Главная / Гуногун / Хаёти Абуали ибни Сино бо Хоразмшох

Хаёти Абуали ибни Сино бо Хоразмшох

РУЗГОРИ ХОРАЗМ

Баркии ошно, хамон хамсояе, ки Хусайн барояш дар шархи кавонини фикх асаре таълиф намуда буд, ба тичорат машгулият меварзид, у дар Гурганч, дар пойтахти Хоразм мезист ва гохо ба Бухоро саргашта мешуд. Ин дафъа вай барои ба Хоразм бурда расондани Хусайн розигй дод ва хатто аз гирифтани рохпулй даст кашид.

-Баръакс, аз ман барои дарёфтани шарафи муонисати одаме, ки шаъну шухраташ пештар аз худаш рохи мепаймудаашро тай намудааст, пул гирифтан лозим, – мегуфт у.

218448582Дар бораи тамоми масъалахои даркорй шабона дар хона маслихат карда, китобхои зарурй ва чизу чора хеле барвакт омода шуда буданд.

Пули ахли оила барои рузгузаронй дар холати хозираи нарху наво ба ним сол мерасид. Баъди он Хусайн ба хидмат даромада, хавлию чой мехарад ва ахли хонадонашро назди худ даъват мекунад.

Бухоро пушти сар монд. Акнун девору боми хонахо ба назар часпидаи хамдигар намуда, манорахо ва дарвозаи Хадшерун, ки рохи Хоразм аз он ибтидо меёбад, аллакай ба чашм наменамуданд. Ва дигар акнун дар кучо будани масчиди чомеи бинокардаи Кутайба фарк карда намешуд.

-Як вактхо, – гуфт точир, – хангоме ки падарам аввалин дафъа маро хамрохи корвоне ба Миср мефиристод, ман хам аз дур ба шахрамон назар афканда будам.

Рохи то Гурганч тулонй буд. Ба сохили Омударё, ба работи Чигарбанд аз миёни дехаву работ ва тавассути биёбону регзорон расидан мумкин буд. Дар он чо тавассути оби лойкаву чиркини руди нопайдоканоре, ки андозаи чукуриаш номаълум аст, аз сохили рост ба сохили чап гузаргохе буд. Дар поёноби дарё маргзору бооти пурмева нашъунамо доштанд, аммо чанд фарсах ба тарафи болооб нарафта, регзорони хушку ташналаб пеш мебаромаданд. Ба Чиарбанд расидан маънои ба Хоразм расиданро дошт. Ин чой урфу расми хоса, хатто забони дигареро доро буд, ки он забон хоразмй номида, ба осонй аз забони точикй фарк карда мешуд.

Хусайн дар работхо хуфта, хамрохи точирон, шутурбонон ва силохдороне, ки корвонро аз хар гуна касони тасодуфию рохзан нигахбонй мекарданд, хурок мехурд.

Нихоят онхо ба дарвозаи Гурганч расиданд ва даромадпулиро супурданд. Лахзае дахшат онхоро фаро гирифт, зеро тамоми чаю хонаю одамон барояшон ношинос буд.

– Алхол дар хонаи ман истикомат мекунй, – гуфт точир. – Ман аз сарпанох додан ба ту барин аллома хурсанд хохам буд.

Дар майдони маркази гусфанд мефурухтанд. Ин майдон ба Регистони Бухоро шабохат дошт. Ду тарафи майдонро касрхо фаро гирифта буданд. Хусайн дару дарвозахои музайяни касрхоро дуру дароз тамошо кард. Бозаргонон ва каландарони чулхундипуш гирдогирди дарвозахо гашта, катибахоро аз назар мегузаронданд ва ба аломати тахсин сар мечунбонданд. Дар рубаруйи касри падараш хокими хозираи сулолаи Хоразмшохиён – Алии писари Маъмун барои худ касри дигаре бино карда буд.

Дар гузаштаи начандон дур Гурганч пойтахти Хоразм набуд. Пойтахт шахри Киёт буд. Киёт дар масофаи такрибан сиву чахор фарсах болообтари Омударё, дар сохили рост, дар карибихои саргахи рудхона вокеъ гардида буд.

-Шахри мо оличаноб аст. Донандагони адабиёти нафиса хеле зиёд, наччоронаш хунарварони бехамто, кориёни шахри мо басо хушовозанд ва дар химмату хирадманди касе хампояшон нест. Шахри мо сарватмандони бисёре дорад, молу ашёи хубу зебо бешуморанд! – чунин мегуфтанд ахли Киёт. – Дарбори Хоразмшох, хам дар шахри мост.

Ин гуфтахои онон хак буд.

-Шахратон ботлокзори буине беш нест. Дар кадом фасли соле, ки нахохад, об онро зер мекунад. Тамоми кунчу канораш ифлос. На яку ду мусофир дар бевакти дар кулмакхои пурлойи шумо афтодааст, – чунин мегуфтанд гурганчиён ба киётиён.

Ва ин гуфтахо хам хак буданд.

Вале чи илоч, шахри маркази Киёт буд.

Соли 995 амири Гурганч – Маъмун шахри Киётро мухосира намуд. Ахолии шахр мукобилати дурударозе нишон доданд. Бисёрихо мурданд. Маъмун шахри Киётро гирифта, унвони Хоразмшох, яъне шохи Хоразмро хам гирифт. Шахр берахмона горат карда шуда буд. Бисёрии сокинони он хонаву дарашонро партофта, дар чойхои дигар карор мегирифтанд. Берунии чавон хам то кувваи охирин хамрохи хамшахриёнаш муковимат нишон дода, дар охир аз шахр баромада рафт.

Писари Маъмуни Хоразмшох – Алй шахси маълумотноке буд. Дар дарбори у хам риёзидонону файласуфон ва хам табибону фукахо гирд омада буданд. Ин гурухи чамъомадаро охирхо «Байт-ул- хикма»-и Маъмун номида буданд.

-Шояд рост назди Хоразмшох рафта, дар беруни дарвоза мунтазири баромадани у шудан бехтар бошад? – маслихат мепурсид Хусайн аз точир.

-Бехтараш, дигархелтар амал намо: ба кабули вазир Сухайли рафта, бигуй, ки ту факехи. у, ки худ факехи маъруф аст, фукахоро дуст медорад, онхоро бо хушнудиву лутф кабул мекунад.

Барои назди вазир даромадан Хусайн сарулибоси махсусе пушид, албатта, чомаи бехтаринашро ба китф андохт. Вале аз хама мухиммаш дуруст бастани салла ва фаромуш накардани тайласон буд. Салларо чунон бастан лозим буд, ки фаши дарозаш овезон истад. Фаш мебоист аз таги манах гузашта, аз болои китфи рост ба пушт хамойил шавад. Аз болои китфи чапаш тайласон хамойил буд. Тайласонро ба челак хам табдил додан мумкин буд. Расми либоспушии фукахои онруза хамин хел буд. Факат аз руйи либосаш ки будани он шахс, олим ё факехро муайян кардан имкон дошт.

Ба кабули вазир рафта истода, Хусайн аз кучо сар кардани гапро меандешид. Вазирро дафъатан бовар кунондан лозим буд, ки дар хузури у на чавоне баргаштабахт, балки марде дар илми фикх устод, андухтаи улуми бакия ва пок аз хар гуна максаду ниятхои ахмакона истодааст ва максаду нияте дорад, ки ба вазир ва Хоразмшох, Алй ибни Маъмун танхо манфиат оварад.

Аз иборати аввалин бисёр чизхои дигар низ вобастаги дошт. Масалан, агар Хусайнро ба хидмат кабул кунанд, барояш маоше хам мукаррар менамоянд. Агар ба хидмат нагиранд, табиист, ки дар бораи маош орзуе кардан хам галат мебуд. Хол он ки пулхояш тамом шуданд…

Ба Хусайн ибрози суханони рахорах андешидааш лозим наомад. Вазир Сухайли номи факехи чавонро шунидан баробар табассуме карду худаш ба номбурди фазилатхои упардохт:

-Табобати хайратовари амир Нух ибни Мансур… Танхо касони нодону бехабар Хоразмро гушаи дурдасттарини мамолики исломи мехисобанд. Охир, мо хабархои тозаю навро пештар аз дигарон мефахмем. Бист чилд асар дар тафсири фикх барои Барки… Мегуянд, ки тавассути онхо Барки бехтарин факехи Бухоро гардидааст. Вале сад афсус, ки вай онхоро ба танхои мехонад ва касеро ба онхо наздикшави хам намегузорад. Аммо нусхабардори шудани онхо чи кадар манфиате меовард…

Аз ин гуфтахо бармеояд, ки вазир ё бо худи Барки ва ё бо ягон шиноси у мукотиба дорад.

Вазир Хусайнро ба чаласаи уламо фиристод.

-Бар ин чаласа худи Хоразмшох илтифот меоварад ва барои у шунидани мухокимаронихои донишмандтарин одами замона хушнуди хохад афзуд.

Аз хама мухиммаш, вазир барои Хусайн маош таъйин намуд.

Вазир гуфт, ки бо таъйини мансабе бори Хусайнро гарон намекунад. Бигзор Хусайн машгули илму дониш гардад. Ва умед дорад, ки Хусайн тавассути кашфиёти худ хам Хоразму хам дарбори Хоразмшохиёнро шухратманд мегардонад.

Маош аз        шмдошти Хусайн хам зиёдтар буд.

Вакте ки вазир Сухайлй дарачаи муздро гуфт, Хусайн базур аз табассуми шодй худдорй намуд. Вале, аз афташ, киёфаи Хусайн асрори уро фош намуда буд, ки вазир дархол дабирро хонда, гуфтахояшро нависонд ва оази фармонро ба Хусайн дароз кард.

  • Пулро худи хамин руз гирифтан мумкин…

Хусайн аз шодй дар ча рох намегашт, балки медавид. у хамон лахза карор дод, ки барои тамоми хонаводаашон хавлие харида, ба додараш Махмуд номае мефиристад, то молу мулкашонро фурухта, модарашу хидматгоронро гирифта ба Гурганч ояд.

Дар чаласаи уламо одамони синну соли гуногун хузур доштанд. Дар бораи баъзеи онхо Хусайн пештар шунида буд. Табиби номй Абулхайри Хаммор омад. Козикалон хам омад. Козй бо хама эхтиромдорона пурсупос кунад хам, боре лар лабонаш табассуме намедамид. у туршруёна дар чояш нишаста, хамвора хомуш буд. Дар миёни хама чавони хушсурати дар бар либоси киматбахои муйинаи мисрй фарк карда меистод. Вазир Сухайлй оромона ба гуши Хусайн гуфт, ки вай хеши Хоразмшох,, риёзидони сохибистеъдод Абунасри Аррок аст.

Вазир Хусайнро назди Аррок бурда, ба гап даромад:

  • Ичозаа бидихед, Абунаср, ба шумо ин чавонмард, Абуалй ибни Синоро, ки дар бораи хунару истеъдоди шифокориаш кайхо боз овозаи шухрат меравад, шиносонам.

Аррок дар хайрат афтод:

  • Шумо табиб будаед, – гуфт у ба Хусайн. – Аммо ман гумон мекардам, ки вазири мо боз ягон факехро овардааст.
  • Абуалй дар фикх хам на камтар аз тиб донишу махорат дорад, – изхор дошт вазир.

– Дар риёзиёт чй? – пурсид Аррок. Ва ба Хусайн дар бораи асари риёзии Берунй сухан гуфтан гирифт.

Вакте ки Хусайн аз хусуси ин китобро донистани худ изхори назар намуд, Аррок хеле хурсанд шуд ва хар ду дар рафти сухангии дигарон оид ба китоби Берунй «ал-Осор-ул-бокия» андешаронй кардан гирифтанд. Козикалон дар шафати онхо менишаст ва ноканоатмандона чунбучул менамуд. Сипас Аррок аз хусуси асбоби нави ситорашиносие, ки Берунй хамрохи риёзидон Сахрй ихтироъ карда буд, наклашро давом дод. Кози ба тарафи онхо баргашту ногахон ба гурриш даромад:

-Хар чизи дар «Куръон»-и шариф нонавиштаро омухтан зиёдатй ва гунохе азим аст!

Вале дар ин вакт худи Хоразмшох, – Алй ибни Маъмун, марди начандон калонсоли кавичусса даромада омад. Хама хомуш шуданд. Хоразмшох нишасту хозиронро хам таклифи нишастан намуд.

Он руз баромади асосиро вазир бар увда дошт. у дар бораи таърихи хукуки мерос сухан ронд. Дар бораи ирсияти молу мулк дар Юнони Кадиму Рум, аз хусуси тарзи меросгирии мусулмонон маълумот дод.

Баъзан амир галат андеша меронд.

Сипас, вакте ки ба мухокимаи баромади у гузаштанд, Хусайн эхтиромдорона кайд намуд:

-Зохиран, вазири донишманду сохибмаърифати мо хануз фурсати хондани асари Беруниро наёфтаанд, вагарна ба баъзе нсахехихо рох намедоданд.

Ва хамон лахза дар толор хомушии мудхише чорй шуд. Сонй вазир ким-чй хел як сурфаи гайриоддие баровард ва Аррок аз пушти остини Хусайн кашид.

Аммо Хусайн андешахояшро то охир иброз дошт:

-Оид ба чандин масъала фикри Берунй дигар аст.

Хомушй хамон идома меёфт. Касе чониби Хусайн наменигарист. Хама ба Хоразмшох чашм медухтанд.

Хоразмшох хам ором меистод. Баъдтар у табассуме кард.

  • Ин чавон кист? Зохиран, у дар мачлиси мо бори нахуст иштирок мекунад, вагарна чунин беистихола номи мададгори душманони моро ба забон намеовард.

Акнун хар балое ба сар омаданаш мумкин буд.

Хусайн бисёр уламоро медонист, ки риштаи хаёташон дар хамон лахзае канда шудааст, ки гирифтори газаби хокиме гардидаанд.

Вале табассуми Хоразмшох идома меёфт.

  • Наздиктар биё, номатро бигуй!

Хусайн наздиктар омад. Пойхояш, аз чи сабабе бошад, дуруст харакат намекарданд…

  • Ин чавон Абуали Хусайн… – огоз намуд вазир.
  • Ба фикри мо, дар сурате ки чуръат карда дар баробари мо он номро гирифт, чуръаташ ба баёни номи худаш хам мерасад.

Хусайн наздиктар омада таъзиме карду номашро гуфт.

  • Акнун ба мо бигуй, ки он одам дар китоби худ аз чй хусус харф мезанад…

Шунавандагон ба чунбиш даромаданд.

Хусайн фаслхои ба дину ойин ва конуну коидахои юнониён, римиён ва форсхо бахшидаи китоби Беруниро мухтасаран накл намуд. Зимнан баъзе носахехихои баромади вазирро хам ислох кард.

Касе гапи уро намебурид. Хама бодиккат гуш медоданд.

  • Вале дониши худи ту дар ин бобат амиктар аст, – гуфт Хоразмшох. – Моён аз баромади нахустини ту дар чамъомадамон каноатмандем. Ха-а, боз як чиз… Ту китоби он одамро дар даст дорй? – Хоразмшох ба хеч вачх номи Беруниро ба забон овардан намехост, зеро як вактхо зикри номи уро манъ карда буд.

– Нусхае аз он китоб дар дасти ман хаст, – гуфт баногох бо овози баланд Арроки хеши Хоразмшох.

Хама акнун ба тарафи Аррок манигаристанд.

Ту нахустин одаме хастй, ки дар хузури Хоразмшох номи Беруниро гирифтй, – гуфт Аррок хангоми аз дарбор баромаданашон. – Окибати кор бад шуданаш мумкин. Хашт сол мукаддам, вакте ки кушуни бобои ман ба шахр зада медаромад, Берунй охирин касе буд, ки аз майдони мухориба баромадааст. Баъд у дар бораи бобоям чанд латифаи дагалу тахкиромезе бофта баровард. Агар у пештар аз ин ба ин чой меомад, аз зиндон халоси надошт.

Дар мачлиси Хоразмшох хама бо якдигар эхтиромдорона муносибат менамуданд. Агар касе унвони эхтиромй надошта бошад, кунияи уро мегирифтанд. Одамро аз руйи нисбааш низ ном бурдан мумкин буд. Хусайн метавонист ба худ нисбаи Бухориро гирад, ки далели бухорой будани у мебуд. Аммо то вай аллакай тахти нисбаи Бухорй муаррихе зиндаги ба сар бурда буд.

Хусайн кунияи Абуалиро дошт.

– Одами мухтарам бояд лакаб ё куния ва ё нисбае дошта бошад, – мегуфт вазир. – Тасаввур кунед, ки ман ба чое медароям, ки дар он чой дах нафар Хусайн нишастаанд ва чег мезанам: «Хусайн!». Хамаи он дах нафар якбора дод гуфта мехезанд: «Ман!, Ман!, Ман!». Одамони окил чунин рафтор намекунанд. Бехтараш, ман даромада мегуям: «Абуалй». Ва хамон Хусайн, ки ман ба у мурочиат мекунам, дархол чавоб медихад, бокимондахо хомуш меистанд.

Дар мачлисхо хамаро бо эхтиром ном мебурданд:

Абуисмоил, Абулкосим, Абуали ва гайра.

Аммо Хусайн падар набуд, у зану фарзанд надошт. Лекин ба зудй ба ин унвони эхтиромй одат кард. Дигар хеч кас номи уро намегирифт. Факат Абуалй мегуфтанд.

Абуалй сайругашти шахрро дуст медошт. Сахарихо хеле пештар аз азони намози бомдод аз хоб бармехост. Мисли пештара бисёр захмат мекашид, илмхои кимиё, нучум ва табииётро меомухт. Чанд китоби наверо ба накша гирифта, барои онхо кайдхои пешакй менамуд.

Алхол Абуалй дар хонаи хамон точире, ки аз Бухоро хамрош омада буд, истикомат мекард. Точир аз у ичорапулй намегирифт. Аз ин ру, Абуалй карор дод, ки ба писари хурдии дахсолаи точир хатту савод омузонад. Худи точир, корвоне мураттаб сохта, суйи сарзаминхои ба худ номаълуми сохили Итил, яъне ба мулки Булор озими сафар гардид. Аз он чой, аз шимолтари Булор, ба пойтахти хоразмшохиён молхои хайратовару ачибе меоварданд. Хафтае як маротиба рузи паншнбе бозори муина кушода мешуд. Савдогарон дар ин руз муинаи хар гуна хайвонот: самур, кокум, хаз, рубох, сагобй, харгушро ба фуруш мебароварданд. Дар карибихо бозори дигаре буд, ки дар он хар гуна молхои камёби саклобиро, аз кабили пустлохи тус, шилми мохй, устухонхои калон-калони суфтаву нугтез, ки онхоро дандони мохй гуянд хам, аслан дандони морж буданд, мефурухтанд. Абуалй дар бораи моржхо чизе нахондаву нашунида буд. Хатто чунин мохихои дандондарозро ба худ тасаввур карда наметавонист.

Баъзан у бо фарахмандй молхои зодгохи азизашро медиду мешинохт. Харбузахои дар аксои олам машхури бухориро хатто ба Хоразм хам меоварданд. Онхоро дар кутихои кургошимини яхдор мекашонданд. Албатта, дар Хоразм хам тарбузу харбузахои чойдорй бисёр буданд, аммо хатто худи Хоразмшох харбузахои Бухороро маъкултар мешуморид.

Баъди чанде Абуалй сохиби шогирдон гардид. Онхо одамони баркамол буданд. Устод ба онхо чойхои номафхуми фалсафа, фикх ва ё ашколи хандасии Уклидусро фахмонда медод. Ва, албатта, бештар аз хама ба Абуалй беморон мурочиат менамуданд.

Рузе дар бозор у пай бурд, ки ким-кадом одами кухналибосе хамвора аз кафояш мегардад. Абуалй ба тарафаш нигарист, аммо он одам дар пушти шутур пинхон шуд. «Боз ягон одами Султон Махмуд набошад?» – меандешид Абуалй. Сонй Абуалй такрибан сад кадам зада, чанд маротиба рошро качукилеб андохт. Аммо дар хама чой он одам руст шуда-руст шуда уро таъкиб менамуд. Он гох Абуалй ба дукони танги сартарош даромад. Баъди чанд дакикаи таваккуф ба куча баромад ва хамон лахза ба он одами ношинос бархурд.

Он одам як кад парида, ба кафо баргашт. Вале баъд якбора ба гап даромад:

– Маро бибахшед, Абуалй, ки шуморо норохат мекунам! Ман медонам, ки чанде пеш аз Бухоро омадаед. Худи ман хам аз Бухоро омадам, аммо сарулибосам ягон вакт ин хел чуллу чанда набуд! Шароит ва майлу рагбати дониш маро ба чунин холат оварданд. Илтичо дорам, як сари кадам ба хонаи ман биравем, дар рох, тафсилоти хамаашро ба шумо мегуям.

«Мабод ин доме бошаду маро монанди мургаки нодоне ба дом оваранд» – фикр мекард Абуалй аз паси у рафта истода.

Ин одам кимиёгар будааст. у китобхои кадимаи сехру чодуро хонда, тавассути афсунгарй мехост, ки аз фулузоти арзонтаре тилло хосил намояд. Як вактхо Абуалй хам дар китобхонаи амир ин гуна китобхоро варак          зада,              дархол              чахолату     нодонии

муаллифонашонро фахмида буд.

-Максад тамоман наздик омадааст, – мегуфт он одам дар рохи хонааш. – Ду-се калимаи даркориро ба колаби чоду медарораму бо хамин омехтаи сурбу нукраро ба тилло мубаддал мегардонам.

Абуалй ба хонаи он одам даромад. Хона холй буд. На палосе дошту на буйи таоме ба димог мерасид. Дар кунчхои хона анкабут тор метанид. Дар саросари хона ифлосиву оазпорахо титу парешон мехобиданд.

Вале хонаи дигар аз анбику гармкунакхо ва хар гуна лавозимоти кимиё пур буд.

Дар миёнаи бог дар чукурие оташ аланга мезад. Дар ри алав деге овехта шуда буд, ки дар дарунаш моеи обшудаи хокистарранги калъагй дар эхтизозу чунбиш буд.

-Вакте ки аз чаи мо мегузаштед, ман шуморо дидам, – гуфт он одам, – ва хамаро як су гузошта, аз акибатон давидам, вале чуръати мурочиат пайдо карда наметавонистам…

Абуалй хамёнашро бароварда, тамоми пулхои дарунашро ба вай дод.

-Ман аз арзи миннатдорй ба шумо бехад хурсандам! – гуфт он мард. – Иншоаллох,, мебинед, ки баъди чанд рузи дигар асрори тиллохосилкуниро пайдо менамоям. Он гох ба кадри дилхох тилло мегирам. Баъд хавлии калоне харида, онро бо китобхое, ки алхол танхо орзуяшонро дар сар дорам, пур хохам кард. Сонй карзи шуморо дах баробар зиёдтар бармегардонам! Ва мумкин аст он вакт шумо аз ман карз бигиред? Мехохед, ки сеяки тамоми тиллохо насиби шумо гардад?

Абуалй танхо калла мечунбонд. у ба кувваи сехру чоду ва накшахои афсунгарй бовар надошт. Медонист, ки калъагиро ба тилло мубаддал сохтан мумкин нест, монанди он ки саргини шутурро ба шутур табдил додан имкон надорад.

– Дар хар хол, карзи додаи шуморо дах баробар зиёд бармегардонам! Ман инро ба хама нишон медихам! – гуфт он мард вакти хайрухуш.

Рузе Хоразмшох дар мачлис иброз дошт:

-Мо китоби Абурайхони Беруниро хонда баромадем. Дар он баробари андешахои дахриёна фикрхои ачиби бисёре хастанд. Бар илова, мегуянд, ки Абунаср бо Берунй мукотиба доштааст? – Хоразмшох ба тарафи хешбачааш нигарист.

– Бале, ману у мукотиба дорем.

– Абуалй хам дар ин мукотиба ширкат дорад?

-Ман хануз дар Бухоро бо Берунй мукотиба менамудам ва барои катъи он бахонае надорам, – чавоб дод Абуалй.

-Ба назари мо, хуб мешуд, ки хам Абунасру хам Абуалй аз номи худашон алохида-алохида Беруниро маслихат медоданд, ки ба Гурганч ояд. Ба мо гуфтанд, ки Берунй боз ба илми обёрй хам машгул аст. Обёрии майдонхои мо амри вочибест ва Берунй дар ин бобат тавассути дониши худ манфиати зиёде хохад овард. Дар ин бора фикри Сухайлй чист?!

-Дар ин бора фикри ман хам аз пайи фикри амирам меравад, – чавоб дод вазир.

Лачоми гуфтугу тарафи дигаре кашида шуда бошад хам, Абуалй ба он дуруст гуш намедод. у хурсандй менамуд, ки нихоят ба дидори Берунй мушарраф мегардад. Ва аллакай мазмуни номаеро, ки ба вай хохад навишт, фикр карда баромад.

Нихоят онхо вохурданд!

Аррок бо хизматгори худ мактубчае фиристода, дар он аз Абуалй хохиш менамуд, ки зудтар ба дарбор – назди у биёяд.

Абуалй зуд ба рох даромад.

Аксаран Абуалй ашрофзода будани Аррокро фаромуш мекард. Худи Аррок хам нисбат ба худаш ягон муносибати махсуси тамаллукомезро такозо наменамуд. у риёзидон ва мусаввир буд, мачлисхои тарабро дуст медошт ва ба хотири машгулияти дустдоштаи худ ба хеч вачх маснади шохиро умед намекард.

Дарбори Аррок музайяну мухташам буда, катибахои девор, ки баъзеи онхо амали худи Аррок буданд, ва колинхои накшини Самарканд онро зебу оро мебахшиданд. Сарулибоси хидматгорони Аррок хам аз сарулибоси хидматгорони бисёр ашрофи машхур ками надошт.

Дар мехмонсаройи калони Аррок гайр аз худи у боз ду нафари дигар мезистанд. Яке пири фартути афтодахолу дигаре чавонмарди такрибан си-сивусесола буд.

Абуали муйсафедро дархол шинохта, кй будани чавонмардро хам зуд дарёфт.

-Ман намедонам, шумоёнро бо хамдигар муаррифй намудан лозим аст ё на? – пурсид Аррок.

-Магар маро бо Хусайн шинос намудан лузумате дорад!? – хитоб намуд баногох муйсафед бо овози гиро. – Ман уро хануз аз замони бачагиаш, аз хамон вакте ки муаллими хонагиаш Хусайн хофиз аст гуфта таърифхо мекард, мешиносам.

Ин одам Абусахли Масехй буд. Бале, худи у буд! Хозир у хамрохи Берунй аз Чурчон омадааст.

Дувумй, охир, маълум аст, ки Берунист!

Баъди чанд дакика Берунй аллакай бо Абуаливу Аррок бахсу мунозира менамуд.

– Аз номахоя тон дарёфтам, ки шумоён хануз бар сари фикри хеш муътакидед. Хардуятон имон доред, ки Замин номутахаррик аст ва Офтобу ситорахо ва тамоми чирмхои осмонй дар атрофи Замин харакат мекунанд.

Албатта, бар ин моро Батлимусу Форобй таълим додаанд. Ва худи ман хулосахои мантикии ононро санчида баромадам. Замин номутахаррик аст, – гуфт

Абуалй.

Хатто баъзан ба кутуби мукаддас хам бовар

кардан мумкин нест! – даст афшонд Беруни. – Охо! – ба ханда даромад Аррок.

Бар сари тамоми фикру андешахо муътакиди сахт будану мубохисаи чиддй намудани Беруниро Абуалй хануз хеле пеш аз мактуботи у фахмида буд. Берунй кушиш менамуд, ки дар кулли масъалахо акидаи худро дошта бошад, хар як хулосаро дар амал санчидан мехост. Дар ин чода хардуяшон монанд буданд. Аксаран ба фикру акидаи якдигар розй нашаванд хам, хар ду ба суйи хакикат рох мечустанд.

-Вакти ба мачлиси уламо рафтан расид, – гуфт Аррок ва сарулибоси Беруниро аз назар гузаронд. – Шумо, албатта, мондаву куфта шудаед, имруз истирохат мекунед ва ё либосатонро дигар карда, хамрохи мо ба мачлис меравед?

-Тайёрам, – гуфт Берунй. – Аммо сарулибоси дигаре надорам. Нисбаи ман Берунй, яъне одами беруна аст ва худи хамин аз кй будани ман гувохй медихад.

Аррок хандиду хидматгорро даъват намуд.

сарулибоси нав биёр! – гуфт уро.

Вале Берунй ногахон эътироз намуд:

-Ман лойики чунин тухфаи гаронбахо нестам…

-Боз инаш барои чй?! – мутахаййир шуд Аррок. – Зудтар омода шуда, рафтан лозим, мо таъхир карда истодаем…

– Агар ба ман ягон гуломе пушокй тухфа менамуд, онро пушиданам мумкин буд, зеро гуломи аулом будан имкон надорад. Аммо сарулибоси хадякардаи узви хонадони Хоразмшохро кабул намекунам. Дар акси хол, хар бинандае хохад гуфт: «Бибинед, гуломи Хоразмшох омада иссодаасс!». Гулом дусс буда наметавонад. Хиссиёси фурузони вафодорй санхо дар озодй хис карда мешавад, – у суханашро шухиомез огоз намуда, чиддй ба анчом расонд. – Ман дар хамон либосе, ки дорам, он чо меравам. Навашро пагох мехарам.

– Бисёр хуб, – гуфт Арроку хидматгори дигареро чег зад. – Ту ягон либоси напушида дорй?

-Хасс,       саксир, – чавоб дод хидматгор

парешонхолона.

– Хамонро ба ин одам хадя бикун!

– Ба чашм, саксир! – чавоб дод хидмасгор.

– Таслим! – хандид Берунй.

Шояд уламо фахмида бошанд, ки Беруниву Масехй сашриф овардаанд ва ё, шояд, амри сасодуфе бошад, ки дар мачлис одамони гайримукаррарии зиёде чамъ омада буданд.

– Умед дорам, ки вакси даромадани Хоразмшох шуарои дарбор ба пояш намеафсанд, росс ба руяш нигарисса касида хам намехонанд? – пурсид Берунй аз Абуалй.

– Сулсони мо Махмуд несс, алхол дар ин чо чунин расму сарсиб хам дида намешавад…

Сухайлии вазир Беруниву Масехиро назди Хоразмшох бурда, хардуяшонро шиносонд. Онхо расми саъзим ба чой оварданд.

– Мо шодем, ки мачлисамон аз хузури ду акли мучалло ганй мегардад, – гуфс Хоразмшох,.

Баъди ним соас аллакай Беруниро саволборон менамуданд.

– Росс асс, ки Берунй дар кисоби худ хадисеро дар бораи он ки Паёмбар рузе Офсобро боздошсаву Офсоб бо иродаи вай дар болои сараш истодааст, рад мекунад?! – пурсид одами либоси факехи дар бар.

– Офтоб дакикае хам аз харакат бозистода наметавонад, зеро ин хилофи конунхои хакикии табиат аст!

Хусайну Аррок мутахаййирона ба хамдигар нигаристанд, зеро Беруни бочуръат сухан мегуфт. Андешахои худро дар китоб ифода намудан дигару дар хузури Хоразмшох баланд-баланд ба ахли мачлис талкин намудан дигар аст!

– Дуруст аст, ки дар китоби Беруни чунин суханон оварда шудаанд: «Бигзор хамаи ононеро, ки ба махлуки дигари сохибэхсос ва безарар азобу машаккатро раво дониста, аз он халоват мебаранд, Илохи ба газаби худ гирифтор фармояд»!? – пурсид Хаммори табиби хосаи Хоразмшох.

– Дуруст аст, айни хамон гуфтахо! – чавоб дод Беруни.

Баъди ин хам хурсандона ба фиш-фиш даромаданд. Ин суханон ба хама, хатто ба козикалон, маъкул афтоданд.

– Оё Беруни ба омухтани фикх хам машгул мешавад? – пурсид Сухайлии вазир.

– Диккати маро бештар улуми табииёт, таърих, риёзиёт, нучум ва маъданшиноси ба худ чалб менамоянд, – чавоб дод Беруни.

– Хуб шуд, ки доир ба масъалахои дину ойин камтар савол доданд, вагарна ягон мочаро бармехост, – оромона гуфт Аррок баъди тамомшавии мачлис.

Беруни марди зарифтабъе буд.

Дар он замон лакабгири расм шуда буд. Хар одам кушиш менамуд, ки ба худ лакабе гирад. Масалан, Султон Махмуд «Сайфуддавла» ва «Яддуддавла» ва «Аминуддин» барин лакабхо дошт. Козиёнро «Шарафулислом» ва «Сайфуссуна» номида метавонис- танд. Хатто марди ночизе хам гохо сохиби лакаби «Мухтас», яъне «махсус интихобшуда» ва «Муваффак», яъне «комёбшуда» гардида метавонист. Козикалон, ки дар тамоми мачолиси уламо дар бари Хоразмшох менишаст, унвони «Сайфуссуна»-ро дошт, ки маънояш «шамшери мазхаби сунни» мебошад. Аксаран у туршруёна хомуш истода, факат гохо ба тарафи сухангу сар мегардонд. Хар як ибораи мулхидонаи дар мачлис шунидаашро дар хона навишта мегирифт.

«Рузе мерасад, ки онхо дар пеши назари ман мисли саг уллос кашида, барои хар як аклнамоиашон чазои муносиб хоханд гирифт».

у хам Абуаливу хам Беруниро чашми дидан надошт. Хатто худи Хоразмшохро барои мулоиматияш айбдор мехисобид.

«Чилави онхоро сар дода мондааст! – меандешид у дар бораи Хоразмшох,. – Агар хукумат дар дасти ман мебуд, хамаи онхоро занчирбанд карда, шахр ба шахр мегардондам, ки дигарон аз бахсу мухокима худдори намоянд. Ба онхо дониш бас! Барои онхо кашфиёти Илохи «Куръон» кам аст! Агар хукумат дар дасти ман мебуд!…».

Хушнудона, хокимият дар дасти вай набуд.

Албатта, тамоми олимон хисси бадбинии ашаддии козиро пай мебурданд. Вале касе кушоду равшан чуръат намекард, ки гапи уро гардонад.

Танхо Беруни рузе бо оханги басо эхтиромдорона ба кози мурочиат намуд:

– Сайфулуламо, мархамат карда ба мо бигуед, ки…

Хама кинояи Беруни ва, албатта, косаи таги нимкосаи онро фахмиданд. Ва дарун-дарун дар мачлису кушоду равшан дар хонахо ба ханда даромаданд. Аммо танхо кози таги гапро зуд нафахмид. Дар аввал у мутакаббирона ба дахон бод гирифт. Танхо сахари тамоми чараёни гуфтугуро ба хотир оварда, аз газаб дандон ба дандон месоид. Минбаъд акнун уламо байни худ козиро факат «Сайфулуламо» меномиданд.

Берунй бо рафиконаш бисёр хазлу шухй мекард. Дар он давра бисёри одамон барои нишон додани фазлу дониши худ кушиш менамуданд, ки пуробуранг гап зананд. Хар як одами дарбор вазифадор буд, ки зебову маснуъ сухан ронад. Бе чунин фазилат олимеро ба мачлиси уламо рох надода хам метавонистанд. Берунй чунин навъи зебобаёниро мазох мекард, он гуна шахсонро хандахариш менамуд.

Масалан, Абуалй боре аз Берунй чунин мактубчае гирифт, ки шояд он аз ягон китоби арабй гирифта ва ё, мумн аст, аз тарафи худи у навишта шуда бошад:

«Ё таксир, мо дар мачлисе чамъ омадаем, ки ири ту хама мавчуд аст, аз хама, чуз адами шахси ту, каноатмандем. Дар ин чо наргис дида во кардааст, бунафша рух намудааст, чилими мураккаб машомро муаттар месозад, чилди норинчон чудо афтодааст, забони барбату руд дар суханист, воизони риштабарпой бархостаанд, насими чомхо дар вазишанд, бозори лутфу назокат гардон аст, мунодии базм садои хушбош медихад, ситораи хамтабакон ба кирон омадааст, буйи мушку анбар осмонхоро гирифтааст. Каам ба чонам, агар кадам ранча фармой, хамрох дар бихишти човидонй хохем афтод ва ту ёкути мобайнии шаддаи марчон хохи гашт!».

Вакте ки «ёкути мобайнй», яъне Абуалй зуд барои мехмонй талаб карда шудани худро фахмида, хонаи Берунй омад, онхо бар болои мактубча дурудароз хандиданд.

Абуалй баъзан аз додараш хам мактуб мегирифт.

Онхоро шахсони муътамад меоварданд.

Модараш касал шудааст. Дар хамон рузе касал шудааст, ки Махмуд хавлй ва молу мулкашонро фурухта, назди Абуалй, ба Гурганч, омаданй будааст. Модар аз чой намехеставу канизакон уро нигохубин мекардаанд. Абуалй тавассути номахо усули табобати дурусти модарро нишон медод, аммо маслихати холй фоидае намебахшид.

«Коре кунеду ба Бухоро барнагардед! – менавишт додараш Махмуд, – Шуморо одамони султон чустучу доранд. Онхо чанд маротиба ба хавлитон даромада, тамоми кунчу канорашро кофтанд. Хатто, харамсаройи занонро кофтуков намуданд. Мегуянд, султон фармудааст, ки шуморо зуран назди у, ба дарбор, дошта баранд».

Махмуд дар бораи ба дарбори волии Амир Наср гузаронда шудани худ харфе нанавишта буд. Дар он чой уро хуб истинток карда, ба кучо рафтани Хусайнро фахмиданй мешуданд.

Дар мактуби додараш унвони номагир кайд нашуда буд. Имзои номанавис хам дида намешуд. Мабодо нома ба дасти чосусони султон хам афтад, онхо ба нишони кй равона шудани онро пай бурда наметавонистанд.

Абуалй хамрохи Берунй дар кучахо сайругашт карданро дуст медошт. Берунй бармахал аз падар ятим монда, бо захмату машаккати зиёде сохиби маълумот гашта буд.

– Дар шахри мо юнонии насроние зиндагй мекард, – накл мекард Берунй. – Он вакт ман штсола будам. Ман ба наздаш хар гуна растанихоро мебурдам, у номи онхоро мегуфту хосияташонро як-як баён мекард. Баъд ба ман барои мутолиаи китобхои лозима дастур медод, чохои номафхумашонро мефахмонд. Аксар вакт ба ман китобхои худашро медод. Хатто сарфу нахв ва сабки арабиро худам мустакил омухтам. Рузона кор мекардам, ба корубори хочагии модарам ёрй мерасондам ва шабона машгули илмомузй мешудам.

– Муаллими ман… – гуфт Абуалй ва дар бораи Нотилй наклхо кард.

Рузе Абуалй тасодуфан аз забони шахсе фахмид, ки Нотилй дар хамин чо, дар беруни шахр мадфун аст.

Хар ду бо Берунй ба зиёрати кабристон рафтанд. Абуалй вакти бозгашт ба кабристонбон пул дод, то кабрро дурусттар нигохубин кунад.

Абуаливу Берунй факат дар танхой доир ба кулли масъалахо озодона сухбат карда метавонистанд.

– Боре бо ман фукахо тамоми руз бахс карда, гуфтанд, ки оби фавворахо ба иродаву хости Худо боло мечахад. Охир, чахолату нодонии худро тавассути баёни кудрати Худо пушонидан хандаовар аст! – тасдик менамуд Берунй.

– Шояд, дар хакикат, он вучуд дошта бошад?! – мекалавид Абуалй.

– Кй вучуд дорад?! – ба газаб омад Берунй.

– Худо! Мумкин аст, аввалан он ба тамоми чараёни инкишофи коинот таконе дода бошаду хозир хаёт аз руйи конунхои худй, худ ба худ, чараён гирифта истода бошад?!

Агар ин гуфтугуро козикалон мешунид, сари онхоро худи Хоразмшох хам аз буридан нигох дошта наметавонист!

Ба вучуди Илохй шак овардан?! Ин чунин маъно дорад, ки хам Мусову хам Исо ва хам кулли паёмбарони дигар галат кардаанд! Ин чунин маъно дорад, ки Мухаммад Худоро кашф нанамудааст! Хамчунин, <{Куръон»-ро хам на Худо ба воситаи фариштаи Чабраил баён намудааст, балки худи Мухаммад офаридааст! Боз ин чунин маъно дорад, ки чизи асосие, ки дину давлату хаёт бар болои он сохта мешаванд, аслан ким-чй гуна дуругу хатост!

Оре, барои чунин андешахо на танхо козй, балки хар як мусулмони муътакид бетаваккуф аз бахри хаёти хам Абуаливу хам Берунй гузашта, онхоро барои мулокоти Худо фиристода метавонист, то дар он дунё бинанду фахманд – Худо хаст ё не!

Аз ин сабаб, Абуаливу Берунй факат дар танхой сухбату маслихат мекарданд.

Аммо фолбину чодугарон даста-даста дар хиёбону майдонхо овора мегаштанд ва мардум кавли онхоро бовар мекарданд. «Авлиёх0»-и нодону чохил ва фолкушоёни беаклу бехирад дар маснади эхтирому иззат буданд. Хар сахар дар бозорхо ачоиботу гароиботи наве аз дахан ба дахан мегузаштанд.

Рузе дар вакти чунин сайругашт Абуаливу Берунй садои гулогулаеро шуниданд. Баъди лахзае аз хавлии наздике забонаи оташ боло баромад. Абуалй он чойро шинохт. Дар он чой хамон кимиёгаре, ки тавассути сехру чодугарии дурударозу токатфарсо аз фулузоти арзон тилло хосил карданй буд, зиндагй мекард.

Одамон об зада алангаи оташро хомуш мекарданд. Обро дар машку кузахо мекашонданд. Кимиёгар дар карибихои дарвозаи шахр мезист ва канали аз Омударё чоришаванда аз турми хамон дарвоза мегузашт.

Онсутар остини сухтаи чомае мехобид. Муйсафеде бо пойхояш оташи онро хомуш мекард.

Баъд аз миёнаи оханпораву ангиштлахчахо часади колабгумкардаи кимиёгари бадбахтро кашида бароварданд.

Хонаи у зараре надида буд. Берунй оазпорахоро чамъ овард. Кимиёгар дар онхо кайдхои худро мегузошт. Абуалй ба хондани кайдхо даромад.

Ба чойи тилло кимиёгар тавассути мубодилоти кимиёвй ба гирифтани моддаи хавфноки тарканда – симоби мунфачира нойил гардида буд. Ва, зохиран, аз таркиши хамин модда мурдааст.

Кимиёгар чандин усули аз ишкорхо хосил намудани фулузотро кашф карда буд. Як худи хамин кораш обрую эътибори вайро зиёд карда метавонист. Аммо кимиёгар инро хатто пай набурда буд.

Ба мачлиси илмй Хоразмшох бо табъи хуш омад. Имруз навбати бахси фукахо буд.

Хар як сураи «Куръон» бо таъбири «Бисмиллох- ир-рахмон ир-рахим» ооз мегардад. Мохияти онро хар як факех ба тарзи худ мефахмид, хар яке ба тарики худ шарху тафсир медод. Хатто як олиме, ки зиёда аз сад тафсири ин ибораро чамъ оварда буд, ба номбурди онхо сар кард.

Беруниву Абуалй аз ин мубохиса дилгир буданд. Онхо хомушона дар бораи масоили дигаре сухбат мекарданд.

– Нихоят имруз ман ба таълифи китобе дар бораи пайдоиши куху биёбонхо сар кардам, – гуфт Абуалй.

– Дар бораи пайдоишашон?! – мутахаййир шуд Берунй.

– Мефахмй, ман андаке гайримукаррарй будани ин масъаларо медонам. Тамоми мусулмонон чунин мехисобанд, ки хаёти руизаминй дар як руз ва барои човидон сохта шудааст. Хатто бохирадтарин уламо мегуянд, ки куххо аз ибтидо куху биёбонхо биёбон буданд.

– Ман хам аз ин хусус фикр кардаам, – гуфт Берунй, – вале барои радди суханони онхо далелу бурхони котеъ наёфтам.

– Дар хотир дорй, вакте ки ба обёрии заминхои ташналаб машгул будиву хамрохи ту ба Хоразм рафтуомад мекардем, дар хайрат меафтодй, ки барои чй ман дар обкандахои сохили дарё чунбучул дорам ва ба чукурии дарахо фуробаро мекунам? Ман он вакт карор додам, ки то муддати муайяне фикрхои худро аз ту нихон дорам. Ту хам, эхтимол, мушохида карда бошй, ки кишри замин монанди катмол аз кабатхои гуногуни мутафаррика иборат аст. Дар пуштахои бодхурдаи биёбонхо ман ногахон садафи бахрй ва бокимондаи рустанихои шахшударо дарёфтам. Ба кадом рох онхо дар ин чой, дар куллаи куххои як вактхо сарбаланд пайдо шудаанд?! Маълум мешавад, ки ин куххо замоне каъри бахр будаанд, дар ин чой мохихо шино мекардаанд, рустанихои бахрй алвонч мехурдаанд. Аммо тамоми кутуби илохиёт андешаи дигареро пеш меронанд. Онхо мегуянд, ки олам ба карибихо, хамагй чанд хазор сол пеш ва дар муддати чанд руз аз ри хосту иродаи Худо сохта шудааст. Вале ягон олим ин акидаи фукахоро рад накардааст.

– Майли рад мекарданд, рузашонро медиданд! – Берунй табассуми пурдарде намуд.

– Вале далелу бурхон, табиат ва акли одии солим муттафикан дар бораи чизи дигаре чор мезананд! – гуфт Абуалй бо хаячон. – Дар бораи замоне, бешакку шубха, каъри бахр будани бисёр биёбонхо хатмй ягон асаре навиштан лозим! Вале он чохое, ки хозир дар аъмоки об мехобанд, мукаррар, доманаи куху дара буда, дар онхо рустанихои кухй мерустанд, аз онхо дарёчахо чорй мешуданд. Ва хам он кабати хоке, ки холо хеле боло баромадааст ва аз он ман бокимондахои хайвоноти бахриро ёфтам, на ду ва, хатто, дах хазор сол пештар, балки зиёдатар аз он каъри укёнусе будааст. Охир, кух дар тули хазорсолахои дароз бодхурда мешавад. Ба хар навъ, – дар ин чо Абуалй табассуме кард, – албатта, уламои динро хам ранчондан лозим нест! Аз ин ру, карор додам бинависам, ки хар як зухурот, албатта, бо хосту иродаи Илохй рух медихад.

Дар ин лахза Хоразмшох,, ки зохиран у хам аз бахси фукахо ранчур гардида буд, Абуалиро назди худ хонд.

– Мо фахмидем, ки Абуалй холо хам мисли пештара дар хонаи каси бегонае зиндагй мекунад? – пурсид Хоразмшох,. – Чунин холат ба мансаби илмие, ки Абуалй онро дар дарбори мо ишол менамояд, хеч мувофикат намекунад! Мо барои Абуалй панч хазор динор хадя мефармоем. Бигзор у барои худ тамоми лавозимоти даркориро бихарад!

«Бадтарини одамон касест, ки танхо мехурад, ба савории безину афсор савор мешавад ва гуломашро мезанад» – чунин маколе даргард буд.

Абуалй на асп дошту на гулом. у хонае харидан мехост, аммо дар хона танхо зистан имкон надошт. Хидматгоре пайдо кардан лозим буд.

– Мехохед, яке аз хидматгоронамро ба шумо бибахшам? – пурсид Аррок.

– «Он бандае, ки ба чойи дигар азиз буда бошад, махар, ки агар вайро азиз надорй, бигрезад, ё фурухтан хохад, ё ба дил душмани ту шавад», – ба чойи чавоб Абуалй ин гуфтаро хотиррасон намуд.

Абуалй ба бозори бардафуршн равон шуд. уро писари калонии точир хамрохй менамуд.

– Бисёрихо гумон мекунанд, ки гуломхарй аз чумлаи савдогарист. Аммо гуломхарй ва илми он аз чумлаи файласуфист, зеро харидор хислату фазилатхои гуломро бояд бидонад, – калонгирона бахс менамуд дар давоми рох, писари точир.

у дар тамоми рох бидир-бидир карда, ба Абуалй дар бораи чинси гуломон ваъзи дурударозе мехонд, аз бетачрибагии Абуалй дар хайрат меафтод.

– Аломати гуломи доно ва рузбех, – мегуфт писари точир, – чунин аст: у бояд росткомат, муътадилмуй ва муътадилгушт, сафеди лаълфом, пахнкаф, миёни ангуштонаш фарох, пахнпешонй, шахлочашм, кушодаруйи бехад хандонруй бошад. Чунин гулом дар илмомузй, котибй, хазинадорй ва хар шугли дигаре хамчун шахси боэътимод кор медихад.

Абуалй гуфтахои уро бе ягон дудилагй гуш мекард.

  • Агар гуломи фарохабру, азракчашм, пилкхои дидааш дурушту ашкар, лабу дандондароз ва фарохдахон бошад, бепул диханд хам, нагиред. Чунин гулом бешарму хаё, нопок, беадаб, шарир ва балочуй мешавад.

Окибат онхо ба бозори бардафурушй расиданд.

Бозор аз масохати чоркунчаи болокушодае иборат буда, гирдогирдашро деворхои пастаке фаро гирифта буданд. Дарунаш аз рахравхои тангаку хоначахо иборат буд. Шабона гуломон дар ин хоначахо хуфта, рузона онхоро ба дукончахои савдо мебароварданд.

Дар даромадгох гуши Абуалиро садои баланди чорчй кариб кар карда буд.

  • Духтарони дилхохатонро интихоб карда метавонед! Духтарони сиёхчардаи нубиёй; духтарони хунёгари хиндй; духтарони сап-сафеди силлобй; духтарони турку юнониву барбарй! Духтарони табъи дил, факат ба хонадонхои бонуфуз фурухта мешаванд!
  • Гуломбачахоро дар нимаи дарунтар мефурушанд, – гуфт писари точир.

Онхо аз назди духтароне, ки либосхои сафеду сурх пушида буданд, мегузаштанд. Дар симои духтарон бепарвоии мутлаке зохир мегардид.

Баногох чашми Абуалй ба духтари наврасе афтод. Духтар писарчаи тахминан панчсолаеро ором медошт. Писарча пойлуч буда, дар тан эзорчаи дарози бегонае дошт. у баланд-баланд гиря мекарду духтар табассумкунон ба вай чизе мегуфт, вале дар чашмони духтар андуху тарс хона доштанд.

  • Духтараки хуб, хатту савод дорад, хурокпазиро медонад, суруд хондаву ракс карда метавонад, – наздик омад гуломфуруш, – дастомузи занаки бомаънй! Хучаинзан, Худо чояшро чаннат гардонад, ба карибй мурд, барои хамин хешовандонаш тамоми молу мулкашро мефурушанд. Ту хамин писарчаатро дафъ мекунй, охир, ё не!? – дод зад у ба сари духтарак. – Ин додарчаи уст, – гуломфуруш аз нав тарафи Абуалй руй овард. – Ман аллакай онро фурухтам. Хозир омада мебаранд.

Писарак ин гуфтаро шунида, боз ба гиря даромад ва духтарак лабро ба лаб газида, аз табассум бозистод.

  • Ба мо ягон марди хонабон даркор, – гуфт писари точир.
  • Ха-а, – даст афшонд гуломфуруш ва дархол бепарвой зохир намуд. – Хонабононро хо-о дар он гуша мефурушанд!

Онсутар мардони миёнасолро мефурухтанд. Гуломфурушон бо тамоми овоз маълумотнокй ва акли модарзоди онхоро таъриф мекарданд.

Гуломони бисёре буданд, аммо Абуалй пеши пойи худ нигариста аз наздашон гузашта мерафт.

  • Ба шумо чй шуд? – гуфт писари точир. – Ана, ба инаш нигаред – хам нигохаш кушода, хам пусташ тоза! Фурушанда хам мегуяд, ки вай чандин забонро медонад.

Абуалй аз назди он хам гузашта рафт. у ба чашми ягон одами дар ин чо фурухтамешуда нигариста наметавонист. Ба чашмони пурхароси беморон нигаристан ва бо нигохи боварибахши худ ба онхо умед бахшиданро одат карда буд.

  • Не, не, ман намехохам одамонро бихарам!

Абуалй акиб, тарафи баромадгох баргашт.

  • Вакти зиёдеро бехуда сарф кардем! – гур-гур мекард писари точир. – Пагох худам танхо ба бозор омада, барои шумо гулом харида мебарам.

Онхо бори дигар аз назди он духтар гузаштанд. Аллакай писарча набуд. уро, зохиран, хучаинони нав бурда буданд. Духтарак акнун зор-зор мегирист. Аммо фурушанда хакорати сахташ медод.

  • Пагохй барои чй рухсорахои туро сурх карданд! – дуг мезад у. – Барои чй мушку абир молиданд! Барои он ки нархат баланд шавад?! Ха, хозир туро касе ба як дирхам хам намехарад!

Дар наздикихо харидоре набуд, аз ин ру, фурушанда хар гапи ба дахонаш омадаро мегуфт.

  • Бас кун, ин духтарро ман мехарам! – гуфт Абуалй.
  • Барои шумо духтар чй даркор?! – тааччуб намуд писари точир. – Охир, мо барои харидани мард омада будем! Агар ба шумо духтар даркор бошад, зудтар мегуфтед, ман кайхо аз хама мувофишро ёфта медодам!
  • Ман махз ана хамин духтарро харидан мехохам, – ба гап даромад Абуалй. – Додарчаашро хам мехарам.

Духтарак аз гиря бозистода, ба гуфтугу диккат медод.

  • Номат чист? – аз у пурсид Абуалй.
  • Ширин, – оромона гуфт духтар.
  • Номаш-ку зебо… – ба гап хамрох шуд

фурушанда.

  • Нархаш чй? – пурсид писари точир.

Фуршнда, гуё, ки фикр карда истода бошад, хомуш шуд.

Абуалй даррав даст ба хамён бурд.

  • Ин кимат, – гуфт писари точир, – рафтем! Ягон духтари дигарро меёбем!

Барои Абуалй чунин харидуфуруш маъкул набуд.

  • Дах динорашро кам кунй, – мехарем, – гуфт писари точир. – Агар не, меравем!

– Ту муйхояшро даст зада бин, муйхои хакикй, берангубор ва беилова! Дандонхояш хам! Баъзехо дандонхояшонро бо омехтаи ангишту намаки суда сафед мекунанд, аммо дандонхои ин худашон сап- сафеданд! Забони хоразмиро хам медонад. Танхо барои хотири шумо барин одамони хуб уро ба наваду ду динор медихам!

Абуалй пулро дод. Фуршнда кабола навишт. Дар ин кабола гуфта мешуд, ки хучаини хакикии минбаъдаи духтар Абуалй ибни Сино мебошад. Сонй фуршнда чойи истикомати онхоеро, ки писарчаро харида буданд, маълум кард.

  • Рафтем, Ширин, аз пайи чустучуйи додарчаат мешавем! – гуфт Абуалй.

Онхо аз бозор баромаданд. Писари точир баробари Абуалй кадам мезад. Ширин андаке кафотар меомад.

Писари точир гурурашро давом медод:

  • Наваду ду динор! Кариб ду хазор дирхами накд! Пештар ба ин микдор пул як оила расо як сол ризку рузй карда метавонист! Нарху наво чй кадар боло баромадааст! Ва сабаби хамааш дар он ки мо кам чанг мекунем. Султон Махмуд бахри газавоти Хиндустон баромадааст, аз ин ру, гуломони у бепуланд. Аммо гуломон дар ин чо садхо динор арзиш доранд.
  • Ту мусулмонй? – пурсид Абуалй аз духтар.
  • Не, – чавоб гардонд духтар. – Ман аз ахли насороям. Падару модари ман аз Юнон буданд.

Онхо хонаи даркориро ёфтанд. Барои савдо писари точир пеш даромад. Абуалй аз берун овози баланди уро мешунид.

Писари точир савдои дурударозе кард.

  • Ин писарча ба мо маъкул афтод, – мегуфтанд ахли хонадон.
  • Хайр, ман нархашро ду баробар медихам! – бовар мекунонд онхоро писари точир.
  • Ман ба шумо, хучаин, арзиши пулатонро бармегардонам, хидмататонро ба чой меорам, факат додарчаамро харида гиред! – мегуфт духтарак. – Шумо метавонед ба ман тухфае надихед, ман кам мехурам, додаракам хам кам мехурад.

Абуалй табассуме кард.

  • Хуб, – гуфт у. – Инашро баъдтар аник мекунем.

Нихоят писари точир бо рангу руйи сурху газабнок берун омад.

  • Бист динор будааст! Хол он ки худашон ба нух динор хариданд!

Вай аз Абуалй пулро гирифта, баъди чанд дакика писарчаро берун овард.

Писарча ба тарафи хохаркалонаш давида, банди дасти уро махкам дошт.

  • Ана акнун, – ботантана эълон намуд Абуалй, – ту, Ширин, озод хастй! Додаракат хам озод аст!
  • Барои чй?! – гуфт духтарак тарсида-тарсида.

Писари точир аз хайрат хатто чашмакй зада монд.

  • Холо, ки ту аз нав бо додарчаат хамрох шудй, хардуятон ба кучое, ки хохед, рафта метавонед.
  • Мо чойи рафт надорем, – гуфт духтар. – Хонаву пул хам надорем. Хар касе моро гам дода метавонад. Шумо хучаини мо хастед ва моро дар манзили худ чой доданатон лозим аст. Мо бояд тамоми дархосту фармоишоти шуморо ичро кунем…
  • Мебахшед, Абуалй, вале шумо ба ин духтарак хакикатан рохи нодурустеро нишон дода истодаед. Агар кори хайре карданй бошед, онро то ба охир расонед. Онхоро дар хавлии худ чой дода, эхтиёчи хаёташонро таъмин кунед!

Бисёр хуб, ки Абуалй хавлии фуруширо аллакай аз назар гузаронда, дар бораи нархаш хам гуфтугу карда будааст. Нархи хавли ду хазор динор буд. Колинхо, хар гуна тачхизоти дигар ва чиниворихо боз якуним хазори дигар арзиш доштанд.

Ба харидуфуруш писари точир машгул буд. у ин корро бо тамоми хасти анчом медод, баланд-баланд савдо мекард, бахсу мунозира менамуд.

Дар яке аз шабнишинихо Масехи порчахоеро аз китоби навакак анчомдодаи тиббиаш хонда дод. Хамаи мухокимон китобро таъриф мекарданд.

Аммо худи Масехи каноатманд набуд.

-Закариёи Рози дар бист чилд асари тиббие навиштааст, ки барои аз чое ба чое бурданашон шутур лозим мешавад, – гуфт Масехи ба Хусайн. – Вале, баробари ин, дар китоби мазкур бисёр чизхо афтодаву бисёре аз Чолинусу Букрот рубардор шудаанд. Китоби дигартаре даркор аст, аммо касе онро то хол навиштт натавонист. Ман хам натавонистам. Зарур аст, ки он китоб тамоми донишхои тиббиро фаро гирад, аммо хачман он кадар калон набошад. Чунин асареро факат одами бохиради сохиби хотираи амик ва акли буррову калби оташин офарида метавонад. Ман акнун чунин китоберо навишта наметавонам.

Хусайн хост аз хусуси кайдхои пешакии китоби тиббии худ ба Масехи накл кунад, аммо худдори кард.

Аксар вакт хамрохи Масехи ба табобати беморон мепардохтанд. Масехи аз махорати Хусайн дар аник муайян намудани беморихо ва аз руйи нишонахои базур маълуме фахмидани сабаби касалихо дар хайрат меафтод. Хамрохи Масехи чаррохи мекарданд. Хусайн дар ин чо хам аз омузиш бознамеистод, агарчи Масехи бовар дошт, ки дониши Хусайн аллакай аз у гузаштааст.

Онхо хамрох дар озмоишгохи кимиёвии Аррок тачриба мегузаронданд. Худи Аррок аз кимиё даст кашида, бештар ба риёзиёт майл менамуд, аммо озмоишгох бокй монда, тамоми лавозимоти даркориро дошт. Гохо ба Абуаливу Масехй Берунй хам хамрох мешуд. Онхо дар он чо хар гуна тачриба мегузаронданд. Абуалй хамрохи Берунй ба нучум хам машаул мегардид.

Имшаб Абуалй барои таълифи асари бузурги тиббии худ, хамон асаре, ки вактхои охир фикру нияташ аз сари у хеч дур намешуд, аввалин кайдхои пешакиро ри коааз овард. Дар китобхона шамъ месухт.

Дар хонаи дигарй Ширин гаштугузор дошт. у зери лаб ким-чизеро замзама менамуд, додарчааш аллакай хобида буд.

Банохост аз хонаи точир одаме давида омад.

– Ба хавлии мо гумоштагон омаданд, онхо хануз дар кучо будани хавлии нави шуморо намедонанд. Шуморо фавран ба дарбори Хоразмшох мехонанд! – мегуфт хидматгор хишшас зада истода.

«Дар он чо чй ходиса руй дода бошад?! – аз фикр мегузаронд Абуалй, либосхояшро пушида истода. – Мабодо Хоразмшох касал нашуда бошад?!»

Дар даромадгохи дарбор Абуалй бо Масехй рубару омад. Ин донишманди кухансолро хам даъват карда буданд. Дар толор онхо боз Берунй, Аррок ва, хатто, Хаммори табиби хосаи Хоразмшохро диданд. Сухайлии вазир хам хозир буд.

Хоразмшох хам даромада омад.

-Хидмааторон фиристода шуданд?! – пурсид у вазирро.

– Бале, касе намонд, – давоб дод Сухайлй.

Сонй вараки якчанд мухрдорро бароварда нишон дод.

-Хаати Мешкон, сардабири девони Султон Махмуд, – оромона гуфт Берунй. – Танхо у чунин зебо навиша метавонад.

  • Имруз аз чониби Султон Махмуд одами номдоре нома расонд, – гапро сар кард вазир. – Пагох сахарй Хоразмшох ба шарафи у зиёфат медихад. Дар ин варак фармони ба Хоразмшох фиристодаи султон сабт гардидааст.
  • Онро бихонед, – гуфт Хоразмшох,.

Вазир ба хондан даромад. Дар аввали нома унвонхо зикр ёфта буданд, ки вазир онхоро тез-тез хонда, баъд сари максад омад.

«Фахмидем, ки дар мачлиси Хоразмшох якчанд мардони илме хастанд, ки хамтои худро надоранд. Лозим мешавад, ки Хоразмшох онхоро ба мачлиси мо бифиристад, то шарафи хузури мачлиси моро дарёбанд ва мо аз илму донишу истеъдоди эшон пуштибонй ба амал оварда, аз Хоразмшох сипосгузор хохем буд».

Вазир номаро хонда тамом кард ва хозирин чанд дакикаи дигар хомуш монданд.

  • Дар бораи пуштибонии у мо бисёр шунидаем, – гуфт Берунй.
  • Худо чунин пушту панохро ба касе нишон надихад!

Хоразмшох ба гап даромад.

  • Касеро зуран ба хидмати худ мачбур кунондан мумкин нест. Бар замми ин, шумоён, алалхусус, онхое, ки начандон пештар майли дарбори мо намуданд, одамони озоду мустакил хастед. Вале хама хуб медонед, ки Султон Махмуд пуриктидор аст, давлаташ хам гул- гул мешукуфад, хукуматаш устувор, у тамоми хоки Хуросон ва як кисми Хиндустонро забт намуда, холо ба Ирок лашкар мекашад. Мо аз ноилочй бо вай дустй мекунем. Танхо барои нигох доштани оромии мамлакатамон маро лозим омад, ки хохари уро ба занй бигирам. Мо фармони уро ба инобат нагирифта ва майлу хохиши уро ичро накарда наметавонем. Худатон акнун ба сари хулосае биёед ва карордоди хар якатонро ба зудй маълум намоед!

Хама чанд дакика хомуш монданд.

  • Шахсан ман ба дарбори султон рафта наметавонам, зеро насрониям ва ба хузури у рафтан баробари зиндонй шудан аст! – гуфт Масехи
  • Ман хам ба назди Султон Махмуд намеравам. Гумоштагони вай аллакай маро дар Бухоро чустучу доранд, – изхор дошт Абуалй.
  • Ба шумоён аз ичрои фармони султон гардан тофтан мумкин аст, – ба гап даромад Хаммори табиб, – зеро хоразмй нестед. Лекин ман гуш накунам, холи Хоразм табох мешавад.
  • Ман хам мачбурам, ки итоат кунам, – гуфт Аррок.
  • Ман хам аз Хоразмам, – гуфт Берунй, – ва чй балое, ки ба сарам наояд, итоат мекунам.
  • Бисёр хуб, – гуфт Хоразмшох,. – Мо медонистем, ки махз ана хамин хел мешавад. Хардуи шумоён – Абуаливу Масехй бояд худи хамин руз аз назархо гойиб шавед! Сахарй мо ба шарафи гумоштаи султон зиёфат медихем, уро инъомоти зиёде мебахшем ва мегуем, ки шумоён дар ин шахр нестед.

Хоразмшох узр хосту баромада рафт.

  • Шумоён бояд алалфавр аз шахр баромада равед! – гуфт вазир. – Агар фиристода фахмад, ки уро фиреб додаем, ахволамон боз хам бадтар хохад шуд.
  • Ман тайёрам, – гуфт Абуалй, – вале ба кучо рафтанамро аник накардаам.
  • Ба гумони ман, бехтараш ба кафо, ба Чурчон, ба хузури амир Кобус рафтан лозим. Агар хохй, хамрох меравем, – таклиф намуд Масехй.
  • Кобус туро хуб пешвоз хохад гирифт, – гуфт Берунй. – Ба номи у ман нома менависам.
  • Одами ман рохи биёбони тарафи Чурчонро нагз медонад, – пешниход кард вазир. – Баъди ду соат бо се шутури мучаххаз у дар майдони марказй мунтазири шумоен мешавад.

Беруни баромада рафт ва баъди чанд дакика хамрохи мактуби ба номи амир Кобус навиштааш

Хама бо якдигар хайрухуш намуда, зуд пароканда шуданд.

Абуалй кайдхо ва китобхои худро чамъ овард. Васикае навишт, ки хавлй ва молу мулк ба Ширин тааллук доранд. Барои Ширин як микдор пул хам гузошт, ки ба василаи он такрибан як сол умру руз гузарондан мумкин буд. Ба додараш мактубе навишт.

Ширин сабабашро фахмида наметавонист, ки чаро Абуалй ба муддати дурударозе баромада меравад, барои чй уву додарчаашро хамрохи худ гирифта наметавонад, онхоро танхо мегузорад! Сабабашро Абуалй хам ба вай фахмонда наметавонист. у, хатто, ба Ширин номи шахри мерафтагиашро хам гуфта наметавонист. у танхо гуфт, ки ба Ширин хат навишта меистад, пул хам мефиристад. Ва бигзор ягон муйсафеди боимонро барои хавлибонй киро карда бигирад, он гох дар хавлии беодам ба тарсу вахм гирифтор нахоханд шуд.

Додарчаи Ширин гарки хоби ширин буд. Абуали уро аз хоб бедор кардан нахост.

Хурчинро бардошта аз хона ба кучаи торик баромад.

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222