Яке аз натичахои тахаввули минбаъдаи ислом пайдоиш ва ташаккули илмхои исломи буд. Чунон ки дар мавриди илмхои куръони гуфтем, улуми исломи низ дар заминаи бархурд бо тамаддунхои дигар ва ихтилофхои мазхабиву фиркави ба вучуд омада, доираи маъорифи исломиро густариш доданд. Аз ин ру илмхои исломи чузъи маъорифи исломи ба шумор мераванд. Маъорифи исломи дар мачмуъ аз илмхои сарчашмашиносии исломи: илмхои куръони, илми хадис ва илмхои назарию фалсафии исломи: фикх, калом, мантик, фалсафаи исломи, тасаввуф (ирфон) ва ахлок ташаккул ёфтааст. Дар байни уламои ислом ва файласуфони гайриисломи дар мавриди тааллук доштан ё надоштани баъзе улуми ёдшуда, чун мантику фалсафа ва ё хикмати амали- ахлок, ба ислом ихтилофи назар мавчуд аст.
Аз чумлаи илмхое, ки бе бахс дар домани ислом ба вучуд омаданд, илми ф и к х, фалсафаи илохии к а л о м ва т а с а в в у ф шуда метавонанд. Харчанд дар мавриди заминахои пайдоиши тасаввуф низ бахсхо зиёданд, вале аз руи шаклу воситаи баён ва хатто баъзе хусусиёти умдааш тасаввуф дар кишвархои исломи падидаест, ки онро чудо аз ислом наметавон тасаввур кард.
ФИКХ ( аз кал.арабии. факаха-дониш ва ё фахмиши амик) номи илмест, ки дар боби ахкоми назари ва амалии шариати ислом дар асоси манобеъ ва далелхои тафсили бахс мекунад. Ин калима дар Куръон ва хадисхои Паёмбар(с) мукаррар аз чумла дар шакли ” тафаккахху”, яъне маъонии оёт ва фармудахои куръониро амик фахму идрок намоед, ба кор рафтааст. Фикх ба истилохи имруза ба илми хукукшиноси наздик аст, аниктараш масоили хукукшиноси як чузъи фикхро ташкил мекунанд, вале фикх доираи масоил ва мавзуоти густардатаре назар ба хукукшиноси дорад. Умуман, доираи мавзуот ва масоили фикхи он кадар васеъ ва гуногун аст, ки онро наметавон бо ягон махуму фанни имруза пурра фаро гирифт. Илми фикх на танхо масъалахои хукукию казои, балки як зумра масоиле, ки имруз ба доираи илми хукук дохил нестанд, чун ахкоми бехдоштиву поки (тахорат), ахкоми ибодат, масъалахои марбут ба муносибати маиши ва одобу ахлокро низ дар бар мегирад. Аз ин ру фикх танхо илми назарию методологии хукук ва конунгузориё танхо илми маросимоти мазхаби нест. Вале хамаи илмхое,ки дар зери чатри фикх дохил шудаанд ба як хадафи кулли нигаронида шудаанд. Он хам хидояти инсонхо ба рохи рост (“сиротул-мустаким”), ки ба суи саодат мебарад, саодати инсон аз нигохи меъёри дини. Дар баробари илми фикх, хамчун мукаддимаи он, илми алохидае ташаккул ёфта, ки онро у су л и ф и кх меноманд. Баъзе уламо онро бо фикх як чо донистаанд, баъзе чудо мешуморанд. Илми усули фикх нисбат ба фикх хамчун муносибати мантик ба фалсафаро дорад. Хамчунон ки мантик илми дастури нисбат ба фалсафа аст ва равишхои сахехи мухокимарони ва казоватро дар он нишон медихад, илми усули фикх “илми дастури истинбот” яъне равиши сахехи берун кашидани хукм аз манобеи фикхиро меомузад. Усули фикх дар вокеъ аз илмхои ибтикори ва навпои ислом аст.
Истилохи манобеъи фикх нисбат ба он манбаъхо ё сарчашмахое мегуянд, ки дар асоси нишондодхои он хукме содир мешавад. Ин манобеъ:
- Китоби худо “Куръон” (дар истилохи фукахо он мухтасар “Ки т о б “номида мешавад)
- Суннат, яъне гуфтору кирдор, рохнамохо ва тарзи амал, ва роххои халли ин ё он масоил ва тавзехоти матолиб аз тарафи Паёмбари ислом(с).
- Ичмоъ, хамрайъи ва мувофикати уламои ислом ё шахсиятхои обруманди факех дар халли ин ё он масъала.
- Киёс (ё акл дар шиъа)- мухокима дар асоси мукоисаи масъалаи мавриди хукм бо масъалаи монанд ба он хукм шуда.
Киёс кардан аз усул (методхо)-и аклони (ратсионали)-и истинботи нормахои хукуки мебошад. Аз руи муносибат ба усули аклони фукахо ба ду гурухи асоси таксим шудаанд: а с х о б и хадис – онхое, ки танхо ба аходис такя доранд ва Куръонро низ ба воситаи хадисхо тафсир мекунанд, дигаре а с х о б и р а ъ й, ки ба истифода аз фикри мустакил ва мухокима ва тахкики аклони пайрави мекунанд. Густариши ин усул ба эътирофи и ч т и х о д (аз калимаи арабх. чахд-кушишу сайъи зиёд) овард, ки он як навъи фаъолияти хукмбарории факех аст, ки дар асоси истифода аз акл ва усулу далелхо ва дониши худ у устувор аст.
Асхоби раъй усулхои мухталифи берун овардани нормахо ва ахкоми шаръи ва хукукиро дар баробари киёс чун: ал-и с т е х с о н (мухокимаи ба хусни ният) ал-и с т и с л о х (мухокимаи мустакил барои манфиати кор ва хамчунин аз- з а р а ъ (мухокимаи ичозат додан ё надодан), ал-и с т и д л о л (хулосаи истидлоли – дедуктиви) ва нихоят ал- и с т и с х о б -(категории “презумсияи тагйирнаёбандагии холат”)-ро кор кардаанд. Ин хама категорияхои раъй мебошанд, дониши онхо ва истифода кардани онхо барои мучтахиду факех зарур аст.
Фикхи исломи (хадди акал) ба хафт мазхаби асосии фикхи: чахор сунни ва се шиъи таксим мешавад. Аммо пеш аз баёни бевоситаи ин мазхабхо бояд гуфт, ки сабаби пайдоиши онхо ихтилофхо руи мавзуи истифода кардан ё накардан дар хукм аз суннат, ичмоъ ва акл (ё киёс) будааст.
Пас аз вафоти Мухаммад(с), асхоби у дар халли масоилу мушкилоти худ пеш аз хама ба Куръон ва агар дар он пайдо накарданд ба суннат кавлу феълу рафтори Паёмбар(с) мурочиат мекарданд, вакте, ки дар он низ баёни равшане пайдо накарданд ру ба раъю ичтиход оварданд, яъне кушиданд наздиктарин рохи хал, ки ба Куръону суннат мутобик бошад пайдо кунанд. Масалан, агар дар мавриди ягон хурок ё меваи мадхушкунанда (мусаккар) хукм баровардан лозим бошад, вале хукми равшане дар бораи харом ё халол будани он дар Куръону сунна набошад, ба раъйи худ онро киёс мекарданд бо хамр. Чун хамр мусаккар- масткунанда аст, харом аст, пас хар чизе, ки мусаккар аст, ба харом хукм мешуд. Хулоса ихтилофхо дар усули истинбот- баровардани хукми шаръию конуни сабаби пайдоиши мазхабхои фикхи гардид, ки асоситарини онхо инхоянд.
1 -XАНАФИЯ, ки пайравони имом Абуханифа Нуъмон ибни Собит (ваф.767м.\ 150.х.к.) мебошанд. Нуъмон писари Собит писари Марзбон ва кунияи вай Абуханифа аст. Асли у аз Кобул- пойтахти Афгонистони имруза мебошад. Бобояш Марзбон дар замони хилофати хазрати Умар исломро кабул карда, ба Куфа омада, дар он чо икомат кардааст.
Дар ибтидо Абуханифа ба илми усули дин ва ё калом машгул буда ва бо бисёре аз уламои замонаш бахсхо кардааст. Накл мекунанд ки барои радди интикодхо ва шубхахое, ки нисбат ба шариати ислом чой дошт, 27 маротиба вориди Басра шуда, бо шахсиятхое чун Чахм ибни Сафвон, бо муътазила ва хаворич ва рофизиёни тундрав бахсу мунокиша кардааст. Вале баъдан бо сабабе ба омузиши фикх мепардозад ва ба халкаи шогирдони Хаммодибни Абисулаймон мепайвандад. Абуханифа то вафоти Хаммод аз шогирдони мумтоз ва вафодори у буд ва баъд аз вафоти устодаш низ идомадихандаи кори у ва толиби магфирати илохи ба у дар намозу ибодат будааст.
Абуханифа дар асари ошнои бо илми калом ва бахсу мунозира бо намояндагони гуногуни ин мактаб дар фанни чадал ва мунозира махорати комил ёфта буд. У ин махоратро дар илми фикх ба кор андохт ва бар хилофи асхоби хадис андеша ва истидлолоти аклиро дар фикх ва хдис ба кор бурд ва раъй ва киёс ва истехсонро вориди фикх кард то он чо ки мактаби фикхии Абуханифа ба мактаби раъй ва киёс машхур аст.
Мазхаби Абуханифа демократитарин мазхаби ислом аст, аз он лихоз, ки у илова ба киёс, истехсон ва раъй ба урф низ такя кардааст. Максад аз истехсон назди ханафиён он аст,ки дар сурати вучуди далели кавитар ё ба амал мувофикат накардани хукм, он дар асоси истехсон бекор карда мешавад. Аммо урф истифода дар хукм аз анъана ва суннатхои махалли мебошад. Бо сабаби истифода аз раъй, киёс ва истехсону урф ханафия аз дигар мактабхои ахли суннат ганитар гардид, ин фикхро фикхи такдири (фарзи) меноманд. Пайравони ханафия асосан дар Анатолия, Балкан, Кавкази Шимоли, Сохили Бахри Сиёх, Паволже, Осиёи Миёна, Афгонистон, Хиндустон, Хитой, Индонезия ва гайра зиндаги мекунанд.
2-ХАНБАЛИЯ _, ки пайравии имом Ахмад ибни Ханбали Марвази (ваф.241 х.к.) мебошад. Ин мазхаб дар асри IX нахуст хамчун харакати динию сиёси ба вучуд омада, баъдан ба мазхаби фикхиву акидави ташаккул ёфтааст. Ханбалия дар шароити бухрони амики маънави ва ичтимоиву сиёси зухур кард, ки мухолифати гоявии муътазила (аклгароён) ва мухолифони он ба куллаи баланди худ расида буд. Дар ин давра, ки замони хилофати Маъмун буд, бар акси Аврупо дар олами ислом, на аз тарафи намояндагони исломи расми, балки пайравону тарафдорони фиркаи аклгарои ва озодандеши-муътазила даст ба таъкиби мухолифини худ зада, девони тафтиши акоид (мехнат) заданд ва дар ин маърака асосгузори мазхаби ханбалия Ахмад ибн Ханбал мавриди таъкиб карор гирифт.
Ахмад ибни Ханбал аз он мукаллидони суннатгарои ахли хадис буд, ки бо вучуди таъкибу шиканча аз акидаи худ нагашт. Ханбалиён дар фикх аз руи Куръон (- китоб), суннат, фатвои сахобахои Паёмбари ислом(с), киёс, истехсоб ва зароеъ хукм мекунанд. Онхо матни хадисро аз фатвои сахобагон афзалтар ва мукаддам медонанд, дар сурати набудани матни хадис ба фатвои сахобахо мурочиат менамоянд. Дар сурати набудани охирин ба хадисхои заъиф ру меоранд, агар ин охирин хам набошад аз тарики киёс, ичмоъ ,масолех ва истехсоб хукм мекунанд. Истехсоб хукмест, ки дар замони дуввум мисли замони аввал собит аст.
Харчанд ханбалия хамчун мазхаби фикхи дар асри Х ташаккул ёфт, адабиёту осори ханбали баъдтар дар асри Х1 ба вучуд омаданд. Маъруфтарини он “Китобул- умда фи ахком ал-фикх”-и Муваффак ад-Дин ибни Кудоми (1146-1223) ва “Сиёсатуш- шаръия” асари алломаи машхури ханбали Ибн Таймия (асри 13) мебошанд. Мазхаби ханбали байни табакоти поёни ва миёнаи Ирок, Хуросон, Сурия ва Хичоз таърихан таъсири зиёде доштааст ва холо он мазхаби расмии Арабистони Саъуди мебошад.
3 – МОЛИКИЯ , ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбахи (732795) буда, дар нимчазираи Арабистон ба вучуд омада,баъдан дар Миср, Африкои Шимоли ва Андалус интишор меёбад. Дар фикх сарчашмаи асосии онхо Китобу Суннат буда, дар якчояги дар истилох “Ан-н а с с” номида мешавад. Фатвои сахобаро хамчун чузъи суннат медонанд. Яке аз хусусияти ин мазхаб он аст, ки амали мардуми Мадинаро дар рузгори Имом Молик (саддаи дуввуми хичри) низ хуччат мешуморанд. Далелашон ин аст, ки мегуянд: амали мардуми Мадина дар он замон мумкин нест, ки тибки феълу кавли Паёмбари ислом(с) набошад. Пас аз инхо ба киёс, истехсон, масолихи мурсала мурочиат мекунанд. Истехсон хукми афзалиятнок, ба маъни афзал донистани истислох ба киёс аст, яъне агар имконияти интихоб кардан вучуд дошта бошад, дар сурати шубха вучуд доштан, ба истислох (ё масолихи мурсала), яъне мухокимаи мустакили аклони руй бояд овард. Ба хамин усул усули хукми аклони (ратсионалисти)-и а з -з а р о ъ и- яъне хукм оид ба ичозат ва ё манъ кардан, ки маъниаш он аст,ки хамаи он чизе, ки дар охири охирон ба харом меорад манъ бояд кард ва хар он чизе, ки ба халол меорад ичозат бояд дод.
Усули асосии фикхи мазхаби моликия дар китоби Молик ибни Анас “ал- Муватта” ва шарху хошияхои он дода шудааст. Тавзеху такмилхои он “ал- Мудаванна ал-кабира” ном дорад. Аз осори баъдии моликия маъруфтаринаш “Ал- Кавонин ал фикхия фи тахлисил- мазхабил-моликия” мебошад, ки ба калами Абулкосим ибни Чаззи (ваф.1340-1341) тааллук дорад. Инчунин метавон “Ал- Мухтасар”-и Саиди Халил (ваф. 1365-1366)-ро ном бурд.
Дар холи хозир мазхаби моликия дар Марокаш ,Алчазоир, Тунис, Либия, Кувайт, Ба храйн амал мекунад.
- ШОФИЪИЯ, пайравони Имом Мухаммад ибни Идрис Шофеъи (767820) мебошанд, ки дар фикх тибки Китоб, Суннат, ичмоъ, гуфтахо (акол)–и сахоба ва киёс амал мекунанд. Истехсонро кабул надоранд. Китобу суннатро дар як радиф– мусови медонанд. Ичмоъи асхоб ва уламои дин низ дар сурати бо санад будан дар асоси далелхои муътабар назди онхо хуччат аст. Ва аммо ичмоъе, ки мухолифи Китоб ва суннат бошад макбул нест. Назди онхо ичтиход ба маънии киёс аст.
Дар хакикат мазхаби фикхии шофеъи хадди мобайни ва сохта (талфики ё эклектики)–е аз тарикаи ахли киёс ва ахли хадис, ки зери таъсири мазхабхои ханафи ва молики ташаккул ёфта, хусусияти онхоро кабул кардааст. Дар амал он як мазхабе аз усулхои соддашудаи ханафию молики мебошад, аз ин ру хеле зуд дар Сурия, Ирок ва Миср ин ду мазхабро танг карда, интишор ёфт. Дар холи хозир вай дар Сурия, Лубнон Фаластин ва Урдун мазхаби асоси буда, дар Ирок, Покистон, Хиндустон, Малазия, Индонезия ва Эрону Яман пайравони зиёд дорад.
Инхоянд чахор мазхаби фикхии ахли суннат ва чамоъат. Чунон ки гуфта шуд гайр аз ин боз се мазхаби фикхии шиъа низ мавчуд аст, ки аз онхо мо факат ном мебарем, вале бахс дар мавриди хусусияти фикхии онхо аз хавсалаи ин китоб берун аст. Ин мазохиб: з а й ди я, и с м о ил и я ва ч а ъ ф а р и я мебошанд. Зайдия номи худро аз Зайд ибни Али бародари панчуми Имом Мухаммад ал-Бокир (ваф. 732) гирифта аст. Дар мавриди имомат назари Зайд ибни Али он буд, ки пас аз Хасан хар кадом насли Али метавонад имом бошад, ба шарте ки аслиха ба даст дар рох ислом мубориза кунад. Вай вучуди якчанд имомро дар як вакт дар кишвархои мухталиф кабул дошт. Мазхаби исмоилия чунон, ки баъдан дар боби фиркахои мазхабию сиёси зикр хохад шуд, аз пайравони Исмоил ибни Чаъфар- писари имоми шашуми ахли ташаюъ- Чаъфари СодиК (ваф. 765) мебошанд. Чаъфария бошад пайравони худи имоми шашуми Иаъфари Содиканд. Ин мазхаби фикхи аз тарафи кисмати асосии шиъаён-имомияи исноашари кабул шудаанд ва умуман мазхаби чаъфария хамчун мазхаби панчуми фикхии ислом аз тарафи уламо мавриди кабул аст.
Ногуфта намонад, ки гайр аз ин хафт мазхаби фикхи, ки ёд кардем, боз мазхабхои фаръии номашхур ва камшумор чун: зохирия, ахбориюн табария усулиюнва г-ра вучуд доранд.