Мухаммадсиддик, ки дар шеър Хайрат тахаллус дошт, соли 1887 дар гузари Арусони Бухоро таваллуд ёфтааст. Падари у дар масчиди хамон гузар муаззин (гуяндаи азон) буд ва оилаи у бо даромади ночизе зиндаги мекард. Хайрат маълумоти умумиро дар мактаби гузари худ гирифт.
Хайрат бо як додари хурдсолаш дар хаштсолаги аз падар ва аз дувоздахсолагиаш аз модараш ятим монданд. Ба кудакони бепарастор як хавличаи хурд ва ду хучра аз мадрасахои Бухоро мерос монда буд, ки онхо ба пули ичораи хамин чохо руз мегузарониданд.
Хайрат дар сини понздахсолаги ба мадраса дохил шуд ва аз хамин вакт сар карда, чои доимии истикомати вай хучраи мадраса гардид.
Хайрат аз хурдсоли ба шеъргуи шавки калоне дошт. Вай аз шахсони китобдуст хар гуна китобхоро гирифта мехонд ва шеърхоро зуд аз ёд мекард. Машгулияти Хайрат дар вакти тахсили мадраса боз хам зиёдтар шуд ва у акнун чиддан ба шеърнависи машгул шуд. Аммо вай аз хоксори шеърхояшро ба хар кас нишон намедод.
Дар охирхои соли 1895 ва аввали соли 1896 С. Айни аз як ошнояш дар бораи Хайрат маълумот гирифта, бо у шинос мешавад. Аз мулокоти аввал дар байни онхо риштаи дустиву мухаббат баста мешавад. Айни шеърхои пурмазмуни Хайратро дида, ба хаячон меояд ва уро бо Садри Зиё, ки он вактхо С.Айни дар хавлии у хизмат мекард, шинос мекунад. Садри Зиё шахси_ шеършинос ва тарбиятгари чавонони боистеъдод буд. у шеърхои Хайратро дида, кобилияти шоирии уро хамчун шоир дар байни ахли илму адаби Бухоро талкин мекунад.
Чунончи, С. Айни навиштааст: «Хайрат истеъдоди фавкулоддае дошт ва дар дарсхои мадраса, бо вучуди ахамият надоданаш, пеш буда, хар як дарсро ба як дидан ва ё шунидан аз худ мекард. Бинобар ин, ба интихоби устод хам он кадар ахамият надода, ба аввалин мударрисе, ки у вохурдааст, факат барои расмият шогирд шудааст ва бештарини дарсхоро бо мутолиаи худ аз худ кардааст».
Он солхо дар зиндагии Хайрат як давраи нав сар шуд. Вай бо шахсони маърифатноки замон шинос шуд, аз онхо хеле фазлу дониш омухт. Махсусан, ба туфайли Садри Зиё бо асари Ахмади Дониш «Наводир-ул-вакоеъ» шинос шуд ва доираи чахонбини ва фикру акидаи у хеле васеъ шуд.
Душвории зиндаги Хайратро хануз аз хурдсоли заиф гардонда буд ва ин ба саломатии у бетаъсир намонд. Барои таъмини маишат ва муолича бошад, у маблаги даркори надошт. Бинобар ин, у ба максади бехтар кардани вазъи зиндаги соли 1898 ба сифати мирзо (котиб) ба кор медарояд ва соли 1902 шоир аз сабаби касали вафот мекунад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …