Главная / Илм / Даврони тахсили Имом

Даврони тахсили Имом

Имом Навави (р) дар мукаддимаи «Ал-мачмуъ» аз Мусъаб ибни Абдуллохи Зубайри накл мекунад, ки Имом Шофеъи дар ибтидо ба шеъру таърихи араб ва лугати араби руй овард, пас ба фикх таваччух кард. Иллати он ин аст, ки рузе хамрох бо нависандаи падарам савор бар хайвони худ буд, ки шеъреро хонд. Нависандаи падарам шаллоке ба у зада ва гуфт: «Оё инсоне мисли ту бояд бо хондани ин гуна ашъор шахсияти худро поймол кунад? Ба дунболи фикх бирав». Имом Шофеъи аз ин сухан мутаассир шуд ва ба халкаи дарсии Муслим ибни Холиди Занчи, ки муфтии Макка буд, рафта, сипас ба Мадина омад ва дар мачлисхои дарси Имом Молик ибни Анас ширкат кард. Хамчунин Имом Навави аз Хумайди аз худи Имом Шофеъи накл мекунад, ки бо Муслим ибни Холиди Занчи мулокот кардам. У пурсид:
Эй чавон, аз кучо хасти?
Гуфтам: Аз Макка.
Гуфт: Хонаат кучост?
Гуфтам: Дарае дар Хайф.
Гуфт: Аз кадом кабилаи?
Гуфтам: Аз Абдуманоф.
Гуфт: Чи неку аст. Худованд туро дар дунё ва дар охират мушарраф кардааст. Чи хуб буд фахму хушатро дар рохи фикх ба кор мебурди.
Пас Шофеъи аз Макка чихати касби илм аз мазхари Имом Молик (р) ба Мадина омаданд, ки китобе хам дар бораи ин мусофирати Имом Шофеъи таълиф шудааст. Хангоме ки ба назди Имом Молик омаданд, «Муваттаъ»-ро аз хифз барои Имом Молик хонданд, ки Имом Молик аз хифзи Имом Шофеъи тааччуб карданд ва ба у гуфтанд: «Аз Худованд битарс ва аз гунохон дури кун, зеро ту ояндаи равшане хохи дошт».
Хадисро ёд гирифт ва дар талаби илм ба мусофират пардохта аз махзари уламо истифода мебурд ва дар мукобил уламо низ аз илми у бахра мечустанд. Ба шогирдони Имом Абуханифа (р) монанди Мухаммад ибни Хасани Шайбони (р) ба мунокиша ва бахс мепардохт, ки Мухаммад ибни Хасани Шайбони дар бисёре аз масоили фикхи тобеи Имом Шофеъи шуданд.
Ибни Касир мегуяд: «Хадисро аз гурухе аз машоих ва имомон фаро гирифт ва китоби «Муваттаъ»-ро аз хифз барои Имом Молик хонданд, ки Имом Молик аз хифз ва иродаи Имом Шофеъи тааччуб карданд, илми ахли Хичозро аз Муслим ибни Холиди Занчи ва Имом Молик фаро гирифт ва афроди зиёде хам аз у ривоят кардаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222