Донишмандон мегуянд: «Агар мо ба мачмуи хадисхои Паёмбари акрам (с) назар кунем, мебинем, ки сеяки онро дуо ва одоби он ташкил медихад». Хар китобе, ки дар он хадисхо чамъовари шудааст, як боби алохида дар он гузошта шудааст, ки дар зери он дуохое аз таълимоти Паёмбар (с) зикр гардидааст. Агар шахсе факат дуохоеро, ки аз Паёмбар (с) ривоят шудаанд, хонда, дар маънои он хуб андеша кунад, дар нубуввати Паёмбар (с) ва содик будани у хеч шакку шубхае намекунад, зеро он дуохо тавре чумлабанди шудаанд, ки осону мухтасар ва шомили калимахои чомеъ буда, хамаи максадхои инсонро дар бар мегиранд. Гайр аз паёмбарон (а) хеч инсоне бо он аклу фикре, ки дорад, ин гуна дуохои пур аз хикмат, мухтасар ва чомеъ тартиб дода наметавонад. Дар хакикат он дуохо ба зоти худ як муъчизаанд. Ин хакакатро бо ташрехи яке аз дуохои Паёмбар (с) ба хуби дарк хохем кард.
Шахсе, ки дучори мушкили ё мусибате шавад, мутобики фармудаи Паёмбар (с) дуои зайл бояд бихонад:
«Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун. Аллохумма-ъчурни фи мусибати вахлуф ли хайран минхо».
«Мо хама аз Худоем ва бозгашти хамаи мо ба суйи Уст. Парвардигоро! Маро дар мусибатам подош бидех ва ба чойи он маро хайр ато кун».
Бубинед, ки ин дуо дорои чи калимахои муфиду пурмаъност, ки дар мавриди хос мураттаб шудааст. Шахси мусибатзада хангоми мусибат «Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун»-ро мехонад. Яъне Худованд зотест, ки моро офаридааст, мо хама махлуки У хастем ва такдири хар як банда дар дасти Уст. Пас, хар мушкили ё мусибате бар болои банда меояд, аз чониби Парвардигор аст, ки аз хикмат холи нест. Бо ин чузъи дуо банда дар мукобили амри Худо икрори очизи ва бандаги мекунад. Вакте банда дар ин гуна холати ногувор карор мегирад, ба тарафи Парвардигори худ руй меорад ва ба У таввакул мекунад. Пас, Худованд бар у неруе мебахшад, ки хар гуна мушкили ё мусибатро ба осони тахаммул мекунад. Сипас бо хондани чузъи дигари дуо:
«Аллохуммаъчурни фи мусибати вахлуф ли хайран минхо», дар баробари он мусибат ва сабре, ки дар он кардааст, Худованд ба у подоши хуб ва бехтаре медихад.
Умми Салама (р) яке аз хамсарони поки Паёмбар (с) мефармояд: «Вакте хамсарам Абусалама аз дунё даргузашт, ман ин дуоро хамон гуна ки Паёмбар (с) фармуда буд, хондам. Худованд аз у (Абусалама) бехтар, яъне Паёмбарро шавхарам гардонид».
Дуохои маъсура ба ду кисми асоси таксим мешаванд: «Дуохои куръони» ва «Дуохои набави».
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …