Главная / Илм / Ибтидои фарзшавии руза

Ибтидои фарзшавии руза

Чараёни нузул ва мукаррар гардидани ахкоми фаризаи руза ба
таври тадричй сурат гирифтааст ва он пас аз гузаштани чанд мархала
ва ё тахаввули зина ба зина бар мусалмонон ба шакли нихой муайян
гардидааст.
Дар ривоятхои зиёде омадааст, ки вакте ин оят нозил шуд, хар ка-
се аз гирифтани руза эхсоси машаккат ва сахтй мекард, хох пир бо-
шад, хох чавон, ифтор намуда, ба чои хар рузи он як мискинро таом
медод. Ин амр дар ибтидои фарзияти руза машруият дошт. Вакте ояти
баъдй нозил шуд, хукми он танхо дар хакки пирамарди очиз ва фонй
(бемадор) бокй монда, барои дигарон мансух гардидааст. Дар Сахехи
Бухорй ва Муслим аз Ибни Умар (р), Ибни Масъуд (р) ва Салама иб-
ни Акваъ (р) хадисхое ба хамин маъно ривоят шудааст. 
Дар ривояти Бухорй аз Салама ибни Акваъ (р) омадааст: Вакте
ояти «Ва бар касоне, ки (рузаро) бо машаккат мегиранд, ба андозаи
таоми як мискин фидя аст» нозил шуд, касе мехост ифтор мекард ва
фидя медод, то он ки ояти баъдй нозил шуд ва ин хукмро бекор кард.
Бухорй дар таъйиди ин маъно ривоят мекунад, ки Анас вакте пир шуд,
як сол ё ду сол рузаи мохи Рамазонро ифтор намуда, ба чои хар рузи
он мискинеро бо нону гушт таом дод.
Дар ривояти Суддй аз Абдуллох омадааст: Вакте ояти «Ва бар ка-
соне, ки бо сахти руза медоранд, …» нозил шуд, касе мехост, руза ме-
дошт ва касе мехост, ифтор мекард ва (ба чои он) мискинеро таом ме-
дод. «Ва касе бештар хайр намояд, яъне бо таом додани мискини дига-
ре, он барояш бехтар аст ва руза доштан бароятон (аз ифтор) бехтар
аст». Онхо бар ин хол буданд, то он ки ояти «Пас касе аз шумо мохро
шохид гардад, рузаи онро бидорад» нозил шуд ва хукми ояти каблиро
бекор кард.
Аммо Бухорй дар ривояти дигаре аз Ибни Аббос (р) овардааст, ки
ин оят аслан дар бораи марду зани солрафтае нозил шудааст, ки ги-
рифтани руза барояшон ба сахтй муяссар мегардад. Онхо ифтор на-
муда, ба чои хар рузи он як мискинро таом медиханд. Бинобар ин, он
мансух нагаштааст.
Ба хар хол, хукми нихоии Ислом дар ин бора он аст, ки чавоне, ки
аз гирифтани руза эхсоси машаккат ва сахтй менамояд, агар бемор ва
ё дар сафар набошад, бояд рузаашро тамом (пурра) намояд, вале пи-
рамарди бемадор метавонад бо тахаммули сахтй рузаро бидорад ва ё
ифтор намуда, ба чои хар рузи он як мискинро таом дихад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222