Динхои табии ибтидои зинаи аввали зухури имкони билкувва (ё потенциали)- и зотии диндори ва худочуии инсон аст. Ин кобилияи билкувва дар сиришту фитрии инсон гузошта шудааст. Дар руи замин гайр аз инсон дар хеч як мавчуди дигаре чунин имкону кобилият мушохида нашудааст. Вале хамаи инсонхо дар тамоми даврахои таърихи мутамаддини худ дорои як навъ дину оине будаанд. Хатто дар инсонхои аз мокабли таърих ё то огози таърихи башар, аз асри санги бокимонда дар корахои Австралия, Африко ва чазирахори Гвинеяи Нав дар асри ХХ олимон нишонахои боризи диндориро пайдо кардаанд. Ин худ исботи казияи дар бол зикр шуда аст.
Инсон дорои се навъ кобилияти дини-Худошиноси аст. Яке калби аз тарики дил ва эхсос, ки шух,уди аст, дигаре акли аз рохи корбурди хирад ва сеюм накли- аз рохи вахйи илохи ва ахбору хадиси пайгамбарон. Динхои ибтидои ба навъи аввали маърифату шинохти Худо– маърифати калбию хисси мебошнад. Ин навъ маърифатро, ки пеш аз омадани пайгамбарон ва вахй аст уламои дин кабул доранд. Дар инсон чунин кобилият имконан дар сиришту фитрати у гузошта шудааст.
Динхои табии мачмуе аз парастишхои хеле печидаву мураккабе будаанд. Дар асл он номхое, ки мо барои ташхиси ин динхо ба кор мебарем номи як дини муайяне нестанд, балки истилоххои ифодакунандаи мачмуи парастишхо, имону боварихо ва расму оинхои ба хам наздики одамони ибтидои мебошанд. Динхои ибтидоии табии: чонваравлоди (тотемизм), ашёпарасти (фетишизм), сехру чоду (магия), чону рухпарасти (анимизм), ва гайра) то андозае хусусияти тамоми динхои ибтидои мебошанд. Динхои табии хануз ба маънои имрузаи калима, дини комил нестанд, яъне дар онхо хануз мафхуму идеяхои худо, охират, китобхои мукаддас, пайгамбарон ва г. вучуд надорад. Бо вучуди ин, дар онхо унсурхои асосии дин бавари–имону эътикод ва маросимхои дуову ибодат чой доранд, ки баъдан ба ин ё он шакл дар динхои камолёфта ворид шудаанд.
Тотемизм (аз калимаи хиндувони америкои «о тотем» – «авлоди вай»), як навъ эътикоду бовари ва маросимхои динии одамони ибтидои аст, ки бар пояи бовари ба вучуди робитахои авлоди ва хешованди байни инсон ва хайвонот, (хамчунин чонварони дигар ва рустанихо) устувор аст, ки онро метавон чонваравлоди номид. Одами ибтидои, ки хануз худро аз табиат чудо накардааст, ба табиат, хайвониоти атрофи худ бо диди наздик ба хешованди назар мекард, зеро медид, ки онхо аз хама чихат бо вай шабохат ва наздики доранд. Хамин эхсоси наздики ва вобастаги бо хайвонот охиста–охиста сабаби пайдоиши боварихои чонваравлоди–тотемисти дар заминаи эътикод ба вучуди робитаи хешовандию авлоди байни ин ё он авлод, кабила ва ягон навъи махсуси хайвон ё растани мегардад. Минбаъд дар натичаи афзудани шумори авлодхо дар кабила, микдор ва навъи тотемахо низ меафзояд.
Дар байни одамони ибтидои нисбат ба тотемахои худ хисси эхтиром ва парастиш пайдо мешавад. Онхо тотемаи худро мухофизат мекунанд, намекуштанд, магар танхо ба муносибати идхо ва ташрифоти муайяни мазхаби онхоро кушта, сипас мехуранд. Бовари доштаанд, ки чунин маросимхои хурдани тотема нерую куввати авлодро зиёд ва пайвастагии хунию авлодиро бо тотема мустахкам мекунад.
Вобаста ба ин ё он минтака тотемахо хеле гуногунанд, аз чумла: кенгуру, кирми абрешум, мор ва карогоз, зог, муши сахрои, курбокка, хаффош, укоби шикори, саги вахши ва гайра намунахои тотемахои онхо мебошанд. Мувофики суннатхои аборигенхои чануби Австралия хар фард тотемаи худро аз дасти модари худ меситонидаанд, чунки шачара ё насабномаи авлодии хар касро аз тарики модараш нигох медоштаанд. Аввалин гурухои авлодии одамон гурухи тотемавлоди будаанд, ки одатан номи тотемаи худро гирифта буданд.
Кабилахо ба гуруххои тотемисти- фратиихое, ки никох байни афроди он мамнуъ аст (яъне ба гуруххои экзогоми[2] таксим мешаванд.
Яке аз боварихои маъруф ва асосии дини бовари ба таносух (реинкарнация)[3], яъне имконияти табдил гардидани одам (алалхусус мурда) ба тотема ва баръакс тотема ба одам мебошад. Дар тотема табу[4] накши зиёде бозидааст.
[1] Мафхуми «динхои табии» дар илми диншиноси ва фалсафаи дин ва фарханг мафхуми ошно ва кабулшуда мебошад, ки дар табакабандии динхо зиёд ба кор рафтааст. Аз руи барчастатрин хусусияташон динхои ибтидоиро динхои табии меноманд. Он барчастатарин хусусияти динхои ибтидои тачассуми табиат ва куввахои табиат мебошад. Аз ин ру мафхуми динхои табииро набояд, мисли баъзе устодони аклаки фалсафа дар донишгоххои мо ба маънии дини табиат фахмид.
[2] экзогамия ( юн. ехо – аз берун датоз-никох) муносибати ичтимоие, ки дар чамъияти кабилави – авлоди никохи дохилиавлоди (фратии)-ро мамнуъ карда буд (бар акси он эндогама).
[3] реинкорнация(фран. гетсагпайоп- зухур дар колаб, тани дигар ё таносух ) -истилохест барои баёни эътикоду бовари ба зухури худо ва худоён дар шаклу колабхои гуногун: инсон, хаёвон ва г-ра ва хамчунин таваллуди чандкаратаи инсон дар колабхо ва мартабахои гуногуни чамъияти ва табии.
[4] табу (кал. полинези) – истилохест, ки дар асоси боварихои мазхабии одамони ибтидои ин ё он амал тахрим карда мешуд ва вайрон кардани он гунохи азим буда , метавонист сабаби ба ягон бало гирифтор шудан бошад.