Главная / Илм / ХАЁТИ ЧАМЪИЯТИ – СИЕСИИ ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛХОИ 20-УМ.

ХАЁТИ ЧАМЪИЯТИ – СИЕСИИ ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛХОИ 20-УМ.

Вазъи сиёсии Точикистон дар солхои 20-ум мураккаб буда, дорои хусусиятхои хос мебошад. Ба мустахкмшавии хокимияти Шурави дар нохияхои Маркази ва Чанубии Точикистон куввахои аксулинкилоби халал расонда, вазъи сиёсиро мураккаб мегардонд. Дар чунин шароити вазнин дар Точикистон барпо намудани дастгохи нави идоракунии давлати сар шуд.
Баъди галабаи инкилоби Октябр дар шахру навохихои маркази диктатураи пролетариат барпо шуда бошад хам, Осиёи Миёна ва дар Точикистон вай хусусиятхои хоси худро доштанд. Дар нохияхои Шимолии Точикистон аввал асоси хокимиятро Комитетхои инкилоби ташкил карда, баъди бо рохи интихоботи Шурохо гузошта буданд. Дар Точикистони Маркази ва Чануби 2-январи соли 1922 Комиссияи фавкулода диктатураи (КФД) КИМ ЧХШБ оид ба корхои Бухорои Шарки ташкил ёфт. Комиссия дорои ваколатхои васеъ буд ва масъалахои иктисоди харбиро дида баромад.
Дар назди комиссия шуъбахои иктисоди, обу замин, сохтмон, молия, андоз, наклиёт, нигахдории тандурусти, трибунали инкилоби харби, адлия, суди амал мекарданд.
Ба баробари муътадил гаштани вазъият аз соли 1922 сар карда, дар Точикистони Шимоли ва Помир комитетхои инкилоби ба Шурохо табдил дода шуданд. Дар Бухорои Шарки барои аввал соли 1923 маъракаи интихоботи ба Шурохо гузаронида шуд. Лекин бо сабабхои гуногун дар интихобот шумораи ками интихоботкунандагон иштирок карданд. 7-июни соли 1924 комиссияи фавкулоддаи диктатори бекор карда шуда, комитети ичроияи марказии мувавдатии Бухорои Шарки таъсис дода шуд. Аз 1 то 5 сентябри соли 1924 Анчумани 1-уми Шурохои намояндагони халкии Бухорои Шарки ба кори худ сар кард. Анчани КИМ Шурохои намояндагони халкии Бухорои Шаркиро интихоб намуд.
Аз чихати маъмури Бухорои Шарки ба вилоятхои Душанбе, Куронтеппа, Сари Осиё, Кулоб, Гарм ва аз 2 январи соли 1925 Вилояти Худмухтори Бадахшони Кухи таксим мешуд. Мувофики ислохоти маъмури соли 1923 вилоятхо ба туманхо ва туманхо ба кентхо таксим мешуданд.
Дар давоми соли 1924 то соли 1926 дар вазъияти сиёсии чумхури таироти зиёд ба амал омада, кисми зиёди интихобкунандагон дар интихобот иштирок мекарданд. Ин имконият дод, ки мохи декабри соли 1926 Анчани Муассисони Шурои вакилони коргарон, дехдонон даъват карда мешавад.
Дар Анчан расман ташкилёбии ЧХШ Точикистон эълон карда шуд. Анчуман КИМ (Комитети ичроияи маркази) Точикистонро, бо сардории Н.Махсум ва Шурои комиссарони халкиро бо рохбарии А.Хочибоев интихоб намуд.
Дар назди хукумати навтаъсиси Точикистон душворихои зиёди меистоданд. Миллати аз марказхои фархангию иктисодиаш чудошударо пеш бурдан кори осон набуд. Ба замми ин рохбарони туркгарои Узбекистон ба хар роху восита ба Точикистон фишор меоварданд. Хукукхои точиконро (зиёда аз 2,5 миллион, ки дар худуди Узбекистон монданд) махдуд мекарданд. Аз ин ру хукумати Точикистон мохи январи соли 1929 ба хукумати Иттифоки мурочиат карда, бо далелу санадхо ноадолатхоро нисбати халки точик исбот намуданд. Рохбарони хукумат дар назди Сталин масъалаи аз хайати Узбекистон баромада, ба Точикистон хамрох кардани вилоятхои Бухоро, Самарканд, Сурхандарё, Кашкадарё, хавзаи Хучандро ба ба миён гузоштанд.
Баъди кашмакашихои зиёд талаботи ахолии Хучанд, (ки аксари ахолии онро точикон ташкил медоданд), мохи сентябри соли 1929 ичро шуда, хавзаи Хучанд ба Точикистон хамрох гардид.
16 октябри соли 1929 Анчани сеюми фавкулоддаи Шурохои Точикистон дар бораи ташкил ёфтани Чумхурии Шурави Сотсиалистии Точикистон карор ва Изхорот кабул кард.
Анчани VI-уми Шурохои ИЧШС аз мохи марти соли 1931 карор ба хайати ИЧШС (СССР) хамрох кардани ЧШС Точикистонро тасдик намуд. Бори дигар киш карда шуд, ки кисми ками каламрави точикнишин ба Точикистон хамрох карда шавад. Гарчанде, ки 3-феврали соли 1930 КИМ Умумииттифоки масъалаи ба Точикистон хамрох кардани вилояти Сурхандарёро мавриди барраси карор дода хохиши Тикистонро конеъ намуда бошад хам, мутаасифона пас аз 10 руз КИМ карори худро бекор кард.
Анчумани 4-уми Шурохои ЧШС Тикистон 24 феврали соли 1931 якумин конститутсияи Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Тикистонро кабул намуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222