Бехтарин амал дар холати аз хоб сер нашудан ин ганаб мебошад. Ганаби чанд дакикашш метавонад хоби чанд-соатаро иваз намояд. Бинобар ин вакте, ки ганаб омад (махсусан барои ронандахои рохи дур) хатман бояд дар хамон лахза дар хамон чойе, ки истодааид ба ганаб раванд, то боиси садамахо нагарданд.
Олимони олмони исбот намудаанд, ки дар инсон ба гайр аз хоби шабона боз рузона се бор дакикаги ганаб кардан зарур мебошад, ки ин талаботи физиологии мо мебошад. Ин соатхои ганаби рузона, ки хар як шахс бояд рузона аз он манфиат барад, соатхои 9, 13 ва 17 мебошанд, яъне баъди хар як чор соат мебояд ганаб кард. Махз хамин ганаби 10 дакикаинаи рузона метавонад асабхоямонро ором ва ба мо кувваю тавоноии нав дихад. Барои ин кифоя аст, ки сарро болои дастхо гузошта «ганаб» равем.
Номзади илм Глибин Н. бошад мегуяд, ки хар як шахс дар як шабонаруз 5 холати фаъолшави ва 5 холати сустшави(2-3, 9-10, 14-15, 18-19 ва 22- 23)-и физиологиро аз сар мегузаронад. Чи хеле, ки мебинем онхо бо хам хеле наздиканд. Пас истифодаи ганаби рузона ба фоидаи саломати аст. Яъне рузона се бор ба ганаб равему соати 22-00 ба хоб равем саломатии мо хуб ва фаъолияти мехнатии мо босамар мегардад.