Главная / Илм / Доварии Паёмбар (с)

Доварии Паёмбар (с)

Замоне ки Паёмбар (с) сию панч сол дошт, Курайш тасмим гирифтанд, то хонаи Каъбаро бозсози намоянд. Сабаби бозсозии хонаи Каъба ин буд, ки бар асари селе, ки дар Макка иттифок афтода буд, наздик ба вайрони ва нобудии хонаи Каъба гардад. Курайш, ки ба хонаи Каъба эхтироми хосе доштанд, тасмим гирифтанд, ки бинои онро бозсози намоянд. Ибтидо онон метарсиданд, ки мабодо Худованд ба хотири вайрон намудани хонаи Каъба осебе ба онхо бирасонад. Аз тарафи дигар агар хонаи Каъба бозсози намешуд, бинои он комилан фуру мерехт. Саранчом Валид ибни Мугираи Махзуми корро шуруъ намуд ва ду рукни аслии Каъбаро вайрон карду гуфт: “Бор Худоё, мо чуз кори хайр хадафе надорем”. Баъд аз он сохтани хар кисмати Каъбаро ба як тоифа супурданд. Кори сохту бозсозии Каъба тамом шуда буд ва танхо насби Хачарул-асвад боки монда буд. Аз сабаби он ки ифтихори насби Хачарул-асвад насиби хар кабилае, ки мешуд, имтиёзи хосе нисбат ба кабоили дигар пайдо менамуд, кабоили мухталиф бо хам даргир шуданд ва ин даргири чахор ё панч руз тул кашида, наздик буд, ки байни онхо чанги сахту вайронгаре иттифок афтад.
Билохира Абуумайя ибни Мугираи Махзуми ба онхо пешниход кард, ки нахустин касе, ки вориди хонаи Каъба гардад, дар мавриди насби Хачарул-асвад хар чи гуяд, дигарон кабул кунанд. Хамаи кабилахо ин пешниходи уро пазируфтанд ва дар интизори ин буданд, ки чи касе ворид хохад шуд. Худованд ин гуна ирода карда буд, ки ин ифтихор насиби Паёмбар (с) гардад. Вакте ки Паёмбар (с) наздики хонаи Каъба шуд, хамаи нигоххо мутаваччехи у буд ва аз ин ки фарди амину дурусткор ворид шудааст, бисёр хушхол шуда, дар интизор буданд, ки Паёмбар (с) чи гуна довари хохад кард. Паёмбар (с) вакте ки аз мочаро иттилоъ пайдо кард, чодари худро пахн намуд ва он гох дастур дод, ки хар як сарони кабоил гушаи аз он чодарро бигиранду боло бардоранд. Хангоме ки навбат ба насби Хачарул-асвад расид, бо дастони мубораки худ сангро дар чои махсус карор дод ва бо ин тартиб бо дирояту зиракии хеш ба чангу чидоли миёни онон (Курайш) хотима дод.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222