахо, одатан, якчанд корпоратсияхои бузургтарин, даххо, садхо ва хатто хазорхо истехсолкунандагони миёнаву хурд фаъолият менамоянд. Ин холатест, ки дар ракобат хифз карда мешавад, аммо ракибони асоси захирахои бештари моли, пули ва моддиро дар ихтиёр доранд.

Дар шароити кунунии рушду тараккии иктисодиёти Точикистон мушкилоти фуруши амалан хар гуна мол, ки чавобгуи талаботи харидор-истеъмолкунанда мебошад, нест, чунки талабот ба ин гуна молу коло кариб хамеша мавчуд аст. Бо таваччух ба хусусиятхои иктисодиёти мо шаклхои мубтакирии (венчурии) фаъолиятхои, инноватхсиони дар он намуде, ки дар Гарб амал мекунанд, ба таври объективи амали намегарданд. Дар айни хол нодуруст мебуд, агар аз набудани шаклхои муайяни фаъолиятхои наздик ба фаъолиятхои венчури дар иктисодиёти Точикистон харф бизанем ё сохибкории венчуриро бидуни дурнамо ва ояндадор арзёби намоем. Дар иктисодиёти милли чунин навъхои фаъолиятхои иктисодиро метавон пайдо намуд, ки аввалан, бо баланд будани таваккал ва сониян, фоиданокии махсус, самарканокии баланд фарк менамоянд.

Ба чунин навъхои фаъолиятхои инноватсиони метавон кору амалхои зеринро шомил намуд;

  1. коркард ва истехсоли молу хизматхо чихати амали сохтан дар бозори чахони;
  2. таъмини воридсозии хамачонибаи навоварихо, ки марбут ба ташкили истехсол ва фуруши онхо мебошад;
  3. фаъолияти илми-техники чихати эчоди навъхои усулан навини махсулот, технологияхо ва хизматхо.

Сатхи баланди таваккал ва эхтимолият, инчунин воридоти фоиданоки арзи (асъор) дар сурати ноил шудан ба муваффаккият дар мавриди баромадан ба бозори хеле ракобатпазири чахони, бараъло хувайдо мегардад. Дар мавриди самти дуюм бошад, он бо таваккалу эхтимолияти баланд хамрох мегардад ва кабл аз хама, вазъ бинобар инертнокии махсуси технологи ва иктисодии вохидхои маъмули дар фаъолиятхои хочагидори, мушкилоти ташкили хар гуна истехсоли махсулот- навоварихо ва мушкилихои таъмини захирахои модди зохир мегардад. Ин навъи фаъолияти инноватсиони дар холати дарёфти хукуки имтиёзноки монополияи истехсол ё фуруши навовари фоидаовар аст.

Дар мавриди самти сеюм метавон тазаккур дод, ки хар гуна фаъолияти илми-техники ягон хислати таваккали ё эхтимолиро доро мебошад. Дар ин замина он чизе, ки барои эчоди коркардхои усулан  нав равона карда шудааст, ба дарачаи оли дар мавкеияти таваккали карор мегирад, чунки ба хангоми рафтору кирдори инертии хочагидори натичахои иктисоди хеле номуайян ва мушкилихо хохад буд. Дар сурати муваффакият бошад, ин натича метавонад дар шакли фоидахои баланд ва дархостхои судманд чихати тадкикотхои нав ё тачдиди (модификатсия) «кухна»-хо зохир гардад.

Махз хамин кабил самтхои фаъолияти инноватсиониро дар иктисоди милли, ки хислатхои таваккали доранд ва дар сурати комёби хеле фоиданок хастанд, метавон «венчури, мубтакири» шарх дод. Ба гайр аз ин дар шароити кунуни метавон тасдик намуд, ки хислатхои мазкури ин се навъи фаъолияти инноватсиони, махсусан, дар холати амали сохтани хадафхои худ бо рохи гайримаъмули, дар шакли нави ташкили, ба монанди ширкатхои илми-истехсоли, муассисахои хурди инноватсиони ва татбики, бонкхо ва бунёдхои инноватсиони хеле пурчило мегарданд.

Хадафхои асосии таъсиси корхонахои хурди илми-тадкикоти инхо мебошанд:

  • иштирок дар ташаккули босуботи бозори моли;
  • тезонидани амалисозии дастовардхои илми-техники;
  • мусоидат дар амри конеъсозии хар чи бештари талаботи иктисодиёт ба махсулоти саноати ва сохтмони, амвол ва хизматхо;
  • мусоидат чихати истехсоли махсулоти дар бозори чахони ракобатпазир бар заминаи танзиму ташкили зуди истехсолоти он дар хачми хурд;
  • истифодаи хар чи бештару самараноктари захирахои модди ва мехнатии махалли ва партовхои истехсолот;
  • густариш ва боло бурдани навъхои хизматхои пулакии ба корхонаву муассисахо ва ахоли пешниходшуда, бехтар намудани сифату кайфияти ин хизматрасонихо, омузиши дурнамои дархосту талабот.

Корхонахои хурди илми-техники ба истехсолоти махсулоти илми, коркарди махсулоту технологияхои нав машгул мебошанд. Аммо хусусияти хоси фаъолияти чунин корхонахои хурд дар даврони хозира дар Чумхурии Точикистон он аст, ки тамоми афзалияти онхо метавонад на ба технологияхои нав, балки ба эчоди махсулоти навоварона нигаронида шавад.

Чунин ба  назар мерасад, ки шаклхои нисбатан ба хаёт кобилиятноки сохибкории хурди инноватсиони низ марказхои минтакави    ва шахрии  мусоидат ба сохибкории хурд, «паркхои технологи», инкубаторхои минтакавии фирмахои хурди илми- тадкикотиро мансуб мегардонад, навъхои мухталифи хизматрасонихоро бо шароити имтиёзнок пешниход менамоянд.

Хамчунин метавон роххои асосии таъсису ташкили паркхои (марказхои) илми ва технологии зеринро чудо кард:

  • кормандони марказхои илми зимни кушишу талошхои худ чихати тичорати сохтани тадкикотро ба сифати сохибкор муаррифи мешаванд ва сохторхои венчуриро таъсис медиханд;
  • ширкатхои хурди илми-тадкикоти тавассути хайати кормандони илми-техникии ширкатхои бузург таъсис дода мешаванд, ки ширкати бузургро ба хотири кушодани «кори шахси» канор гузоштаанд;
  • корхонаву муассисахое, ки мехоханд аз имтиёзхои пешниходи дар чахорчубаи паркхои технологи истифода баранд, филиалхои худро бояд ба онхо интикол диханд.

Ширкатхои хурду миёна дар маркази технологи метавонанд аз як катор имтиёзхо ва бартарихо, яъне шароити имтиёзноки ичора, имконияти истифодаи тачхизоти умуми, шароити хуб барои гирифтани карз, кооператсия бо ширкатхои дигар, ки бевосита дар наздики карор доранд, кумаку ёрии илми-техники ва тахассусии идори ва гайрахо истифода намоянд.

Хар замон чунин унсури технополис ва технопарк (маркази технологи) ба монанди бизнес-инкубатор низ накши чашмрасеро бози мекунад.

Вазифаи бизнес-инкубаторхо «баровардани» сохибкорон ва расонидани кумак ба онхо дар амали сохтани коркардхои илми бо рохи саноати мебошад. Инкубаторхои тичоратиро хамчун яке аз васоилхои мусоидаткунандаи тараккиёти иктисодиёт дар сатхи махалли метавон муаррифи кард, чунки онхо ба корхонахои чадидан таъсисёфта дар давраи ибтидоии (аввали) мавчудияташон пуштибонию дастгирии самаранок мерасонанд. Онхо ба сохибкорони навкор дар давраи мушкили аввали корашон, барои бомуваффакият пеш бурдани фаъолияташон заминахои хуб эчод мекунанд. Навъхои «инкубаторхои» тичорати вобаста ба хусусиятхои махалли ва хадафхои дар пешгузошташуда метавонад хеле гуногун бошанд. Дар ин замина диккатро бештар метавонад ба истехсолот ё расонидани хизматхо равона созанд.

Тачрибаи байналмиллали нишон медихад, ки бизнес-инкубаторхо барои тахкими нерухои иктисодии макомоти   минтакавии рохбарикунанда бинобар дастгирии максаднокашон аз сохибкорони чавон ва ширкатхои дубора ташкилшуда мусоидат менамоянд. Онхо метавонанд дурнамои дар «руи об» мондани ашхосе, ки мехоханд кори худро ташкил намоянд ё сохибкорони навкорро бехтар намоянд.

Кабули сохибкорони хурду миёна ба доираи сохибкорони мустахкам сари пайи худ истода, имкон медихад, ки онхо байни худ оиди фаъолияти сохибкори табодули назар кунанд ва он ба манфиати хамаи онхо хизмат хохад кард.

Фаъолияти бизнес-инкубаторхо шомили чунин унсурхо мебошад: а) пешниходхои бинохо ва пардохти ичора;

  • ташкил намудани сохторхои чолиб ва хизматрасонихо.

Хамзамон сохтори хизматрасонихои аз таносуби чунин амалхо иборат аст:

  • миёнарави кардан дар иртибот бо хамкорони иттиходияхо ва палатахои савдо;
  • пуштибониву дастгири дар сурати халу фасли мушкилоти идори ва хукуки;
  • ба даст овардан ва пешниход кардани маълумот аз руйи масъалахои доги руз;
  • боло бурдани сатхи маълумотноки дар фаъолиятхои сохибкори;
  • интихоби сохибкор.

На хар кадом сохибкор метавонад чихати иштирок дар бизнес- инкубатор майлу таманно намояд, вай бояд собит созад, ки корхонааш имкони вокеии муваффакияти иктисодиро дорад ва махсулоти истехсол менамудаи мавод, мол ё хизмат, дар бозор ракобатпазир ва ояндадор аст.

Зарур аст, ки корхонахои интихобшуда якдигаро пурра созанд ва ба ин васила таъсири хамохангии онхо мустахкамтар мегардад. Корхонахое, ки шомили бизнес-инкубатор мебошанд, набояд ракиби якдигар бошанд. Дар инчо ширкатхои бузург корхонахои хурди инноватсиониро ба дарачаи бештар бо истифода аз шаклхои гуногуни ташкили хукуки назорат мекунанд.

«Инкубатор»-и хуб ташкилшуда ва самаранок идорашаванда кодир аст хатто дар сурати маблаггузории нисбатан хоксоронае, ки низ ба акидаи коршиносон, 50-70  ширкати нави  хурди

муътадилкоркунандаро ташкил ва таъсис дихад, яъне дар давраи 10 сол то 2000 чойи нави кори таъсис дихад.

Дар асоси тахлилхои гузаронидашуда ва хулосаи фаъолияти корхонахои хурди инноватсиони лозим ба ёдовари аст, ки рушду пешрафти сохибкории инноватсиони дар Чумхурии Точикистон бар заминаи як катор омилхо махдуд гардидааст.

Аввалин хавасманднокии аксарияти субъектхои хочагидори ба амали шудани коркардхои усулан нав, навоварихои сатхи баланди техники ва иктисоди ба назар намерасад, Натичаи он-талаботи паст ба  чунин навоварихо мебошад. Бозори махсулоти илми-техники дар кишвари мо хеле тахассусист.

Талабот ба навигарихои вокеан инкилоби, технологияхои пешрафтаи прогрессиви паст аст. Бозори чунин махсулот дар Чумхурии Точикистон кариб вучуд надорад, чунки аксарияти муассисахои саноати (махсусан давлати) омода нестанд даст ба тагйироти аслии технологияхо бизананд. Танхо ширкатхои хоричи, ба амали сохтани коркардхои балансатх манфиатдор мебошанд, ки фаъолона ба суи бозори махсулоти интеллектуали шитоб доранд.

Ба гайр аз онхо манфиатнокии худро ба чунин махсулот метавонанд ширкатхои хурди чадидан созмонёфта ва як катор корхонахои хусусишуда зохир намоянд. Аммо онхое, ки ба фаъолиятхои илми-тадкикоти амали сохтани навоварихо машгуланд, хеле каманд.

Сониян, рушду таракки наёфтани системаи маблаггузории лоихахои инноватсионии таваккали ва субъектхои он ба монанди фондхои венчури, бонкхои инноватсиони, биржахои музоядави ва гайрахо, инчунин вазъи умумии иктисодиёт, бекурбшави, фоизи баланди пул аз руйи карз, бухрони инноватсиони ин мушкилиро боз хам мушкилтар мегарданд.

Хусусан, мушкилоти марбут ба таъмини модди-техники, майдонхои истехсоли, дастгоху тачхизот, ашё ва маводи мавриди ниёз зимни ба даст овардан саъйу кушиши зиёд робитахо, амалиётхои таваккалиро такозо менамоянд.

Аз ин ру барои амали сохтани ягон навоварии бузургхачм, масалан, як технологияи нав, кушишу имконоти хар гуна корхонаву муассисаи алохида, корхонаи хурд он тараф истад, комилан нокифоя мебошад. Барои халли мусбати он як механизми хавасмандкуни лозим аст, ки зуд ва саривакт харидориву пайдо намудани микдори зарурии захирахои модди ва навъхои онхоро таъмин намояд.

Ва дар охир, ракобати суст дар бозори дохилии махсулоти илми-техники. Мухакик, хар амалеро, ки анчом надихад, дар хар сурат дар макоми сохибхукук (монополист) карор мегирад, ё хеч набошад, ракобати тезу тундро эхсос намекунад. Чунин ракобатро танхо дар бозори махсулоти барномасозихо метавон мушохида намуд, ки он марбут ба талабот нисбатан бештар ба ин махсулот ва набудани мушкилот дар нусхабардориву интишор ва густариши он мебошад.

Дар робита ба мушкилоти зиёди рушду тараккии сохибкории хурди инноватсиони зарур аст, сиёсати махсуси пуштибони ва дастгирии бахши мазкур пеш бурда шавад.

Аз назари менечменти инноватсиони, сиёсати бошууронаи давлатии тахассусии (сохави) пуштибониву дастгирии сохибкории хурди инноватсиони бояд мачмуи тадбирхои ташкили, молияви, модди, ичтимои-иктисоди, хукукии танзими сохибкории хурду миёнаро, ки аз доираи консепсияи ягонаи зарурати чамъияти дар амри рушду пешрафти сохибкории инноватсиони дар иктисодиёт дар мачмуъ ва барои хар минтака бармеоянд, дар бар гирад. Ин тадбирхо бояд андозбандии имтиёзи, такмили механизми ташкили ва хукуки, густариши хукукхои созмону ташкилотхои карзи ва гайраро дар сохаи маблаггузори, инчунин соддаву шаффоф намудани амалиётхои карздихи, расонидани хизматхои иттилооти-машваратдихи ва таъсиси сохторхои мутаносибро таъмин намоянд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222