Аз Паёмбар (с) дуохое ривоят шудааст, ки онхоро дар намоз байни ду сачда мехонд. Чунончи, аз хазрати Хузайфа (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) байни ду сачда ин дуоро мехонд:«Раббигфир ли, Раббигфир ли».
«Парвардигоро! Маро биомурз, Парвардигоро! Маро биомурз».
Хамчунин аз хазрати Абдуллох ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) байни ду сачда ин дуоро мехонд:
«Аллохумма-гфир ли вархамни, вачбурни, варфаъни, варзукни, вахдини».
«Худоё! Маро биомурз ва ба ман рахм кун, ба ман саломати дех, маро хидоят кун ва ба ман рузи дех».
Масъала: Барои шахси танхогузор бехтар аст, ки байни зикру дуохо чамъ намояд, яъне он зикру дуохое, ки хангоми бархостан аз рукуъ ва байни ду сачда зикр шудаанд, намозгузор то хадди имкон байни онхо чамъ карда бихонад. Аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки фармуд:
«Намоз дуруст намешавад, модоме ки мард пушти худро дар рукуъ ва сачда дуруст накунад».
Пас аз рукуъ ва сачда бархостан бояд ба оромиш ва ба хадде сурат гирад, ки хамаи аъзо дар макоми худ мустаким ва рост шаванд. Кавли дуруст ва мухтори мазхаби Имом Абуханифа (р) ин аст, ки хар рукни намозро бояд бо итминон ва оромиш ба чо биёрад, вагарна намозашро бояд аз сар бихонад.
Мутаасифона, имруз баъзе аз намозгузорон ба ин масъала хеч ахаммият намедиханд, алалхусус дар холати аз рукуъ бархостан сарро набардошта ва миёни худро рост накарда, ба сачда мераванд. Агарчи имом аз хавфи тулони шудани намоз ва риояи холи кавм метавонад дар холати бархостан аз рукуъ ба «Самиъаллоху лиман хамидах» ва «Раббано ва лака-л-хамд» ва дар байни ду сачда ба гуфтани «Аллохуммагфир ли» иктифо кунад. Вале хуб мешуд барои таълим аз дуохои мазкур истифода мекард.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …