Пайдоиш: Дини буддои ( ё буддоия) аз навъи динхои хинду ориёни аст, ки ба дарачаи дини чахони расидааст. Аз ин ру дини буддоиро рохи ориёи низ гуфтаанд.
Ин дин дар охирхои асри У1 т.м. ба вучуд омадааст. Дини буддоия аксуламале ба сохти коставии Хиндустон ва оини хиндуияи он будааст. Буддоия аз назари пайдоиш дар бисёр маврид бо дини чайния наздик буда, чун чайния максади буддоия низ пайдо кардани рохи начоти васеътаре аз ранчхо: дарду аламхо, азобу машаккати зиндаги ва таваллуди такрор ба такрори рух -сансара буд.
Хангоми зухури буддоия чомеаи хинди ба чахор табака (каста)-и аз хам чудо таксим шуда буд. Он табакахо: барахманхр ВгаЪтт8)-рухониён; кшатрия (К8Иа1пуа8-сурхпустхо)-табакаи низомиёни ориёни; васи ё фамисия (зардхо)- хунармандону барзгорони ориёи; судра (ё шудра-сиёххо)-барзгарони сиёх аз кавмхои буми. Танхо се табакаи аввал, ки ориёи буданд, озодагон, мухторон ба шумор мерафтанд, вале кастаи охиринро аз хар чихат нокисулхилкат ва 1аст мехисобиданд.
Зиндагй ва таълимоти Буддо
Асосгузори буддоия шохзода (аз табакаи кшатри) Сиддхарта (БббЬаг^а), ки номи хонаводагиаш Гаутамо (Оаи1аша, номи дигари у Сакиямуна ё Шакиямуна) буда, худуди соли 563(ё 560) т.м. 1ой ба арсаи хаёт мегузорад.
Нисбат ба овони кудакиву чавонии у ривоятхо зиёде мавчуданд. Мухим он аст, ки аввалан, чун дигар асосгузорони динхо, дар натичаи хомилаи бакорат аз модараш таваллуд шуда,дар нозу неъмат даврони кудакиву чавониро 1ушти сар кардааст. Аммо дар синни бистсолаги баъд аз мушохидаи се манзара: бемори пири марг аз зиндагонии шохона ва дарбори даст кашида, рохи биёбон, дарвеши ва тарки хостахои нафсони ва риёзату дарвеширо 1еш мегирад. Баъди риёзати зиёд ва тай кардани ду тарикате, ки яке рохи аклони бар асоси диккати назару истидлол буд ва он дигари тарикати риёзат ва зухд буд ба чое намерасад. Ин ду рох–тарикат шавки хакикатталабии уро таскин набахшиданд ва уро ба сарманзили максуд нарасонданд, вале у ноумед нашуд.
Рузе дар маконе, ки бо номи Будха Гая( наздики ш.Банорас) маъруф гашта, расид ва даруни чангал,беша рафта зери дарахте бинишаст (баъдан он дарахтро дарахти илм-ё будхи лакаб карданд) ва ба тафаккуру мурокиба пардохт ва ахд намуд, ки аз зери ин дарахт нахезад, то вакте ки хакикатро дарнаёбад. Нихоят пас аз хафт хафта(пас аз 49 руз) ба мартабаи саодати махз «шшрок»-н комил ноил гашт. Ин вокеа дар синни 35-солагиаш рух дод. Сипас у ба худ гуфт, ки олитарин мартабаи хаётро дарёфтам ва таклифи рухонии худро ба поён расонидам, дигар ман он Гаутамаи собик нестам. Аз ин пас «Буддо» шуд, яъне мунаввар бо нури илми Хакикат гардид.
Буддо дар худуди соли 544 (ё 483) т о мелод дар синни 80 (ё 86) солагй чашм аз чахон пушид.
Гаутама мисли пайгамбарони дини насронй фиристода расулё пайгамбари Худо ё писари У башумор намеравад, баръакс Гаутама ба олами худоён боло рафта, ба онхо мавъиза мегуяд ва дар навбати худ борхо худоён хучраи уро дар замин зиёрат кардаанд. Ин дин мисли дигар динхо худои хоси худ ва асли худошиносй надорад.
Дини буддой асосан ба масъалахои ахлокй ва рохи начот таваччух дорад. Мувофики таълимоти буддоия сарчашмаи амали солех, рохи начот ва расидан ба нирвона– саодати махз аз тарики пайравй аз се хакикат(се гавхари кимматбахо): Будда. Дхарма ва Сангха муяссар мешавад.
Ин се хакикат аркони ин динро ташкил медиханд. Хакикат ё рукни аввал иборат аз боварй ба макоми Буддо, хакикати сонй– дхарма иборат аз боварй ва пайравй аз таълимоти у ва сеюм -сангха боварй ва дастгириву ёрй рухоният ва авлиёи ин дин аст.
Буддоиён мисли пайравони хиндуия ба таносух, карма ва сансара боварй доранд. Буддо танхо рохи васеъи начот аз сансараро нишон дод. Худи занчири сансара– омаду рафти Буддо ба ин динё далели ин аст.
Бояд гуфт, ки дар динхои хиндуориёй чй, ориёии хиндй ва чй ориёии эронй асосгузорони ин оинхо, дар симои Буддо ва пайгамбар Зардушт асли кайхонй доранд ва ин зухури онхо, зухури аввалин нест. Дар ин робита шархи холи асотирии Буддо дар шакли хеле мухтасару фушурдаву содда чунин аст.
Дар тули замони бенихоят дароз- калпи ( 1 калп – муддати замонест, ки баробар ба 24 000 «соли худоист» ё 8 640 000 000 соли инсонист) Буддо дар замин дар шакли мавчудхои зиндаи гуногун такрор ба такрор – 83 бор хамчун авлиё, 58 бор шох, 24 бор рухонй, 18 бор маймун, 13 бор точир, 12 бор мург, 8 бор гоз, 6 бор фил, хамчунин мохй, каламуш, наччор, охангар, курбака, мор ва г-ра таваллуд шудааст. Аз нигохи буддоиён Гаутама абарнавъи бисёре аз буддохои пешгузашта мебошад, ки дар худ хусусиятхои афроди зиёдро тачассум карда.
Мувофики боварии буддоиён то Гаутама шаш буддо дар замин зиндагй кардаанд, Барои хамин дар баъзе чойхои мукаддас (мас. дар Санчи ва Бхархута) хафт кадамгох- маъбад сохтаанд ва хафт дарахти муборак ба ифтихори он хафт Буддо шинондаанд.
Буддо дорои кобилиятхои муъчизаофарию сохирии зиёде тасвир кардаанд. У метавонист ба зери замин фарояд, ба осмон барояд, дар хаво парвоз кунад, сахнаро оташбор созад ва хар сурату шаклеро, ки хохад кабул кунад. Дар бадани у 32 – нишонаи калон ва 80-нишонаи хурд бо хусусиятхои сохирй мавчуд будааст. У дорои ному сифатхои бисёрест: Тахтагота(оне ки меояду меравад), Архат (нобудкунанда), Ахтагата (некофарин), Будда(бедоршуда), Чина(фотех), Бхаговата (шеровоз) ва гайра мебошад.
Харчанд дар ойини Гаутама дар мавриди ибодати худои хосе, офарида шудан ё нашудани олам сухане нест, аммо дар адабиёти махаянй Гаутама (Буддо) на хамчун одам, балки худо тасаввур карда шудааст, Вайро хамчун падидаи кайхонй шинохтаанд. Чисми табии уро гайри вокеъй мешуморанд. Буддо мувофики таълимоти махаяна кайхонест, ки микдори зиёди чисмхои тахаюлй -падидахо (фантонхо) меофарад, ки оламхои гуногун аз чумла заминро низ зиёрат намуда, гояхо- андешахои худро таргиб мекунанд. Инсонхо ин падида (фантом)-хоро дида, одам гумон мекунанд. Дар вокеъ, ин фантомхо бо хикмати Буддо ва чихати кумак ба хамаи мавчудоти зинда, барои ба рохи рост хидоят кардани онхо, мустахкам намудани эътикоди онхо офарида шудааст.[1]
[1] В.И. Корень, там же.- С.7.