Главная / Илм / ИНЦИИООБ МАДАНИ ДАР ТОЧИКИСТОН

ИНЦИИООБ МАДАНИ ДАР ТОЧИКИСТОН

Инкилоб дар сохаи маданият як кисми таркибии барномаи сохтмони сотсиализм буд. Хокимияти Шурави нашхои азими саноаткунони, истифодаи техникаи нав дар хочагии кишлокро ба наш гирифта, барои амали гардонидани он ба мутахасиссон эхтиёчи калон дошт. Максади инкилоби мадани пеш аз хама тарбия ва тайёр намудани одамон дар рухияи коммунисти ва маданияти сиёси буд.
Яке аз вазифахои аввалиндарачаи инкилоби мадани ин бартараф намудани бесаводи дар байни ахолии калонсолои чумхури буд. Гарчанде, ки халки точик дорои фарханги бои кадима бошад хам, вале дар ибтидои асри ХХ кулли мардум аз ин маданият бебахра монда буданд. Ба максади бархам додани бесаводии ахоли соли 1925 дар назди Вазорати маориф Комиссияи таъчили оид ба бархам додани бесаводи ташкил карда шуд. Ба кори ин комиссия чамъияти «Курсхои махви бесаводи» ёрии амали мерасонид. Соли 1922 дар Москва, дар назди комиссарияти халки оид ба кори миллатхо комиссияи махсус, таъсис ёфт, ки масъалаи ислохоти хат ва ба хам наздик кардани халку миллатхои Шуравиро барраси намуд. Мохи январи соли 1927 дар Самарканд кумитаи ислохоти алифбои точики таъсис ёфт. Ба ин кумита Нусратулло Махсум, Хисор Мухаммад, Угур Мусави, Айни, Фитрат Косимов, Камарзода, Шамсиддинов, Дайлами, Зехни дохил мешуданд. Аз соли 1927 расман ба алифбои лотини гузашта шуд. Чори шудани алифбои лотини барои саводомузи таъсири калон расонд. Дар баробари ин маърака гузаштан ба алифбои нав бе нуксон нагузашт. Дар натича адабиёти зиёди нниёгонамон несту нобуд карда шуд.
Аз тарафи дигар алифбои навро дар чомеъа на хамаи ашхос ба амри дил кабул карданд. Ба вучуди ин 15 – апрели соли 1928 КИМ чумхури дар бораи расман чори намудани алифбои лотини карор кабул намуд.
Гузаштан ба алифбои крили кадре осонтар ба амал омад. 21 майи соли 1940 мачлиси Шурои Олии Точикистон доир ба табдили алифбои лотини ба крили карор кабул намуд.
Вазифаи азнавсозии сохтори маорифи халк яке аз самтхои асосии барномаи сохтмони сотсиализм буд. Мохи декабри соли 1924 Комиссариати маорифи халки Точикистон ташкил дода шуд. Бо кушиши Вазорати маориф дар кори таълим пешравии назаррас ба даст дароварда шуд.
Агар соли хониши 1924-1925 дар Точикистон 25-мактаб бо 774-хонанда амал мекард, пас соли тахсили 1931-1932 микдори мактабхо ба 1823 ва шумораи хонандагон ба 101905 нафар расид.
Барои тайёр кардани омузгорон дар аввал курсхои кутохмуддати муаллим тайёркуни, омузишгохдои педагоги кушода шуда, соли 1931 дар Душанбе ва Хучанд Донишкадахои педагоги таъсис дода шуданд. Дар натичаи ин чорабинихо имконият пайдо шуд, ки аввал ба маълумоти хатмии ибтидои ва баъд хафтсола гузашта шавад.
Бо барпо шудани Хокимияти Шурави барои мустахкам намудани базаи модди-техникии идорахои мадани – равшаннамои диккати калон дода шуд. Дар солхои 20-30-юм аввалин китобхонахо, клубхо ва чойхонахои сурх сохта шуданд. То соли 1937 дар Точикистон 1736 идорахои гуногуни фарханги-маърифати сохта шуданд. Дар сохтори корхои маърифати дар байни занон клубхои занон сахми зиёд доштанд. Соли 1931 аввалин клуби занона дар Хучанд кушода шуд.
Дар Точикистон то инкилоби ягон китобхона набуд. Баъди инкилоб дар тамоми нохияхои чумхури аз чумла соли 1933 китобхонаи аввалин ба номи А.Фирдавсй кушода шуда, дар тамоми нохияхои чумхури китобхонахо амал мекарданд, соли 1935 шумораи умумии онхо ба 286 адад расид.
Дар баланд бардоштани маданияти сиёси ва маънавии шахрвандон, матбуоти даври сахми калон дошт.
Аз соли 1925 нашри рузномаи «Бедории точик» шуруъ шуда, дар охири солхои 30-ум 7 рузномаи нохияви ва 6 мачалла чоп мешуданд.
Дар асоси кружокхои худфаъолияти 7 ноябри соли 1929 аввалин театри касбии точик (ба номи А.Лохути) кушода шуд.
Дар рафти гузаронидани сохтмони мадани дар Точикистон дар баробари муваффакиятхо камбудихои зиёд низ содир гашатанд. Яке аз ин камбудихо дар солхои 20-30- юм муборизаи шадид бар зидди диндорон, нест кардани китобхое, ки ба хуруфоти араби навишта шуда буданд ба хисоб меравад.
Дар ин солхо ду маротиба ислохоти алифбо иваз гардида, ахолиро аз омухтани сарчашмахои таърихии хеш то як давраи муайян махрум намуда, алокаи точинро бо халкхои дигари форсизабон канда кард. Бисёр зиёиён, кормандони хизби-давлати бегунох бадара ва хабс карда шуданд. Рушанфикроне, ки бо хуруфоти араби сару кор доштанд, душмани халк хисобида, адабиёти зиёдро нобуд карданд.
Хокимияти Шурави якбора тамоми шаклхои пештараи таълим ва мадрасахо бархам дода, зиёиёни инкилоби ба кори маориф чалб накарданд. Маънавиёти мардум коста гашта буд, зеро барои хаматарафа ва чукур омухтани таъриху фарханги халки точик имконият фарохам оварда нашуд. Омухтани таърих ва маданияти халки точик дар дохили таърихи ИЧШС омухта мешуд, ки ин басанда набуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222