Аз сифоте, ки Худованд ба Имом Молик бахшида буданд ва дар ахбору ривоёт накл шуда, хайбат ва викори вай мебошад. Халифа Хорунуррашид мегуяд: «Дар байни уламо хеч кас бохайбаттар аз Молик ва бо таквотар аз Фузайл ибни Иёз надидаам». Саъид ибни Марям мегуяд: «Бохайбаттар аз Молик надидаам, то он чое, ки бохайбаттар аз хоким буд».
Зиёд ибни Юнус мегуяд: «На олиме ва на обиде ва на дузде ва на амире бохайбаттар аз Молик надидаам».
Имом Шофеъи мегуяд: «Аз хеч кас хамонанди Молик дар хангоме ки ба у нигох мекардам, натарсидаам». У мегуяд: «Суфёни Саври дар мачлиси Имом Молик буданд, замоне ки эхтироми мардум ба Имом Молик ва эхтироми Имом Молик ба илмро дид, ин шеърро суруд:
Яъбал-чавоба фало юрочаъу хайбатан,
Адабул-вакори ва ъиззу султонит-туко.
Вас-соилуна навокисул-азкони,
Фахувал-махибу ва лайса зо султони».
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …