Имом Молик (р) дар мавридашон мегуянд: Бародаре доштам дар синни Ибни Шихоби Зухри. Рузе падарам аз мо саволе кард, ки бародарам чавоби сахех дод. Падарам ба ман гуфт: «Кабутархо туро аз талаби илм боз доштаанд». Аз ин кавли падарам норохат шудам ва муддати хафт сол дар мазхари Ибни Хурмуз ба касби илм машгул шудам. Имом Молик дар талаби илм чидди буд ва худи Имом мегуяд: «Дар хангоми зухр дар зери офтоб, ки хеч сояе набуд, интизори хорич шудани Нофеъ бандаи озодшудаи Ибни Умар (р)-ро мекашидам, зеро ки инсоне тундху ва хашин (дурушт) буд. Пас аз ин ки аз хона хорич мешуд, худро машгул мекардам, мисли ин ки уро надидаам. Пас бар у салом дода ва хангоми дохил шудан ба хона аз у суол мекардам, ки Абдуллох ибни Умар (р) дар ин масъала чи мегуяд. У чавобамро медод ва сипас дари хона ба руи ман баста мешуд».
Имом Молик чуёи аходисе буд, ки Ибни Шихоби Зухри ривоят мекардааст. Худи Имом мегуяд: «Пас аз намози ид бо худ гуфтам: Имруз рузе аст, ки Ибни Шихоби Зухри танхо мебошад. Дар пушти дари хонааш нишастам, садояшро шунидам, ки ба канизаш мегуфт: Бубин чи касе пушти дар нишастааст. Каниз гуфт: Молик ибни Анас аст. Гуфт: Уро ба дохил биёвар. Пас аз дохил шудан ба хона гуфт: Мебинам ба хонаат нарафтаи? Гуфтам: На. Гуфт: Оё чизе хурдаи? Гуфтам: На. Гуфт: Пас гизо бихур. Гуфтам: Эхтиёче ба гизо надорам. Гуфт: Пас чи мехохи? Гуфтам: Бароям аходис ривоят кун. Гуфт: Дафтаратро биёвар ва чил хадисро барои ман ривоят кард. Талаби зиёдат кардам. Гуфт: Кофи аст. Агар ту ин чил хадисро хифз кардаи, аз чумлаи хофизон хасти. Гуфтам: Оё ин аходисро алхол бароят аз хифз такрор кунам? Дафтарро аз ман гирифт ва ман аходисро такрор кардам. Гуфт: Бархез, ки ту кисаи илм хасти».
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …