Главная / Гуногун / Давраи кудакии Абуали ибни Сино

Давраи кудакии Абуали ибни Сино

Кулли осори тарбиявй-ахлокии он давра таълим медоданд, ки «агар Худой туро писаре дихад, аввал номи хуш бар вай нех, ки аз чумлаи хакхои падарон яке ин аст».

Ба Абдуллохи чавон номи Хусайн хушоянд буд. Барои хамсари у Ситорабону хам хамин ном писанд буд. Ва онхо бармахал сари карор омада буданд, ки писари нахустинашонро Хусайн ном медиханд.

image031Барояш куния-унвони эхтиромй хам бахшиданашон аз имкон дур нест, зеро дар хонадонхои начиб хамин гуна анъанае чорй буд. «Писараки ман, албатта, сохиби писар хохад шуд! – механдид Абдуллох,. – Биг- зор Хусайнчони ман аз ин бобат гам нахурад. Ман ал- лакай номи писари ояндаи уро Алй мондаам». Вале дар худ андешид: «Ха, албатта, ба шарафи халифаи хак Алй». Кунияти писар Абуалй мешавад, ки маънояш па- дари Алист. Сипас худи «исм» – номи Хусайн меояд, баъди он, хамрохи калимаи нисбати арабии «ибн» (яъне

Хазораи Ибни Сино мувофики солшумории мусулмонй (чрй) тачлил ёфта буд. Мутобики солшумории масехй (мелодй) хазораи Ибни Сино соли 1980 фаро расид.

Акнун навзоди гирёнрую бебок ва мазхари шодмонии оиларо ба тартиби зерин ном мегирифтанд: падари Али, Хусайни писари Абдуллох,, Абдуллохи писари Хасан (номи бобои Хусайн), Хасани писари Али, Алии писари Сино.

Абдуллохи чавон аз шоди дар курта намегунчид. Рузе дах бор харамсаройи занонаро, ки дар он чо хамсари хушбахташ Ситора хуфтухез мекард ва дар хамон чой аввалин маротиба Хусайни чак нишонахои оламро дида буд, аз сару бар кадам мезад.

Вале Абдуллох аз кучо медонист, ки дар номгузори ба нияташ намерасад, яъне Хусайн сохиби писар намешавад. Сохиби оила хам намегардад. Як умр хамрохи корвониён аз шахре ба шахре, аз каламраве ба каламраве сарсону саргардон мегардад.

Тафсилоташ сонитар. Алхол Абдуллохи масрур аз табассум гул мекунад.

Ин вокеа мохи сентябри соли нухсаду хаштод рух дода буд.

Хусайни чак дар арафаи иди басо муаззами Мехргон таваллуд ёфт. Ин иди бостони тирамох,, айёми муттасил сустшавии гармсели хушки чанголуд фаро расид. Хама барои якдигар иди мебурданд, дарбориёну лашкариён пушоки зимистона мегирифтанд. Дар ин рузи саид одамон колинхои кухнаю чиркин, намаду гилем, хама гуна чизу чораи фартуту фасурдаро бароварда мепартофтанд. Сарулибоси наву озода, зебову шинам ва бармахал харидаву дар сандувдо эхтиёткардаашонро мепушиданд.

«Чи хеле ки олами атроф саросар дигаргуна мешавад, рузгори ман хам рангу оханги тоза гирифт, – андеша меронд Абдуллох,. – Факат касе марди боли, инсони комил хисоб меёбад, ки дар олам сохиби писар шуда бошад. Ана, акнун хаёти нави ман ооз меёбад».

Бисёр чизхоро ба хотир гирифтани кудак, алалхусус, агар аллакай гапзаниву фикркуниро омухта бошад, инсонро дар хайрат мегузорад. Дар харами занон аз манзилгохи модараш накхати мушку абир ба димош мерасид. Вале дар сарои мардон, хар гох ки падараш аз сафархо баргашта писарро гарм ба огуш кашида, пайихам бусобусаш менамуд, буйи чарму таффи аспи аракшор дами нафасашро мегирифт.

Агар шамолаки нарм аз миёни буттахои чуде, ки дар руйи хавли рустаанд, вазида ба хона дарояд, монанди буйи хуши рангу равгани аз Бухоро барои модараш меовардаи падар ширину гуворо ба димог мерасид.

Падараш тез-тез аз пайи коре ба сафар мебарояд. Вай одами шухи нест. Дехаи Рометанро хукмронй мекунад. Ин деха аз калонтарин дехоти Бухорост. Падар хануз чавон аст ва дар ин синну сол хукумати чунин дехаеро ба кам андар ками одамон бовар мекунанд.

…Рузе Абдуллох аз миёни дехаи хурдакаки Афшана мегузашт. Афшана дар карибии Рометан вокеъ гардида буд. Гирду атрофашро заминхои хушку ташналабе, ки вакфи толибилмони мадрасахо буданд, ихота менамуданд. Агар масчиди чомеи «мукаддасе», ки онро замоне сарлашкари истилогарони араб Кутайба сохтааст, садди рох намешуд, несту нопадид гардидани Афшана хам аз эхтимол дур набуд.

Хар дехаи калон умеди масчиди чомеъро дошт, зеро масчид дошта бошад, он дехаро шахр номидан мумкин буд. Аммо камтар дехаеро рухсати бинои масчид насиб мегардид. Аз ин чихат толеи Афшана хандида буд. Хатто аз худи Бухоро ба Афшана намозгузорй меомаданд.

Хангоми аз Афшана гузаштан Абдуллох барои анчоми зарурати нокиройие аз асп фуруд омад. Ногахон овози духтаре ба гушаш расид. Дафъаи аввал у ба чуз овоз чизи дигареро нашунид. Аммо баъди каме 16 дуртар рафтан гуфтахои духтаракро дар лавхи хотир зинда гардонда, ба хайрат афтод, ки чи кадар окилонаву бомаъни гуфта шудаанд.

Кори мухимме надошта бошад хам, Абдуллох рузи дигар боз аз мобайни деха асп ронд. Дар хамон чойи дируза пой аз рикоб баровард, аммо садои духтаракро нашунид. «Мумкин у духтар не, модар ё хамсар ва ё, бадтар аз ин, канизи касе бошад. Гайр аз ин, барои одаме мисли ман мансабдор гирдогирди хавлии бегона тор танида гаштан аз руйи одоб нест», – андешид Абдуллох ва ба аспаш савор шуд.

Агар баногох рост аз худи хамон хавли точири чавони шинос Райхон берун намеомад, шояд у бо хамин равиш бебозгашт мерафт ва, мумкин аст, абади садову сухани духтарро фаромуш мекард. Ин точир чандон сарватманд набошад   хам,  одами  басо маърифатандухтае буд.

-Ассалому алайкум! – шодмони зохир намуд Райхон. – Боиси фарахмандист, ки Худованди карим имруз маро ба дидоратон мушарраф гардонд. Шумо бароям хеле зарур будед.

Райхон Абдуллохро ба хона даъват намуд. Райхон мучаррад буду ин холро Абдуллох хуб медонист.

Гуломбача лачоми савориро гирифта саисхона бурд. Абдуллох ба хонаи Райхон даромад.

Каниззан дастурхони нуклу наво густард. у пойхояшро бошарфа мегузошт, овозаш хам кампирона буд.

Суханони Райхон аз гуши Абдуллох зада мегузаштанд, зеро ба садохои гуногуни дигаре бодиккат гуш медод. Ана, чарангоси сатил баромад. Ана, кими кох-кох зада хандид. Ха-ха, ана, инаш хамон овози шинос! Боз, ана, хамон духтарак ким-чихо гуфт; ана, боз таронаеро замзама намуд, боз хандид, аз нав замзамаро сар кард. Уху! Ин шеъри Рудакист, ки Абдуллох бештар аз хамаи шоирони дигар дусташ медошту осорашро мехонд.

-Хаёли шуморо гуфтугузори хохари ман парешон карда истодааст, – гуфта Райхон аз чо бархост.- Ман хозир рафта мегуям, ки дами нафасашро гирад.

Не, не, даркор нест, илтимос! Ман аз тахти дил гуш карда истодаам!

Райхон бо Абдуллох дар хар бора маслихат мекард, аз у, хамчун аз марди тачрибадоре, донистан мехост, ки имсол нарху наво баланд мехезад ё не, хосил чи хел мешавад…

-Хооари ман, Ситора, – дар омади гап хайрухушкунон изхор намуд Райхон, – ба синни балогат расида, вакти шавхарбароиаш хам омадааст. Фурсати ба кору бори вай диккате додан хам намондааст, акнун барояш ягон номзади муносибе пайдо кардан лозим. Ба хар хол, фарзанди хонадони начиб, тарбияи хуб гирифтааст. Гайр аз ин, пинхони ба шумо мегуям, бисёр хушрую халим аст, таърифи донишу фазилаташро пиру барнои деха лахзае аз забон намегузоранд. Факат аз хад зиёд шармгин аст. Мабодо, агар мефахмид, ки Шумо, мехмони азиз, овозашро шунидаед, гурезон ба хонаи худ даромада, то шом аз он чой намебаромад. Сад афсус, ки падарамон даргузаштанд. Ман, худатон медонед, аз хад зиёд серкорам!

…Баъди мохе чанд Ситора хамсари Абдуллох гардид. Абдуллох дар Афшана хавлие хам харид ва писари нахустини у, нури чашмони падар Хусайни чак ана дар хамин чой ба дунё омад! Ана, писарчаи дуструяк ру-руйи гилем дилгеч меравад, ба гуфтахои калонсолон гуш медихад ва хамаро дар хотир мегирад! Калонсолон танхо дар тааччуб меафтанд ва номи Худоро ба забон меоранд. Онхо ёд надоранд, ки кудаке рохгардиро наомухта, гап зада тавониста бошад. Боз чунон окилона, ки хар чавони болиг ибрат гирифта метавонад!

Бачагони хурдсол, одатан, дар ибтидо гап зада наметавонанд. Маънои бисёр калимахоро фахманд хам, аз увдаи талаффузашон намебароянд.

Аммо Хусайни хурдсол бачаяки хеле кунчков буд. Сарбардориро ёд гирифтан замон онро ба хар тараф алвонч дода, хар чизеро аз назари диккат мегузаронд. Баъдтар у дарк намуд, ки мардум барои хар чизе як ном ниходаанд. Агар дар хузураш «гуш» гуянд, гушашро мекашид. «Девор» гуянд, бо кафи дастонаш деворро тап-тап мезад. Рузе бозичаи сафолиеро ба дасташ гирифта, ногахон афтонд. Албатта, бозича шикаст. Ана, баъди хамин ходиса Хусайн аввалин дафъа ба забон омада пурсид:

  • Барои чи?

Вай аз хад зиёд ба хайрат афтод: бозичае, ки навакак бутуну сихат ва бо накшу нигорхо музайян буд, афтода дар як они вохид ба сафолпорахо мубаддал гардид.

Аз хамон дам ин саволро дар як руз чандин маротиба такрор мекард.

Дар хонадони хамсоя хам Умар ном писарак ба камол мерасид.

Умарро тез-тез ба хонаи Хусайнино меоварданд. Умар дастакони сергушташро тарафи хар чизи пешомада дароз карда фарёд мебаровард:

  • Дех! Дех! Дех!

Вале Хусайн аз ин дар хайрат меафтод:

  • Барои чи?
  • Писаратон марди хочагидону увдабаро мешавад! – мегуфт Ситора, модари Хусайн.- Аз соли хурди аллакай ба хама чиз иштиёк зохир мекунад.

«Вале писари шумоён ким-чи хел гулу гаранг барин, – аз дил мегузаронд модари Умар. – Хеч балоро намефахмад! Буду шуд «чаро?» ва «барои чи?»-ро медонаду бас».

Аз саргузашти Хусайн вокеае ривоят мекунанд, ки то рухдоди он аз тамоми гуфтанихо «Барои чи?!»-ро гуфта метавонисту бас.

Канизак ангуштари тиллоеро ба Хусайн нишон доду нохост онро ба чуволи орд афтонд. Ва дар хамин асно диккаи уро ба тарафи дигаре кашида, ким-кучо даъваташ карданд, дар натича ангуштар аз хотираш баромад. Баъд он чуволро то гулу пури орд карда, аз хона ба анбор кашиданд. Хамаи ин манзараро Хусайни кучак дида буд.

Рузи дигар ангуштари гаронбахо ба хотири модараш расид, хеле кофт, аммо дар чояш пайдо накард. Фавран аз канизак шубха бурд: «Онро факат ту дуздида метавонисти, зеро дар хона гайри ту каси бегонае набуд!». Канизак ашк мерехт. Аммо ба зориву илтичояш бовар накарда, аз даргошон ронданд.

Хусайн дастаку почак зада, бо тамоми овоз гиря cap дод. Касе сабаби нохушии табъи вайро намедонист. Ду рузи тамом ш кард.

Баъди муддати кутохе дар гапзани чунон устокор шуд, ки суханонашро калонсолон хам бемалол мефахмиданд. То хозир у факат овозхои якхеларо чандин руз пайихам такрор мекард, аммо чи маъни доштани онхоро касе намедонист. Холо нахустин алфози у дар бораи канизак, баъдтар ангуштари, сипас беадолати буданд.

Калонсолон аз ин харфхо дар хайрат афтода, чуволро оварда кушоданд ва ордашро таконданд. Ангуштариро пайдо карда, хакконияи гуфтахои

Хусайни кучакро эътироф намуданд.

Канизакро хам ёфта маъзарат хостанд, тухфахо бахшиданд, аммо барнагашт ва тамоми умр ин вокеаи хаёти Хусайни хурдакаки хайратоварро аз забон намепартофт.

Рубоиёти фарахбахшу гамангез ва нешдору нушофарини Одамушшуаро Рудакиро ки намедонад?! Дили хар касеро газалу касидахои гановатбори у мусаххар накарда бошад, он кас коно, ходаи хушк аст ва барои чунин ашхос дар миёни мардум чой нест!

Мегуянд, у як миллиону сесад хазор байт офаридааст. Аммо хаминаш маълум аст, ки на хар одам дар тули умри худ то хазор шумурда метавонад. Ва барои аксарияти одамон аз дами таваллуд то вафоташон бист хазор руз кифоят мекунад. Агар ракамхоро хисобу китоб кунем, ана хамин хел мешавад!

Дар зодгохи Рудакй кухе комат афрохтааст, ки доманаашро богу бустонхо шероза гирифтаанд. Онро «Ки Булбулон» меноманд. Рудакй бисёр вакт он чой рафта, аз булбулону чашмасору чангалистонаш дарси навою но меомухт ва ба суруди онхо чур мешуд…

Окибат у ба Бухоро, ба дарбори амир хонда ва аз дехаи хурди кухистонаш чудо шуд. Сурудахои у сурудахои замин, таронахои одамоне буданд, ки заминро шодоб менамуданд. Вай, хатто, тахаллуси шоирии худро хам аз номи зодгош, аз номи дехае, ки як андар хазори савдогарон онро медонисту бас, интихоб намуд. Дар дарбори амир Рудакй шухрату обру ва молу мулки зиёдеро сохиб гардид.

Вале бинои саодати Рудакй нопойдор буд. Хазордастон метавонад аз гулистони худ фаромуш кунад ва дар кафаси тиллокорй нагма сарояд. Аммо шоири хакикй халку диёри худро фаромуш карда наметавонад. Аз ин ру, вакте ки дар Бухоро мардуми башуромада ба мухофизати дину адолат бархостанд ва хангоме ки тахти зарбаи шамшерхо сари онон аз танашон чудо меафтод, ба чонибдории халк намебаромад, Рудакй хам монанди хамон булбули содалавхи кафаси тилло мебуд…

Сухансарои бузурги аз дарбор рондашуда куру пиру гадо ба зодгош баргашт. Аммо халк мисли пешин аз дидори шоири худ муфаррах буд.

Дар хонаи Абдуллох хам такрибан аз хамин хусус сухбат мерафт. Шабонгохон буд, дар хона шамъ месухт. Ри гилеми колин Абдуллох,, Райхон ва амаки Райхон нишаста буданд.

Амак аз Бухоро барои дидорбинии бародарзодагонаш омада буд. Инчунин, баъзе корхои дигар хам дошт. Хамагй бори дувумаш медида бошад хам, ситораи Абдуллох уро маъкул афтода буд, зеро Абдуллох, хам сохибмаърифат ва хам дар муносибат бо калонсолон хеле боадаб буд. Дар хузури Абдуллох Хусайни хурдсол чой гирифта буд. Ором нишаста, ба сухбати калонсолон бодиккат гуш медод.

Мегуянд, ки ин тифлаки маъсум калимахои пурра- пурраеро ба забон меорад. Аммо кудаке, ки дар шохрохи зиндагй танхо чанд кадами ботарсу ларз ниходааст, чй хам гуфта метавонад?!

Аммо чун ногахон ин кудак ба забони шеър, шеъри хакики, сухангиро сар кард, хайрату тааччуби амаки Райхон аз хадду канор берун омад.

Амаки Райхон аз хусуси ким-кадом ошнояш харф зада, дар омади гап аз Рудакй санад овардан хост.

  • «Хар кй н-омухт аз гузашти рузгор», – гуфту ногахон мисраи дувумиро фаромуш кард. То хол онро медонист, аммо дар ин чо якбора аз хотираш баромад. у хатто аз бетокатй панчахои дасташро карсосзанон ба хам метофт.

Хамон дам Хусайни хурдсол идома дод:

  • «Хеч н-омузад зи хеч омузгор»!

– Ахсан, ахсан, худи хамон мисраи Рудакии бузург аст! – гуфт амаки Райхон ва моту мабхут тарафи писарак нигариста истод.

Тамоми шаб амаки Райхонро хоб набурд. Аз пахлу ба пахлу мегашт, дар гирдоби хайрату тааччуб банд мешуд, хамёза мекашид, аммо фикру ёди тифле, ки додарзодааш Ситора таваллуд кардааст, аз сараш лаха дур намерафт.

Баъди чанде Хусайн сохиби додарак шуд. Майдаяк бисёр кам нозунуз мекард, кам мегирист,
хандиданро бармахал ооз намуд. Нишастану дилгеч рафтану рох гаштанро хам ёд гирифт.

-Писараки шудани,- таъриф мекарданд хамсояхо.

Вале падар умедхои бештареро дар дил мепарварид. у дар ин бора ба касе, албатта, харфе намегуфт, аммо мунтазири чомаи амал пушидани ниятхояш буд. «Кош, Худованди карим писари дувумамро хам мисли Хусайн хайратовар меофарид» таманно менамуд у.

Хусайни хурдакакро падараш хамрох ба Рометан овард.

Дахахои нахустини шахревармох буд, таффи гармо торафт пасттар мешуд, аммо заминхои атроф хушку холи буданд. Гози мизон аз замин ба хаво мепечид.

Хусайн хамрохи падар аспсавор буду падараш уро муттако мешуд. Инак, бори якумин, Хусайни хурдсол аз дехаашон Афшана, ки дар хамин чо таваллуд ёфтаву шаш соли расо нашъунамо дидааст, берун мебаромад.

– Ин замини шурбахт, писарам, – мегуфт Абдуллох ба писари кучакаш. – Замини бесамар. Агар ба ин чой об баровардаву тамоми китъахояш обшор карда шавад, аз биёбон ба гулистон мубаддал мегардад. Вале холо ки гами ин замини бечораву кашшокро мехурад?! Ба чойи амирамон Нух ибни Мансур алхол модарашу вазир хукумат меронанд.- Барои эхтиёт Абдуллох, як пасу пешро аз назар гузаронид.- Вале касе парво намекунад, ки замин кашшоку бенаво бошад, одамон хам гадову бебизоат мешаванд. Ва одамон бебаргу бенаво гарданд, асоси давлат хам хароб хохад шуд.

Онхо масофаи тулониеро тай намуданд. Сари рох,, баъзан, аробаву саворае вомехурд. Дар сахро мардони чандапуш каланд мезаданд, девдонони чомадаридаи пешбаромада аз дур Абдуллохро дида сари таъзим фуруд меоварданд.

– Хозир ту дигар хел заминхоро мебинй! Нигар, киштзорони ин чо хамвортар, хо-о онсутар богу рог! Ин Рометани ман! Ба он чуйи калони об оварда шудааст!

Минбаъда хар одами пешомада хамрохи падари Хусайн бо иззату эхтиром вохурдй мекард.

Баъди чанде онон вориди Рометан шуданд.

-Ии дехаи аз хама кадимист. – шарху тавзех, медод падари Хусайн. – Бехуда онро «Бухорои Кадим» наменоманд. Бунёдашро худи шохи афсонавй Афросиёб ниходааст. Хануз чахорсад сол мукаддам, муддати мадиде пештар аз пайдошавии истилогарони Кутайба дар турми дарвозахои Бухоро, хукуматдорони шахр омада зимистонро фориг аз молу малол дар хамин чой мегузаронданд.

Харду сухбаткунон ба сохили чуйбор расиданд. Падар аз асп фуромада, писарашро хам фуруд овард.

Миёни ду сохил оби лойолуди тирае босуръат чорй буд. Аз он насими фораме бармеомад.

– Харобазори он тарафи сохилро намебинй?! Он хам бокимондаи дехаи кадими Ромуш аст. Онро душмани Афросиёб бино карда, дар марказаш ибодатхонаи оташпарастон сохтааст. То хол соле як маротиба мугиён рузи иди худ дар он чамъ меоянд.

Хамин дам марди чандалибосе расида, дар хузури онхо карор гирифт, ки аммомаи обшустае гирди cap печонда буд. Хичолатмандона дар чояш истода, чанд бор кушиши гапзанй намуд, аммо харфе аз дахонаш берун оварда натавонист.

-Агар чизе гуфтанй бошед, бочуръаттар фармоед, – чониби вай табассуме кард Абдуллох,.

-Чуръати буридани риштаи сухбати падару писарро надорам,- гуфт мардак. – Дархости ман пеши шумо пули пуччаке арзиш надорад, аммо ба назари худам кухи гаронест…

-Бигуед, чй дархост доред? – пурсид Абдуллох.

-Аз шумо хохишу илтичо дорам, ки… – мардак аз нав хомуш шуд. – Аз шумо хохишу илтичо дорам, ки маро аз бочу хирочи хаминсола озод кунед…

-Сабабаш дар чист? Магар дурудароз бемор шудед? Ё киштатон аз замин нарид? Ва ё мазраъаатонро сипохиён поймол намуданд?

Мардак бо аломати инкор сар чунбонд.

-Ман асар менависам. Асари манзуме дар ситойиши корномахои ачдодамон. Барои пешниходи дарбор намудан факат китобату нусхабардорияш бокй мондаасту бас.

-Магар номи шумо Фирдавсист?

-Не, – бо тааччуб чавоб дод он мард. – Ман Хасан ибни Асирам. Вале, илтимос, бигуед, он марди мухтарами ба ном Фирдавсй кист?

-Фирдавсй шоирест, ки бист сол инчониб монанди шумо китобе таълиф менамояд. Ва уро, мувофики шунидам, аз тамоми андозхо озод кардаанд, зеро субху шом ба навиштани хамон асар машгулй дорад. Хуб, майлаш, бехавотир ба хонаатон баргардед. Шуморо аз андози имсола озод мекунам.

-Ман одами камбагалам, танхо ба василаи касидае шуморо ташаккуру тахсин гуфта метавонам. Хатман дар ситойишу миннатдории шумо касидае хохам навишт…

-Ташаккур, хочат надорад, – хандид Абдуллох,. – Бехтараш, дар мадхи амир ё вазирамон касидае сароед.

Хамон лахза ба кароргохи онон саворае тозон расида омаду лачоми аспашро кашид. у Райхон буд.

– Абдуллох,, барои пайдо карданатон хама чоро кофтам! – арза дошт у ва ба тарафи шоир нигарист.

Шоир алалфавр ру чониби дигар тофта, рошро пеш гирифт.

-Шуморо таъчилй ба Бухоро мехонанд. Ду нафар савора дар назди хавлиатон мунтазири шумоянд. Амир вазирашро иваз намуд. Вазири нав акнун хамаи тарафдорони вазири собик Утбиро рондану парешон кардан мехохад. Аз ин сабаб, пинхони омадам, ки шуморо аз хакикати хол вокиф созам. Шояд дар ягон чой пинхон шуданатон лозим бошад? Мабодо ба зиндон андозанд, холатон чи мешавад? Ман андаке пул хам овардам… Ахли байтатонро худам нигахбони мекунам…

-Ддарор нест, – гуфт Абдуллоху зуд Хусайнро ба асп савор кард. – Ман одами рост, аз андозхо дирхамеро хам аз худ накардаам. Барои ман гурезу фирор шармандаги ва берун аз доираи акл аст! Худам танхо ба Бухоро меравам, писарамро ту ба хона бирасон! Ситораро таскин дех,, бигу, ки ман зуд бармегардам.

-Ба сипохиёне, ки дар назди хавли мунтазири шумо хастанд, чи гуям?

-Бигзор ба Бухоро баргарданд. Ман пештар аз онхо хозир мешавам.

Онон хамрох аз          чахои Рометан мегузаштанд.

Абдуллох ба таъзими одамони вохурда ботамкин чавоб медод.

Аз дарвозаи Рометан ду рох чудо мешуд: яке, хамвору фарох, – тарафи Бухоро, дигаре, бориктар, – чониби Афшана.

Абдуллох сари Хусайни           чакро силакунон ба

аспи Райхон шинонду худ рохи хамворро пеш гирифт.

Хусайн шаби дароз оханги кадамзании модарашро мешунид. Модари бечора тамоми шаб мижа тах, наменамуд. Додаракаш Махмуд хам пайваста ш мекард.

Субвдам Райхон омад.

– Пайдо нашуд? – пурсид у бо тахлука.

– Не, – гуфт модар, охи вазнине кашида.

-Ман уро огох карда будам. Сахт огох карда будам. Як рузи дигар интизор мешаваму сони ба

Бухоро рафта, хакикати масъаларо аз одамони боваринок фахмида мегирам.

Вале хочати Бухорорави намонд. Худи падари

Хусайн баргашта омад.

– Хайр, вазири нав чи тур? Ман гуфта будам-ку, дар назари Худованди карим пок хастед, гунохе надоред, ки боиси мазаммату маломататон гардад, – пешдастй намуд Райхон. – Бисьёр хушнудам, ки хамаи корхо ба неки анчомиданд.

Падари Хусайн тавдорона хандид:

– Ман имшаб дар хонаи дустони бухорои хуфта будам. Анкариби онхо хавлие фурухта мешудааст. Сахари ман онро дида баромадам. Хавлии бисёр хуб. Чош хам мувофик… Ба фикрам, онро харидан даркор…

– Вазир чи, вазир? Вазири навро дидед ё не? – бесаброна савол медод Райхон.

– Дар такутози аз даст надодани мансаб… – Худатон чи? Шуморо ба холи худ гузошт?

– Охир, худат гуфти, ки ман одами пок хастам, гунохе надорам, ки сабабгори мазаммату маломатам гардад, – захрханда кард Абдуллох,. – Дар ин бобат вазир хамфикри ту баромад.

Аробахо такаро тукур аз рохи сербару хамвор убур доранд. Начандон дуртар аз он рохи дигар, рохи сербару хамвортаре мегузарад, ки Рохи Мир ном дошта, Самарканду Бухороро ба хам мепайвандад.

Вале хамин рохи рафтаистодаи онхо хам ачибу тамошобоб аст. Ана, дастаи саворахо рубару баромаданд, аробакаш, канора бигир! Корвони шутурон аз дур ёзида омада истодааст. Як, ду, се… дах,. Ковахои пурборашонро чунбонида орому бешитоб рах мепуянд. Корвонро саворае чанд нигахбони мекунанд. Ана, боз чахор аробаи дигар аз пеш такаро- тукур омада истодаанд; факат андаке охистатар меоянд, зеро ба онхо барзаговхои харобу логареро чуфт кардаанд. Дар аробахо чанд одами ношиносу ду бача – як писараку як духтарак нишастаанд. Онхо, асбобу анчом ва лавозимоти рузгор – колй, парда, хамчунин, зарфхои нукрагй мекашонанд. Бори аробаи дигар – сандуки либосворй ва мизу курсй. Бо вучуди ин, рох васеъ буд, андар он на танхо ду, балки се ароба хам аз пахлуи якдигар гузашта метавонистанд.

Ду тарафи рохро, аз чапу рост, киштзорон ихота карда буданд. Шамолаки нарме вазида, хушахои пурбори гандумро ба хамдигар омезишу молиш медод. Вазиши бод иклими зироатро ба бахри пурамвоче мубаддал гардонда буд. Мургаке дар огуши нопайдоканори само бахузур шино мекунад. Хануз вакти аз деха баромадан дар болои сархо чарх мезад, холо хам дар осмон шиноварй дорад. Ин хамон мургак бошад ё мургаке дигар…

Хамрохи хонаводаи худ Абдуллох ба Бухоро рафта истодааст. Аз ин хам хеле пештар чидан лозим буд. Бухоро чй кадар одамони сохибмаърифате дорад! Хам навкару хам дабир, хам олиму хам файласуф, хам меъмору хам наччор! Масчиду мадрасахои музайяну мунаккашашро намегуед?! Бооти    бихиштосойи

Мулиёнро чй?!

Умуман, Абдуллохе, ки хокими яке аз дехоти калонтарини Бухорост, гирифтори чазбманди зиндагонй дар пойтахти кишвар гашта буд.

Беихтиёр рамаи калони гусфандон аз сари рох зада гузашт. Аробаву дехконони пиёдарав аз гардиш бозистоданд. Махмуди чакро хоб даррабуд. Се нафар савораи телпаки карокули гушагардонпуш хам омада бозистоданд.

– Бибин, писарам, ин одамон аз рохи дур, аз Хоразм омадаанд. Факат хоразмиён ин хел телпакхои болобаланд мепушанд.

Гусфандон гузаштанд. Акнун рохро идома додан мумкин.

  • Ана, дарвозахои Бухоро хам намудор шуданд, – ишора мекунад Абдуллох,. – Инаш Дарвозаи Рометан. Хозир хакки гузар дода, вориди шахр мешавем. Сони дар хонаи наву бархаво шомона хурда, бофароа истирохат мекунем.

Афшана чунон дехаи хурдакаке буд, ки Хусайни хурдсол озодона аз каду бараш кадам зада метавонист. Аммо дар кучо хотима ёфтани Бухороро намедонист. Як           ча дувумашро, дувуми савумашро бурида

мегузашт. Масчиду мадориси мунаккаш, касру кушкхои лаби хавзу чуйбор, боои сердолударахт, бозорхои серодам хусну назокати шахрро меафзуданд.

Рузе падараш Хусайнро хамрохи худ ба сайру тамошои Бухоро баровард.

Дар миёначойи шахр, болои теппае, арки калъабандй комат афрохта буд. Аркро гуломони силавдор посбони мекарданд. Дар ин касри мухташам амиру ахли хонаводаи у икомат доштанд.

  • Хар каси назаркардаи амир хушбахту бадавлат мешавад. Аммо ба арк одамони хоса рухсати вуруд доранд, – изхор менамуд падар.

Начандон дуртар аз арк, дар майдони хамворе, дах иморати сарбафалаккашида комат афрохтаанд. Дар онхо вазорат – девондори чой дода шудааст. Падар якеи девонхоро, ки дар он адои хидмат менамуд, ба Хусайн нишон дод. Ба тамоми девонхо вазир – мушовири асосии амир рохбари мекард. Дар хар девоне девондорони алохида хидмат ба чой меоварданд. Ва хар девоне сохибдевони худро дошт.

Хусайн сохибдевони падарашро дид. Падараш бо вай эхтиромдорона гап зада, чанд маротиб сари таъзим хам фуруд овард. Аммо сохибдевон ба сабаби номаълуме нигошро тарафи дигаре медухт. Охир, падараш хам одами муътабар-ку, дар Рометан уро ба чй дарачахое, ки хурмату эхтиром наменамуданд!

Боз дид, ки марди сарулибоси ашрофонапуше дар ихотаи гуломони чангй тирвор чахида ба арк даромад. Хама барои вай аз дур рох мекушоданд.

  • Шояд ин сарлашкари машхур, – оромона гуфт падар, – Симчурй, ё мумкин аст, Сабуктегин ва ё сарлашкари дигар, Фоик, бошад. Баъди амир инхо шахсони аз хама бонуфузанд. Онхо хатто аз вазир наметарсанд. Худи амир хам аксаран бо маслихати онон амал мекунад…

Кучахои Бухоро васеъ, аз онхо ду ароба ба осонй гузашта метавонад.

Бозорхояш хамто надоранд! Дар миёни хама дукону растахо, гавгою савдохо, дар байни маркабу шутурони пурбор, барзаговони аробакаш, дар мобайни савдогарони хоболуда сару савдои худро аз даст додан, рахгум задан аз имкон дур намебошад. Аз ин сабаб, Хусайн дасти падарашро махкамтар дошт.

Баъд аз он работи хунармандон ооз меёбад. Гузаргоххои работ тангу тор, кулбахояш назарногир. Дар як работ бофандагон, дар дигараш хайётон, дар савумй камонгарон истикомат ва мехнат мекунанд. Работи охангарон, работи заргарон, работи нассохон хам хаст! Хама чо тангу бадбуй! Танхо аз работи халвогарон би хуше ба димог мерасид. Работхо тавассути девор аз хам чудо карда шудаанд. Агар кухнадуз бошй, шабона пеши нассохи китобхо даромада наметавонй, зеро сари шаб дарвозахоро мебанданд, посбон давр зада мегардад.

Лекин, албатта, мавзеи бехтарини Бухоро Чии Мулиён аст. Чии Мулиён Боги Ирамест, ки саросарашро нагмаи хазордастону хироми товусон ичора гирифтаанд. Чии Мулиён ошёни ашрофон аст. Туфайли чуйборони саршор онро хеч вакте гармо фаро намегирад. Хавлии Абдуллох хам аз Чии Мулиён он кадар дур нест. Онхо хам чуйбор доранд.

Масчиди зеботарини Бухоро дар Хиёбони Регистон, дар маркази шахр вокеъ гардидааст. Дар кошинкорихои луобиву нилуфарии масчид Офтоби оламтоб аксандози мекунад. Ин олихаи санъатро вазири собик Утби бунёд намудааст.

Маъмураи зебои дигаре хам хаст, ки басо мавзуну мучалло буда, гуиё хунармандон онро на аз хишти пухта сохта, балки аз риштаи абрешим турбофй кардаанд. Он бино макбараи Исмоили Сомонй – нахустамири Мовароуннахр аст. Хамаи умарои хозира набераву аберагони уянд. Ва тамоми онхо хотираи чаддашонро ба некй пос медоранд.

Сонй падар аз дукондоре бодомкулча гирифт, зеро Хусайн ин гуна кулчахоро бисёр нагз мебинад.

Хамин тавр, онхо тавассути рохи сангфарш ба хона баргаштанд. Мегуянд, ки дар ягон шахри дигари дунё чаи сангфарш нест; аз рохи сангфарш рафтуо намудан танхо насиби мардуми Бухоро гардидаасту бас!

Хамин ки офтоб гунбади манорахоро нурафшонй кард, хамон лахза муаззин барои даъвати мусулмонон бахри адои намоз азон мегуяд.

Муаззин бояд, албатта, сохиби овози ширадоре бошад. Аввалин муаззини дунё – Билоли Хабаша гуломи озодкардаи худи Паямбар буд. Дар бораи овози у то хозир афсонахо мебофанд.

Пирамард Убайд муаззин нест. у хатиб аст. Барои муаззин сифату фазилати зиёде лозим нест, уро факат овози хубу чарангосие, ки аз масофати дур мусулмонон азонашро фахмида тавонанд, кифоят мекунад. Аммо хатиб бояд сохиби махорати кироату дорои хираду маърифати бехад бошад, зеро амали мухимтареро анчом медихад.

Баъди азони муаззин, пас аз чамъомади мусулмонон дар масчид, хатиб сари мехроб мебарояд.

Дар дасти у вараки оёту хадис. Хатиб хутба мехонад. Зимни хутба хатиб, албатта, Худованди рахмону рахимро хамду ситоиш мекунад. Сипас сояи Илохи дар замин – халифаи Багдодро хамду сано мегуяд. Баъди он мукарраби халифа ва, ба хамин васила, мукарраби Илохи – худи амирро.

Тамоми муслимини руйи замин дар ин соат чойнамоз густарда, бар замин сачда меоваранд ва, ба ин маъни, си Маккаи мушаррафа сучуд мебаранд.

Хар мусулмоне бояд китоби мукаддаси дини ислом, мачмуи конуну кавоиди шариат – “Куръон”-ро баробари панч панчааш медонист. «Куръон» китоби мукаддасе хисобида мешуд, ки ба забони араби танзим ёфта, ба забони дигаре тарчума карданаш мамнуъ аст.

  • “Куръон”-ро дар мактабу мадориси мусулмони меомузанд.

Баъди чанд рузи кучида Бухоро омадан Абдуллох Хусайнро ба мактаб овард.

Понздах писарбача зери по количахо густарда, гирдогирди Убайди хатиб давра ороста буданд. Дар миёни бачахо Хусайн аз хама хурдтар буд. Хатиб ба забони араби сурахои “Куръон”-ро аз як cap мадкашон кироат мекард. Бисёрии бачахо забони арабиро бад мефахмиданд. Онхо форси – забони точикону форсиёни бостониро медонистанд.

Хусайн алалфавр Убайдро саволборон намуд.

-Ситорахои осмон аз кучо пайдо шудаанд? – пурсид у.

  • <{Куръон»-ро биёмуз, – мегуфт устод Убайд, – аз он ба кулли саволхоят чавоб хохи ёфт.
  • Барои чи одамон мемиранд? – аз нав мепурсид Хусайн.
  • Додани чунин саволхо барои ту хануз бармахал аст, – оташин мешуд устод, – сараввал <{Куръон»-ро пурра азбар бикун!

Одамони          бешуморе «Куръон»>-ро             азбар

менамуданд. Бисёрихо бо хамин дарачаи донишу омузиш то поёни зиндаги каноат меварзиданд.

  • То рузи оянда сураи «Аъроф»-ро азбар намоед,- мефармуд устод.
  • Мумкин аст, ки ман боз ягонтои дигарро хам азхуд намоям? – пурсид Хусайн.

– Не, танхо сураи «Аъроф»-ро!

Вале талабагон дар рузи оянда хатто хамин сураро хам азёд гуфта наметавонистанд ва такроран меомухтанд.

Гайри сешанбеву чумъа дигар хама руз талабагон дар мактаб чамъ меомаданд. Онхо гохо дар кулбаяки сахни масчид ва гохо дар худи масчид машгулият мегузаронданд. Устод пушт бар сутуну шогирдон руйи количахо давра менишастанд.

-Мумкин аст, ки ман то дафъаи оянда боз ягон супориши дигарро хам ичро намоям? – сураи бутунеро азёд баёнкунон мепурсид Хусайн.

-Вазифаи барои дигарон супурдашуда ба ту хам дахл дорад! – газабноктар мешуд устод. – Саросема нашав!

Хусайн дар айни вакт ба таълими устоди дигаре хам мерафт. Ин муаллим улуми адабия, сарфу нахв ва сабки забони арабиро меомузонд. Хатто муаллим ба Хусайн усули кофиябандиро ёд дод.

Рузе Убайди хатиб бемор шуд. Ба чойи у як мох каси дигар хутба хонд. Вай одами бефаросате буд, дар торхои ришаш хамеша резахои нону хурок ва, хатто, когазпорахо часпида меистоданд.

Баъд Убайд баргашт. Бачахо боз мактаб омаданд.

– Ман «Курьон»-ро битамом омухтам, – арз намуд Хусайн. – Акнун метавонам, ки ба саволхоям чавоб пурсам?

-Чаро ту бехурматона маро фиреб медихи- ранчид устод.

-Солиёни дароз «Куръон»>-ро таълим медиханду бо вучуди ин кам андар ками мусулмонон онро фаро мегиранд. Ба ин тоифа унвони эхтиромии «Хофиз» -ро медиханд.

-Пас, ман – «Хофиз», – илова намуд Хусайн, – зеро тамоми сурахоро аз аввал то охир азёд медонам!

-Бисёр хуб, – изхор намуд устод. – Он гох ту ба ман мазмуни сураи «Торик» -ро гуфта дех.

Устод сахифаи даркориро кушоду рафти хикояти Хусайнро муоина намуд.

Хусайн калимаеро хам напартофт.

-Не, ин сураи бисёр кутох буд, ту ба ман акнун сураи «Бакар»-ро меи. То хол онро ягон шогирди ман битамом наомухтааст.

Хусайни хурдсол ин сураро хам аз ёд гуфт.

-Сураи «Моъун»-ро чи.? Сураи «Шуро» -ро чи.?

Хусайн инхоро хам хонд.

«Куръон»-ро ба ин пурраги хатто худи хатиби номи Убайд хам намедонист.

  • Акнун, – мепурсид Хусайн, – ман метавонам, ки саволхоямро ба шумо дихам?

– Намедонам, – худашро аз даст дода чавоб гардонд устод. – Танхо ба падарат гуфта метавонам, ки туро дигар мактаб наорад. Ту, дар хакикат, «Хофиз» хасти! «Куръон»-ро битамом азёд медони. Замони бачаги ман хам ана _хамин гуна саволхоро ба муаллимам дода будам. у сахтакак адабамро дода буд. Аз хамон дам ба гушаи хушам гирифтам, ки чавоби кулли саволхо дар «Куръон» аст ва минбаъд аз худаму дигарон пурсидани чизеро бас кардам. Агар ту ба саволхоят аз «Куръон» чавоб ёфта натавони, холат хароб мешавад. Рузгорат вазнину табох мегардад.- Чунин буд андешаи Убайди кухансол.

Аз хамон дам Хусайн дигар мактаб нарафт.

Дар бораи Хусайн чунин ривоятеро хам меоранд.

Хусайн бачаи басо окиле буд. Хануз дар айёми туфуллийят ба шарофати шёриву даррокй «як тори муйро ба чихил муя таксим карда метавонист».

Хамаи талабагон аз истеъдоду кобилияти у ба хайрат афтода буданд.

Боре хамсабаконаш уро санчиданй шуданд. Онхо пештар аз Хусайн ба мактаб омада, зери количае, ки хамеша дар болои он менишаст, як варак оаз гузоштанд.

Хусайн хам омад, муаллим хам пайдо шуд, машгулият хам ооз гардид.

Талабагон ба тамоми хастй рафтору амалиёти Хусайнро зери назорат гирифтанд. у иримукаррарй рафтор менамуд. Го дида тарафи шифт медухту даме cap чониби фарши дарсхона мехамид.

Баъди фосилае мутахаййирона пурсид:

  • Намедонам, ё боми мактабамон андаке поён хамида, ё фаршаш каме болотар баромадааст; ба хар хол, баландии деворхо таир ёфтааст…

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222