Шахри Ясриб дар сесаду панчох км. шахри Макка чой гирифта буд. Ахолии онро асосан, ду кабилаи араби ва се кабилаи яхуди ташкил мекарданд. Ду кабилаи араби, ки хазрач ва авс ном доштанд ва се кабилаи яхуди зиндаги мекарданд, ки банни курайза, бани кайнока ва бани Назир ном доштанд. Ихтилофу зиддият, то хадди душмани хам байни худи он ду кабилаи араби ва хам байни ин ду кабилаи араби ва се кабилаи яхуди зиёд буд. Онхо бисёр вакт дар холати ианг карор доштанд. Ин аст ки сокинони шахр дар вазъияти ногувор буданд ва зарурати шахси сеюми бечаразе, ки тавонад байни онхо довари кунад ва осоишу амниятро дар он шахр баркарор созад сахт эхсос мешуд. Ин аст, ки онхо барои ин максад Мухаммадро баргузиданд ва уро ба шахри худ даъват карданд.
Ба дунболи ин дар мавсими хаччи соли баъди чамоати зиёде аз мардуми Ясриб ба у байъат карданд ва паймоне бо номи «паймони Акаба» \номи махалли имзои ин паймон\ баста шуд. Пас аз ин паймон Мухаммад аввал пайравони худро ба Ясриб фиристод ва сипас худ рахти сафар баст. Ногуфта намонад, ки хам гуфтушунид ва хам кучбанди махрамона, дар вокеъ гурез аз хавфи марге буд, ки ба у тахдид мекард. Чунки нихоят курайшиён тасмим гирифта буданд,ки уро кушанд. Барои он ки хуни у ба як ё ду авлод тааллук нагирад мебоист, чандин нафар чавонони курайш, ба Паёмбар (с) якбора хучум карда, ба якчояги уро мекуштанд.
Мухаммад шабона аз Макка хамрохи Абубакр берун омада, дар горе дар доманаи кухи Савр пинхон мешавад ва сипас савори шутур рохи Ясрибро пеш мегиранд. Нихят у бо 70 нафар пайравони худ, ки мухочир номида шуданд, ба Ясриб омад. Ин вокеъа дар таърихи ислом бо номи “хичрат”-и Паёмбар (с) маъруф аст. Ва он мутобик бо 4 сентябри соли 622 м. буда, аз хамин руз солшумории хичри очоз мешавад.
Пас аз имзои “паймони Акаба” , ки паймони чанг номида шуд, \чун ахли Ясриб ахд карданд аз Мухаммад (с) бо молу чони худ дифоъ хоханд кард \ даъват ба ислом ва рисолати паёмбарии у хусусияти нав касб кард.
Тамоми сездах соли даъват дар Макка аз тарики мавъизаву таблигу насихату огохонидан буд. Даъват ва рисолати Мухаммад(с) дар Макка ори аз хар гуна хадафи сиёси, соф дини-мазхаби буда аст. Дар ин давра рисолати Мухаммад (с) ба рисолати Эсои Масех шабохат дошт, у низ мисли Эсо хар гуна шиканчаву таъкибу фишорро бо сабру бурдбори тахаммул мекард, даст ба силоху чанг ё даъват ба чиходро накардааст.
Аммо бо баста шудани паймони Акаба ва хичрати паёмбар ба Мадина дигаргунии куллие дар рисолати у ба вучуд омад. Мухаммад дар баробари паёмбари, масъулияту рисолати рохбарии сиёсиро низ дарёфт. Дар ин давраи дуюм рисолати у шабехи рисолати Мусо аст. У натанхо рисолати даъват ба дини нав, балки рисолати рахои бахшидан аз дастгохи зулм (тогут)- мубориза бо душманони исломро дарёфт. Мухолифони Мухаммад(с) аз Макка бо икдом ба куштани Мухаммад(с) дар арафаи хичрат ва таъзияву таъкиби мусулмонон худро дар вазъияти ошкорои чанги бо Паёмбар (с) карор дода буданд. Аз тарафи Худо низ вахй бо мазмуни ичозат ба чанг- “чиход” нозил шуд. \ 3. 2: 214\.
Аввалин коре, ки Мухаммад(с) дар Ясриб анчом дод бастани паймон бо тамоми ахолии Ясриб: мусулмонон, бутпарастон (мушрикон) ва яхудиён буд. Ин аст, ки Мухаммад (с) пеш аз хама хамчун хакам ё кози ба ин шахр дохил мешавад. Аз сарчашмахо маълум, ки хануз пеш аз дохил шудани Мухаммад (с) ба Мадина ба дин ва рисолати вай аксарияти ду кабилаи араби гаравида буданд. Ба хар сурат паймони аввали бо ахолии Ясриб соф хусусияту ахамияти сиёси дошт. Ин паймон дар сарчашмахо, аз чумла “Таърихи Табари” ба пурраги омадааст ва аз камолу махорати сиёсии Паёмбар(с) шаходат медихад. \ Ниг. 14: 1. 107\
Бо вучуди муваффакияти бузурги хосила аз хичрат ба Мадина, дар ин шахр низ таблиги ислом ва муносибати сиёсии дохили шахр алалхусус, бо яхудиён ва шайхони собики кабилаи авс ва хазрач хеле мушкил ва печида буд. Яхудиён, ки дорои дини тавхидии мустахкам ва дерина буданд, даъватхову рисолати паёмбарии Мухаммад(с)-ро ба боди тамасхур гирифтанд. Хамзамон бо мустахкам шудани мавкеияти Мухаммад(с) дар Мадина душмании яхудиён бештар ва ошкоротар мешуд. Харчанд онхо паймон намуда, ахдномаро имзо карда буданд, дар ботин мунофики мекарданд, дасисахо рох меандохтанд. Ба замми ин ахволи мухочирони мусулмон, ки аз Макка хама молу боигариву хонаву чои худро партофта, хамрохи Паёмбар (с) омада буданд хеле вазнин буд, онхоро бо чову маош таъмин кардан лозим меомад, то ихтилоф бештар нашавад.
Дар соли аввал хамзамон бо бастани паймон нахустин коре, ки Паёмбар(с) кард, бинои масчид буд бо номи “Масчиди Кубо”. Масчид дар хамон чое, ки хангоми дохил шудан ба Ясриб нокаи Паёмбар(с) фурунишаста буд бино шуд. Дар аввал, киблаи мусулмонон Иерусалим-Байтул-мукаддас буд. Ва хамчунин он сол мусулмонон рузаи ашураи яхудияро доштанд. Дар соли дуюм оид ба тагйири кибла ва рузахои яхудиву насрони ба рузаи мохи Рамазон вахй нозил шуд.
Тагйири кибла аз як суй маънии истиклолият ёфтан ва чудо шудани исломро аз дини яхуди ва насрони дошта бошад, аз суи дигар хадафи сиёси карор гирифтани Макка, яъне самти муборизаву харакати сиёсии минбаъдаи уммати исломро нишон медод. Дар соли дуюм паи хам Паёмбар(с) ба касди хамла ба корвонхои Макка икдом ба чанд “газо” ва “сирия”[1] кард. Вале аксари онхо бидуни муваффакият будаанд. Танхо, дар мобайни мохи Рамазон газои”Бадр” сурат гирифт. Паёмбар(с) мехост корвони пурбори маккиёнро тасарруф кунад, вале корвонсолор Абусуфиён аз ин накшаи Паёмбар (с) огох шуда аз Макка дархости кумак мекунад ва то расидани сипох корвонро аз рохи дигар равона карда, онро начот медихад. Бо вучуди ин сипохе, ки аз Макка барои дифоъи корвон расида буданд, бо сипохи ислом ба чанг мепардозанд. Мусалмонон дар ин чанг бо вучуди ду баробар камии микдор ва лавозимоти чангии худ пируз гардиданд. Дар ин чанг теъдоди мусалмонон хамаги 313 нафар ва савориашон 70 шутур дар баробари сипохи маккихо, ки мураккаб аз 1000 шамшерзан, 100 асп ва 700 шутур буд аст. Ин аввалин пирузи ва галабаи мусулмонон барои таквияти рухияи онхо кумак намуд. Дар хамин сол Паёмбар(с) бо кабилаи яхуди банни кайнок, ки паймонро шикаста буданд, чангида, онхоро шикаст дод ва аз Мадина бадарга ва молу мулкашонро байни мусулмонон таксим кард.
Дар соли сеюм ахли Макка барои гирифтани касоси чанги Бадр, ки дар он хафтод нафар кушта дода буданд, ба Мадина аз нав хучм карданд. Ин чанг номи чанги ” Ухуд”- ро гирифт.
Хангоми задухурд дар назди кухи Ухуд тарафи Мухаммад(с) шикаст мехурад ва Паёмбари ислом(с) мачух мегардад, вале сипохи Макка Мадинаро тасарруф накарда баргаштанд. Ин хатоии сиёсии Абусуфиён- фармондехи он сипох буд, ки ба хушбахтии мусулмонон онхоро аз шикасти катъи рахои дод. Сабаби ин шикаст тавассути вахйе, ки аз Худо нозил шуд, хамчун нофармонии як гурух лашкариёни ислом тавзех гардид. Баъд аз ин Паёмбар барои мустахкам кардани мавкеи худ дар Мадина кабилаи яхуди бани-Назирро, ки паймонро шикаста буданд мачбур кард, ки ба водии Хайбар дар шимоли Мадина куч банданд.
Дар соли панчуми хичри маккиён карор карданд, ки лашкари бузурге ороста ба Мадина битозанд ва мусулмононро барандозанд, пас бо дах хазор нафар мард (аз курайшиён ва кабоили сахрои ва яхуд) Мадинаро мухосира карданд. Ахли Мадина дар мукобили ин микдор лашкар хамаги сипохе иборат аз такрибан се хазор нафар гирд оварда, мукобил гузошта метавонистанд, Мухаммад (с) бо маслихати яке аз асхоби худ, ки иронинажод буд (Салмони Форс) дастур дод гирди шахри Мадина хандаке кобанд. Аз ин сабаб он чангро баъдан “Чанги хандак” номидаанд. Дар натича пеши рохи саворахои макки гирифта шуд. Онхо се хафта Мадинаро мухосира карданд ва дар охир бо сабаби бадии боду хаво ва нарасидани озука ва таъминот ва аз хама мухим ихтилофи дохили ва зиддият байни лашкариёни макки, ки онро Абусуфиён сарвари мекард, мачбур ба катъи мухосира ва хотимаи чанг шуданд ва бовари хосил карданд, ки Мухаммад(с) маглубнопазир аст.
Дар ин байн, баъд аз галаба, охирин кабилаи яхудии Мадина Бану Курайза, ки ба Мухаммад (с) хиёнат карда, пинхони хангоми мудофиаи Мадина, бо душманони Паёмбар (с) барои аз пушт ба мусалмонон зарба задан паймон баста буданд, торумор карда мешаванд. Наздик ба шашсад нафар аз онхо кушта, занхо ва кудакон ба гуломи фурухта мешаванд. Бо хамин Мадина пурра шахри уммати мусалмон гардид.
Калимаи у м м а т ба маънии чамоат мафхумест, ки умумияти дини сиёсиро ифода мекунад ва ин умумият на дар асоси авлоду кабила ва миллат, балки дар асоси дин ва мазхаб аст. Ин як мархила ва умумияти наве дар таърихи араб ва чомеаи онрузаи башар буд.
Мухаммад (с) дар соли 628 икдоми фавкулоддае кард, ки дар рафти муборизаи байни Маккаву Мадина накши сиёсии муассире бозид. Вай ногахон, дар асари илхоми аз вахй гирифтааш, бо хазору панчсад довталаб, ки бештар аз бадавиён буданд, ба хаччи кучак (умра) рохи Маккаро пеш гирифт. Харбиёни сабуксилохи Мухаммад(с), хамрохи чорпоёни барои курбони гирифта шуда, ба Макка наздик шуданд. Мардуми Макка аз ин икдоми Мухаммад(с) дар харос афтода кушиданд пеши рохи онхоро гиранд, вале Мухаммад(с) ба марзи харам, наздик шуда, назди махалли ал-Худайбия бо намояндагони Макка ба гуфтушунид даромад. Дар натичаи ин гуфтушунид ахдномае бо номи «Ахдномаи Худайбия» баста шуд, ки мувофики он Паёмбар(с) аз хаччи он сол мунсариф шуд, бо чунин шарт, ки сарони Макка ухдадор шуданд, ки соли оянда уро се руз ба шахр рох диханд ва шахрро дар ин маврид тоза холи кунанд. Ин паймони нобаробар буд, чунки аввалан, мусалмононро ба хачч кардан рох надодан, сониян тибки ин карордод Мухаммад(с) муваззаф буд, хар маккие, ки ба тарафи у гузарад ба ахли Макка бозгардонад, вале хар мадинагие, ки ба Макка панох барад ахли Макка ухдадор набуданд, ки баргардонанд. Бо вучуди ин паймони Худайбия худ як пирузии сиёсии ислом ва эътирофи Мухаммад (с) хамчун шахсият (субъект)-и кувваи сиёси буд. Соли дигар, пас аз хаччи умра ва амал кардани ахли Макка, тибки он ахднома дурустии пешбинии Паёмбар(с) собит шуд.
Пас аз хаччи умра хеч гуна шубха намонд, ки таносуби кудрат дар Арабистони Маркази дигар шуда ва дар арсаи сиёсат кудрати тозанафасе дар шахси Паёмбари ислом Мухаммад(с) зухур карда, дастболо шудааст. Ин буд, ки шахсони намоёни Макка чун Амр ибн Ос баъдан фотехи Миср ва сарлашкари маъруф Холид ибн ал- Валид ба Мадина омада худро ба ихтиёри Мухаммад(с) супориданд. Абусуфиён маъруфтарин марди Макка низ ба тарафи Мухаммад(с) гузашт. Амаки Паёмбар(с), баъдан асосгузори сулолаи аббосиён ал-Аббос низ такрибан дар хамин давра исломро кабул мекунад.
[1] лазо- чангхое, ки худи Мхааммад иштирок дошта, сирия-чангхо ва бархурдхое, ки яке аз ёронаш сипо1и исломро сарварп, мекардааст.