Главная / Илм / Дуои бад накунед

Дуои бад накунед

Чи тавре ки ёдовар шудем, дуо ибодат аст ва он амалест, ки банда ба воситаи он метавонад ба Парвардигори худ робитаашро баркарор кунад, хар хочату мушкилие, ки дорад ба воситаи дуо хал намояд. Пас, ин неъматест аз чониби Парвардигор, ки онро бояд кадр карда дуруст истифода кунем. Баъзе аз мардум, махсусан занхо аз нодони ба хар кори ночизе ба хашм омада, ба худ ё фарзанди худ дуои бад мекунанд, ки нокадрии ин неъмат ва нодуруст истифода кардани он аст. «Ва агар Худо ба мардум – монанди он ки онхо неъматро зуд металабанд, сахтиро зуд мерасонид, ачалашон фаро мерасид. Пас, ононро, ки ба мулокоти мо умед надоранд, мегузорем, то дар берохии хеш саргардон бошанд»..
Ояти зикршуда аз лутфу мехрубонии Парвардигор ба бандагонаш хабар медихад, яъне агар Худованд дуои бади мардумро, ки дар холати газаб ба зарари худ ё ба мол ва фарзандони хеш мекунанд, кабул мекард, чунонки дуои неки онхоро зуд кабул мекунад, хама халок мешуданд. Балки Худованд аз фазлу карами хеш ба онхо мухлат медихад, то аз фикру андеша кор гиранд.
Хазрати Мучохид дар тафсири ин оят чунин мефармояд: «Мурод аз дуои бад ин чо ин аст, ки инсон бештар дар холи хашм бар халокати фарзанд ё сарвату моли хеш дуои бад мекунад ё ки дар дуои худ бар эшон аз лафзи лаънат кор мегирад».15
Вале хамчунон ки гуфтем, Худованд бо лутфу карами хеш ин гуна дуохоро ба зуди кабул намекунад. Бо вучуди ин, дуои бади банда гохе бо вакти ичобат мувофик меояд ва ба даргохи илохи макбул мегардад, дар натича ба худ ва фарзандонаш офат ва балоеро ба сар меорад. Барои чону фарзандон ва ходимону амволи худ дуои бад накунед, мабодо он лахза вакти кабули дуо бошад ва дуои шумо кабул шавад».
Аз ривояти хазрати Чобир (р) бармеояд, ки бояд инсон дар хама холат аз дуои бад пархез намояд.
Агар шахсе дар кораш бо нобарорие дучор шавад ва ё аз фарзандаш хатое сар занад, рохи хал ин нест, ки ба худ ё фарзанди худ дуои бад кунад. Зеро дуои бад кардан маънои онро дорад, ки банда норозигиашро аз такдири худ изхор менамояд ва азобу хашми илохиро ба суи худ мехонад, хол он ки хеч кас тавони тахаммули азобу хашми илохиро надорад. Вакте ба мушкили ва ё нобарорие дар зиндаги дучор шудем, аввал ба амалхои худ назар кунем, зеро бештари мусибату мушкилихое, ки ба болои банда меояд, ба сабаби амалхои нодурусти уст. Аз хурдсоли ба тарбияи фарзандон таваччухи хос дошта бошем, ки амали эшон сабаби дуои бадамон нашавад. Чаро дар холати хашм фазлу рахмати илохиро талаб накунем ва барои ислохи фарзандон дуои хайр накунем? Боре Паёмбари Ислом (с) сахобаеро, ки аз ранчу дарди бемори логару хароб шуда буд, хабар гирифта аз у пурсид:
«Оё ба даргохи Худо дуо мекарди ва аз у чизеро мехости?».
Сахоба дар чавоб гуфт: «Бале, ман аз Худованд талаб кардам, ки он чазову сазое, ки аз бароям дар охират омода кардаи, онро дар дунё ба ман бидех». Паёмбар (с) гуфт: «Ай Парвардигор, моро дар дунё ва охират хайру хуби бидех ва аз азоби дузах нигохамон дор».
Ровии ин хадис хазрати Анас (р) мегуяд: «Аз он рузе, ки он шахс ин дуоро хонд, Худованд ба у шифо бахшид».
Мусалмон бояд хамеша ба худ ва ба фарзандони худ, умуман ба хар бандаи муъмин хайрхох бошад. Хар он хайру хуби, ки инсон аз барои худ дуст дорад, хамонро барои дигарон дуст доштан нишонаи камоли имондорист.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222