Главная / Гуногун / Хаёти Абуалии Сино дар Урганч (Ургенч)

Хаёти Абуалии Сино дар Урганч (Ургенч)

РУЧУИ САВУМ

Имруз аз харитахои чугрофй Бухороро пайдо намудан осон корест. Вале Гурганчро ёфтан андаке душвортар аст. Баъди истилои Чингизхон Гурганчро Урганч меномидагй шуданд. Шахри мазкур борхо вайрону валангор шуда, хонахояш беодам мондаанд. Холо начандон дуртар аз он чое, ки Гурганч вокеъ гардида буд, шахри Хева чой гирифтааст. Хозир аз Абеварде, ки як вактхо шахри кадимтарин буд, нишоне бокй намондааст. Харобазори шахр дар Чумхурии Туркманистон, начандон дуртар аз истгохи рохи охани Кахкаха, вокеъ гардидааст.

Корвоне, ки Абуалй хамрохаш аз Абевард баромада буд, гохо аз миёни шахрхо мегузашт. Шахри кадимаи Нисо хам дар сари рох меистод. Бисёрии шохони парфиёнй то эраи нав дар Нисо ба хок супурда шудаанд. Вале имруз ин шахрро хам аз харита наметавон дарёфт. Харобазорони нимашон зери хокмондаи шахри Нисо холо хаждах километр берунтар аз Ашкобод, дар шафати Богир ном авули туркманон, мехобанд.

Нишопур шахри уламо, файласуфон ва фукахост.

Нишопур аввалин шахрест, ки дар он мадрасаи олй бино кардаанд.

Дар каъри замини Нишопур водопроводи хакикй сохта шуда буд.

«Чй гуна шахри нозанине мебуд Нишопур, агар корезхояш дар руйи замину одамонаш дар зери замин вокеъ мегардиданд», – чунин хазл мекарданд дар мамлакатхои мухталифи исломии онруза.

Дар Нишопур файласуфи машхур – Шайх Абусаид зиндагй мекард. Дар ин шахр миёни Ибни Сино ва Абусаид оид ба фалсафа мубохисаи тулоние ташкил намуданд.

Абуалй дар Нишопур чанд руз таваккуф намуд.

Аз Нишопур рох рост тарафи Чурчон мебурд.

Корвони азиме аз дарвозаи Чурчон ворид гашт. Хамаи ояндагон аз руйи тартиби мукаррарй хакки духул месупурданд. Абуалй хам хамёнашро омода намуд. Хамён хеле сабук шуда буд.

Баногох аз тарафи ча гуломони сипохй намудор шуданд.

  • Рох дихед! Рох дихед! – дод мезаданд онхо ба сари точирон.

Рохгузарон ба танаи деворхо чафс мешуданд.

Саворахо пирамарди сарулибоси гаронпушеро мебурданд, ки дастонаш занчирбанд буданд.

  • Ин бадбахт кй бошад? – пурсид Абуалй аз рохгузаре.
  • Ин амири собики мо Кобус аст, – чавоб дод он чурчонй. – Дируз маснади уро писари амир Манучехр ишол намуд.
  • Ба кадом сабаб? – парешонхотирона пурсид Абуалй.

Номаи барои амир Кобус навиштаи Берунй холо хам хамрохи Абуалй буд.

  • Сабабашро донистан вазифаи ману шумо нест, – таксир! – гуфт он чурчонй. – Мо одамони бечораем…

Абуалй даруни шахр даромад. Нияти ба ин чой одамонро хануз дар вакти аз Гурганч баромаданаш дар сар дошт. Барои амалй гардондани хамин максадаш регзору агбахои кухиву ботлокзорони пурчамчамаро тай намуд. Орзу дошт, ки боз зиндагии осудахолонае насибаш мегардад. Шабхои дароз дар работхо ри пахолхои шуразада хобидан ба дилаш зада буд.

Рахорах бисёр масъалахои илмиро хам аз фикр мегузаронд.

«Амир маро ба хидмат кабул мекунад, – орзу мекард Абуалй рахорах. – Бигзор маошаш кам бошад, аммо, ба хар хол, кулбачаеро ичора гирифта, додарам Махмуд, Ширин ва Алии хурдсолро назди худ даъват карда метавонам. Он гох бо хам осуда зиндагй мекунем. Мухимтар аз хама – ман зуд ба кори илмй машгул шуда метавонам!».

«Ин шахрро хам тарк гуфтан лозим мешавад», – карор дод Абуалй.

Хамагй чанд руз дар корвонсарой истода, тарафи Дехистон, ба сохили бахри Хазар рох гирифт.

Дар Дехистон у бо нархи арзоне дар кабати болои дукони хайёт* хоначаеро ба ичора гирифт. Факирона мепушиду факирона хурок мехурд. Ба миёни мардум камтар мебаромад.

Богу рогхои ин чо шукуфон буданд. Хавояш доимо гарм ва аз сабаби бухори оби бахр хеле гализ буд.

Ахолии шахр аз об таъмин буданд, хам ба одамону хам ба растанихо об мерасид. Дами сахар аз таъсири боду хавои пурнам либосхо тару сард мегаштанд. Абуалй хар сахар аввал ба риёзати бадан машгул гардида, сонй ба сари кор менишаст.

Аз руйи кайдхои пешакие, ки хануз дар Гурганч руйи оаз оварда буд, якбора ба таълифи чанд асар ооз намуд. Дар охири хар рузи корй гирдогирди у варакхои навиштт арам мешуданд.

Хайёте, ки Абуалй дар хонааш ичора менишаст, номи худро базур навишта метавонист. Аммо дар хамон вактхое, ки Абуалй ахён-ахён ба шахр мебаромад, хайёт дуздида-дуздида ба он хонача

Хайёт – дузанда, дарзй. медаромад. Варавдоеро, ки ичоранишин бо хатти резаи зич пур карда буд, хонданй мешуд. Харфхо шинос буданд, онхо калимахои маълумеро бахам меоварданд. Аммо фахмидани маънои умумиашон нихоят душвор буд. Хайёт зур мезад, ки акаллан маънои чанд ибораро сарфахм равад, аммо сараш зуд ба дард медаромад: «Ичоранишин китобхои пурхикмате менавиштааст!».

«Бигзор нависад, – аз фикр мегузаронд хайёт. – Шояд ягон факех ё файласуфи машхур шаваду ба хамин васила шаъну шухрати хонаи маро бардорад. Мухимаш он ки ичорапулиро дар вакт-вакташ месупорад».

Абуалй пули зиёдатие надошт, аз ин ру, шамъ афрухта наметавонист. Вагарна шабхо хам кор мекард. Аммо шаб барои фикру андеша кулай буд. Го халли бисёр масъалахои норавшан махз шабона ба сар меомад. Як шаб Абуалй хунукии сахтеро хис кард, аммо хаври баланди хавои берунро медонист. Хунукй аз даруни дилу чигараш медамид, дасту похояш меларзиданд. у барои рафъи сустии ногахонй ва хунукии баданаш хеле кушида, окибат дароз кашид. Тамоми либосу палоси хонаро ба руяш гирифт, аммо ларза дур намешуд.

«Агар баъди сардй дар бадан гармй пайдо шавад, нишонаи он аст, ки ман ба табларза гирифтор шудаам», – меандешид Абуалй.

Баъди муддате харорати бадан ооз гардид. Хазору як фикру андешаи мубхам ба сараш мезаданд. Абуалй дандонхояшро ба хам газида меистод, то аз хуш наравад. Баъди гармй аъзои баданаш суст шуданд. Аллакай шаб шуда буд. Абуалй дар обу арак гутида, бехолу бемадор мехобид.

Касалиро муайян кардан душвор набуд.

– Ман гуфтам-ку, бисёр одамони мо ба табларза гирифтор мешаванд, – шарх медод дар рузи дигар сохиби хона. – Ин хамин хел чой. Аз ин чо рафтанат лозим меояд, дар иклими мо табобат ёфтанат амри мухол аст!

Абуалй ба табобати худ пардохт. Хар гуна доруворй тайёр кард. Аммо дард баъди се руз аз нав хуруч намуд. Абуалй наздикони хуручро хис мекард ва дар мукобили он хамчун мукобили чанг тайёрй медид.

Тамоми мушохидахояшро аз рафти касалии худ руйи когаз меовард.

Ният дошт, ки баъдтар дар асоси ин кайдхо рисолае навишта, номашро «Дар бораи варача» гузорад. Рисола барои табибон фоидаи калон оварда, беморони зиёдеро аз ин касалй начот хохад дод.

Чун шиддати беморй паст фуромаду таъсираш камтар шуд, Абуалй карор дод, ки ба чойи дигаре биравад.

Пулхои у тамом шуда буданд. «Ба Чурчон бояд баргашт. Дар он чой ба табобати беморон машгул шуда, кути лоямуте пайдо хохам кард», – андешид Абуалй.

Вале дар дилаш умеди дигаре хам махфуз буд: шояд баногох амир Кобус баргардад. Аз ин ру, мактуби Беруниро мисли пештара хамрохи худ мегардонд.

Ба Чурчон у бо хамёни холй баргашт.

Дар корвонсарое карор гирифта, тамоми либосхои нави хануз аз давраи Гурганч чамъкардаашро фурухт.

Пули либосхо барои чанд хафта умру руз мерасид.

Дар бораи холати вазнини бенавоии худ касидае хам навишт:

«Бузургй ёфтам, аммо ба шахре нест микдорам, Гарон андар бахо гаштам, валекин бехаридорам»*

Байт аз асли арабияш ба точики гардонда шуд (Мутарчим).

-чунин ооз мегардид он касида.

Амир Кобус дар зиндон вафот кард. Барои дафни часади амир дар Чурчон макбараи азиме сохтанд. Баъд писари нохалафе, ки падарашро зинда-зинда ба гури торики зиндон андохта буд, сохтмонро анчом дод.

Абуалй танхо ба пораи ноне каноат менамуд. Нонхои арзонтаринро мехарид.

Он шаб охирин вараки бокимондаро пур мекард. То хадди имкон хурду реза менавишт, аммо, чй илоч, ин варак хам анчом пазируфт!

Дар паси девор одаме хирросзанон оху нола мебаровард.

Абуалй кй будани уро аз хучаини корвонсарой пурсон шуд.

  • Тире бадбахти балхист! – чавоб дод хучаин. – Аз афташ, яхоб хурдааст, ки сармош задааст. Дар ин шахр хешу таборе надорад, дар кучо будани шиносу хамсафаронашро хам намедонад…

Микдоре аз доруворихои Абуалй бокй монда буданд. у хамонхоеро, ки дилро пуркувват мекарданд ва харорати баданро мефуроварданд, чудо кард.

То сахар дар сари болини точир нишаста баромад, дорую даво манфиат расонданд. Тир ох,иста-ох,иста ором гирифт ва нафасгириаш ба тартиб даромад.

уро хурондан лозим буд, Абуалй нони кимати гандум харид. Худаш ин сахар аз бахри хурдан гузашт.

Баъди ду руз точир ба пой бархоста, аз пайи тачхизи корвон шитофт.

Барои Абуалй чомае тухфавор оварда, микдоре пулаш хам дод.

  • Биёед, хамрох ба Балх меравем. Шумо мехмони мухтараму азизи хонадони мо мешавед, – даъваташ намуд точир.

Абуалй даъвати уро рад намуд. Аммо ба точир фахмонда наметавонист, ки Балх дар наздикии Газна – пойтахти Султон Махмуд вокеъ гардидаасту дар Балх чонишинн султон хукумат меронад…

Пештар Абуалй аз пулу тухфаи беморон даст мекашид. Холо хам чомаву хам пулро бо миннатдорй кабул кард, зеро ба ивази пул когаз харидан мумкин буд.

Писари хучаини корвонсарой хам гирифтори касалй буд. Пойхои у пайваста мехориданд. Писарак аз оти хориш похояшро хуншор менамуд. Хориш муддате басанда шуда, боз хуруч мекард. Бачагони хамсоя бо писарак бозй намекарданд.

-Дар Дурчон табиби донишманде нест! Як вактхо дар хидмати Амир Кобус хаким Абусахли Масехй ном табиби бузурге хузур дошт. Одами бисёр фозиле буд. Шояд шумо хам дар бораи он кас шунида бошед? – мегуфт хучаини корвонсарой. – Хамин тавр у ба Гурганч гузашта рафт. Ман чуръат карда аз у дасти мадад пурсида натавонистам. Масехй шогирдон хам дошт. Албатта, хозир онхо хам нестанд. Бо рафтани Амир Кобус одамони наздики у низ рафтанд. Амири нав, писари Кобус, бо Султон Махмуд азми дустй дорад.

Абуалй решаи рустании даркориро пайдо кард. Рустанй дар замини пахлуи корвонсарой меруйид. Решаро тоза карда, каме думбаи гусфанд талаб хост ва равгани молиданй тайёр сохт.

Хучаин аз он хамагй се маротиба ба пойхои писараш молиду хориш тамоман гум шуд. Абуалй хохиш намуд, ки ягон дах руз молида истад, то муддати табобат ба охир бирасад. Хучаин барои эхтиёт онро махфй-махфй ба пойхои худаш хам мемолид, то мабодо дар оянда хориш пайдо накунанд.

Акнун Абуалй метавонист то охири умр дар корвонсарой бепул истикомат кунад.

Овозаи хакими донишманд дар тамоми махалла пахн гардид. Акнун хар сахар ба назди Абуалй беморон омадан мегирифтанд.

– Хакими бисёр доно будааст, – аз дахон ба дахон мегузаштанд ин суханон, – хамсояи маро табобат кард, додараруси маро шифо бахшид. Пули зиёде хам намегирад. Чй кадаре ки дихй, хамонро мегирад, дигар чизе талаб намекунад.

Абуалй сохиби як микдор пул шуд.

«Шояд акнун ман ба максади зиндагиам расида бошам, – аз фикр мегузаронд у баъзан. – Одамонро табобат мекунам, онхо хурсанд мешаванд, ба ман изхори ташаккур менамоянд. Мухточи касе нестам, аз касе карздор хам нестам. Машгулияти илмиро давом дода метавонам. Аммо, афсус, касе нест, ки хамрош маслихат кунем, бахсу мунозира ороем!».

Дар Чурчон одаме мезист, ки уро Абумухаммади Шерозй меномиданд. у шахсе бадавлат буда, амлоки зиёде дошт. Сухбатхои илмиро дуст медошт. Рузе аз асп галтиду дасташ баромад. Абуалй ба хонаи вай барои даровардану бастани дасташ омад.

Дар хонаи Шерозй чашми Абуалй ба «Мобаъдуттабиа»-и Арасту, хамон китобе афтод, ки мифтохи фахмишашро Форобй ба дасти у дода буд.

-Бисёр китоби душворфахм, – гуфт Шерозй, – ким-чй хел махлуту мавхум…

Абуалй баъзе масъалахои асосии онро ба Шерозй фахмонд.

-Ана чй хел будааст… – дар хайрат афтод сохиби хонаи пурсарват. – Маълум мешавад, ки шумо на танхо хакими тавоно хастед, балки улуми фалсафаро хам амик фаро гирифтаед. Чунин дарачаи донишро факат ду нафар аз одамони маълум доро буданд. Хатто рузе шарафи сухбати онон насибам гардид…

– Беруниву Масехиро дар назар доред? – пурсид Абуалй.

-Оре, – зиёдтар дар хайрат афтод Шерозй. – Онхоро шумо хам медонед? Ха-ха, маро бибахшед… Аз хоши ман дар тааччуб наафтода, назди тиреза рафта, тарафи рости руятонро ба ман мегардондед…

Абуалй дар тааччуб омада бошад хам, ба назди тиреза рафт.

Шерозй чанд дакика ба ри у нигарон истод.

– Наход бахту саодат ба хонаи хакиронаи ман мехмон шуда бошад?! – ногахон ба гап даромад у. – Магар ман худи хамон Абуалй Хусайн ибни Абдуллох ибни Хасан ибни Алй ибни Синоро мебинам?!

– Шумо номи маро аз кучо медонед? Онхое, ки маро дар ин шахр мешиносанд, танхо Абуалй гуфта ном мебаранд…

– Чашми мо аз нури саодаташон равшан! – давом медод Шерозй. – Пас, ман нахустин аз шумо шодкомаи хабари тозаро мегирифтаам?!

– Чй хабар будааст? – пурсид Абуалй ва хамон дам аз хаёл гузаронд: «Мумкин додарам омада, маро кофта истода бошад?».

-Шуморо худи Султон Махмуди Газнавй ба хидмати дарбори худ даъват мекунад!

– Чй тавр у маро даъват карда метавонад?

– Зохиран, шумо дер боз дар масчиди чомеи мо набудаед. Як сари кадам он чо дароед, хатман дароед! Дар девори масчид худро худатон мебинед, расми худатонро мебинед! Он суратро Султон Махмуд ба амири моён Манучехр фиристодааст. Манучехр амр додааст, ки онро дар девори масчиди чомеъ овезанд. Пас, чаро хурсандй намекунед?!

– Дар он чо катиба хам хаст?

– Хаст, бисёр оличаноб! «Султон Махмуди Газнавй фозилтарин ва донотарини уламо (баъд аз ин номатон меояд)-ро барои хидмати дарбори худ мехонад». Ва аз хар касе, ки шуморо мебинад, Султон Махмуд талаб дорад, ки чоятонро фаврй ба хатиб, ё имом, ё амир маълум кунад ва барои ин мукофоти сазовор мегирад».

– Ташаккур, – гуфт Абуалй ва кушиш намуд, ки сухани болоро хушхолона баён намояд, аммо натавонист.

– Ба назарам, ин хабари ман шуморо дар ташвиш андохт, – гуфт Шерозй. – Хонаи маро хонаи дустатон хисобед. Фахмидам, ки Беруниву Масехй аз Чурчон ба хидмати Хоразмшох рафтаанд. Аммо сабаби тарки ёру дустон намудан ва ба ин чой омадани шумо дар чист?

Чии шакку шубхае набуд. Аз ин ру, Абуалй кушоду равшан чавоб дод:

– Сабабгораш даъвати Султон Махмуд аст. Шумо, албатта, муносибати уро бо шоир Фирдавсй шунидаед ва золимиву хунхорихои уро хуб медонед. Султон ахли мачлиси моро ба дарбори худ талаб намуд, барои хамин аз Хоразм баромада рафтанам лозим омад. Масехии кухансол дар миёнарохи резгорон аз олам даргузашт. у хамрохи ман ба Чурчон омада истода буд. Берунй бояд дар дарбори султон бошад, – Абуалй рост ба чашмони Шерозй менигарист.

Бисёр чизхо ба карордоди хозираи Шерозй вобаста буданд.

«Наход худи хамин руз шутуре киро карда, баромада рафтан лозим бошад? Вале кучо бояд рафт? Дастони Султон Махмуд бисёр дарозанд».

– Хамаашро фахмидам, – гуфт Шерозй. – Шумо бехуда дар корвонсарой карор гирифтаед. Дар байни мардум камтар гаштанатон даркор. Ман набошам, каси дигар, албатта, шуморо мешинохт. Агар хохед, ки дар шахри мо бимонед, бояд ягон хавлй харида, номаълумакак дар он истикомат карда гардед. – Шерозй ба фикр фуру рафт. – Хамсояи ман хавлиашро фурухта, ба Нишопур меравад, – Шерозй аз нав хомуш монд. – Намедонам ин фикри худро ба шумо чй хел нозук фахмонам. Зохиран, аз дур сар кардан бехтар будагист… Тамоми умр орзу мекардам, ки дар сухбати мардони донишманд нишаста, лаззату халоват бардорам. Агар ин хонаро барои шумо харида дихам, шумо акаллан розй мешавед, ки гох-гох ба ман чойхои номафхуми китобхои душворфахмро шарху тафсир дихед? Ва ё, мумкин аст, дар бораи донишатон махсус барои ман ягон китобе нависед? Номи шуморо ман пинхон медорам. Тайёрам, ки шабу руз машгули дуову фотиха гардам, то шумо матлаби ночизи маро адо намоед.

Баъди чанд руз Абуалй бо хучаини корвонсарой хайрухуш намуда, ба хонаи харидаи Шерозй гузашт.

Шариат кашидани сурати инсонро мамнуъ мехисобид. Факат кашидани расми мургу шохони афсонавию гулу мевачот ичозат дода шуда буд. Бе ин хам, масалан, сурати занеро, ки руяшро аз чашми бад мепушад, чй тавр кашида метавонистй?!

Бародарзодаи Хоразмшох – Аррок рузе дар базми тарабе тасвири Ибни Синоро руйи когаз оварда буд.

Хозир айни хамон тасвир дар масчиди чомеъ овезон буд. Албатта, ин тасвир хам амали Аррок аст. Пас, маълум мешавад, ки вай аллакай дар доираи дарбори Султон Махмуд мебошад. Хамчунин, албатта, у на аз ри хохиш тасвири дусташро кашидааст. Рузе Абуалй, дар вакти набудани одамон, ба масчиди чомеъ омад.

«Холи дустонат чй шуда бошад, Хусайн? Берунй дар чй хол аст? у ба мутеият одат накарда буд, аммо султон тобеияти тамомро талаб мекунад. Аз тарафи Хоразм хабари дурусте намеояд. Факат мегуянд, ки Хоразмшох бемахал вафот кардааст, холо бародари вай Маъмун, амаки дигарии Аррок, дар сари тахт аст».

Абуалй чониби Гурганч боз мактубе фиристод. Мактуб ба унвони дусти точири у равона шуда буд. Вай хатман хабари саломатии уро ба бародараш Махмуд мерасонад. Абуалй хатто хамрохи мактуб ба онхо пул хам фиристод. Пули зиёде набошад хам, дасти онхоро гирифта метавонист.

Акнун тархи ришу муйлабро дигар кардан лозим буд. Салларо хам дигаргунтар бастан даркор мешуд.

Он гох уро шинохтан душвортар мегардид.

Абуалй хануз дар корвонсарой бо Чурчонии чавон, ки бо иштиёки тамом дар дорусозй кумакаш мерасонд, шинос шуда буд. Абуубайди Чурчони шиимазхаб аз дасти навкарони Махмуд гурехта буд. Он вакт у намедонист, ки шогирди якумрии Абуалй шуда, биступанч соли хаёташро хамрохи устодаш мегузаронад.

Алхол шармгинона ба хона медаромад. Агар Абуалй дар ин вакт машгули таълиф бошад, шогирд хомуш меистод ва кушиш менамуд, ки хатто нафасгириаш ба фикри устод халале нарасонад. Бехабар аз худ тамоми хислатхои Абуалй, аз чумла, тарзи рохгардй, харакатхои канда-канда, одати хангоми фикр нимпуш кардани чашмхоро чида мегирифт.

Абуалй барои у бобхои алохидаи «ал-Мачастй»- ро накл мекард. Ба тарзи худ фахмидаи бисёр андешахои муначчими Юнони Кадим Батлимусро хам ба у гуфта медод. Гохо гарки андешахо гашта, бахсу мунозирахои худро бо Берунй ёдовар мешуд. Бо вучуди ин хама, Берунй аз фикри он, ки Замин дар атрофи Офтоб давр мезанад, руй наметофт. Абуалй хозир хам, дар хузури шогирдаш, бо Берунй бахс огоз менамуд. Зимнан, гуё, ки худ бо худ шохмотбозй мекарда бошад, гох аз чониби Берунй шарху далелхо меоварду гох аз чониби худ. Чурчонй дар пахлуи устод ри колин нишаста, тамоми гуфтахояшро бодиккат гуш медод. Боре Берунй дар мубохиса голиб омад ва Абуалй ногахон аз шарм хомуш монд. у далелу бурхоноти дакик ва хулосахои амалй мечуст, то ракибашро маглуб созад, аммо хулосахояш ковок мебаромаданд, тоб намеоварданд…

Баъд Чурчонй аз устодаш илтимос намуд, ки фикру андешахояшро доир ба илми мантик баён кунаду вай онхоро навишта гирад. Чурчонй гуфтахои устодро бо хатти хонову мучалло батартиб навишта мегирифт. Китоби «ал-Мухтасар-ул-авосит» ба хамин тарика пайдо шуд.

Барои Шерозии хайрхоху накукор хам китобе навиштан лозим буд.

Шерозй хар шаб омада сафахоти наверо, ки Абуалй шабона барои у менавишт, бодиккат гуш мекард. Абуалй чунон саргарми кор шуд, ки ба чойи як ду китоб навишт. Китоби аввал аз фалсафа бахс карда, «ал-Мабдаъ в-ал-маод» номида мешуд. Китоби дигар оид ба ходисаю вокеоте буд, ки худи Абуалй онхоро ба мушохида мегирифт ва «ал-Ирсод-ил-куллия» ном дошт.

Окибат у таълифи китоби аз хама мухимтарин, китоби тамоми хаёти худ, китобе, ки барои хар як табиб зарур буд, ооз намуд. Он китоб «ал-Конун фй-т- тиб» ном гирифта буд.

Ба хамин минвол руз аз пайи руз мегузашт.

Субхдам у ба таълифи «ал-Конун» машгул мегардиду рузона ба таълими Чурчонй.

Хамрохи Чурчонй кор бисёр хуб пеш мерафт. у на танхо тамоми гуфтахои устодро навишта мегирифт, балки барои фахмидани мазмуну мохияти хар як ибора кушиш менамуд. Барои хамин, агар Абуалй ягон

маъниву мафхуми мураккабро баён кунад, у дархол шарху тафсири онро мепурсид. Минбаъд Абуалй фикрхояшро соддатар иброз менамуд. Китоби мантике, ки онро барои шогирдаш мегуфту вай навишта

ل٧د٧ل р рп.ل رعا , л٧л٧ v٧gai٧ шиху.ж.и ٧уд.

Абуалй баъди таълими Чурчонй            боз аз пайи

фикри китоби дигаре мешуд. у хамеша дар як вакт ба

навишттнн якчанд асар машгул мегардид. Бегохихо Шерозй меомад.

Сонй шаб фаро мерасид ва Абуалй ба навиштани китоби барои Шерозй пешбинишуда мепардохт.

Баъд аз он субх, медамид.

Аз тарафи Гурганч хеч хатту хабаре набуд.

Абуалй аз нав ба навиштани нома медаромад. Ин дафъа якбора ду мактуби якхела навишта, бо дасти одамони гуногун рохй намудашон.

Абуалй намедонист, ки точир кайхо дар вакти гузаштан аз дарёи Итил мурда, писари калонии у баъди марги падар хавлию молу мулкашонро фурухта, хамрохи ахлу иёлаш ба шахри дигаре рафта буд.

Шерозй субхдам ба хонаи Абуалй давида омад. Азбаски хамеша бегохихо меомад, ташрифи хозирааш бебало наменамуд.

– Тамоми нкшахо барбод рафтанд! – гуфт Шерозй. – Касе шуморо шинохта, аз ин хусус амир Манучехрро хабардор кардааст. Ин амир кайхо боз мухаббати худро нисбат ба Султон Махмуд исбот кардан мехост. Аз ин ру, дар кадом лахзае, ки набошад, гуломон омада шуморо ба хузури амир бурда метавонанд. Бибахшед, ки ман бе рухсати шумо холати вокеиро ба яке аз хешовандонам арз намудам. Он хеши ман дар хамсоягии вазири амир истикомат мекунад. Вазир ба у махфй гуфтааст, ки дар шахри мо будани шуморо ба гуши амир расондаанд. Хешам аз ин хусус маро дархол вокиф намуд. Ман зуд ба шумо расондам.

  • Аз нав ба корвонсарой гузаштан лозим меояд, – гуфт Ибни Сино.
  • Не-не! Ман аллакай барои шумо саворие омода намудам. Он хешам хатто ба номи Сайидаи хокими Рай муаррифиномае тайёр кардааст. Шумо ба Рай меравед…

Хамин дам Чурчонй ба хона даромад.

  • Ин шогирди ман аст, аз у гапи пинхоне надорам, – гуфт Абуалй. – Туро лозим меояд, ки хамрохи муаллими дигаре машгулиятатро ба охир расонй, – гуфт у ба тарафи Чурчонй. – Ман бояд аз ин чой ба зудй биравам. Чи исти маро ба амир хабар додаанд.
  • Ман хам хамрохатон меравам, устод, – оромона гуфт Чурчонй.
  • Дурусттар андеша бикун. Агар ин кадар майли рафтан дошта бошй, баъдтар меравй.
  • Ман аллакай ба сари чунин карор омадам.
  • Аммо барои ту хаёти осудахолонаеро ваъда карда наметавонам.

Абуалй китобхоро гункунон суханашро давом медод:

  • Ба хар навъ, андеша бикун…
  • Карорам катъист, устод! – чиддан изхор дошт Чурчонй. – Охир, барои шумо дусте хамсухбату ёрирасон даркор аст?
  • Кй дар ин рузгори мо аз дустй руй метобад…

– Ин тавр бошад, ман хамрохатон меравам, устод!

Баъди як соат аллакай устоду шогирд аз Чурчон баромада рафтанд.

Хокимзани шахри Райро Саййида, яъне «Бону» меномиданд. Рай шахри калоне ва бисёр амлоки гирду атрофаш тобеи он буд.

Хокими пештараи Рай шавхари Саййида буд. Аз у Мачд ном писараки хурдсоли касалие ворис монда буд. Холо Саййида ба чойи Мачд салтанат меронд.

Рохбарии давлатро бар увда доштани зане, ки руяшро аз хар гуна чашми бад мепушид, андаке гайримукаррарй метофт, зеро бо вай маслихат кардани вазиру сарлашкарону козиву ашрофон лозим меомад.

Бояд ин зан онхоро фармон медод.

Хочагони харам, хидматгорони фармонбардораш аз рафти ичрои ин фармонхо хабардораш карда меистанд, овозахои шахрро ба гушаш мерасонанд.

Дар як кунчи хонаи хоси Саййида писараке нишастааст. Ин писари уст. Писарак зик аст. Расман у хокими давлат, амир аст, аммо то дами камоли у ба чояш модараш хукмрони мекунад.

Писарак ба камол расид, акнун у чавони боли аст. Хидматгорони хассосе хар кадамашро зери назорат мегиранд. Ана, вакти аз назди вазир гузаштан у ба тарзи ачибе чашмаки зад. Ба бону хабар додан лозим аст. Мабодо писари у фикри суйкасдеро надошта бошад! Мабодо хукуматро ба дасти худ кашида гирифтани набошад! Ана, дар бог сайругашт дораду хамвора гирдогирди буттае мегардад. Баъдтар буттаро аз назар гузарондан лозим: мабодо дар зери он касе пинхон нашуда бошад, мабодо пичирроси онхо набаромада бошад!

Тарзи хуфтухобашро хам тафтиш кардан лозим! Тарзи таомхурияшро хам муоина намудан даркор!

Бехтар мешуд, агар уро тамоман аз дарбор берунрави намегузоштанд.

– Мегуянд, ки вай дари хонаашро кулф карда, танхо менишастаги шудааст!

– Бале, тамоми руз касеро ба хузураш напазируфта, танхо нишаст!

– Дар хонааш ба чи коре машгул буд?!

– Ба хеч кор!

– Дуруг!

– Бале-бале! Кайхо боз одате пайдо кардааст, ки ба хеч кучо намебарояд, касеро дидан намехохад. Худ ба худ, танхо ва бегапу харф дар хонааш менишинад. Як рузи дароз, хатто панч руз мисли кару гунг нишаста метавонад.

Аз ин гапхо Саййида ба тарс афтод. Мабодо писараш гирифтори ягон касали нашуда бошад?! Албатта, майлу рагбати хукуматрониро дар дил дорад, аммо бе вориси тахту чох хукумат ба ки даркор?! Охир, хукуматро ба дасти писари худ бояд дод, на ба ягон каси бегона!

Вазир ана дар хамин лахза хабар медихад, ки ба Рай табиб ва файласуфи машхур Ибни Сино омадааст.

-Худи хамон! – мегуфт вазир. – Афту андомаш комилан ба хамон сурати фиристодаи Султон Махмуд монанд. Бо Ибни Сино чи бояд кард?! Шояд, иззату икромаш намуда, чанд гуломеро хамрох кунему ба хузури султон фиристем?!

– Иззату икромаш намоед, – карор медихад Саййида. – Аммо ба хузури султон фиристодан даркор нест! Мо тобеи султон нестем! Дасти султон аз мо хеле дур аст. Агар Ибни Синоро ба хузури у фиристем, султон гумон мекунад, ки мо майли тобеияти уро дорем. Бигзор табиб писари моро муолича кунад, шояд аз тобобати у манфиате бинад. Табибони мо касалиро дарёбанд хам, сабаби онро пайдо карда наметавонанд. Шояд хамин мусофир илочи табобаташро пайдо кунад…

Баъди муддати дурударозе нахустин бор Абуали панохгохе намечуяду пинхон намешавад. у дар чахои шахр озодона кадам мезанад. Бо вай аллакай одамони рохгузар саломуалейку пурсупос мекунанд, зеро медонанд, ки марде накукор аст. Дар борааш мегуянд, ки хамаро табобат мекунад, алалхусус касалихои сахтро аз тахти дилу чон муолича менамояд. Боз мегуянд, ки хатто ба табобати молихулиёи писари бону машгул аст!

Сурати султон фиристодаи Ибни Синоро дар хонаи хосаи худ нигох, медорад. Го дар дами танхой саросар аз назар мегузаронад.

Дар сурат акси руйи чавонмарди такрибан сисола ва ё, шояд, аз он хам чавонтаре нигошта шудааст. Мегуянд, ки дар бораи хираду фазилати вай аллакай афсонахо бофта шудаанд. Чунин чавону… Хайр, чойи шакку шубхае нест, вакти Хадичаро ба занй гирифтан Пайгамбар аз ин хам чавонтар буд! Дар кисмати Хадича хам, монанди Саййида, чашидани лаззати хаёти бевазанй буда метавонист. Чехраи зебову нуроние дорад ин Абуалй! Аз хидматгорони харам пурсидан лозим аст, ки писарашро чй гуна табобат мекунад.

Хочагони харам дар ин хусус наклхои ачибу гарибе мекунанд.

Табиби нав Абуалй писари бонуро дар бог сайругашт медихад. Онхо дар он чо дар сояи дарахтон нишаста сухбат мекунанд. Абуалй вокеаву таъриххоро накл мекунаду Мачд уро гуш мекунад, харамхочагон хам уро дуздиона гуш медоранд…

Мачд дар касри мухташаме танхо мезист. Дар гирду атрофаш хидматгорони зиёде халка зада бошанд хам, худро яккаву танхо хис мекард. Модараш бачагонро ба назди у намегузошт. у на рафике дошту на хамсухбате!

Абуалй такрибан бе доруворй муолича мекардаш. Факат баъзе дорухои кувватафзой медоду бас. Аммо хамрош бисёр сайругашт мекард.

Баъд аз сухбат бармахал ба каср омада, уро, худи Мачдро, мачбур мекард, ки мустакилона ба риёзати бадан машгул шавад.

Баъди он аз хидматгорон хохиш мекард, ки ифлосихои каъри хавзро бардоранд. Ин хавз дар миёначойи бог кофта шуда, солхои зиёде инчониб обаш пур накарда буданд. Абуалй барои оббозй ёд додани писари Саййида машгул гардид.

Баъди чанд мохе саломатии Мачд аз хамаи хавфу хатархо эмин гардид. у хамрохи одамон муътадил гап мезадагй шуд, гохо, хатто, худаш ихтиёрй ба сухбат медаромад.

«Китоб ул-маод»-ро Абуалй дар Рай навишт.

Беморон сахарии барвакт ба хузураш меомаданд, онхоро самимона муолича мекард.

Баъди он ба каср рафта, ба таълими Мачд машгул мешуд.

Баъдан ба хона баргашта, хамрохи шогирдони дигараш машгулият мегузаронд. Дар ин дарсхо Чурчонй хам хамрохи шогирдон иштирок мекард.

Баъзе шогирдон рузе ду бор меомаданд – як бор субхи бармахал, вакте ки Абуалй беморонро кабул мекард, дафъаи дувум шабона – ба дарсхои фалсафа, хисоб ва хандаса.

Шабонгохон Абуалй танхо мемонд. Таълифи «ал- Конун фй-т-тиб» суст пеш мерафт.

«Агар паншаш сол хаёти оромона насибам мегардид, бисёр хуб мешуд», – аз фикр мегузаронд Абуалй.

Вале хаёти оромона насибаш нагардид.

Вокеаи басо вахмангезе рух дод.

Сипохиёни Султон Махмуди Газнавй ба Рай наздик меомаданд.

– Юришхои харсола ба Хиндустон уро камй кардаанд, – мегуфт Саййида, – моро хам зери даст овардан мехохад! Талаб мекунад, ки мо хам бочу хироч дихем, уро дар масчидхо таърифу тавсиф намоем, номашро дар руйи тангахоямон сикка занонем.

Вазири Саййида Абуалиро ба дарбор барои сухбати махфй даъват намуд.

Аз чй хусус рафтани гапро Абуалй пешакй медонист. Чурчонй хануз аз аввали субх китобхоро рахт мебаст.

– Бонуи моён аз Абуалй барои табобати писарашон Мачд бехад миннатдор ва сипосгузоранд. Агар Абуалй то охири умр мехмони мухтарами шахрашон буда метавонист, аз он шоду мамнун мебуданд. Аммо холати рухдодаро худи Абуалй мебинанд. Шахр дар зери хавфу хатар аст. Ва, мувофики фахмиши бону, Абуалй бандии Султон Махмуд шуданро намехостагистанд. Барои хамин бону ба номи бародари шавхари мархумашон Шамсуддавла, ки хокими Хамадон аст, мактубе навиштанд. Мактубу харчи рох дар хамин чоянд. Аспону хидматгорон хам барои пеш гирифтани рох омодаанд.

Хамин тарик, Абуалй боз бо як шахри дигар хайрбод гуфт.

Хамрохи Чурчонй чониби Хамадон рахсипор гашттнн.

Ба Сайидаи окила муяссар гардид, ки бо илоче пеши рохи Султон Махмудро бигирад.

Нависанда Унсурулмаолии Кайковус, набераи амир Кобус, аз ин хусус дар китоби худ «Кобуснома» чунин накл мекунад:           «…Султон Махмуд ибни Сабуктегин ба вай (Саййида) расул фиристоду гуфт: «Бояд ки хутбаву сикка ба номи ман кунй, вагарна ман биёяму Рай биситонаму вайро хароб кунаму туро нест гардонам» ва тавдиди бисёр гуфт. Чун расул биёмаду нома бидод, Саййида гуфт: «Бии Султон Махмудро, ки то шуйи ман зинда буд, маро андешаи он буд, ки туро магар ин рой буваду максади Рай кунй!? Чун вай фармон ёфту шугл ба ман афтод, маро ин андеша аз дил бархост, гуфтам: «Султон Махмуд подшохи окил аст; донад, ки чун у подшохеро ба чанги чун ман зане набояд омад. Акнун агар биёй, Худой огох аст, ки ман нахохам гурехту чангро истодаам, аз он чй аз ду берун набошад: аз ду лашкар яке шикаста шавад.

Агар ман туро бишканам, ба хама олам нома нависам, ки Султон Махмудро бишкастам, ки сад подшохро шикаста буд. Маро хам фатхнома бувад ворасаду хам шеъри фатх! Ва гар ту маро бишканй, чй тавонй навишт?! Гуйй «занеро бишкастам», туро на фатхнома расаду на шеъри фатх! Шикастани зане бас фахр набошад! Гнд, ки Султон

Махмуд занеро бишкаст».

Бад-ин як сухан, то вай зинда буд, Султон Махмуд касди Рай накарду мутаарризи вай нашуд».

Абуаливу Чурчони аллакай аз агба гузашта, дур рафта буданд. Онхо чониби Хамадон мерафтанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222