Главная / Илм / Хаёти оилави ва шахсияти Паёмбар Мухаммад (с)

Хаёти оилави ва шахсияти Паёмбар Мухаммад (с)

 Мухаммад(с) дар тули умри худ дувоздах бор издивоч кардааст ва он хам ёздахтояш баъд аз вафоти Хадича зани аввалин ва мехрубонаш буда. Мухаммад (с) хангоми марг нух зан дошт. Занони Мухаммад: Савда, Оиша, Мория, Хафса, Умму Хабиба, Умму Салма, Зайнаб духтари Чахш, Зайнаб духтари Хазима, Маймуна, Чувайрия, Сафия ном доштанд. Сабаби издивочи Мухаммад(с) бо кисмате аз занхояш маслихати сиёси ва бо баъзеи дигар чихати сарпарастии онхо будааст.

Мухаммад аз зани аввалаш Хадича ду писар Косим ва Абдулло (Тайиб ва Тохир) ва чахор духтар: Зайнаб, Умм Кулсум, Рукия ва Фотима ва як писар аз Мария бо номи Иброхим ёфтааст. Аммо хамаи фарзандонаш, ба гайр аз Фотима зани Али ибн Абутолиб, кабл аз у даргузаштаанд. Бо вучуди ин хама вокеияти талх ва мусибатхои вазнини пайомади марги чигаргушахояш(с) Паёмбар тавонист рисолати ба У вогузоршуда аз тарафи Парвардигор, яъне бунёд ва интишори исломро ба нахви ахсан анчом дихад.

muhammaddМухаммад(с) нисбат ба замони худ як шахси фавкулодда нобига, марди барчастаи сиёси ва мазхаби буд. Дар пайдоиш ва галабаи ислом бешубха дар баробати такдири илохи омили субъективи, шахсияти Мухаммад(с) низ накши халкунанда бозидааст. Худованд низ ба паёмбарии худ на хама касро балки комилтарин инсонро бармегузинад, ки ба воситаи у ахдофи худро пиёда кунад. Мухаммад(с) тавонист кабоили арабро дар як муддати кутох аз сохти кабилавию авлоди берун оварда, як умумияти наве, ки на дар асоси умумияти авлоди ё кабилави ва на хатто нажодиву милли, балки дар асоси умумияти маънавию мазхаби аст, ташкил дихад. Ин аст, ки дар сафари охирини худ ба Макка, андаке кабл аз вафоташ, мувофики ахбору ривоёти муътамад, хитобае эрод фармуд, ки дар он нуктаи маркази аз даъвати ислом дарч гардидааст: “Эй мардум, сухани маро бишнавед ва ба дил биспоред, ки хар мусулмон бо мусулмони дигар бародар аст ва акнун дар мобайни шумо ойини бародари баркарор гардидааст”.

Гузашта аз ин рисолати Мухаммад (с) сад дар сад худруста дар мабнои фитрати илохи буд ва аз лихози шароит ва заминахои ичтимои аз тамоми паёмбарони пешин фарк дошат. Хамаи асосгузорони ва паёмбарони адёни пешин бо доирахои сиёси, дарбор ва кишри аристократ ва рухонияти муташаккил робитаи наздик доштанд. Ин танхо Паёмбари ислом буд, ки дар мухити бегона аз сохтори сиёсии пешрафта ва низоми муташаккили динию мазхаби, дар заминаи муносибатхои акибмондаи кабилавлоди, дар мухити биёбони зухур кард ва худ бесавод хам буд. Бо вучуди ин тавонист чунин як дини вокеан дар усули таълимоту даъват ва мохият чахониро ба вучуд оварад.

Дар вокеъ, пайдоиши ислом ва таълимоти он як халка, як зинаи мухиме дар такомули маънавию фарханги ва ичтимоию сиёсии аксари инсоният мебошад.

Дар мавриди хислатхои инсони, ахлоки ва маънавиёти Паёмбари ислом (с) Абдурауфи Фитрат дар китоби «Мухтасари таърихи ислом» чунин навиштааст: «Бехтарин махлукот ва рахмати оламиён Хазрати Паёмбар (а) дар боби рахму шавкат, караму саховат, химмату тавозуъ, авфу мадоро, аклу дониш машхури олам буданд. Бехуда ба газаб намеомаданд. Аз доираи инсоф асло кадаме берун намегузоштанд. Хар касро аз руи дониш ва иктидораш кор мефармуданд. Барои кори уммат ва адои вазифаи нубувват то дами марг ором нагирифта кушиш карданд. Аз хеч кас чизе тамаъ надоштанд. Садака намегирифтанд. Хулоса,тамоми доноёни олам, хатто уламои Фаранг (Аврупо) хам ба донои ва хушахлокии он Хазрат коил хастанд. Ба занон ва хидматгорони худ доимо ба тавозуъ ва кушодаруи муомила мекарданд.» \10:21\

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222