Главная / Илм / Дуо хангоми пушидани либоси нав

Дуо хангоми пушидани либоси нав

Хазрати Абусаиди Худри (р) ривоят мекунад, ки хар гох Паёмбар (с) либоси нав мепушид, ин дуоро мехонд:«Аллохумма лака-л-хамду анта касавтанихи, асъалука хайраху ва хайра мо суниъа лаху ва аъузу бика мин шаррихи ва шарри мо суниъа лаху».«Илбас чадидан ва ъиш хамидан ва мут шахидан».images-16
«Худоё! Ситоиш Турост, ки ин либосро ба ман пушонди, аз Ту хайри онро ва хайре, ки барояш сохта шудааст, мепурсам ва аз шарру бадии он ва бадие, ки барояш сохта шудааст, панох металабам».
Вакте яке аз наздиконро дар либоси нав диди, ин дуоро бихон
Абдуллох ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) либоси тозаеро дар тани Умар (р) дида, пурсид: «Либоси нав аст ё шусташуда?». Умар арз кард: «Шусташуда!». Паёмбар (с) ин калимахоро хонд:«Илбас чадидан ва ъиш хамидан ва мут шахидан».
«Доим либоси нав бипуши, зиндагии зебо куни ва шахид бимири».
Фоида: Хангоми пушидани либос, кафш ва монанди он одоби шаръи ин аст, ки онро аз тарафи рост бипушад. Аз хазрати Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) дуст медошт хамаи корхои хубро аз рост шуруъ кунад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222