Хаёти маънави ва эътикодоти мазхабии аъроб кабл аз ислом ба мо аз сарчашмахои ислом – Куръон ва сунна ва маъхазхои дигар то андозае маълум мебошад. Арабхо дар маънавиёту эътикодоти мазхаби аз хамсояхои худ хеле акиб монда буданд. Дину оинхои бутпарстиву бисёрхудоии онхо, хануз дар сатхи динхои кабилави-авлоди карор дошт. Хатто дар ин соха хануз ба пояи динхои бисёрхудоии милливу давлати на расида буданд. Шоирони араб, ки кобилияти сарояндагии анвоъи гуногуни шеъри баландпоя: газал, касида, марсия ва гайраро доштанд, хамчун шоирони кабилави ба ситоишу мадхи кабилаи худ ва хачву мазаммати кабилаву авлоди мухолиф мепардохтаанд. Дар вокеъ баландтарин муваффакияти маънавии аъроби чохилия ин шеъру адаби онхо мебошад.
Дар хонаи Каъба зиёда аз сесад ё сесаду шаст (360) бутхои кабоили арабро даври хам гузошта буданд. Аксарият кабилахо бути махсуси худро доштанд. Вале дар байни онхо бутхое хам чой доштанд, ки барои хамаи кабилахо мавриди парастиш ва дорои эътибор ба шумор мерафт. Чунин як бут, Хубал ном доштааст. Хубалро такрибан ба мартабаи худои худоён мешинохтаанд. Аз матни Куръон маълум мешавад, ки аъроб ба худои офаридгори Замину Осмон, худои ноаён – Аллох низ муътакид буданд. Баъзе шояд ба ягонагии ин худои офаридгор бовари доштанд, вале бутхои худро хамчун восита-шафеъ дар назди у мехисобидаанд.
Ба гайр аз Хубал дар Куръон аз худоёни нарру модаи дигар чун: Лот, Манот, Уззо, Наъила, Зул-халаса, Вадд, Суво, Ячус, Яук, (Ниг.К. сур. Нух, ояти.23 ва ан- Начм, ояти 19-21) ёд шудааст. Аъроб инчунин ба вучуди куввахои бад ва зиёнкор дар мукобили куввахои нек ва хайр, рухи биёбон, чин ва гайра бовар мекарданд.
Эътикоди аъроб ба хаёти пас аз марг чандон равшан нест. Аз Куръон чунин бармеояд, ки ба он эътикод надоштанд. Чунки мухолифони паёмбари ислом Мухаммад (с) дар радди ин чунин таълимоти у акидаи дахри баён кардаанд.(Ниг.К. сур.45, ояти24)
Аз сарчашмахои хатти ва ривоёт чунин бармеояд, ки бутпарасти дар арафаи пайдоиши ислом дар вазъияти инкирозу бухрони карор доштааст. Беэътинои ба бутхо ва тамасхури онхо рузафзун мегардид, омили асосии он бархурд ва ошнои бо динхои волотари ташаккулёфта, чун яхудия, насрони ва зардушти буда. Чунон ки гуфта шуд, дар шимол кисмате аз аъроб, масалан, гассониён дини насрониро кабул карда буданд. Дар Яман нуфузу таъсири зардуштия эхсос мешуд. Мувофики ривоятхо, дини насрони дар худи Макка низ нуфуз дошта ва дар деворхои Каъба накши Масех ва пайгамбарони дигарро кашида будаанд.
Хулоса, дар баробари инкирози парастишхои бисёрхудоию чохилия, гояи тавхид ба тадрич байни арабхо нуфуз мекард. Мубаллигони ин чунин акидаро ХАНИФ меномидаанд. Дар Куръон низ ин истилох (яъне ханиф) хамчун муродифи яктопараст (муваххид) омадаст ва аввалин ханиф Иброхими Халиллулох ёд шуда.\ Ниг. К. 3: 89; 6:79,162 \
Дар бораи тартиботи ичтимои, ахлоки ва макоми зан дар чохлия низ бисёр навиштаанд, аз чумла таърихнависони ислом одати зинда дар гур кардани фарзанди навзоди духтарро махсус таъкид мекунанд, ки Куръон онро манъ кард.\ Ниг. К.6:137,140,151; 17: 31; 60:12.\