Главная / Илм / ХАЁТИ ЧАМЪИЯТИ-СИЁСИ ДАР СОЛХОИ 50-60УМ

ХАЁТИ ЧАМЪИЯТИ-СИЁСИ ДАР СОЛХОИ 50-60УМ

Чанги дуюми чахон бо ташаббуси куввахои иртичоии байналмиллали, ки орзуи хукмрони чахон шуданро доштанд, 1-сентябри соли 1939 сар шуд. Ин чанг дар таърихи инсоният фалокати бузургтарин ба хисоб меравад. Бадбахтие, ки ба сари мардуми чахон овард, аз ченаки умуми берун мебароянд. Ин чанг пеш аз хама задухурди ду идеология: идеологияи коммунисти ва буржуази буд, ки асоси маънавии ду давлати бузурги чахон – Иттиходи Шурави ва Германияи фашистиро ташкил мекард.
Фашизм, аз калимаи итоляви-иттиход гирифта шуда, хамчун идеологияи миллатгарои ва инсонбадбини дар солхои 20-уми карни гузашта дар як катор малакатхои Аврупо ба вучуд омад.
Солхои 30-ум фашизм дар Италия, Олмон, Португалия, Испания ва мамлакатхои дигари Аврупои Шарки ва Маркази баркарор шуд. Махсусан баъди ба сари давлати Олмон баромадани дохи фашистони Гитлер соли 1933 чахонро ба гирдоби чанг наздик кард.
Гитлер (Хитлер) номи аслиаш Шиклгрубер Адолф 20- апрели соли 1889 дар музофоти Браунаи Австрия ба дунё омадааст. у дар давраи чанги якуми чахон дар урдуи Олмон бо рутбаи ефрейтор хизмат кард. Аз соли 1919 ба тарафи сотсиалистони милли майл карда, яке аз асосгузорони хизби фашисти дар Олмон буд. Соли 1920 рохбарияти хизби милли – сотсиалисти коргарии Олмонро ба даст даровард. 9-уми ноябри соли 1933 раиси Олмон П.Гиденбург Гитлерро рейхканслер тайин намуд. Баъд вафоти П. Гиденбург Гитлер тамоми хокимиятро ба даст гирифта, Олмонро ба лагери ягонаи харби табдил дод. Тамоми накшахои инсонбадбинонаи А.Гитлер дар китоби у «Майн кампф» (Муборизаи ман), ки соли 1924 нашр шуда буд, ифода ёфтааст. Ин китоб асоси барномаи хизби милли – сотсиалистони Олмонро ташкил медод. Дар он комилан аз байн бурдани нажоди паст (ба кавли онхо ба айр аз немисхо) равшану хама тарафа тасвир ёфта буд.
Дар байни фашистони Олмон ва Италия иттиходи харби баста шуд, ки дертар миллатгароёни Чопон низ ба он дохил шуданд.
Барои ба сари кудрат омадани фашистон дар Олмон чи сабаб гашт?. Шикаст дар чанги якуми чахон, бархам хурдани империяи Висмери бухрони сиёсию иктисоди омилхои асоси буданд, ки дар Олмон ба дигаргун шудани мухити маънави оварда расонданд. Хизби милли – сотсиалисти бо рохбарии Гитлер ба хисси миллии халки немис такя карда дар байни ахолии хиссиёти никорталаби мебурданд.
Дар Олмон на танхо осори мутафаккирони башардустро сузонда нобуд карданд, балки садхо хазорон нафарро бо бахонаи ориёи набуданаш ба лагерхои консентрасиони чойгир карда нобуд сохтанд. Ба таври оммави нобуд намудани яхудиён сиёсати инсонбадбинонаи Гитлерро нишон медихад. Дар Олмон тамоми хизбхои сиёсие, ки наши фашистонро намепазируфтанд, таъкиб ва чазо дода мешуданд.
Хавфи чанги чахон торафт наздик мешуд, лекин мавкеи давлатхои бузург дар ин давра якхела набуд.
Давлати Шурави хавфи чангро дар Гарб аз Олмони фашисти ва дар Шарк аз Японияи миллатпарасти медид. Лекин як чиз аник набуд, ки кадоме аз ин давлатхо чангро сар мекунанд.
Мамлакатхои Аврупо ба кувваи харбии Иттиходи Шурави боварии комил надоштанд. Аз ин сабаб, гуфтушуниди худро бо мамлакати Шурави бо хар бахона кашол дода, бисёр масъалахоро пинхони бо Гитлер хал мекарданд.
11-августи соли 1939 баъди тайёрихои зиёд байни Иттиходи Шурави ва вакилони англо-франсузи дар масъалаи бартараф намудани хавфи чанг дар Аврупо гуфтушунид сар шуд. Аммо онхо ягон натича надоданд.
Аз ин сабаб 12-август Иттиходи Шурави дар бораи сар кардани гуфтушунид бо Олмон тайёр будани худро иброз намуд. Бо Олмон ва намояндагони англо-франсави дар як вакт гуфтушунид менамуданд. Нихоят 20-августи соли 1939 Гитлер ба И. Сталин мактуб фиристода дар бораи тайёр будан ба гуфтушунид хабар дод.
23-август Иттиходи Шурави (Молотов бо Рибентрон) ва Олмон дар бораи ба якдигар хучумнакардан ба мухлати 10- сол шартнома имзо карданд. Дар шартнома доир ба Полша карордоди махфи кабул карда шуд.
Рохбарияти Иттиходи Шурави боварии комил дошт, ки шартномаи бо Олмон имзо шуда муваккати мебошад, ва аз ин ру барои бехатарии сархадхо чорахо меандешиданд. 17- сентябри соли 1939 кисмхои Артиши Сурх ба Украинаи Гарби ва Беклоруссияи Гарби дохил шуда, баъди чанг ин заминхо ба Украина ва Белоруссия хамрох карда шуданд.
Дар як вакт куввахои якчояи Мугулистон ва Шурави дар Шарки Дур дар сохилхои дарёи Халхин – Гол ба мукобили Япония амалиёт мебурданд. Ин амалиёт ба рафти минбаъдаи чанг дар кисми Шарки таъсири калон расонд. Ниятхои тачовузкоронаи Япония барбод дода шуд.
Охирхои ноябри соли 1939 амалиёти харбии Шурави ва Финландия сар шуд. Давлати Шурави ният дошт, ки бо рохи дипломати масъалахои сархадиро бо Финландия халу фасл намояд. Ба Финландия таклиф карда шуд, ки сархади давлатиро аз Ленинград ба масофаи 32 км дуртар барад. Дар ивази ин ба Финландия дар гарданаи Корелия чандин маротиба зиёдтар территория пешниход карда шуд. Инчунин давлати шурави нимчазираи Ханко ва бандари Петсаморо ба ичора додан пешниход кард. Финландия ин таклифро кабул накард.
Кушунхои Шурави бо душвори ва талафоти калон (126 875 нафар кушта ва ярадор шуданд) хати мудофиавии Манергеймро рахана карданд. Финхо дар ин мухориба 48273 нафар талаф доданд. Аввалхои мохи феврали соли 1940 Финландия барои бастани сулхнма рози шуд. Сархади нави байни давлатии Иттиходи Шурави ва Финландия муайян гардид. Мохи июни соли 1940 Иттифоки Шурави ба Руминия баргардонда сарзамини Бесарабия ва Буковинаи Шимолиро пешниход кард. (Ин заминхо дар асоси шартномаи Брест соли 1918 аз Русия гирифта шуданд). Мохи августи соли 1940 Баксарабия ба Молдавия хамрох карда шуд ва Буковинаи Шимоли ба Украина хамрох карда шуданд.
Мохдои июн-июли соли 1940 дар давлатхои назди Балтика, Эстония, Латвия ва Литва вазъияти душвори сиёси ба амал омад. Мувофики шартномаи имзо шудаи мохи сентябри соли 1939 бояд кисмхои харбии шурави ба хоки ин давлатхо ворид мешуданд.
Дар мохдои июн-июли соли 1940 дар давлатхои назди Балтика харакати инкилоби сар шуд. 21-июли соли 1940 дар чумхурихо Литва Латвия ва Эстония Хокимияти Шурави барпо карда шуда онхо ба хайати Иттиходи Шурави хамрох карда шуданд.
Олмони фашисти аз бетарафии мамлакатхои Аврупо истифода бурда, 1-сентябри соли 1939 ба Полша хучум кард. Рузи дигар Англия мачбур шуд, ки ба Германия чанг эълон кунад. Хамин тарик чанги дуюми чахон дар Аврупо сар шуд. Аз мохи августи соли 1939 то соли 1940 Олмон давлатхои Полша, Чехословакия, Руминия, Венгрияро забт намуда ба сархадхои Иттиходи Шурави наздик шуд.
Нихоят 22-июни соли 1941 Олмони фашисти ногахон ба Иттиходи Шурави аз се самти асоси (Шимол, Марказ ва Чануб) ахдшиканона хучум намуд.
Хангоми мурофиаи суди Байналхалки аз болои саркардагони фашистии Олмон дар ш. Нюрнберг маълум гардид, ки хануз дар солхои 30-юм Гитлер накшаи бо Иттиходи Шурави сар кардани чангро кашида будааст.
Мувофики он («наши Барбаросса») тавассути чанги «Баркосо» мебоист шунхои фашисти то фарорасии
зимистон ба Урал мерасиданд.
То ба Иттиходи Шурави сар кардани чанг, Олмон дар зарфи 2-солаи чанг дар Аврупо 11-мамоликро тасарруф намуд, ки онхо 142 млн.км.кв. марз доштанд.
Дар рузхои аввали чанг фашистон аз хучи ногахони ва бартарии харби- техники истифода бурда, такрибан 50% техникаи чанги, анборхои сузишвори ва озукавориро несту нобуд сохтанд. Чанг 1418 шабонаруз идома ёфт.
Бо бисёр сабабхои объективи ва субъективи артиши Сурх чангкунон акибнишини мекарданд. Ба ин нигох накарда, артиши Шурави пай дар пай куввахои зарбазани фашистонро аз катор мебароварданд ва то саршавии зимистон душман бехолу бемадор гардид. Ин вазъият дар доманахои шахри Москав эхсос шуд.
Аз тарафи ИЧШС чанг характери мудофиави, озодихохи дошт. Мардум ба мудофиаи Ватан бархост. Вазифа аз он иборат буд, ки дар мухлати кутох тамоми мамалакат ба лагери ягонаи харби табдил дода шавад. Шиори асосии мардум «хама чиз ба фронт, хама чиз барои алаба» буд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222