Главная / Илм / Фахму дарки Имом Абуханифа (р) ва эхтиром гузоштан ба хадиси Паёмбар (с)

Фахму дарки Имом Абуханифа (р) ва эхтиром гузоштан ба хадиси Паёмбар (с)

Имом Абуханифа (р) машхур ба ичтиходу фикх ва раъйу киёс мебошад, то он чое, ки Имом Шофеъи мегуяд: «Мардум дар киёс ниёзманди Имом Абуханифа мебошанд». Пас хангоме ки фикх зикр мешавад, Имом Абуханифа (р) хам монанди кухи устувор ва сар ба фалак кашида мебошад. Имом Захаби мегуяд: «Имомат дар фикх ва масоили дакики он ба Имом Абуханифа (р) мерасад ва хеч гуна шакке хам дар он нест».
Ва лайса ясихху фил-азхони шайъун,
Изахточа-н-нахору ило далилин.images-5
Бо ин дарачаи илми Имом Абуханифа (р) хеч гох сухани худ ва ё гайрро бар хадиси Расулуллох (с) бартар намедонист ва мегуяд:
«Он чи ки аз Расулуллох (с) ба мо бирасад, бар сару чашми худ мегузорем ва падару модарам фидои Расулуллох (с) бод ва хакки мухолифат бо Расулуллох (с) надорем ва дар мавриди акволи сахоба хакки интихоби сухани онхоро дорем, аммо гайр аз сахоба, пас онхо дорои раъй хастанд ва мо хам дорои раъй мебошем».
Таърих ин вокеъаро ривоят мекунад, ки Абучаъфари Мансур ба Имом Абуханифа (р) навишт: «Ба ман чунин хабар расида, ки киёсро бар хадиси Расулуллох (с) мукаддам мешумори?». Имом Абуханифа (р) дар чавоби у навишт: «Эй амирулмуъминин, хабар ин чунин нест, ки ба шумо расидааст, ибтидо ба китоби Худованд амал мекунем, сипас ба суннати Расулуллох (с), сипас ба фатвохои Абубакру Умар ва Усмону Али (р), сипас ба фатвохои дигар сахоба ва хангоме ки сахоба дар масъалае бо хам ихтилоф карданд, аз киёс истифода мекунем ва байни Худованд ва бандагонаш хеч гуна нисбат ва хешованди вучуд надорад».
Ибни Абдулбар дар китоби «Ал-интикоъ» боби хоссе дар мавриди заковат ва тезхушии Имом Абуханифа (р) нигошта, аз Хасан ибни Зиёди Луълуи накл мекунад, ки зани девонае ба номи Умми Имрон ба шахсе гуфт: «Эй писари ду зинокор». Ибни Абулайло он чо буд, дастур дод уро ба масчид оварда ва ду хадди шаръи, ки як хадди он барои падари шахс ва хадди дигар барои модараш буд, бар у ичро карданд. Чун ин хабар ба Абуханифа (р) расид, гуфт: «Аз шаш чихат иштибох кардаанд:
Бар девона хад ичро намешавад.
Дар масчид хад ичро намешавад.
Уро дар холи истода хад заданд, дар холе ки мебоист занонро дар холати нишаста хад зад.
Бар у ду хад ичро кардааст, дар холе ки агар шахсе ба кавме тухмат бизанад, танхо бар у як хад ичро мешавад.
Бар у дар холе хад ичро кардааст, ки падар ва модари он шахс гоиб хастанд ва бояд бо хузури он ду ичро мешуд, зеро хад дар хузури касе, ки шикоят кардааст, ичро мешавад.
Ду хадро як маротиба ичро кардааст, дар сурате, ки чун бар касе ду хад вочиб бошад, бояд асари хадди аввал аз байн биравад, пас хадди дигар бар у ичро шавад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222