Главная / Илм / ХОКИМИЯТИ ШУРОХО ВА СИЁСАТИ ЧАНГ

ХОКИМИЯТИ ШУРОХО ВА СИЁСАТИ ЧАНГ

Галабаи шуриши ярокноки Октябр пешгуии Хизби большевикиро дар бораи галабаи инкилоб дар як мамлакати чудогона исбот кард. Вазифаи аввалиндарачаи Хокимияти Шурави аз чанги чахони баромадан буд. Зеро аз масъалаи чанг ва сулх такдири ояндаи давлати Шурави вобаста буд.
Хукуматхои давлатхои чангкунанда таклифи Шурохоро дар бораи бастани сулхи умуми кабул накарданд. Дар чунин шароит Хукумати Шурави мачбур шуд, ки бо Германия ва иттифокчиёни он гуфтушуниди чудогона гузаронад. Гуфтушунид бо Германия 20-ноябри соли 1917 дар шахраки Брест-Литовск сар шуда, 20 ноябр бо имзои шартномаи сулх анчом ёфт. Лекин ин сулхномаи мувавдати буд ва онро ба сулхи доими табдил додан лозим омад. Барои хамин 9-декабри соли 1917 дар гуфтушунид вакилони шурави таклиф пешниход карданд, ки нишондодхои декретии сулх ба инобат гирифта шаванд. Намояндагони иттиходи давлатхои Германия инро рад карда рузи 27-декабр чунин талабхоро пешниход карданд: Германия бояд Полша, Литва, як кисми Латвия ва Белоруссияро гирад. Россия бояд товони чанг дихад. Ин таклифхои горатгарона буданд, лекин давлати Шурави айр аз кабул кардани ин шартхо дигар илоче надошт.
Аммо дар дохили хизб оиди масъалаи сулх акидахои гуногун вучуд доштанд. Гурух бо номи коммунистони чап, ки ба он Бубнов, Ломов Коллонтай, Урийский, Яковлев дохил мешуданд, ба бастани сулх мукобил баромаданд. Онхо тарафдори рад кардани таклифхои Германия ва давом додани чанги революсиони буданд.
Гурухи дигар бо рохбарии Тротский таклиф кард, ки «на чанг ва на сулх» гуё бо ин васила синфи коргари Германия намегузорад, ки хукуматашон ба мукобили Республикаи
Шурави чанг кунад.
Бо душвории зиёд ба тарафдорони бастани сулх муяссар гардид, ки 8-марти соли 1918 бо 30 овоз тарафдор, 12- мукобил ва 4-бетараф карор дар бораи сулхнома кабул карда шавад.
Большевикон пас аз ба даст овардани фурсати муносиб бевосита ба масъалахои дохили-мустахкам намудани Хокимияти шурохо машгул шуданд. Вале чунин имконият дер давом накард. Пароканда шудани Мачлиси муассисон, боздошта шудани фаъолияти азхоби аксулинкилоби куввахои беруна ва дохилиро мутахид намуда ба мукобили большевикон чанги шахрванди ва интервенсияи хоричиро сар карданд, ки аз бахори соли 1918 то соли 1920 идома ёфт.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222