Главная / Илм / Хаёт пас аз марг

Хаёт пас аз марг

Бовари ба хаёти ондунёвии пас аз марг аз мухимтарин боварии усулии динхо ба шумор меравад. Агар аз дин ин асл гирифта шавад, мухимтирин посутуни дин аз миён бардошта мешавад. Мисриён низ ба навъе аз хаёти баъди марг ва вучуди рух (Баъ), бовари доштанд. Онхо бовари доштаанд, ки дар хар фарди инсон, дар як вакт се вучуд, се асли чудогона хузур доранд. Яке асли зохир ва колаби, ки тан аст.

Сониян, хамзоди вай ё сояи доимии инсон, ки номаш Каъ (ё Ка) аст. Сеюмин, Баъ (ё Ба) рухи човидони ва равони улвии инсон аст. Баъ ба шакли тани парранда ва сари инсон дар руи калб ё шиками инсон тасаввур мешудааст. Ин рух баъд аз марг дар фарози часади инсон парвоз мекунад вале чун ба вай алока дорад ва лаззати таъом ва шароб хануз аз у нарафта , бо шавк бармегардад, дар хангоми баргашт ин рух хамон вакт рохат ва ороми меёбад, ки бадан бе айб бошад ва гизову об дар дастраси у мавчуд бошад ва рохи баргашт ба кабр озод бошад, равзанае низ бошад. Баробари ин мисриён ба рухи дигаре низ акида доштанд, ки он хоси Каъ буд ва он ба як акида мазхари куввахои димоги-аклии шахс аст, Ба акидаи мисриён рухи сони-Каъ метавонад ба осмон назди Офтоб парвоз кунад ва бо онназдики ёбад.

Мисриён на танхо часади мурдаро барои харчи хубтар баргаштани рухи Баъ мумиё мекарданд ва барои Каъ мучассамаи хурд сохта дар пахлуи колбуд мегузаштанд, хамчунин харгуна асбобу лавозими зиндаги, пухту паз, хатто ороиш ва хайкалхои хизматгоронро низ хамрохи майит дар кабрхо мегузоштанд. Дар ин маврид бозёфтхои бостоншиноси аз гурхонаи Тутахтамон ва гайра гувохи медиханд. Ривочи мумиё кардани бадани мурда низ дар заминаи бовари ба баргашти рух-« Баъ» ба тан будааст.

Усули ахлоии мисриёни бостон.

Дар хар дине як микдор усули ахлоки ва дастуроти шаръи чой дорад, ки заминаи умумиинсони доранд аз ин конун дину боварии мисриён низ истино набуд. Ба ин муносибат бемаврид нест, агар мо «Муночоти инсони покниход дар боргохи Осирис»-ро аз «Китоби мурдахо» чун намунаи вахдати усул ва ниходхои ахлокию маънавии инсоният оварем. Дар он чунин гуфта мешавад:

«Дуруд бод бар худои бузург! Худованди рости!

Бингар, ки инак ман назди ту омадаам.

Дар пешгохи додгохи ту чой гирифтаам.

Ман гунохе накардаам ва кори ношоистае ба чо наовардаам.

Он кореро, ки худо нораво шуморида, ман раво надонистаам,

Хечкасро гурусна нигах надоштаам,

Мояи бадбахти ва озори касе нашудаам.

Ба куштани касе фармон надодаам.

Аз хуроки ибодатгох(маъбад) барои худ на гирифтаам.

Хурданихое, ки барои мурдагон буд, барои худ барнадоштаам.

Ман зино накардаам,

Аз мизон ва паймонаи галлахо накостаам,

Каффаи тарозуро вазнин накардаам.

Дар аломати накши мухрхо тасвир ва такаллуб накардаам.

Тифлро аз пистони модар чудо насохтаам,

Чорпоён ва хайвонотро аз чарогохи худ дур нанамудаам.

Пеши оби чори садде насохтаам. Дигаронро аз оби нахрхо махрум насохтаам.

Сахми худоёнро ба дурусти пардохтаам.

Чор бор (хар рузе) худро пок (тахорат) кардам.

Инак ман покам! Ман покам! Ман покам!»

Дар ин «Муночот» метавон яктнан гуфт, ки усули ахлоки, бехдошти, чи бояд кард ва накард, яъне амру нахиёти шаръии дини мисриён ифодаи худро ёфтааст ва ин усул дар динхои баъди низ ба ин ё он меъёре ворид шудаанд ва гувохи вахдати ниходхои маънавию ахлоки ва шаръии инсоният дар хар давру замоне мебошанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222