ътикоф яке аз суннатхои Расули Худо (с) мебошад ва шах-
си рузадор дар дах, рузи охири мохи Рамазон худро барои
ибодати Худо дар масчиде фори месозад.
Эътикоф аз решаи «акафа» () гирифта шуда, дар лугат ба маъ-
нои руй овардан ва мулозимат намудан ба чизе ба тарики таъзим ва
бузургдошт мебошад. Вожаи «акафа» дар ояти 71-уми сураи Шуъаро:
«Вакте (Иброхим) ба падар ва кавмаш гуфт: Чиро мепарастед? Гуф-
танд: Бутхоеро мепарастем (ва хамчунин) мулозими онхо боки мемо-
нем» ва ояти 138-уми сураи Аъроф: «Бани Исроилро аз бахр гузарони-
дем, пас онхо аз (назди) кавме гузаштанд, ки бар (ибодати) бутхояшон
мулозамат меварзиданд…» ба хамин маъно омадааст.
Эътикоф дар истилохи шаръ ба маънои муддате гуша гирифтан
дар масчид барои ибодат ва наздики ба Худо аст. Он дар ояти 187-уми
сураи Бакара: «Вакте дар масчидхо (барои ибодат) ша гирифта бошед
(ба эътикоф нишаста бошед), ба онхо мубошират ва наздики нанамоед»
ба хамин маъно омадааст.
Бандаи муъмин бо фаро расидани мохи Рамазон шомили иноёт ва
баракоти Худованд мегардад ва бо гузаштани ду дахаи аввал ва миё-
наи он шахси рузадор ба баландтарин куллаи сафои чисму чонаш ме-
расад. Аз суи дигар, муборактарин айём ва гуворотарин лахзахои на-
возиши Худованд, ки дар дахаи охири он мох, гузошта шудаанд, фаро
мерасад ва олитарин фурсати даст ёфтан ба максуд барои у мухайё ме-
гардад.
Расули акрам (с) барои фарогати харчи бештар ва ба кор бурдани
тамоми чидду чавди бандаги дар ин лахзахои нотакрор суннати эъти-
кофро барои умматонаш асос гузоштааст, то шахси рузадор барои
камоли бандаги ва розу ниёз бо Худованд ва хамзамон матра^ наму-
дани тамоми орзухои нек ва хостахои машруаш дар пешгохи у коми-
лан фарогат ёбад.
Бандаи муъмин хар чанд гохе ба хилвату танхои, дар худ андеши-
дан ва ба муночоти Хак ниёз дорад, то фориг аз хар чизе ба нафси худ
пардозад ва дар махзари Худованд муддате ба парвариши он машгул
гардад. Муносибтарин фурсат барои ин кор хамон дахаи охири мохи
Рамазон мебошад, дахае, ки дар он шаби Кадр аст ва инсон метавонад
ба кадру кимати худ дар назди Худованд биафзояд. Хамин танхоию
хилват ва ба ибодат пардохтани шахси рузадорро дар истилохи шаръ
эътикоф мегуянд.
Вале Ислом намехохад, ки инсон дар он гушаи хилват ва бо номи
эътикоф дар хар гуна хаёлоти бемаъно ва васвасахои нафс фуру равад.
Хамчунин, чандон руи хуше ба инзивоталабй ва канорагирй аз чамъи-
ят надорад. Ислом дини зиндагонии ичтимоист. Ин чост, ки ба тан-
хоии мутлак ва гушанишинй дар куху горхо ва ё нишастан дар чила-
хонахои торику камнур амр накардааст. Балки барои эътикоф масчи-
ди чомеъро, ки чои рафту омади мардум ва барпоии ибодатхост, аф-
зал шуморидааст.
Яъне Ислом хилват дар миёни чамъ, танхой дар миёни мардум ва
бо Худо, вале дар миёни халки Худо буданро асоси худсозй ва мехва-
ри зиндагии инсон карор додааст. Ба ин маъно, ки Ислом гушаниши-
нии мутлак ва ба сурате канора гирифтан аз мардумро, хатто дар вак-
ти эътикоф ва пардохтан ба ибодат дуст намедорад. Пас Ислом дини
ичтимоист ва аз хар гуна рахбоният (дайрнишинй) холй мебошад.
Куръони карим рахбоният ва канорагирии зохидони насрониро мав-
риди накухиш карор медихад, он чо ки мефармояд:
«Ва рахбонияте, ки (падарони рухони ва рохибон) аз пеши худ ба-
роварда буданд. Мо онро бар эшон нанавишта (мукаррар насохта) бу-
дем…».
Ислом тамоми аъмоли фардиро чанбаи ичтимой бахшидааст. Би-
нобар ин, эътикоф дар гайри масчид чоиз намебошад.
Дар ривоятхо омадааст, ки Расули Худо (с) дах рузи охири мохи
Рамазонро эътикоф менишаст ва ахли хонаводаи худро низ ба он амр
мекард. Абдуллох ибни Умар (р), Анас (р) ва Оиша (р) ривоят меку-
-0 ки ба Мадина ١؛сшю«к؛нанд,, ки•. «Паёмбар (с) аз з
таш дар дахаи охири мохи Рамазон эътикоф менишаст».138
Нофеъ аз Абдуллох ибни Умар (р) ривоят менамояд, ки: «Расули
Худо (с) дар дах рузи охири моуи Рамазон эътикоф менишаст» ва Но-
феъ меафзояд: «Абдуллох он маконеро, ки Расули Худо (с) дар масчид дар
он эътикоф менишаст, ба ман нишон дод». Нофеъ боз аз Ибни Умар
(р) ривоят мекунад, ки «Вакте Паёмбар (с) эътикоф менишаст, рахти
хоб ва ё кати хоби у дар !чушти сутуни гузошта мешуд»>140
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …