Хукумати подшохи дар Осиёи Миёна заминахои зиёдро ба зери тасарруфи худ дароварда барои идора кардани ин сарзамин идорахои маъмуриро таъсис дод. Соли 1867 дар маркази шахри Тошканд барои манфиатхои арбии иктисоди ва стратегии Россия генерал-губернатори Туркистон ташкил карда шуд.
Мувофики низомномаи 12-июни соли 1886 идоракунии Туркистон, гайр аз корхои адлия-молияви, алою телеграф ба ихтиёри вазири харбии Россия гузашт. Дар сари генерал – губернатори Туркистон генерал адютанти подшохи Константин Петрович Фон- Кауфман таъин шуд. Генерал – губернатор хукуки номахдуд дошт. Вай хукук дошт, ки бо давлатхои хамсоя музокироти дипломатии барад. Чанг эълон кунад, сулх бандад. Бе суд ва тафтишоти пешаки шахсони «номакбул»- ро бадара кунад, тамоми масъалаи сархади ва сиёсиро мустакилона хал кунад ва гайра.
Дар назди генерал – губернатор шуро, ки ба он 7-10 нафар губернаторони вилояти, сардори штаби харбии Туркистон ва намояндаи вазорати молия дохил мешуданд, амал мекард.
Шуро хукуки машварати дошт ва ба мухокимаи он масъалахое, ки генерал – губернатор лозим медонист, пешниход карда мешуданд.
Аз чихати маъмури кишвари Туркистон ба Панч, вилоят; Хафтруд, Сирдарё, Фарона, Самарканд ва Закаспий таксим шуда буд. Дар сари хар як вилоят губернатори вилояти, ки рутбаи харби дошт, меистод. Губернаторон бо ризоияти губернатори Туркистон ва пешниходи вазири харби ва вазири корхои дохили аз тарафи подшох таъин карда мешуданд. Губернатори вилояти имтиёзхо ва ваколати зиёд дошт.
Вилоятхо дар навбати худ бо уездхо таксим шуданд. Дар дасти у тамоми хокимияти маъмури ва полисияви муттахид карда шуда, дар як вакт сардори кисмхои харбии уездро низ, ба ухда дошт. Сардори уезд бо тавсияи губернатори вилояти аз тарафи генерал-губернатор ба мансаб таъин мешуд. Хокимияти сардори Уезд ба шахр низ тасарруф дошт.
Уезд ба участкахо ва волостхо, волостхо ба дехахо таксим мешуданд. Ба участкахо сардорони (приставхо) участкахо сардори мекарданд, ки тамоми рохбарии маъмури ва харби дар ихтиёри онхо буд. Ба волостхо сардори волост ва ба чамоахои деха оксакол, аз чумла, феодалони махали рохбари мекарданд.
Хукумати мутлакияти подшохи намояндагони феодалони махаллиро ба идоракунии давлат дар зинахои пасти маъмури чалб намуда, дар шахсияти онхо такягохи боэтимод пайдо кард. Ба ин мансаб амалдорон дар асоси интихобот, ки чандиндарачави буд, интихоб мешуданд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …