Главная / Илм / ИЛМИ КАЛОМ ЧИСТ

ИЛМИ КАЛОМ ЧИСТ

Яке аз улуми исломи -илми калом аст. Дар мавриди бо чи сабаб калом ном гирифтани ин илм акидахо мухталиф мебошанд, аз ин ру чун ин китоб имкони баёни хамаи он акидахоро надорад, мо бевосита ба таърифи илми калом шуруъ мекунем. Хадди акал калом илмест, ки дар бораи акоиди исломи, яъне хар он чи мусулмонон бо он эътикоду имон доранд бо истифода аз аклу мантик бахс мекунад. Одатан тамоми таълимоти исломро чунон ки каблан дидем, ба се кисмат: акоид, ахлок, ахком таксим кардаанд.

Илме, ки масоили кисмати аввал, яъне масоили акадавиро меомузад калом номида шудааст, илме ки масоили ахлокиро меомузад хамон илми ахлок аст ва илме, ки масоили кисмати сеюм ахкомро меомузад, илми фикх ном дорад. Калом метавон гуфт фалсафаи мазхабии ислом аст. Дар динхои дигар низ фалсафаи мазхаби вучуд доранд, вале на ба номи калом. Тафовути калом аз фалсафа дар он аст, ки фалсафа дар мавриди хасти-олам бидуни побанди ба ин ё он акидаи дини бахс мекунад ва аммо калом донишест, ки барои хифзу дифои асосхои таълимоти ислом аз хамалоту интикодхои мухолифони он(- илходгароёну дахриён ва файласуфон) ба вучуд омада, руи масоили илохиёти (- худошиноси ва дар робита бо он хастишиноси, маъод- хаёти ондунёви ва масоили маърифат- гносеология ва г-ра) бо истифода аз усулхои мантикию фалсафи бахс мекунад.

Дар мавриди пайдоиши калом низ акидахо зиёданд. Баъд аз густаришу пешравии ислом дар хоки кишвархо ва милллатхои гуногун, ки сатхи фархангию илмии баландтаре назар ба аъроб доштанд вазъият нисбат ба садри ислом тагйир меёбад. Иртибот бо эрониён, сирёниён, румониён, мисриён, ки ошнои бо фалсафа ва улуми акли доштанд, бархурд бо намояндагони динхои яхуди, насрони, зардушти ва интикодоти онхо ва нихоят пайдоиши ихтилофот: фиркахои бидъатгаро, илходи, занодика ва дахрия дар дохил ва хоричи ислом мусалмононро мачбур кард, то воситаву роххои химоя аз акоиди исломиро чустучу кунанд. Хамин омилхо сабаби пайдоиши фалсафаи калом гардидаанд. Илми каломро инчунин илми усули дин ё ф и к х и а к б а р низ гуфтаанд.

Хулоса, илми калом илми назари ва истидлолиест, ки асосан дар мавриди тавхид ва сифати Худо, мабдаъ ва маъод, нубувват казову кадар ва гайра бахс кардааст. Дар доираи калом баъдан масоили дигари фалсафи: азали ё офарида будани олам, чавхар ва араз, харакат ва сукут, хало ва заррот ва гайра низ матрах гардидаанд. Он чи масоиле, ки бевосита ба акоиди исломи вобаста буданд бо номи зохирул-калом (ё чамилул-калом) ва он чи ба масоили фалсафи ва фалсафаи табиат вобаста буданд дакикул-калом номида шудаанд.

Зухури илми каломро ибтидои асри 8-ум шуморидаанд, вале баъзе уламои ислом бар он акидаанд, ки усули мухокимаву исботи каломи дар худи Куръон аст ва ин чониб низ бар чунин акида мебошам. Вокеан, далолати корбурди аклро ба бандагон худи Худованд дар Куръон борхо кардааст. Вале барои хамчун равиши илохиёти ташаккулёбии калом муддатеро дар бар мегирад. Давраи мукаддимоти илми каломро уламо бо коркарди «фикхи акбар» тавассути Абуханифа иртибот додаанд. Огози истидлолоти акли дар ислом бо номи Чаъд бинниДархам (катл.742- 43) вобаста аст. У аввалин шуда дар масъалаи дини танхо бо акл эътимод кардан ва оёти ба акл мухолифат доштаи Куръонро бо тарзи таъвил баён кардан даъват намудааст. Баъд аз у Чахм ибни Сафвон (катл.745) кори уро идома додааст.

Нахустин масоиле, ки мутакаллимони насли аввал руи он бахсхое шабехи бахсхои фалсафи оростаанд иборатанд: 1чигунагии вазъи имонии шахси муртакиби гунохи кабира шуда, яъне гунохи бузург содир карда, 2масъалаи сифот ва зоти Худо, 3- масъалаи чабр ва ихтиёр будааст.

Вале ихтилофи асосии акидави маълум мешавад, ки руи масъалаи чабр ва ихтиёр, масъалаи сарнавишту такдир, худуди озодии иродаи башар ва хадди вобастагии вай аз иродаи илохи рух дод. Онхое, ки чонибдори аз озодии фаъолияти башар ва мухтории инсон дар касбу интихоб мекарданд к а д а р и я ном гирифтааст. Баъзе уламо гуфтаанд, ки агар ба хадисхо эътимод кунем, метавон гуфт, ки ин фирка хануз дар давраи зинда будани худи Мухаммад (с) вучуд доштаанд. Гувох ба ин хадиси маъруфест, ки дар он гуфта шудааст “ал-кадариятул-мачусу хозихил-уммати.” Яъне, “кадария мачус (зардуштиён)-и ин уммат хастанд“.

Баръакс онхое, ки бар хилофи кадария, башарро яксара тобеъи сарнавишт, мачбур, бе ихтиёру озодии амал медонистанд ч а б а р и я номида шудаанд.

Таълимоти кадария аз тарафи м у ъ т а з и л а (асри 710) дастгири ва равнак ёфт. Аз ин ру муътазилиёнро кадария низ меноманд. Харчанд худи онхо сайъ кардаанд, ки ин номро (аз баски Паёмбари ислом (с), чунон ки ишора кардем онхоро мачус номидааст) ба худ нисбат надиханд ва худро “ахли тавхид” меномиданд.

Асосгузори муътазила Васил ибни Ато (699-748) дар махфили Хасани Басри (ваф.с.728) дар Басра тахсил мекардааст, вале пас аз ихтилоф руи якчанд масъалаи илохиёти аз онхо чудо мешавад. Аз инру номи фиркае, ки у асос мегузорад муътазила (аз кал.араб. иътазила чудо шудан) номида шудааст. Дар вокеъ муътазила яке аз шохахои илми калом ба шумор меравад.

Муътазила асосан руи панч масъала бо исломи расми ихтилоф доштанд. Мухимтарини онхо 1- т а в х и д аст. Онхо тасаввуроти динии соддаи ташбехи (антропоморфи)и исломи расмиро дар мавриди Аллох рад карда, худошиносиро ба фахмиши фалсафи наздик кардаанд. Яъне онхо бар хилофи кишриёни ахли суннат ва чамоъат сифоти Худоро айни зоти Худо медонистанд ва амри изофи ва берун аз зоти Илохи будани сифот (атрибутхо)и Худоро рад мекарданд; 2 Онхо гуфтанд: Куръон кадим ва азали нест, яъне ходис ва махлук аст. Худованд, мегуфтанд онхо, онро дар вакти зарурат халк фармуда, ба замин нозил карда. Ин назари онхо низ мабни ба тавхид буд. Онхо эътикод ба азалият ва кадимияти Куръонро мухолифи асли тавхид мешумориданд, яъне дар баробари Аллох мавчуди дигаре монанди у азали ва кадим ва гайри махлук карор доданро ширк (политеизм) мехисобиданд. Ихтилофи дигари муътазила руи масъалаи а д л и и л о х и буд. Муътазила эътикоди омма ва исрори ахли суннатро дар мавриди беихтиёрии башар дар назди сарнавишт, хилофи асли адл мешумориданд. Аз назари онхо тасдики он ки Аллох хар киро хохад хидоят мекунад ва хар киро хохад ба залолат меандозад ва инчунин хукми такдири азалии илохи оид ба саодат ва шаковат мухолиф бо адли илохист. Барои исботи ин хама назариёти худ онхо аз Куръон оёте истинбот кардаанд ва гуфтаанд, ки Аллохи таоло одил аст ва имкон надорад, ки касеро аз руи сарнавишти муайянкардаи худаш махкум ба хатокори ва гунох кунад ва боз онхоро, ки бе ихтиёри худ ба хукми сарнавишт гунох содир кардаанд, азобу укубат намояд.

Аз ин ки гузарем мухимтарин тафовути муътазила аз кишриёни асхоби суннат ва хадис аклгароии онхост. Аз ин ру муътазиларо асхоби раъй ва аклгаро (аклиюн) низ меноманд. Муътазила, метавон гуфт, нахустин фиркаи либералии исломи, ба он акида будаанд, ки аъмоли мазхаби ва эътикодии башар дар сурате метавон дуруст бошад, ки мутобик ба акл бошад. Муътазила, ки дар шахрхои калонтарини Шом ва Ирок зохир шуданд, касоне буданд, ки бо афкори юнониён, масехиён ва зардуштию монавия шиносои доштанд. Ин ошнои ва мутолиот чунин натичаро ба бор овард, ки хеч мабдаъ ва асли каломи ва шаръи набояд чуз ба тарозуи акл санчида шавад. Онхо чунин гуфтанд, ки хар мабдаъ ва асле, ки бо адл ё тавхиди илохи андаке мухолифат кунад, ба хукми акл кобили кабул нест. Ратсионализм, яъне хирадгароии муътазила баъдан дар тули тамоми таърихи ислом ба мухолифати ахли колу ахли хол- эътикодгароён дучор мегардад. Муътазила, мисли чабария на равиши мазхаби балки як равиши каломи буд, ки дар хар мазхабе чи шиъи ва чи сунни чи ханафи ва чи шофеъи пайравони он буданд.

Муътазила баъдтар хамчун фиркаи мазхабию сиёси низ ташаккул ёфта, дар навбати худ ба чандин фирка таксим шудааст. Маъруфтарини онхо: восилия, хузайлия, наззомия, хобития, бишрия, муаммария, мурдория, чохизия ва гайра мебошанд.

Намояндагони маъруфи муътазила: Восил ибни Ато (699-748), Абул Кузейл ал-Аллоф (ваф. 849), Аби Исхок Иброхим ибни Сайф ан-Наззом (ваф. 836 ё 845), ал- Чохиз (ваф.868), Ато ибни Ясор, Саъид ибни Аби Арубо, Катода ибни Даъома, КишомДаствои, СайидибниИброхим, МухаммадибниИсхок ва гайра мебошанд.

Як давраи муайяне, чунон ки гуфтем, муътазила аз тарафи халифаи аббоси Маъмун ва ворисони вай алМуътасим ва Восик дар сатхи давлатию сиёси пуштибон пайдо мекунанд. Вале баъдхо худи ин фирка ба таъкибу террори сахт ру ба ру гардида аз байн рафт ва ин талафоти калоне барои фарханги исломи гардид.

Баъд аз муътазила маъруфтарин фиркаи каломи ё мактаби илохифалсафие, ки ба вай мукобил аст а ш ъ а р и я мебошад. Ашъариён аз чабхаи асхоби хадис ё худ ахли суннати кишри буданд. Асосгузори ашъария Абул-Касан Алй ал-Ашъарй (873­935) буд, ки худ дар мактаби муътазила тарбият ёфта аст.

Ахли суннат ба муътазила хамон вакт тавонистанд зарба зананд, ки бо услуби худи муътазила бурхонхои мантики, истидлолхои аклиро дар радди иддаохои онхо ба кор бурданд. То замони Ашъари уламои суни аз истифодаи услуби накди мантики дар тафсири Куръон ва хадисхо ичтиноб менамуданд ва акида доштанд, ки вахйи Илохи эхтиёче ба санчиши тарозуи акл надорад. Бояд бе шакку шубха ба он эътикод кард.

Ал-Ашъари кушидааст, акидаи ахли суннат дар мавриди кисмату такдирро бо таълимоти муътазила оид ба озодии иродаи башар, ошти дихад. Дар ин маврид ашъария мавкеи мобайниро дар байни ду фиркаи ифротии кадария ва чабария ишгол кард. Ашъари то андозае иштироки иродаи башарро дар интихоб (к а с б)-и аъмолаш эътироф кард. Ашъари бар он акида аст, ки инсон на танхо дорои кудрат аст, яъне метавонад аъмоли худро биофаринад, балки низ метавонад иктисоб (касб) намояд, яъне интихобан амал кунад. У назари муътазиларо, ки байни ду гуна амали инсон, яъне аъмоли чабри ва аъмоли озод тафовут мегузоранд, кабул дорад, инчунин назари муътазиларо дар бораи ин ки инсон ба ихтилофхо огохии вичдони дорад мепазирад, аммо муътакид аст, ки кудрат, яъне он тавоноие, ки аъмоли инсонро меофаринад, хорич аз инсон аст ва он кудрат пойдор ва доими нест. Ашъари дар хар як рафтору амали озодонаи инсон мудохилаи ду амалро мебинад: яке, амали халк ва эчод, ки мудохилаи Худованд аст ва дигаре, амали иктисоб (касбу интихоб), ки мудохилаи башар аст. Ашъария масъулияти башарро барои амалаш эътироф мекард.

Хулосаи акоиди ашъария ин аст, ки Аллох на факат вохид аст, балки “Кул- фил-Кул”(Сулл дар дохили кулл аст) аст. ХАЁТ ва иЛмва КУДРАТва ИРОДА ва ШУНАВОи ва БИНОи ва КАЛОМ ин хафт сифат-атрибутхои хосаи зоти илохист. Онхо хорич аз доираи замону маконанд ва хама ноши ва вучуди илохи хастанд. Худо инсонро ба аъмоли у халк фармуд ва инсон ба истиклоли зотии худ наметавонад бубинад ва бишнавад, бидонад ва бихохад, магар он ки Худованд барои онхо мукаддар фармуда бошад. Пас Аллох иллат ул-илал ( сабаби сабабхо) ва ё мусабиби асбоби кулли хаводис дар тули умри инсон аст. Ашъария, бар хилофи мушаббихин (антропоморфистхо)-и ифроти, яъне сифатиён ва инкори катъии он тавассути муътазила, вучуди сифоти зоти (субстансионали)-и тавъам ба мохияти уро эътироф кард. Масалан, гуфта ки Аллох сабабгори хамаи вакоеъ ва хаводис аст, дар хакикат бар фарози арш карор мегирад вале уро дасту пову чашму гушу дигар аъзою узвхои бадан нест. Яъне нишастани Худо ба арш бо нишастани бани башар шабохат надорад. Чун Куръон мефармояд, ки Худо ба чизе шабех ва монанд нест (лайса – ка мислуху шайъан). Марди муъмин бояд ба он чи, ки гуфт бидуни чуну чаро имон орад ва таслим шавад. Хулоса, ашъария бо ин фалсафаи худ заминаи таълимоти ахли суннатро мустахкам намуда, чилави аклгарои (ратсионализм)-и номахдуди муътазиларо нигах дошт, ва гуфтан мумкин аст, ки ин аввалин зухури тафаккури фалсафи баъди муътазила дар доираи исломи расми буд.

Ашъари дар бораи азалияти Куръон бар он акида буд, ки калимот ва маънои он дар илми худованд аз азал вучуд дошта. Лекин он хуруф ва сатрхое, ки бар сахифахои варакахо нигошта шудааст ва аз руи он калимот ва оётро дар ин чахон менависанд, тиловат мекунанд махлуки инсони аст ва ходисаи замини ва дуняви мебошад. Ин тарикаи халли офарида будан ва азалияти Куръон, ки Ашъари вазъ намуд, кушише дар рохи халли ихтилофи мавчуда буд ва он аз тарафи ахли суннат маъкул дониста шуд. Баъд аз Ашъари Абумансур Мотриди (ваф. 944) аз ахли Самарканд назарияи уро давом дода, такмил намудааст.

Намояндагони маъруфи мактаби ашъари: Абубакр ал-Бокилони (ваф.403- 1013м.) муаллифи китоби “ат-Тамхид”, Ибн Фурк Абубакр Мухаммадибни алХасан (ваф.1010 м.), Абу-Исхок ал-Асфароини (ваф.1027), Абдулкохир бинни Тохир ал- Батдоди (ваф. 1037), Абучаъфар Мухаммад ас-Симнони (ваф.1052) , Имом-ул- Харамайн (ваф.1085) муаллифи “Китоб бул-Иршод”, Имом Мухаммад Газзоли (ваф. 111-), Абдулкарими Шахристони (ваф. 1153), Имом Фахриддини Рози (ваф.1161- 1210) ва гайра ба шумор мераванд.

Таълимоти Ашъари заминаи асосии илохиёти мактабии ислом каломро поярези намуд ва накши мухиме дар фалсафаи илохии ислом гузошт.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222