Главная / Илм / ФАТХИ ОСИЁИ МИЁНА

ФАТХИ ОСИЁИ МИЁНА

Пас аз шикасти подшохи сосони- Яздигурди III ва фирор ва кушта шудани у ба Марв (654) солхои 654 то 667 хучумхои алохида ба Мовароуннахр огоз гардид. Солхои 673-674 коиммакоми араб дар Хуросон Убайдуллох ибн Зиёд ба Мовароуннахр хучум карда, Рометан ва атрофи Бухороро торочу хароб намуд.

Нихоят у ба мукобилияти сахти куввахои якчояи туркхо ва бухориён дучор омада, ба сулх бастан мачбур гардид.

700226d13b56ab5f2f0330a17a7ee485_xlЛашкаркашии дуюм ба Бухоро соли 676 дар давраи коиммакоми Хуросон Саид ибни Усмон сурат мегирад. Ин дафъа низ маликаи Бухоро ба ивази додани сесад хазор дирхам ва ба гаравгон гузоштани як гурух ашрофзодагони чавони Бухоро бо арабхо созиш мекунад. Баъдан ин чавонон Саид ибни Усмонро дар кароргохаш кушта, худро низ ба куштан медиханд.

Давраи аввали футухоти араб аз соли 644 то соли 704 тул мекашад. Дар ин байн мардуми бумии Осиёи Миёна бо дастгирии туркон дар чандин мухорибахо кахрамонона ба мукобили аъроб чангида ватани худро дифоъ карданд

Давраи дуюми футухоти хадафноки Осиёи Миёна аз давраи коиммакоми Хуросон таъин гардидани Кутайба ибни Муслим (с.705) огоз мешавад. То ин давра чангхои аъроб дар Осиёи Миёна хусусияти парокандаву номунтазам, бештар хусусияти тохту тозро доштанд.

Кутайба соли 705 ба Балх лашкар кашида, он махалхое, ки аз итоати арабхо сар кашида буданд аз нав ба итоат даровард.

Дар соли 706 хучуми катъии Кутайба ба хоки Мовароуннахр огоз мешавад. У пас аз дарёи Омуро гузаштан ба шахри Пайкенд хучум овард. Мухорибаи Пайкенд дар таърихи халки точик бузургтарин мухорибахои кахрамононаву хамосавии сугдиён мебошад. Хар чанд дар ин мухориба сугдиёни Пайкенд бо ёрии хамсояхои худ бо шучоат чангида, сипохи Кутайбаро ба мухосира мегиранд, вале ба Кутайба муяссар мешавад, ки бо макр байни хокимони махалли нифок андозад ва бо хамин сабаб сугдиён шикаст мехуранд. Аз руи баъзе дигар сарчашмахо баъди 10 мохи мухосира Пайкенд аз тарафи арабхо фатх ва горат карда мешавад. Вале бо вучуди ин баъд аз харакати Кутайба ба суи Бухоро хануз панч фарсах дур нарафта ахолии Пайкенд шуриш бардошта арабхои дар он чо мондаро ба катл расонидаанд. Кутайба дубора мачбур мешавад, Пайкендро ишгол кунад. Ин бор онро тамоман ба харобазор мубаддал гардонида, хама мардонро кушта, зану кудаконро ба гуломи мебарад.

Баъди пахши шуриш ва катли омми шуришгарони Пайкенд Кутайба ба Бухоро хучум карда, ба мукобилияти сахти сугдиён дар махалли Ромитан дучор гардид. Дар ин мухорибаи шадид, ки туркони бодиянишин низ дар пахлуи сугдиён мардонавор мечангиданд, кариб буд кушуни ба мухосира афтодаи араб нобуд ва торумор шавад. Вале боз Кутайба рохи фиребро пеш гирифта байни подшохи сугд ва туркон нифоку ихтилоф андохт. Дар натича ин сабаб шуд, ки сугдиён фурсатро аз даст доданд. Чун онхо катъи ва сареъ амал накарданд, ба Кутайба куввахои иловаги расиданд ва у аз мухосира бадар меояд. Вале чун дар ин чанг талафоти зиёде дода буд, аз накшаи забти Мовароуннахр даст кашида ба Марв бармегардад.

Арабхо дар хеч чой ба чунин муковимати шадиде, ки дар Мовароуннахр диданд дучор нашуда буданд. Хулоса хучуми дуюми Кутайба соли 706 низ ба шикасти сахт ру ба ру мешавад. Харчанд у ин дафъа Ромитанро тасхир мекунад, дар чанг барои гирифтани Бухоро талафоти зиёде дода, хамон сол мачбур мешавад, ки ба Хуросон акибнишини кунад. Муковимати Бухориён хокими Ирок Хаччоч ибн Юсуфро ба газаб меорад ва у фармони бетаъхир гирифтани Бухороро содир мекунад.

Соли 709 боз Кутайба бо лашкари пуршумор ба Бухоро метозад. Ин дафъа низ хокими Бухоро Варданхудот сугдиёни Самарканд ва туркони хамсояи бодиянишинро ба ёри даъват карда, дар ин мухорибаи хунин кахрамонихо нишон медоданд. Кутайба мачбур мешавад барои хавасманд ва шердил кардани чанговарони худ барои хар сари буридаи бухори сад дирхам чоиза муайян кунад. Дар кароргохи у аз сари чанговарони Бухоро манори бузурге ба вучуд омад. Дар баробари ин Кутайба боз хам макру хиларо ба кор бурда, байни сугдиён ва туркон нифок андохта, ихшиди Сугд Тархунро мачбур ба сулхбастан мекунад. Дар натичаи ин кушиши аъроб муваффак ба ишголи Бухоро мешавад. Кутайба бо ихшиди Сугд Тархун карордод баста, зимнан чанд нафарро аз акрабои вай ба гаравгон мегирад.

Соли 710 Кутайба Шумон (водии Хисор ва Сурхандарё)-и саркашро аз нав ба хун огушта намуда,ба итоати худ медарорад.

Дар таърихи халки точик мудофиаи Самарканд аз хучуми аъроб яке аз барчастатарин сахифаи кахрамони ва корнамоихои таърихии сугдиён аст. Соли 711, хангоме ки Кутайба дар фикри забти Самарканд буд, шохи Хоразм барои фуру нишондани исёни бародараш аз у ёри мепурсад. Баъди бо ёрии Кутайба фуру нишондани шуриш, шохи Хоразм бо Кутайба ахднома имзо намуда, хокимияти уро дар каламрави давлати худ эътироф кард.

Кутайба баъд аз дастёби ба ин муваффакияти сиёси, соли 712 бо кувваи бузурги низоми, ки сипохи хоразмиёну бухориёнро низ дар бар дошта, ба Самарканд хучум намуд. Сокинони шахр мардонавор бо шучоат кариб як мох тамоми шахрро мудофиъа мекарданд. Кутайба дар ин чанг гайр аз куввахои харбии чандин хазор нафара, 300 манчаник ба кор бурд. Нихоят дар ин мухорибаи нобаробар баъд аз тамом шудани захирахои харби самаркандиён мачбур шуданд ахдномаи Кутайбаро бо шарту шароити вазнин имзо кунанд.

Баъд аз ин ходиса солхои 713-714 Кутайба ба Хучанд, Чоч ва Фаргона юриш карда муваффак шуд то сархади Кошгар пеш равад. Бо кушта шудани Кутайба мархилаи дуюми истилои Осиёи Миёна ба поён мерасад.

Мархилаи сеюм забткорихои аъроб дар Осиёи Миёна мархилаи пахши шуришу исёнхои зидди хокимияти онхо ва заду хурдхо дар нохияхои чанубии Точикистони имрузаро дар бар мегирад.

Солхои 720-722 шуриши сугдиёни Самарканд ва атрофи он рух дод. Харчанд ин нахзати зидди араби шикаст хурда бошад хам, мардум аз мубориза даст накашиданд. Факат соли 725 дар давраи хокимияти коиммакоми араб Асад ибни Абдуллох забти Хатлон огоз мешавад. Дар хучуми аввал Асад ибни Абдуллох шармандавор шикаст хурда ба Балх акибнишини мекунад. Накл аст,ки мардуми Балх дар хакки вай ин суруди тамасхуромезро месурудаанд.

Аз Хутлон омдия,
Ба ру табох омадия,
Обор боз омадия,
Хашан низор омадия
.

Баъд аз ин шикаст танхо пас аз дах сол (737) Асад ибни Абдуллох ба Хатлон аз нав хучум мекунад. Баъд аз талафоти зиёде дар асари иштибохи тактикии хатлониён ва хампаймони онхо хокони турк аъроб аз торуморшави начот ёфта, ин сарзаминро тасарруф мекунад. Вале хамзамон бо ин вокеа шуришхову нахзатхои зиддиараби махз хамон солхо (736-737) дар Тахористон ва Сучд аз нав ави мегирад. Инчунин солхои 738-739 шуришхо дар Самарканд, Чоч, Фароб ба вучуд меомаданд. Ин сарзамин яке аз беэътимодтарин гушаи хилофат ба шумор мерафт.

Дар борамон

Инчунин кобед

7_resize

ДИНИ БАХОИЯ

Бахоия яке аз чунбишхои мазхабии нимаи дуюми асри XIX дар Эрон аст, ки баъдан худро …