Главная / Илм / ИНКИЛОБИ БУРЖУАЗИ – ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИИ СОЛИ 1917 ВА ТАЪСИРИ ОН БА ХАЁТИ СИЁСИИ ХАЛКИ ТОЧИК

ИНКИЛОБИ БУРЖУАЗИ – ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИИ СОЛИ 1917 ВА ТАЪСИРИ ОН БА ХАЁТИ СИЁСИИ ХАЛКИ ТОЧИК

Чанги якуми чахон, ифодаи бухрони сиёсии капиталсизм буд, ки нуфузи имеприализмро суст кард. Давом додани чанг тамоми норизогихои оммаи васеи халкро афзун намуд. Дар чунин вазъият подшохи Руссия Николаи II 27 феврали соли 1917 ба фоидаи писари ба балогат нарасидааш аз вазифа даст кашид. То ба балогат расидани императори хурдсол мебоист бародараш Михаил хукуматро идора мекард, вале рузи дигар Михаил хам аз тахт даст кашид. Думаи давлати бошад, истеъфои шохро кабул карда, ба сардории княз Лвов хукумати муваккати ташкил дод.
Баъд аз 27 феврали соли 1917 дар Россия вазъияти сиёси ба таври кулли тагйир ёфт. Инкилоби феврали соли 1917 давоми инкилоби якуми рус буд. Инкилоб аз чихати характери худ буржуази-демократи мебошад. Дар инкилоб синфи коргар ва дехконони Руссия иштирок доштанд. Хусусияти хоси инкилоби феврали дар он буд, ки дар мамлакат ду хокимияти: хукумати муваккати ва Шурои депутатхои коргарон, аскархо ва дехконон ташкил ёфтанд. Ду хокимияти аз мохи феврали соли 1917 то вокеъахои 3 – 4 июли соли 1917 давом кард.
Баъди ин бо сиёсати созишкоронаи советхои эсери – меншевики хокимиятро буржуазия сохиб гардид. Духокимияти ба фоидаи буржуазия анчом ёфт.
Хабари сарнагун шудани мутлакият дар муддати кутох дар тамоми империя ва мустамликахо пахн гашт. Шаби 1 март хабари аз тахт барканор гардидани подшох ба Туркистон расид. 3 март дар тамоми матбуоти махали хабари сарнагун шудани подшох ва ташкил ёфтани хукумати мувавдати чоп гардид.
Дар баробари дигар гушахо, дар Точикистон низ Шурои депутатхои коргарону аскарон ташкил ёфт. Ба Шурохо асосан коргарони рохи охани Осиёи Миёна ва корхонахои саноати дохил мешуданд. Рохбариятро дар Советхо унсурони эссери ва меншивики ба даст дароварданд. Инро низ бояд кайд кард, ки ба хайати Советхо асосан намояндагони миллатхои русзабон дохил шуданд.
Дар баробари Шурохо, дар Осиёи Миёна, ташкилотхои гуногуни демократии таъсис ёфтанд, ки ба онхо намояндагони мехнаткашони миллатхои гуногун шомил шуданд. Дар Самарканд ташкилотхои иттифоки
мусулмонони мехнаткаш, дар Хучанд «Комитети рохи охани коргарон ва дехдонони стансия Хучанд» ва Шурои депутатхои мусулмонон ташкил ёфтанд. Ин ташкилотхо бо Шурохои коргарон аскархо алокаи наздик доштанд. 31 март дар мачлиси якчоя Шурои депутатхои коргарон ва солдатхои Тошканд, комитети ичроия, намояндагони Шурои депутатхои мусулмонон ва Шурои дехдонон дар бораи бархам додани генерал – губернатори Туркистон карор кабул карда шуд.
Буржуазияи милли, унсурони бою феодали кушиш мекарданд, ки болоравии харакати Милли-озодихохии халкдои Осиёи Миёнаро ба зери назорати худ гирифта, онро ба манфиати махдуди синфи истифода баранд. Идеологхои асосии буржуазияи Милли ба монанди пештара чадидхо буданд.
Табаддулоти мохи феврали соли 1917-ро чадидхо ба шодии том истикбол гирифтанд. Мохи марти соли 1917 дар Тошканд миллатчиёни буржуази ташкилоти худро ба номи «Шурои исломия» таъсис доданд. Дертар намояндагони крелиали-дини аз он чудо шуда, ташкилоти дигарро бо номи «Уламо» таъсис доданд. Ба ин ташкилотхо собик депутатхои Думаи давлати Муллоабдулвохид Кориев, Мунавваркори Абдурашидов. М.Чукаев, И.Сайфулмулуков рохбари мекарданд. Бояд кайд кард, ки ин созмонхо ва пешвоёни онхо бештар дар зери гояхои пантурки буданд. Онхо хиссиёти худшиносии форсизабонхоро эътироф намекарданд. Худшиносии туркгарои ба бадбинии забону фарханги форсхо табдил ёфт.
Дар таргиби равияхои пантуркии ин ташкилотхо «Турон» ном гурухи буржуазии милли, ки дертар ба «Ташкилоти федералистии Турк» (Турк Адам марказияти) табдил ёфт, роли муайян бозид.
Рохбарони ин ташкилотхо худро хомиёни дини ислом ва манфиатхои умумихалки ба калам дода, табакахои кафомондаи ахолиро ба мукобили инкилоб бархезондани мешуданд. Лекин худи чараёни ба синфхо ва табакахо чудошавии ахоли нишон дод, ки сабабгори ин гуруснаги бойхою савдогарон мебошанд. Дар байни онхо ва камбаалон ягон хел манфиатхои «умуми» вучуд надоранд. Намояндагони «Шурои исломия» тарафдори рохи
таравдиёти буржуазии Осиёи Миёна буданд. Пайравони «уламо» аз руи конуни шариат амал карда, тарафдори баркарор кардани тартиботхои феодалии амири буданд. Максадхои ин ташкилотхо ба халк маълум гашта, мардум аз онхо чудо шуд. 9 марти соли 1917 дар майдони марказии Хучанд намоиши якчояи ахоли ва аскарон барпо гардид. Баъд аз намоиш Совети шахри Хучанд ташкил ёфт, ки рохбарияти инкилобиро ба дасти худ гирифт.
Дар сари дигаргунсозихои инкилоби дар кисми Точикистони Шимоли коргарони рохи охан меистоданд. 14 март «Комитети рохи оханчиёни Хучанд» таъсис ёфт. Бо ташаббуси комитет дар кони ангишти Сулукта Совети депутатхои коргарон таъсис дода шуд. Чунин советхо дар конхои «Шуроб», кони нефти «Санто» ташкил дода шуданд. Ташкилотхои маркази ва махали дар рохи инкишоф додани чараёни муташаккилона ба харакати омма чорахои амали меандешиданд. 31-март бо карори муттахидаи Совети депутатхои коргарону солдатхои Тошканд, комитети ичроия ва намояндагони Совети депутатхои мусулмону иттифоки дехдонон сохти генерал-губернатори бархам дода шуд. Ин комёбии бузург буд.
7-апрел бо рохбарии Щепкин н.н. Комитети Туркистонии хукумати мувавдати ташкил дода шуд. Ба хайати комитет намояндагони буржуазияи рус ва буржуазияи махали дохил шуданд. Сардори комитет ваколати генерал- губернаторро гирифт. Дар махалхо, уезду волостхо комиссархо таъин шуданд, ки ваколати маъмурии махали доштанд. Комиссари Хукумати муваккати дар уезди Хучанд прапорщик Тараненко таъин шуд.
17-апрел соли 1917 Комитети Ичроияи Хукамти мувавдатии Хучанд дар хайати 29 нафар намояндагии буржуазияи рус ва махалли ташкил карда шуд. Аз ашрофони махали сохибони заводхои пахтатозакуни ва равганкаши Мухаммадрахим Алибоев, Махкамбой Отабоев, Самадчон Муъминов ва дигарон ба хайати комитет дохил шуданд. Аз ин чихат комитети ичроия манфиати хукумати буржуази ва синфии буржуазияро химоя мекард.
Хукумати буржуазии сиёси мустамликавии хукумати подшохиро давом дода, ба халк, озоди, нон ва замину сулхро надод.
Халкдои Осиёи Миёна ба монанди пештара зулми дутарафаи Милли ва ичтимоиро аз сар мегузаронданд. Инкилоби буржуази-демократи масъалахои асоси ва иктисодиро хал накард. Аз ин сабаб, мехнаткашони Осиёи Миёна дар атрофи ташкилотхои сиёси муттахид шуда, барои инкилоби нав тайёри медиданд.
Мехнаткашони Бадахшон хабари аз салтанат дур шудани подшохи Руссияро З-апрели соли 1917 фахмиданд. Дар нимаи дуюми мохи апрел Комитети Умумипомирии Хукумати мувавдати бо сардории амалдори подшохи Белов ташкил ёфт. Комитет дар волостхо Шурои ичроияи волостхоро таъсис дод. Ба монанди, нохияхои Маркази дар ин сарзамини кухистон низ ба комитетхои волости одамони доро таъин шуда, мехнаткашони камбагал ба он рох дода нашуданд.
Химоягарони манфиатхои мехнаткашон ташкилотхои инкилоби буданд. Комитети Умумипомирии аскарон ва Комитетхои постхои аскарони Помир, мохи апрели соли 1917 бо сардории Воловкин ташкил ёфт. Халки мехнаткаш ба ин ташкилотхо умеду боварии калон доштанд.
Унсурони ирти чоии махали кушиш мекарданд, ки бо амири Бухоро созиш кунанд. Лекин комитети солдати ва мехнаткашон ба ин рох надоданд. Бо ёрии мехнаткашон солдатхо офицерони реаксиониро мачбур карданд, ки Помирро тарк кунанд. Вале сиёсати пештараи мустамликави аз тарафи комитети Хукумати мувакдати давом дода мешуд ва халк дар бенавои ва шшоки умр ба сар мебурд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222