ХАЙЁМЕ ДИГАР

Эрачи Забардаст зодаи шахри бузургмардони шеъри форси – Ше-
роз аст. У шоирест, ки танхо рубои менависад. Рубоиёти у то кунун бо
исмхои «Хандахои хис», «Як сабад ойина», «Борон, ки биборад хама
ошик хастанд», «Хайёме дигар», «Хаёти дубораи рубои», «Таронахои
пурташвиш» ва гайра ба нашр расидаанд. Хофизшиноси барчастаи
эрони Бахоуддини Хуррамшохи уро «Хайёме дигар» номида, дар си-
тоиши у гуфта АСТ:

Хайём зи пушти парда сармаст омад,

Бо кузае аз тарона бар даст омад.

Бигзашт хазораеву мо чашм ба рох,

То навбати Эрачи Забардаст омад.

Вокеан хам ин адиби рубоисаро сазовори хама гуна тахсин аст. Зеро
рубоиёташ намунаи бехтарини рубоист. Волоияти у дар сухан аз он аст,
ки дар офаридани маънии баланд ва тасвирхо ва парадоксхо, ба кор
бурдани санооти бадей дасти тавоно дорад ва ба номи худ – Забардаст
зебанда аст. Бехтарин чихати шеъри Эрачи Забардаст навгароист. У на
танхо дар мазмун, балки дар колаб низ дигаргуние ворид намудааст.
Барои мисол як рубоии у, ки ба шеъри нимои шабохат дорад, меорем:

Мехохам бо паранда

Ин чо, он чо

Бо куху дарахт, чашма

Бо дарё, бо парвона, хаво, нур,

Ва…ва..

Дуст шавам,
Мехохам бо бахор бошам

Танхо.

Инчунин у ягона шоирест, ки рубои – cvna-r гх/фтааст, ба ин шакл:
Рухест, ки дар тан аст, холо ин шакл

Мохи шаби рушан аст, холо ин шакл

Он чашми муаттари азал медонад,
Шакли дигари ман аст, холо
ин шакл

Рубоиёти Эрачи Забардаст як маротиба бо баъзе галатхои имлои
дар Точикистон бо кушиши шоир ва мутарчими чавон Бахтиёр Амини
бо номи «Хаёти дубораи рубои» ба нашр расид. Ин мачмуа имруз ка-
мёфт гардидааст ва на хама аз Эрачи Забараст огахи доранд. Максад
аз омода намудани гузидаи шеъри Эрачи Забардаст ошно намудани
хонандаи азиз ба шеъри насли нави хамзабонон аст.

РУБОИЁТ

1

Сад бор ба санги кина бастанд маро,
Аз хеш гарибона
гусастанд маро.

Гуфтанд хамеша бериё бояд зист,
Ойина шудам, боз шикастанд маро.

2

Ба устод Махмуди Фаршчиён

То болу пари умр ба ранги хавас аст,
Аз авч
сарозер шудан як нафас аст.

Он лахза, ки боли зиндаги мешиканад,

Дар чашми паранда осмон хам кафас аст.
3

Имруз биё таронахони бикунем,
Бо сабзаву об хамзабони
бикунем.

Ид асту губори гам гирифтаст дилам,
Эй ашк, биё хонатакони
бикунем.

4

То гиря тилисми дардро мешиканад,
Дил хурмати охи
сардро мешиканад.

Дарёи хазор мавчи туфонхез аст,
Ашке, ки гурури
мардро мешиканад.

5

Мо вакти нигохро даме донистем,
Аз дониши чашмхо
каме донистем.

Кажтобии дастхову бемехрии санг,
Мо ойина будему намедонистем.

6

Борон: -Таби хар тараф биборам дорам.
Дехкон: -Гами
то ба кай бикорам дорам.

Дарвеш нигохе ба худ андохту гуфт:
-Ман харчи
ки дорам, аз надорам дорам.

7

То покию содаги маро пеш бибар,
То кулбаи бериёи дарвеш бибар.

Эй лахчаи хиси абрхо, эй борон,
Дастони маро бигиру бо хеш бибар.

8

Дар хоб чарог то сахар дастам буд,
Дар хоб калид хар чи
дар дастам буд.

Зеботар аз ин хоб надидам хобе,
Бедор шудам, дасти ту дар дастам буд.
9

Шуд куча ба куча чустучу ошики у,
Шуд бо гаму гусса ру ба ру ошики у.

Поёни хикоятам шунидан дорад,
Ман ошики у будамуу ошики у…

10

Бо чумлаи риндони чахон хамкешам,
Хайёми таронахои беташвишам.

Ангор шароб аз осмон меборад,
Вакте ки ба чашмони ту меандешам.

11

То ишк таронахони чашмони гам аст,
Рохи ману ту хамеша бар печу хам аст.
Эй хасрати рузхои бебаргаштам,
Сад бор, ки ошикат шавам, боз кам аст.

12

Бо хеш хамеша душмани, эй дили ман,
Чун соя ба дунболи мани, эй дили ман.

Харчанд, ки аз санг туро сохтаанд,
Як руз ту хам мешикани, эй дили ман.

13

Лабхои ту сура – сура тафсири Худост,
Чашмони ту бериётар аз ойинахост.

Эй сабзтарин, сабзтарин, сабзтарин,
Симои ту сини хафтуми
сафраи мост.

14

Дар суги Содики Хидоят
Чун рух вучуди ту муаммое буд,
Омезае аз чунуну зебои
буд.

Рузе, ки туро хок дар огуш кашид,
Зону задани марг тамошое буд.
15

Ба Нимо Юшич

Дарвеши хамеша бениёз ойина аст,
Садкои вучуди шахри
роз ойина аст.

Бо сангдилони санг дар даст бигу:
Ойина агар шикаст, боз ойина аст.

16

Ишроки тамошоии бовар боши,
Аз арши Худо низ фаротар боши.

Сад каъба намоз мегузоранд туро,

Як лахза агар ба чойи модар боши.

17

Пирохани хиси абр танпуши ман аст,
Сад боги табархурда
дар огуши ман аст.

Ин зиндагии кабуд, ин талхи бунафш,
Захмест, ки солхост
бар души ман аст.
18

Дар суги Фаридуни Фуруги

Он кадр канори сояаш танхо зист,
То рафт, нафахмид
касе дардаш чист.

Барфу тани шахру боди шаллок ба даст,
Холо хама чо харфи
касе хаст, ки нест.

19

Як буму хавое, комате ин гун^:.. .

Як доиаву икомате ин гуна:

Як шахр бикуш, ки сокинонаш доранд,
Чои
сарашон аломате ин гуна: ?

20
21
Ба устод Хошим Човид

Во кард садаф дахон: -Саховат ин аст,
Мавче хама сачда
шуд: -Иродат ин аст.
Сар кард бурун зи об як мохии
пир:
-Дар обаму ташнаам, хикоят
ин аст.

22
Дар суги Ахмади Шомлу

Шаб ходисаро ишорате мубхам кард,
Аз коидае чахон
замонро кам кард.

Эй бовари бекарона, эй куи сафед,
Парвози ту пушти осмонро хам кард.

23
Гар дил таби шуълахои саркаш гирад,
Аз хурми
ману ту марг оташ гирад.
Дилсухтае
бош, ки бо номи Ватан,
Охи
ту камон зи дасти Ораш гирад.
24
Ба муносибати солрузи марги Сухроби Сипехри
Он хона, ки хиси атри шаббуст кучост?

Он хона дар ин сус-т, дар он сус-т, кучост?
Дар печу хами бод нишоне гум шуд,
Сухроб кучост? … Хонаи дуст кучост?

Фарёд кашид барг:
(Эй дод, эй дод, эй дод
дубора бод меояд, бод)
Ин бор:

Афтод / наяфтод
Наяфтод/ афтод

Пешгуфтор, интихоб ва баргардони

Насимбек КУРБОНЗОДА

 

Дар борамон

Инчунин кобед

pir

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …

222222222222222