Главная / Илм / ИШТИРОКИ МЕХНАТКАШОНИ ТОЧИКИСТОНИ ШИМОЛЛ ДАР ИНЦИЛОБИ СОЛХОИ 1905-1907

ИШТИРОКИ МЕХНАТКАШОНИ ТОЧИКИСТОНИ ШИМОЛЛ ДАР ИНЦИЛОБИ СОЛХОИ 1905-1907

Инкилоби якуми рус соли 1905-1907 аз чихати характери худ инкилоби буржуази – демократи буд. Характери хар як инкилоби ичтимои аз чихати вазифахои он муайян карда мешавад. Инкилоби солхои 1905-1907, инкилоби зидди тартиботи помешики – феодали буд. Аз ин ру, инкилоб характери буржуази дошт. Зеро сарнагун намудани мутлакияти подшохи ва тартиботи феодали вазифаи бевоситаи инкилоби буржуази аст.
Инкилоби якуми рус хусусияти хос дошт. Буржуазияи рус умуман дар инкилоб иштирок надошт. Чунки буржуазияи рус, аз чихати сиёси ва иктисоди, дар мамлакат мавкеи устувор дошт. Манфиатхои буржуазия ба манфиатхои мутлакият ва синфи помешики-феодали як буд. Аз ин чихат буржуазия аз инкилоб манфиатдор набуд.
Аз ин ру, инкилоб характери демократи гирифт. Куввахои пешбарандаи инкилоб синфи коргар ва дехдонони Россия буданд. Дар сари инкилоб синфи коргар меистод. Бо баробари галабаи инкилоб дар мамлакат мебоист тартиботи демократи баркарор карда мешуд. Иштироки табакаи мехнаткаш ба инкилоб характери демократи дод.
Инкилоби якуми рус ба халкдои Осиёи Миёна таъсири калон расонд. Садхо миллион ахолии аз афлати асримиёнаги бедор шуда, барои хаёти нав ва хукукхои оддитарини инсон ба мубориза бархостанд.
Дар арафаи инкилоби солхои 1905-1907 дар Туркистон 14,5 хазор нафар коргарони фабрики-заводи, 2 хазор коргарони саноати кухи ва 15 хазор нафар коргарони рохи охан кор мекарданд. Пролетариати милли нисбатан камшумор буд. Дар сафи пеши харакати револютсиони синфи коргарони рус меистоданд, ки дар шахрхои калони Туркистон чамъ шуда буданд.
Пролетариати рус дар Туркистон дар ташкилотхои социал-демократи муттахид шуда буданд. Ин ташкилотхо матбааи худ «Рабочий», «Русский Туркистан» ва «Самарканд» – ро доштанд.
Инчунин, дар шахрхои Туркистон матбуоти болшевики «Искра», «Пролетарий», «Вперёд», «Новая жизнь» ва
айрахо дар байни ахоли пахн карда шуданд. Матбуоти инкилоби дар мустахкм гаштани гуруххои сотсиал- демократи ва ояхои сиёсии онхо сахми калон бозид.
То соли 1905 дар як катор шахрхои точикнишин хам ташкилотхои сотсиал- демократи ташкил ёфтанд. Корхои ташвикоти-таргиботие, ки ташкилотхои сотсиал-демократи мебурданд, пролетариати махаллиро ба рохи сиёси рохнамои
карда, коргаронро ба мубориза чалб менамуданд. Коргарони бошуури махали ба ташкилоти болшевики дохил мешуданд. Дар ташкил намудани гуруххои сотсиал-демократи ва аз чихати ояви-сиёси мустахкам намудани онхо
револютсионерон Феофанов, Бахарев, Корнюшин, Морозов ва дигарон сахми калон бозиданд.
Хамаи ин ба он оварда расонд, ки инкилоби солхои 19051907 аз рузхои аввали саршавиаш таваччухи мехнаткашони Осиёи Миёна, аз чумла, ахолии Точикистонро ба худ чалб намуд.
Дар Точикистони Шимоли баромадхои зиддиподшохии дехдонон мушохида карда мешуд. Дехдонон аз додани андозхо саркаши карда, ба замини бойхо хучум мекарданд, чангалхоро мебуриданд ва иншоотхои обёрикуниро вайрон мекарданд. Дехдонон баъзан ярокнок шуда, ба кашида гирифтани заминхои давлати ва бойхо шуруъ карда буданд. Хукумат иштирокчиёни баромадхои дехдононро пароканда карда, ба онхо чазо медод.
Мохи июни соли 1905 дар Тошканд ва Ашкобод шуришхо сар зада, 4- июл дар бисёр шахрхои Осиёи Миёна намоишхои сиёси ба амал омада буданд. Дар нимаи дуюми мохи июл ва махсусан, мохи октябр – ноябри соли 1905 намоиш ва баромадхои оммавии коргарони сохахои гуногун шуда гузаштанд.
18-0ктябри соли 1905 дар Тошканд зери шиорхои «Нест бод мутлакия», «Нест бод капитализм» коргарон ба намоиш баромада, бар зидди манифести 17-уми октябр эътироз баён карданд. Намоиш пароканда карда шуд. Бинобар ин, 21-уми октябр коргарон дар чавоби тирборонкунии хукумат намоиши эътирози гузарониданд. 16 ноябр дар калъаи Тошканд шуриши аскархо сар зад. Шуришчиён бо офитсерон талабхо гузоштанд ва умедвор буданд, ки шуриш дар байни табакахои дигари мехнаткаш тарафдорон пайдо мекунад. Шуриш бо ёрии кувваи харби пахш карда шуд.
Хангоми шуриши ярокноки декабрии Москва 25-27 декабри соли 1905 дар Хучнд шуриши ротаи понтони шуда гузашт. Ба шуриш гурухи сотсиал-демократхо рохбари мекард. Аскархо офитсерони рутбаи хурд доштаро чазо дода, дар назди офитсерони рутбаи калон масъала гузоштанд, ки холати тиббии кисм ва сифати хурду хуроки аскархо бехтар карда шавад. Шуриш пахш карда шуд. Рохбарони шуриш ба хабс гирифта шуда, бадара карда шуданд.
Дар соли 1906 баромадхои инкилоби ва харакатхои дехдони дар аксари нохияхои Точикистон Шимоли мушохида шуда буданд. Дар байни ахолии нохияхои Уротеппа, Хучанд даъватномахои инкилоби пахн
мегардиданд.
9-январи соли 1906 дар Уротеппа даъватномаи инкилоби чоп шуда буд. Дар ин даъватнома мехнаткашонро бо фарорасии соли нав табрик намуда, дар соли нав тамоми куввахои бошуурро бо муттахиди ва муборизаи нав даъват мекарданд. (История Таджикского народа.-Т. 2.- С. 219-220).
Чоп шудани _ чунин даъватномахо аз он шаходат медоданд, ки дар Уротеппа ва шахрхои дигар ташкилотхои пинхонкории инкилоби амал мекарданд.
Дар соли 1906 дар аксарияти вилоятхои Точикистони Шимоли баромадхои дехдонон ба амал омада буданд. Масалан, 29-март дехдонони дехаи Чоркухи Исфара
ёрдамчии сардори уезди Кундро пеш карда, халли
масъалаи обро ба дасти худ гирифтанд. Баъдтар, аз чумла, дар соли 1907 дехдонон дар баъзе махалхо замини боёнро кашида мегирифтанд. Баромадхои сершумори девдонон дар зери таъсири харакати инкилоби Россия мегузашт. Лекин дарачаи сусти таравдиёти иктисоди, камшумор будани пролетариати милли, набудани алока дар байни коргарон ва дехдонон, суст будани таъсири ташкилотхои инкилоби ба харакатхои дехдони ба он оварда расонданд, ки шуришхо характери номуташаккилона дошта аз тарафи куввахои хукумати пахш карда мешуданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222