Главная / Илм / Фатхи Макка аз тарафи Мухаммад

Фатхи Макка аз тарафи Мухаммад

Дар зимистони соли 630 м., соли хаштуми хичри, Мухаммад(с) бо хазор нафар лашкари ислом ба тарафи Макка руй овард. Ахли Макка ибтидо мухтасар муковимат нишон доданд, ки бе захмате шикаста шуд. Мухаммад (с) 23-юми январь соли 630 м ба Макка дохил гашт. Фатхи Макка хеле ором гузашт. Шахр, мисли суннатхои лашкаркашон, тороч нагардид, танхо бутхо шикаста, бутхо ва ибодатгоххои берун аз Макка вайрон карда шуданд. Пас аз фатхи Макка ду газои дигар дар Хунайн ва Тойиф рух дод, ки аввали ба осони торумор ва дуввумин баъди мухосираи тулони ба таъвик гузошта шуд ва баъдан бе чанг худ таслим гардиданд.

makaТаслим гардидани Макка галабаи катъии сиёсию харбии Мухаммад (с) ва сипохи ислом буд. Хамин тавр минбаъд яке пас аз дигар кабоили араб бо рохи чанг ва ё осоишта ба хокимияти сиёсии нав ва дини нав таслим шуданд.

Соли 631 Мухаммад(с) ба сарфармондехии сипохи азиме ба суи сархади арабу Византия (Сурияи имруза) харакат мекунад. Вале у чунон.ки аз сарчашмахо маълум аст, пас аз дах руз дар водии сархадии Табук таваккуф кардан, амалиёти харбие огоз накарда ба Мадина бармегардад. Дар ин сафар ахли бошишгоххои насронии араб замонати химояти Мухаммад(с) ва озодии эътикодро бо кабули ухдадори дар мавриди пардохти хироч ба даст оварданд. Яхудиён низ даст аз мубориза бардоштанд.

Соли 632 (соли 10-уми хичри) Мухаммад озими аввалин ва охирин зиёрат, хаччи исломии “Хонаи Худо” Каъба мешавад. Ин хачч баъдан “Хаччи видоъ” номида шуд. Паёмбари ислом (с) баъд аз анчоми хачч Мухаммад (с) бо хамрохонаш ба Мадина бармегардад, баъд аз се мохи хамон сол У аз илтихби пардаи шуш дар синни 63 солаги вафот кард.

Дар тули дах соли зиндагии худ дар Мадина Паёмбари ислом Мухаммад(с) сию хашт сирия- чангхо бидуни иштироки шахсии у ва бисту хафт газо (чанг бо иштироки шахсию бевлситаи у), барои баркарории ислом тадорук дидааст. Дар ин байн нух газоват (Бадр, Ухуд, Хандак, Курейза, Мусталик, Хайбар, Фатхи Макка, Хунайн ва Тойиф) аз чангхои бузурги сарнавиштсоз будаанд. Ин мукаддима зарфият ва хавсалаи баёни муфассали амалиётхои харбии Памбари исло(с) ва рафтори у ва мусалмонон дар ин корзорхоро надорад, мо наметавонем бештар аз он чи гуфта шуд чизе илова кунем, вале омузиши таърихи футухот-кишваркушоихои низомию сиёсии ислом хеле зарур аст. Будуни омузиши ин чихати таърихи ислом шинохти худи ислом пурра ва кифоя нахохад буд. Газовоти садри ислом, яъне замони Паёмбар(с) пур аз дарсхои омузишии ахлокиву маънави, дарси адлу инсоф, гузашту бахшиш ва шахомату мардонаги аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222