Главная / Илм / Хукми курбони

Хукми курбони

Курбони дар назди чумхури ахли суннат суннати муаккада ва дар имом Абуханифа, имом Мухаммад ва дар хавле аз имом Абуюсуф вочиб аст. Он бар шахсоне, ки садакаи Фитр бар онхо вочиб буд, вочиб аст. Шахсе, ки бар вай курбони вочиб нагаштааст, агар курбони ку-
над, кори наку ва ачри бехисобе касб менамояд. Шартхои вучуби курбони иборатанд аз:

а) Ислом, б) озодй (дар кайди гуломй набудан), в) гино (боигарй) ва г) икома (муким будан –
дар холати сафар карор надоштан) ва шартхои сиххат (дуруст гардидан)-и он иборатанд аз ин ки: а) чорвои курбони аз чумлаи бахимаи анъом – шутур, гов ва бузу гусфанд бошад, б) синнаш барои курбони расида бошад ва в) аз айбхо ва беморихое, ки аз суи шаръ зикр шуда-
анд, солим бошад. Пас курбони, ба монанди садакаи Фитр, бар шахси кофир, гулом, камбагал ва шахси мусофир вочиб нест, хамчунин забхи гайри бахимаи анъом, ба монанди мург, харгуш ва гайра ё забхи чорвое, ки солаш ба курбони нарасида ва ё айбхои ошкоре дар он буда бошад, барои курбони чоиз нест. Шарти дигари дуруст гардидани курбони ният аст, ки ба шахси курбоникунанда тааллук дорад. Аъмол ва курбатхо аз назари шаръ бе ният дуруст ва пазируфта намешаванд. Бинобар ин, шахси курбоникун бояд аз байни анвои курбатхое, ки ба забоех бастаги доранд, нияти худро барои курбони ё дар вакти харидори ва чудо намудани чорво ва ё хангоми забхи он муайян созад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222