Главная / Илм / ИЦТИСОДИЁТИ ТУРКИСТОН ДАР ДАВРАИ МУСТАМЛИКАВИ (1864-1917)

ИЦТИСОДИЁТИ ТУРКИСТОН ДАР ДАВРАИ МУСТАМЛИКАВИ (1864-1917)

Баъд аз хамрох шудани Осиёи Миёна ба Россия дар ин кишвар муносибатхои капиталисти ру ба инкишоф нихода, якчанд муассисахои коркарди нахустини ашёи хом, аз кабили заводу фабрикахои пахтатозакуни, раванкаши, чармгари ва майкаши сохта шуданд. Гарчанде, ки барои таракки додани саноати бофандаги дар Осиёи Миёна шароити мувофик мавчуд буд, саноатчиёни рус имконият намедоданд, ки дар нохияхои пахтакори Осиёи Миёна саноати бофандаги пайдо шавад.
Дар баробари дигар нохияхо соли 1872 дар Уезди Хучанд фабрикаи пиллакаши сохта шуд. Дар ин корхона се усто ва 73 нафар коргари пиллакаш кор мекарданд. Дар корхона мошинаи буги 73 дастгохро ба харакат медаровард.
Мохи маи соли 1880 дар Хучанд фабрикаи дигари пиллакаши сохта шуд, ки ба капиталисти рус Моголов таалук дошт. Капиталисти дигари рус Исаев соли 1873 заводи майкаши ва савдогарони рус Фавийский ва Зуев соли 1880 заводхои майкаши ва шарбатбарориро сохтанд. Дар баробари ин корхонахо, дар Хучанд капиталистони рус Исаев ва Иванов дар Дехмой заводхои шишабарори сохтанд.
Яке аз окибатхои прогрессивии хамрох шудани Осиёи Миёна ба Россия дар он буд, ки бойгарии кишвар омухта мешуд. Ин ба он оварда расонд, ки истехсоли ангиштсанг дар Уезди Хучанд ва Исфара дар ихтиёри сармоядорони рус Фавийский, Петров, Иванов ва Крауз буд. (Каримов Т. Победа Великой Октябрьской Социалистической Революции в Северном Таджикистане.- Сталинабад, 1957.-С.8).
Саноати тараккикарда истодаи Россия ба ашёи хоми Осиёи Миёна эхиёчоти калон дошт. Дар ин чода сохтмони рохи охан ахамияти махсус пайдо мекард. Дар солхои 70-уми асри X1X накшаи сохтмони рохи охан, ки Осиёи Миёнаро ба Россия мепайваст, сар шуд.
Дар масъалаи сохтмони рохи охан нашхои зиёде пешбини карда шуда буданд. Барои сохтмони рохи калони охан хукумати подшохи маблаги зарури надошт. Аз ин чихат, сохтани рохи охани трансконтинетали барои иктисодиёти Россия хеле гарон буд. Соли 1885 рохи охан то Ашхобод, соли 1888 то Самарканд ва соли 1898 то Тошканд расонида шуд. Аммо хати рохи охани мазкур эхтиёчоти пурраи кишварро конеъ карда наметавонист. Зарур буд, ки Осиёи Миёна бевосита ба нохияхои марказии Россия пайваст карда шавад. Аз ин сабаб, дар ибтидои асри XX сохтмони он аз нав сар шуд. Ин рох мебоист Тошкандро бо Оренбург мепайваст. Сохтмони ин рох бо суръат давом карда соли 1905 хати рохи охани кишвар бо хати рохи охани Оренбург пайваста шуд. Хати рохи охан аз саросари шимолии Точикистон гузашта, ба хамин махсулости косибон ва дехдонони точик ба тамоми бозорхои генерал-губернатории Туркистон ва Россия интикол меёфт.
Бо пайдошавии аввалин корхонахои саноати дар кисми нохияхои Шимолии Точикистон, ки ба генерал-губернатори Туркистон дохил мешуданд, аломатхои саноати капиталисти ба вучуд омаданд. Аммо дар иктисодиёти давраи мустамликавии Осиёи Миёна (аз чумла нохияхои Маркази, Чануби ва Гарбии Тикистон, ки дар бораи он дар боби оянда ба таври муфассал маълумот дода мешавад), косиби ва хунарманди хануз бартари дошт.
Хунарманди дар солхои аввали ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна таравди кард. Азбаски рохи наклиёт мавчуд набуд, маводхои зарури, аз кабили матоъхои пахтагин, пашмин, хаймахои намадинро аскарони сурх аз хунармандони махали мехариданд. Дар натича сифати махсулоти хунарманди бехтар гардид.
Охирхои асри XIX дар натичаи сохтмони рохи охан ба Осиёи Миёна торафт молхои саноатии Россия бисёртар дохил мешуданд. Махсулоти хунармандон дар ракобат бо махсули саноати тоб оварда натавонист. Ин ба касод гаштани сохаи хунар ва хунарманди оварда расонид.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222