Главная / Гуногун / Фарчоми зиндагии Абуалии ибни Сино

Фарчоми зиндагии Абуалии ибни Сино

Рахорах бародарон сарсониву саргардонихои худро ба хамдигар хикоя мекарданд. Махмуд аз Бухоро ба Гурганч омада, дар рохи чустучуйи Ширин ба дарбори Хоразмшох афтод.

Беруни, Хаммори табиб ва Аррок аллакай ба рохи тарафи султон баромада буданд.

Одамони вазир Сухайли ба Махмуд гуфтанд, ки Абуалиро дар Чурчон аз дарбори амир Кобус бояд чуст.

sina-2Махмуд хамрохи корвоне ба Чурчон омад, аммо дар он чой на Абуалиро пайдо карду на амир Кобусро! Абуали хамон вакт дар Дехистон ном мавзеи сохили Бахри Хазар мезисту гирифтори касалии варача буд.

Баъд Махмуд чанд шахри дигарро хам паймуда, карор дод, ки боз ба Гурганч баргардад.

Шахрро сипохиёни султон хароб карда буданд. Ба чойи хавлие, ки Ширин истикомат дошт, Махмуд танхо сухтаву хокистарро пайдо карду бас!

Дар кучо будани Ширину чизу чораро хамсояхо намедонистанд, зеро навомада буданд. Хамсояхои пештараро бандй карда Газна бурда буданд.

Пул хам тамом мешуд. у ба Исфахон рафта, вориди хидмат гашт.

Одамони донишманди гирду атроф осори фалсафии Ибни Синоро мехонданд. Доир ба ин асархо мубохисахо ташкил карда, мавриди мухокима карорашон медоданд. Вале касе дар кучо зистан ва дар кадом шахре панох бурдани муаллифашонро равшан намедонист. Одамони гуногуне шахрхои гуногунеро ном мебурданд, ки гуё дар он чой Абуалиро дидаанд.

Боре, хангоми мубохисаи фукахо, факехе бо савганд хамаро бовар мекунонд, ки хамагй ду мох пеш Ибни Синоро дидааст.

– Дар кучо?! Дар кадом шахр уро дидед?! – зуд ба пурсукови факех даромад додари Абуалй.

– Дар Хамадон! – гуфт факех. – Ва ё ту хануз бехабарй, ки Абуалй дигар аз султон панох намебарад?! Абуалй вазири дарбори Шамсуддавла таъйин шудааст, дасти султон акнун ба у расида наметавонад. Аммо ходисаю вокеахое, ки вобастаи табобату муоличаи беморон аз тарафи у дар он чо хикоя мекунанд, аз эъчози кудсиён хам болотар меистанд!

Бо хамин васила Махмуд шарафманди дидори бародараш гардид.

Дар даромадгохи Исфахон маросими ботантанае баргузор гардид.

Ахли дарбор ва аъёну ашрофе, ки онхоро худи Амир Алоуддавла барои пешвозгирй фиристода буд, ташрифи Ибни Синоро нигаронй мекарданд. Олимону табибону шоирон, ки бо хохиши худ омада буданд, низ интизории уро мекашиданд.

Ибни Сино хамёнашро бароварда, барои додани харчи вуруд омода мешуд.

– Аз дидани дидори мубораки Шумо, Шайхурраис, дар шахрамон бехад шоду мамнунем! – сари таъзим фуруд меоварданд, завк менамуданд ва табассум мекарданд ахли дарбор.

– Онхо маро «Шайхурраис», яъне «Пиру сарвари уламо» меноманд! Охир, ин чй хел унвон, онро аз кучо бофта баровардаанд?! – изхори тахайюр менамуд Ибни Сино.

– Хокими шахрамон Амир Алоуддавла Шуморо ба чунин унвон мушарраф гардониданд! – аз нав ба таъзим омаданд ахли дарбор.

– Эшон барои Шумо сарулибоси гаронбахо, аспони саворй ва пули зиёде низ хадя хоханд фармуд. Инчунин, дар махаллаи Кухнагунбаз бароятон хавлии алохида чудо карданд. Дар он хона аз асбобу анчоми рузгор то гилемхои коли хама чизи лозимиву даркори мухайёст! Баъди дар он чой маскан гирифтанатон амир шуморо ба дарбор даъват мекунанд…

Нихоят, ахли дарбор канор истоданд, он гох Ибни Синоро одамоне, ки хамрохи у дар мукотиба буданд, ва ононе, ки китобхои уро хонда, кайхо боз орзуи дидори муаллифашонро мепарвариданд, печонда гирифтанд.

Рузи дигар, хануз субх надамида, Ибни Сино аз хоб бархост, риёзати баданро анчом дод ва барои хатми «Китоб-уш-шифо» биншаст.

Рузона у ба дарбор, назди Алоуддавла рафта, доир ба корхои давлати хамрохи амир маслихат бояд мекард.

– Оё дуруст аст, ки вактхои дар доираи Хоразмшох зистанатон уламо тез-тез дар худи дарбор мачлиси бахс меоростанд?! – пурсид Алоуддавла дар мулокоти нахустин.

– Бале, тез-тз чамъ меомадем. Маърузахо хонда, онхоро мухокима мекардем…

– Ман хам мефармоям, ки хар рузи паншнбе дар дарбор чамъомад ташкил намоянд. Бигзор мачлиси уламои ман хам шухрат ёбад! – гуфт Алоуддавла.

Ба чамъомади нахустин уламои тамоми шахр гирд омаданд. Мачлисгох чунон танги мекард, ки баъзехо дар толор чой наёфта, дар пойгахи дархо рост меистоданд.

Ибни Сино дар бораи асари охирини риёзии худ накл мекард. Ин асарро вай дар мусовии «Китоб-уш- шифо» ва «Конун» офарида буд. Инчунин, тафсири мухтасари «Китоби усули хандаса»-и Уклидусро хотима дода, дар он бисёрии казоёи хандасиро мувофики фахмиши худ, кутоху содатар тавзех дода буд. Ба китоби номбурда чанде казияхои худро хам, ки бо вучуди зарурат пеш аз ин вучуд надоштанд, илова намуд.

Ибни Сино хамвора мекушид, ки содаву фахмо ва мухтасар сухан ронад. у як соати расо харф зада бошад хам, дар тули он на худ аз чояш чунбиду на касе ба чунбиш даромад.

Амир Алоуддавла каноатманд менишаст. Пеш аз мачлис у дурудароз Абуалиро мепурсид, ки Хоразмшох дар кучои байтулхикмаи худ – дар миёначо ва ё назди девор менишаст. Ва ё, мумкин, барояш курсии махсусе меоварданд?!

– Ба назари мо, Шайхурраис дар сохаи риёзиёт тафаккуроти амик зохир намуд, – гуфт Алоуддавла. – Ба шарофати баромади нахустинаш карор додем, ки Шайхро хилъати гаронбахои дигаре хадя фармоем.

Ибни Сино расми таъзим адо намуд.

Чанд одам савол додан мехостанд.

– Чй хел, оё дар байтулхикмаи Хоразмшох одати саволдихй хам чорй буд?! – дар тааччуб афтод Алоуддавла.

– Оре, дар он чой ба хамдигар пайихам суолхо медоданд…

– Бисёр хуб! Он гох шумоён хам, хохишмандон, суолхоятонро бигуед!

Чонмарди рангпаридаву харобае аз ояти хаячону изтироб базур-базур овоз бароварда, доир ба «ал-Мачастй» ном асари хайати Батлимус аз Абуалй суол кард.

– Магар рост аст, ки Шайхурраис дар тафсири «ал-Мачатй»-и худ аксари казоёи Батлимусро ба тарзи дигаре ташрех, дода, бар он дах ашколи нави хандасии мухталифаро афзудаанд ва, хамчунин, дар охири рисола чунон андешахоеро доир ба хайъат илова намудаанд, ки касе пештар аз онхо хабаре надошт?!

– Рост аст! – гуфт Ибни Сино. – Шояд аз ин хусус дафъаи дигар андеша рондан бехтар бошад. Холо шаб аз ним гузаштааст…

Хама муттафикона хохиш менамуданд, ки Ибни Сино дар ин бора худи хозир накл кунад. Баъдан хомуш шуда, чониби амир нигаристанд.

  • Бигзор накл кунад, – даст афшонд амир.

Ибни Сино, бар илова, такрибан якуним соати дигар суханрони кард. у чунон саргарми андешахо гардида буд, ки аз доираи хайъат ба халкаи риёзиёт гузашта, дар бораи он хама дакикихое, ки худ бар ин илм илова карда буд, низ изхори назар намуд. Сипас аз хусуси мусики ва дар бобати он, ки мусикиро тавассути риёзиёт метавон тахкик намуд, андеша ронд. Хатто макоми мухтасареро хам замзама фармуд, то хозирон умки гуфтахояшро дарёбанд.

  • Аксари кулли андешахое, ки дар интихо бишнидед, – гуфт Ибни Сино дар охири суханрониаш, – дар «Китоб-уш-шифо», ки рузхои наздик анчомаш бахшидам, халлу фасли худро ёфтаанд.

Дами субх уламо парешон шуданд. Хатто худи амир Алоуддавла хам то поёни чаласа биншаст.

  • Зохиран, тамоми умр дар Исфахон чунин чамъомаде барпо нагардида буд, – мегуфтанд уламо.
  • На танхо дар умри мо, – мегуфтанд баъзеи дигар, – балки дар тамоми хаёти Исфахон чунин мачлисе баргузор нашудааст!

Табиист, ки Ибни Сино дар Исфахон хам кабули беморонро давом медод.

Дар ин чой китоби савуми «Конун»-ро хотима бахшид. Солхои охир андешаву мушохидахои зиёде дар сари у гирд омада буданд. Аз ин ру, карор дод, ки ба ду китоби пешина иловахо дарорад.

Вокеаи бо яке аз беморон дар Исфахон руйдода чунон нодиру галати буд, ки дар тамоми шахру дехот онро хикоя мекарданд.

Марди маъруф, амакзодаи худи амири Исфахон аз акл бегона шуда буд. у худро гове пиндошта, аз як кунчи хонаи пурсарвати худ ба кунчи дигараш метохт, баланд-баланд бонг мезад.

  • Зудтар маро кушед! – дод мезад писарамаки амир. – Аз гуштам хариса пазед! Ман говам! Ман говам!

Бемор аз тановули таоми расми пархез менамуд.

  • Ман говам! – дод мезад у. – Гови фарбехам! Ман гушт намехурам!

Рузоруз аз холу мадор рафта, харобу логар мешуд. Муттасил аз даводави руйи хона ва шох задани хидматгорон хам бозмонда, факат дароз мехуфт ва шикоятомез бонг мезад.

Амир Алоуддавларо аз бемории хешовандаш огох намуданд.

Беморро табиби хоса муолича мекард, аммо касали ба дарачае ириодй менамуд, ки табиб онро ташхис карда наметавонист.

Дар рафти сухбат Алоуддавла ба Ибни Сино гуфт:

  • Ман аз баёни хохишам дар хузури шумо хичолат мекашам. Мумкин дарди писарамакам бедаво бошад, зеро тамоми табибон чунин акида доранд. Аммо, ба хар хол, илтимос дорам, ки ба табобати у машгул шавед. Ин шармандагии ба сари хонадонамон омадаро чандин мох инчониб пушида медорем. Мабодо сир ошкор шавад, дар тамоми шахру дехот аслу насаби моро хандахариш хоханд кард.

Ибни Сино табиби муоличакунандаи беморро назди худ хонд. Дар бораи касалй муфассал уро пурсуков намуд. Хидматгоронро даъват карда, хамрохи онхо хам сухбат кард ва билохира гуфт:

  • Назди беморатон рафта, ба вай бигуед, ки кассобро хабар кардем, зуд омада туро мекушад.

Хамхонагон омада тамоми гапро ба хучаини савдой расонданд.

Бемор аз ин гуфта хурсанд шуда, фарахмандона бонг мезад.

Ибни Сино сарулибоси бехтарини худро пушида, ду нафар хидматгорашро чег зад ва тарафи хавлии бемор равона гардид.

Хона даромада, корди калонеро ба даст гирифт ва бо овози гуррй фарёд зад:

  • Гови куштанй дар кучост?! Ба хавлй бароред, онро ман дар хамон чой мекушам!

Бемор инро шунида, аз пешгохи хона наъра баровард.

  • Ресмон оварда, дасту пойи говро бандед! – калонгирона фармон доданро давом медод Ибни Сино. – Хамаро мувофики коида анчом дихед!
  • Ман худам! Ман худам! – бонг мезад бемор.

Хатто бемор аз хурсандй ба пой бархост. Агарчи ду рузи охир тамоман аз чояш начунбида буд, ри хавлй баромад ва якпахлу дароз кашид.

Ибни Сино назди вай омада нишаст ва кордеро ба корди дигаре соидан гирифт. Сонй пахлухои беморро даст-даст карда дид. Баъд аз чояш бархоста гуфт:

  • Ин говатон аз хад логар аст, алхол ба куштан намеарзад! Чанд рузи дигар парваришаш кунед, ки фарбех, шавад, он гох омада мекушам!

Бемор саросемавор аз чояш бархест. Аз гояти гуруснагй сусту бемадор шуда буд, хар су мекалавид.

  • Мефахмй, гов, – гуфт Ибни Сино, – агар дурустакак хурок хурй, туро мекушам, агар гурусна гардй, аз ту фоидае нест! Он гох гушти туро касе намехурад!

Худи хамон руз амакзодаи савдоии амир ба хурокхурй даромад. Абуалй фармуд, ки ба таомаш доруворихои махсус илова кунанд.

Бемор охиста-охиста сихдат мешуд.

Абуалй фармуд, ки ягон хидматгор ба бемор аз васвасаи у ёдовар нашавад.

Бемор муттасил фарбехтар шуда, камтар бонг мезад.

Рузе субвдам аз хоб бедор шуда, хидматгорро чег зад:

-Ман имшаб хоби галатие дидам: гуё, ман худамро гов пиндошта бошам…

  • Хакикатан, хоби ачиб, таксир! – чавобаш дод хидматгор.
  • Ман хатто тарсидам: мабодо аз хоб бедор шаваму ба ростй худро дар сурати гов бибинам! Аммо, ба Худо шукр, ки бедор шуда, худро дар сурати инсон дидам!

Касалй бебозгашт аз миён рафт.

Як вактхо Ибни Сино котиби «ал-Мухтасар-ул- авосит»-ро дар мантик гуфтаву Чурчонй навишта гирифта буд. Нусхае аз ин асар ба шахри Шероз афтод.

Донишмандони Шероз онро муддати мадиде омухтанд. Аммо баъзе чохояшро фахмида натавонистанд.

Онхо ба Ибни Сино номае навишта, суолхояшонро дар авроки алохида чо доданд. Шумораи варавдои суолнома ба дах мерасид.

Шабе дар халкаи шогирдон Ибни Сино машгули сухбат буд, ки дар хамин лахза фиристода даромад. Фиристода ба у нома ва лифофаи гафси саволномаро супурд.

  • Пагох сахарй ман рафтанй будам, – гуфт косид, – аммо Шумо чавоби саволномаро дар муддати ду-се руз навиштанй бошед, интизор мешавам…

Ибни Сино фиристодаро чавоб дода, сухбаташро хамрохи шогирдон идома медод ва, баробари ин, саволномаро хам аз назар мегузаронд.

Баъди намози хуфтан Чурчонй барои устод такрибан иборат аз панчох варак бандчаи когаз овард.

Ибни Сино шамъ афрухта, ба навиштани чавоб ооз намуд. Дар он хона Чурчониву Махмуд хам менишастанд. Онхо дар аввал байни худ паст-паст гап зада, сонй хоб рафтанд. Ибни Сино навиштанашро давом медод.

Субхи бармахал касе дари Чурчониро куфт.

у хидматгори Ибни Сино буд.

  • Шайх мефармоянд, ки зуд ба наздашон равед.

Чурчонй даромадан замон бидид, ки хамаи оазхо аллакай аз хатти резаи устод пур шудаанд.

  • Рисолаи комиле шудааст, – гуфт устод хичолатмандона. – Барои он ки фиристодаро муаттал насозам, карор додам, ки ба хамаи саволхо якбора чавоб гардонам. Уламои Шероз хам чашмбарроханд.

Вакте ки Чурчонй рисоларо пеши фиристода бурд, у тамоман мутахаййир гардид.

Фиристода ба Шероз баргашта, вокеаи мазкурро чандин вакт дар миёни уламо хикоя мекард.

«ал-Конун фй-т-тиб» ба анчом расонида шуда буд.

Панч чилди мухташами он дар хонаи Ибни Сино мехуфт. Ин китобхо тамоми донишхои тиббии андухтаи инсониятро фаро мегирифтанд. Онхо дар рузхои сахту душвор, дар давраи хаёти кашшоконаву гуруснагихои корвонсарой эчод шуда буданд. Онхоро дар хонахои ёру дустонаш офарида истода, Ибни Сино хар садои кучаро ботааммук истимоъ менамуд, ки мабодо аз паси у наомада бошанд.

Ана, китоби аввал махсуси назарияи илми тиб буда, доир ба колбадшиносй, ташхис, ташрех ва чаррохия бахс мекунад. Дар давоми китоби нахуст, инчунин, хосияти беморихои шадиду музмин аз назар гузаронида, роху воситахои табобаташон баён карда шудааст.

Дар китоби дувум усули тайёр кардани доруворихои одй нишон дода шудааст. Маълум мешавад, ки реша ва пстлохи хар гиёху дарахте барои табобати беморихои инсон шифобахш будааст. Рустанихо дар гирду атроф фаровонанд, аммо мардум хосиятхои давобахшу фоидаманди онхоро намедонанд.

«Агар мархами шалгами ангабиномехтаро гузоранд, он захми хабисро даво мебахшад, тухми он бо сирко захмхои фосидро тамоман бахам меорад» – чунин мегуяд Ибни Сино дар китоби дувуми «Конун» оид ба шалгами оди. – «Агар каждум шахси шаламхурдаро неш занад, ба он одам осебе намерасад».

Ва ё: «Агар хулбуро бо шароб омехта, то дами захролудшави хурда бошанд, он таъсири захрхои марговарро хам мегардонад».

Дар китоби дувуми «Кнун» Ибни Сино такрибан хаштсад хел доруворихои айримураккабро тасвир намудааст.

Китобхои савуму чорум касаливу беморихои тамоми узвхои бадани инсонро аз нохуни пой то муйи сар муфассалан тахкику тадкик менамоянд. Сару магзу аъсоб, чашму гушу гулуву димог, дандону шушу дил, сурхрудаву меъда, рудахову чигару талха, гурдаву обдон – дар бораи ин хама Ибни Сино маълумоти батафсил дода, роххои табобату усули чаррохии ононро ном бурдааст. Дар боби тарзи табобату илочи шикастаи косахонаи сар, бини, чог, охураки гардану дандахо низ Ибни Сино дар «Конун» маълумот додааст.

Дар китоби панчум у дорухои мураккабро ба тасвир овардааст, ки таркибашон то бистухафт номгуй маводро дар бар гирифта метавонад.

«Ин доруро Чолинус истифода бурдааст, – аксаран менависад Ибни Сино. – Инаш – доруи машхури хинди, лекин инаш ихтирои худи мост».

Донишмандону табибон аз хондани чузвхои «Конун», ки тавассути Чурчони навишта гирифтаву бо дасти хушнависон нусхабардори шуда буданд, дар тахаййюру тааччуб меафтоданд, зеро дар хар сахифаи китобхо ба ягон чизи наву тоза ва то хануз дар олами фархангу хирад номаълуму номакшуф вомехурданд.

Ибни Сино намедонист, ки зиёда аз штсад сол мегузараду танхо баъди он Пастер фарзияи уро доир ба барангезандагони ноаёни беморихо – вирусхо, ки нафакат дар об, балки дар хаво хам вучуд доранд, тасдик менамояд.

Ибни Сино доир ба набз чунон таълимоте офарид, ки то хол бар он чизе илова кардан душвор аст.

Дар «Кнн» дар бобати тарбияи хамачонибаи кудак ва одами накукор, окил, хунарманд ва солим ба камол расидани он хам гамхорй зохир намудааст.

Ибни Сино нахустин шуда сабабу аломат ва усулхои табобати чунин касалихои хавфнокеро, монанди сарсом ва мараз, зотулчанб ва захми меъда ба тахкик оварда буд. у нахустин касест, ки тоунро аз вабо чудо карда, касалихои махав, зарпарвин ва сиёххмро шарху тавзех додааст.

Дар чахон аввалин шуда сохти мушакхои чашмро нишон додааст. То замони Ибни Сино бисёрихо, хатто донишмандони бузург, чунин мехисобиданд, ки чашм монанди фонусаке нур мебарорад ва ин анвори махсус дар ашё инъикос ёфта, бармегарданд ва сурати онро зохир мекунанд.

Ибни Сино намедонист, ки «Конун»-и у ба зудй комуси тибби тамоми мамлакатхои олам мегардад, дар Аврупо аз ри он духтуронро дарс медиханд. Гумон надошт, ки шифокору гиёхшиносони Руси Кадим хам уро бо номи «Ависен» ёдовар шуда, беморонро мувофики дорухати у муолича мекунанд.

Ибни Синоро мисли пештара лозим меомад, ки баъзан аз машгулияти илмй дур шавад. Холо банди таълифи китоби нав – «Китоб-ул-инсоф» буд.

Амир  Алоуддавла лашкаркашиву кишварситониро дуст медошт. Алхол бахташ омад мекард.

Вай Ибни Синоро хам ба юришхо хатман хамрохаш мегирифт. Ибни Сино табиб ва мушовири асосии у буд. Маслихатхояш аксар вакт ичро нашаванд хам, боке надошт. Аммо хатто дар Багдод маълум буд, ки маслихатгари амир Алоуддавла худи Ибни Синост.

Алоуддавла хушхолу каноатманд буд, зеро Ибни Сино комуси нави фалсафии худ – «Донишнома»-ро ба у бахшид. Нихоят, Алоуддавла хам фалсафаро сарфахм мерафтагй шуд.

Дар ин асар андешахои хакимона чунон содаву фахмо баён ёфтаанд, ки хатто косиби чаласавод хам онхоро фахмида метавонад.

Шабе дар хузури Алоуддавла дар бораи зараре, ки таквимхои нодакику кайхо кухнашуда меоранд, касе сухан ронд.

  • Мо Шайхурраис дорем, – овоз баровард амир, – он кас таквими наве мураттаб хоханд сохт.
  • Барои ин асбоби махсусе лозиманд, – гуфт Ибни Сино. – Ситорахоро хам дурудароз мушохида намудан даркор мешавад.
  • Боке надорад, ман харочотпулиро медихам. Бе ин хам, мегуянд, ки шабхо намехобед. Ана, ситорахоро нигаристан гиред!

Ибни Сино худ накшаи лавозимоту асбоби даркории нучумро кашид.

Чурчонй устохои хунармандро ба шарту байъ овард ва лавозимот зуд омода шуданд. Барои он ки лавозимот дакиктар кор кунанд, Ибни Сино дастгохе махсус ихтироъ намуд.

Танхо баъди панчсад соли вафоти у хамон дастгохро соли 1542 донишманди португолй Педро Нуниетс (ба русй Нониус) аз нав кашф мекунад. Ва аз хамон дам инчониб дастгохро нониус меноманд.

Хангоми ченкунихои дакики бисёре тамоми мухандисон аз ин дастгох истифода мебаранд.

Амир Алоуддавла Абумансур ном дусте дошт.

Абумансур танхо ду шугли писандида дошт: шикор ва забони арабй. Вай олими забардасти сохаи забони арабй хисобида мешуд.

Боре се нафар: Ибни Сино, амир ва Абумансур хамрох менишастанд. Риштаи хар гуна сухбатро Абумансур ё ба тарафи шикор, ё ба тарафи забони араби мекашид. Алхол онхо дар боби забон сухан меронданд.

Ба назари Ибни Сино чунин расид, ки Абумансур алате содир кард, аз ин ру, алаташро ислох намуд.

Абумансур чониби Ибни Сино нигаристу иричашмдошт пурсид:

  • Шумо, охир, ба назарам, точик хастед?
  • Бале, ман точик хастам, – чавоб дод Ибни Сино.
  • Шумо, албатта, файласуфи тавоно, марди окилу табиби доно хастед, аммо забони арабиро хуб намедонед, барои хамин дафъаи дигар аз пайи ислохи ман нашавед.

Ибни Сино карор дод, ки Абумансурро мазох кунад.

Аз шахрхои гуногун нусхаи чандин асархои бехтарини доир ба забони арабиро чамъ овард ва дар муддати се сол арабиро бо тамоми дакокаташ омухт.

Сипас се достон эчод кард. Хар як достон аз калимахои нодиру камистеъмоли араби таркиб ёфта буд. Хеч яки онхо ба хамдигар монанди надоштанд, зеро хар сеи достонхо дар пайравии сабки се адиби машхури сохибуслуб офарида шуда буданд.

Ибни Сино фармуд, ки хар сеи достонхоро дар муковаи кухнаю фарсудае муковабандй кунанд. Баъд амирро хам барои дар ин хазлбози ширкат варзидан рози намуд.

Шомгохе амир китоби кухнаю фарсудаеро ба дасташ гирифта, чониби Абумансур дароз карду гуфт:

  • Мо имруз ин китобро дар вакти шикор ёфтем. Кани, бибинед, кадру кимате дорад, ё партоемаш…

Абумансур муддати мадиде машгули омузиши ин китоб гардид.

  • Ман на хамаи онро фахмидам, – чавоб дод окибат донишманди маъруфи забони араби. – Баъзе калимахоро пештар фахмида бошам хам, холо маънояшонро фаромуш кардаам. Китобро ягон нависандаи машхуре навиштааст – инашро ман якин мегуям.

Амир худдори карда натавонисту хандаро сар дод:

  • Нависандаи машхур дар рубаруятон нишастааст!

Баъди чанде Ибни Сино достони «Урчуза»-р0 таълиф намуд. «Урчуза» ба тарзи махсусе навишта шудааст. Кахрамони он илми тиб, тамоми донишхои тибби буданд. «Вай аз гуфтори сода ва ашъори фахмо тартиб дода шудааст, то фахмиданаш душворие пеш наоварад», – навишта буд Ибни Сино дар мукаддима. – Аз руйи ин достон хатто талабаи мадраса илми тибро омухта метавонад».

Ба зуди «Урчуза»-р0 ба забони лотини тарчума карданд. Баъд онро дар бисёр мамлакатхои дунё интишор доданд.

Достонро 600 соли расо дар бисёр донишкадахои тибби меомухтанд.

Достон аз шеърхои пуртаровату чаззоб иборат мебошад. Сароози он ба забони наср такрибан чунин садо медихад:

«Шоирон шахзодаи бахру баранд; табибон хокими кишвари бадананд. Таровати баёни нахустин номбурдашудагон рухро менавозад; фидокории мутааххирин беморихоро шифо мебахшад.

Достон кулли масъалахои назариву амалии тибро фаро мегирад. Ва ман тамоми донишхои доир ба ин сохаи илм чамъовардаи худро дар он тавассути шеърхо баён доштаам.

Мафхуми калимаи «тиб».

Тиб мухофизати саломати ва табобати беморихост…»

Дар баробари «Урчуза», Ибни Сино доир ба забоншиноси хам китобе таълиф намуд, ки «Лисон-ул- араб» номида мешуд. Муосиронаш мегуфтанд, ки назири чунин китоберо дар сохаи забон то хол касе наофаридааст.

Ибни Сино муддати дарозе ба нусхабардории асари мазкур пардохта натавонист. Чурчонй хам ба китобати бист чилди «Китоб-ул-инсоф» банд буд.

«Лисон-ул-араб», хамин тарика, дар шакли мусаввада боки монд. Баъди вафоти Ибни Сино, зохиран, китоб нобуд шудааст. Ва ё, шояд, то хол дар ягон китобхонаи мусулмонй миёни дастнависхои дигари омухтанашуда махфуз дошта шавад.

Дар бораи Ибни Сино чунин ривояте хаст.

Вокеа дар айёме рух додааст, ки шухрати вай аксари кишвархои оламро фаро гирифта буд.

Лекин Ибни Сино аз пайи шухрат намедавид. Тамоми умр одамони дардмандро табобат мекард, вале шуморашон кам намешуд. Уро ба шахрхо даъват мекарданд, барои ба дехахо рафтан илтимосу илтичо менамуданд.

Дар сари рохи у дехахои бисёре буданд ва барои дида баромадани хамаи беморон фурсат намеёфт. Аз ин ру пешниход кард: «Бигзор хар як бемори деха ба дасти худ ресмончае гирифта, аз як нугаш дошта истад, нги дигарашро ман ба даст мегирам. Ва аз ри кашишу харорату ларзиши ресмон касалии шахси ресмонбадастро муайян мекунам».

Дар яке аз дехахо зани маккораву шухе мезист. у касалие надошта бошад хам, дарачаи эхсосоту зиракии Ибни Синоро санчидан мехост. Аз ин ру, гурбаи ба карибй сабукшудаеро дар багалаш пинхон кард ва як нги ресмончаро ба пойи он баста, нги дигарашро ба Ибни Сино дароз намуд.

  • Истед, хозир мо табиби зур будан ё набудани уро мефахмем… – пичирросзанону хандакунон мегуфт он занак ба хамсояхо.

Ибни Сино касалихои беморонро як-як номбар карда, нихоят ба занаки пишакдор наздик омад. Сонияе ба хайрат афтода, ресмончаро бори дигар даст зада санчиду гуфт:

  • Ин бемор панч руз пеш хафт гурбача таваллуд кардааст. Барои хамин, хеле харобу логар шудааст, зудтар уро шир додан лозим! Барояш хеч доруи дигаре даркор нест!

Соли 1082 Саййидаи хокими Рай аз олам даргузашт.

Лашкариёни Султон Махмуд хамон лахза шахрро бо тамоми амлоки гирду атрофаш зери тасарруф дароварданд.

Писари султон Махмуд – Масъуд волии Рай таъйин гардид.

  • Мабодо ба чанги зидди мо лашкар накашад, – гуфт Алоуддавла. – Ман карор додам, ки барои у тухфахои гаронбахо фиристам.

Тухфахо кумак расонданд. Ду соли расо сулх баркарор истод.

Султон Махмуд акнун пир шуда буд. Писаронаш марги уро мепоиданд, то харчи зудтар сохиби тахту точи падар гарданд.

Боре, хангоми танхои, амир Алоуддавла тасвиреро ба Ибни Сино нишон дод. Ин тасвирро бист сол пештар Аррок кашида буд. Аз он ба тарафи Ибни Синои муйсафед Ибни Синои чавон менигарист…

Алоуддавла якбора гарами ахбору шикоятномахоеро низ, ки дар давоми чандин сол имому хатибу козихо аз болояш навишта буданд, ба у нишон дод. «Дар асархои худ Ибни Сино асосхои китоби мукаддасро зери шубха мегузорад», – менавиштанд хатибон. «Осори зараровари Ибни Синоро хатман оташ зада, худашро ё ба зиндон партофтан ва ё бетаваккуф аз хоки мамлакат берун рондан лозим аст!» – талаб менамуданд козиён.

– Вале ман мунтазам ба масчид меравам, панч вакт намозамро тах намекунам, – кушиши дар чашми амир худсафедкуни намуд Ибни Сино.

– Мову шумо хуб медонем, ки боимонтарини мусулмонон хастед! Аммо, сад афсус, ки онхо инро пай намебаранд! – чашмонашро айёрона нимрог карда гуфт Амир Алоуддавла.

Танхо хамин вакт Ибни Сино ба хуби фахмид, ки дар тули ин солхо амир муттакову пуштибони сахти у будааст.

Баъди гузаштани ду сол лашкариёни Масъуд ногахон дар остонаи Исфахон пайдо шуданд.

Эхтимол, Масъуд инъомхоро кабул кардаву ваъдаи сулх дода, макру фиреб ба кор бурда бошад.

Мохи фарвардин буд. Сабзахои гирду атроф хануз тару тоза буданд. Себзорон аз гул фуромада буданд. Ёсуман шукуфта буд…

Сокинон саросема аз шахр баромада мерафтанд, зеро хавфи дар хар лахза зада даромадани сипохиёни Масъуд тавдид менамуд. Фурсати гами чизу чораро хурдан набуд.

– Устод, «Китоб-ул-инсоф»-ро чи кор кунам?! Дар айни хол нусхабардории чилди охиринашро хам анчом додам. Мумкин аст онро дар ягон чойи бехатари руйи хавли гур кунам?!

Хамин вакт аз       чахои наздик садои доду фарёд ва суми аспон ба гуш расиданд.

Онхо базур фурсати савори аспхо шудан ва аз таъкиб халосиро ёфтанд.

-Ман истода, барои пеши рохи саворагонро гирифтан мухориба кардани будам, – гуфт Махмуд, вакте ки хамаи онхо якчоя ба калъае, ки дар он амир панох оварда буд, наздик мешуданд.

Амир Алоуддавла дар масофаи такрибан ду фарсанг дуртар аз шахр панох мебурд.

– Ба ман бигуед, – мепурсид вай аз Ибни Сино, – наход хамаи накшаву ниятхо барбод рафта бошанд?! Наход ман давлату сарватамро аз даст дода бошам?! Наход фарзандони ман овораи кучаву бозорхо шаванд?!

– Ман кушиш мекунам, ки ба номи Масъуд номае нависам, – изхор намуд Ибни Сино. – Медонам, ки солхои охир муносибати у бо падараш, бо Султон Махмуд чандон хуб нест. Шояд аз худпарастии Масъуд фоидае ба даст оварем…

Ибни Сино барои хатнависи рафт.

Ногахон уро кафо бархонданд.

– Хабари мухим, – гуфт Алоуддавла. – Худи хозир чосуси ман расида омад, кани бифахмем, у чи мегуяд!

– Имруз Масъуд аз номи аммаи худ, аз хохари султон, мактуби махфи ва таъчилие гирифт. -Чосус ба накли нома даромад. – «Давлатпанохи мо – Султон Махмуд намози дигари рузи паншнбе, хафт руз пеш аз анчоми мохи рабеъулохир, Худо имонашон дихад, вафот карданд ва саодати бандагонашон анчом пазируфт. Мо хамрохи тамоми ахли харам дар Калъаи Газнин хастем ва баъди пагох чанозаи эшонро хабар хохем кард…»

– Аз афташ, халоси ёфтем, – гуфт Ибни Сино, – зеро хозир на фикри юриши Багдод ба сари Масъуд меояду на хаёли ситондани хукумати шахри мо!

– Чаро ин тавр гумон доред?! – пурсид амир.

– Масъуд писари калонии султон аст. Аз ин ру, хукумат ба дасти у бояд гузарад. Аммо султон тахту точро ба писари мобайни – Мухаммад васият кардааст. Мухаммад сари тахт менишинад, он гох, Масъуд барои кашида гирифтани тахту точ мекушад. Барои хамин, ман рафта мактубамро аз нав менависам!

Тамоми вокеахо мувофики пешбинии Ибни Сино чараён меёфтанд.

Баъди чанд руз аз чониби Масъуд расуле омад.

Расул эълом дод, ки Масъуд аморати Исфахонро бар увдаи Алоуддавла боки мегузорад. Факат бигзор Алоуддавла хар сол андоз биспорад…

Масъуд барои Алоуддавла хилъати фохира ва когази фармон хам фиристода буд.

– Масъуд дар Газна гирифторихои мухимме дорад. Барои хамин у хамрохи тамоми сипохиён он чой бармегардад, – чунин хабар медод расул.

-Номаи Шумо хокимиятро ба дасти ман баргардонд, – дар рох такроран ба Ибни Сино мегуфт амири рухбаландгардида.

Ибни Сино танхо ба хона баргашт.

Хона холи буд.

Мутахаййирона девору фарши урёни хонаро аз назар мегузаронд.

Маълум аст, ки колинхо ба касе даркор шудаанд.

Инаш хам маълум аст, ки касе бурдани асбобу анчоми рузгорро ихтиёр кардааст.

Одамони Масъуд хатто давотро хамрохи худ бурдаанд!

Ин хама ислохпазиранд.

Аммо оратгарон тамоми бист чилди «Китоб-ул- инсоф»-ро хам бо худ бурдаанд! Хамон китоберо, ки Ибни Сино баъди «Конун» ба таълифаш пардохта буд!

Андешаи таълифи китобро солиёни дарозе дар дил мепарварид!

Китоб айбномае буд ба тамоми фалсафаи Шарку Гарб, ба тамоми конуну коидахои хаёти зулмониву шадид!

Ана, боз, гуё, баркасд, зиндаги бори дигар беадолатии худро нисбат ба Ибни Сино нишон дод! Махз ана хамин асар – «Китоб-ул-инсоф» абади аз миён рафт!

Ибни Сино бар руйи фарши сард нишаста монд.

Ба назараш аз хад зиёд бекасу танхо намуд. Дастхояш хам аз оти хастаги суст шуданд! Ана, пойхояш низ кат шуданд!

Гирдогирдаш холи. Худаш танхову атрофаш холи.

Осори серчилдаи худро барои чи ва барои ки навиштааст?! Онхоро ки мехонад?! Охир, адади одамони босаводи бадбахти шахр аз сад зиёд нест!

Бар илова, хокиме, саркардаи сипохиёни харисе меояду хамин чанд олимро ба зиндон меандозад, аз хонахояшон меронад! Китобхо сухта нобуд мешаванд!

Дар боби кудрати маърифат, аз хусуси тантанаи аклу хирад одамон бахсхои бехадду каноре мекунанд. Аммо хозир, ана, зуру тавонои дар сурати зулму истибдод арзи хасти менамояд! На аклу хирад, балки чахолат, чахолати мураккабу шарире тантана дорад!

Замоне фаро мерасида бошад, ки олимон хам одамони мухимму даркори гарданд?! Бале, хамон замоне, ки хокиму амирон на мувофики иродаи вахшиёнаи худ, балки мувофики нишондоди илму дониш амал кунанд! Он гох,, бидуни хама гуна чангу хунрези, забту кушокуши тамоми дунё дар як давлати вохиду умумиву адолатманде муттахид хохад шуд!

Ба хар хол, аз чой хестан даркор… Охир, пагох шогирдон ин чой меоянд. Дар бораи манфиати илму фарханг барои онхо чизе гуфтан лозим мешавад!

Солхои охир ахволи саломатии Ибни Сино бад шуда буд.

Як вактхо доир ба кулинч асаре таълиф карда буд.

Акнун худ аз дасти ин касали менолид!

Ибни Сино то дами ба хузури Алоуддавла, ки дар юриш буд, даъват шуданаш худро бомуваффакият табобат мекард.

Табибе, ки мутобики дорухати Ибни Сино дорувори тайёр мекард, ба маъчуни давои нисбат ба андозаи мукарраргардида панч маротиба зиёдтар тухми карафс андохта буд. Эхтимол, у гофил, бе ягон максади баде чунин карда бошад. Лекин аз таъсири чунин дору захми меъдаву рудахо, ки аллакай бахам омада истода буданд, аз нав кушодаву калонтар шуданд.

Дар бари Ибни Сино ягон одами шиносу наздик ва ё дусту рафике хузур надошт.

Чурчони, ки ба хар василае устодашро мухофизату нигахбони менамуд, дар Исфахон монда буд.

Ибни Сино амир Алоуддавларо дар рохи миёни Исфахону Хамадон дарёб намуд. у сусту заиф шуда буд. Аз ин ру, дар болои тахти равоне бардошта мебурдандаш.

Вай дигар дорувори истеъмол намекард.

«Мудаббири бадани ман аз тадбир бозмондааст, дигар аз муолича фоидае нест», – мегуфт у худ ба худ.

Марди нимшиносе васиятномаи уро навишта гирифт. Ибни Сино васият мекард, ки тамоми молу мулкашро ба факиру бенавоён таксим, гуломонро озод кунан.д.

у бо фахму фаросату шуури комиле чон дод.

Эхтимол, дар лахзахои вопасини зиндаги нияту орзухои чавониашро ба хотир оварда буд, ки ногахон чашмонашро кушод ва талх хандиду гуфт:

Аз каъри гили сиёх, то авчи Зухал

Кардам хама мушкилоти гетиро хал;

Берун частам зи кайди хар макру хиял,

Хар банд кушода шуд, магар банди ачал!

Ин суханони охирини у буданд.

18-уми июни соли 1037 Ибни Сино вафот кард.

Дар бораи соатхои вопасини рузгори у чунин ривояте даргард аст.

Хакими бузург фарорасии рузхои вопасини хаёташро хис карда, доди ачалро додан хост.

Рузону шабон ва солиёни зиёде бехуда хосияти рустанихо ва сирру асрори доруворихоро наомухта буд.

у муддати мадиде бархаёт монда, бар болои марг галаба кардан мехост.

Куввати дастони бемадорашро чамъ оварда, чихил навъ дорувории мухталифа тайёр намуд ва доруворихоро ба чихил зарфи хархела рехт. Ба зарфхо шумора гузошт.

Сони шогирди вафодортаринашро ба назди худ хонд:

  • Гуфтахои маро бодиккат гуш дех! – гуфт у ба шогирд. – Куввату мадори ман рафтааст ва, мумкин аст, пагох аз хуш биравам. Аммо, ба шарте ки ту хамаи чихил навъ дорувориро мувофики тартиби мегуфтаам истифода бари, ман намемирам!

Сипас он тартибро баён намудан гирифт.

Доруи нахустин барои ба дахон рехтан пешбини мешуд.

Бо доруи дувум сари сина, савум – тахтапушт, чахорум – пойхоро молиш дода, панчумро боз ба дахон андохтан лозим меомад.

Хамин тартиб то доруи чихилумин идома бояд меёфт.

Рузи дигар Шайхурраис аз хуш рафт.

Дар пеши назари шогирд акнун тани бечони пирамарди заифу нахифе мехуфт. Пусти дастони хушку бемадор ва рухсорахояш ба устухон часпида, танхо пешонии фарох аз асрори амики фикру акли Ибни Сино гувохи медод…

Шогирд дар зери хаячони тамоме зарфи нахустини дорудорро ба даст гирифт.

Сони зарфхои дувуму савуму чорумро хам истифода бурд. Хама корро мувофики дастури устод анчом медод.

Зарфхои дахум, бистум, сивумро хам гирифт.

Охиста-охиста пайкари бемадори пирамард ба пайкари гул-гулшукуфони чавонмарде мубаддал мегардид. Аллакай даму нафас пайдо шуда, рухсорахо лолавор мешукуфтанд.

Акнун дар назди шогирд чавонмарди пуркуввати зебое бо тамоми мухассанот ва киёфаи хирадмандонае мехуфт.

Танхо доруи чихилумин боки монда буд.

Доруи охирин мебоист он хаётеро, ки хамаи сиву нух дорувории пешина дар тани Ибни Сино дамонда буданд, устувору баркарор созад.

Доруи вопасинро нушида, бояд устод чашмашро мекушод, нафаси чукуре мекашид, табассум мекард ва аз чояш бармехост.

Вале шогирд аз ин муъчизаи таири симо чунон моту мабхут шуда буд, ки зарфи чихилумин аз дастони дар асари хайрату хаячон ларзидаистодааш афтоду чаппаруй гашт! Дору руйи хоку рег рехт, замин онро чабида гирифт…

Чими Ибни Синоро дар самти чануби Хамадон ба хок супурданд.

Солхо мегузаштанд, садсолахо сипарй мегаштанд.

Дар доманаи Хамадон, дар сохили чапи дарёи кухй, дар миёнаи гуристони кайхо партобиё девори баланди хиштине хотаякеро бо чанд сарве дар ихотаи худ медошт. Дар он чо, дар халкаи сарвхо бинои хишти пухтасохте меистод.

Дар он чой, дар гирди макбара, хар пагохй мардумони зиёде чамъ меомаданд. Дар миёни мардум уламои баркамол ва чавонони навакак ба хаёт воридгардида хам буданд. Бемороне хам буданд, ки ба шифо ёфтанашон аз эъчози макбараи кадимй бовар доштанд.

Даруни макбараи тираву тор, руйи фарши бурёпуш, дар пойи тахтасанги ри кабр хамеша пирону муйсафедон менишастанд.

Асрхои аср ин анъана давом мекард.

Дусад, чахорсад ва хафтсад сол ба хамин минвол мегузашт.

Ва хар гохе ягон мусофири аз рохи мобайни Тихрону Багдод гузаранда бипурсад:

  • Дар ин чо кй мадфун аст?

Оромона чавобаш медоданд:

  • Ин макбараи хакими бузург ва инсони бузург Абуалй ибни Синост!

Соли 1952 Шурои Умумичахонии Сулх карор дод, ки хазорсолагии зодрузи Ибни Сино дар тамоми олам ботантана тачлил карда шавад.

28-уми апрели соли 1954 дар шахри Хамадони Эрон мучассамаи ёдгории Ибни Сино коматафроз гардид. Дар расми кушоди ёдгорй хамрохи олимони сершумори чахон хайати фиристодагони Иттиходи Шуравй низ иштирок дошт.

29-уми апрели соли 1954 ботантана макбараи нави Ибни Сино.

Замоне рассом ва риёзидон Аррок мувофики фармони Султон Махмуди Газнавй чихил тасвири Ибни Синоро кашида буд. Ин тасвирот ба шахрхои мухталифа фиристода шуда буданд. Аммо ягонтои онхо то замони мо махфуз намондааст.

Баъди ранчу захматхои вазнин ва чустучухои тулонй, дар асоси бурхону далелхои муътамаду чиддии илмй, ба донишмандону рассомони шуравй муяссар гардид, ки тасвири Ибни Синоро баркарор созанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222